Савдо

Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи

ранҷурон мапурс, Захм донад, чист ҳоли ҷисми

лоғар теғро.

Яке аз шоирони хушзавқи нимаи дуюми асри XIX Абдулқодирхоҷаи Савдо дар рушди адабиёти давр саҳми сазовор гузоштааст. Ӯ, асосан, шоири ғазалсаро буда, дар таҳаввули навъҳои адабии дигар низ ҳиссагузор аст.

Абдулқодирхоҷаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати ӯро миёнаи солҳои 1823-1825 муқаррар кардаанд. Тибқи шаҳодати Возеҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб», Савдо ба хонадони олими маъруфи асри XVII – Мавлоно Шариф тааллуқ доштааст. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси дониши ҳаматарафаи Абдулқодирхоҷаи Савдо ва тақрибан дар овони 20-22-солагӣ мадрасаро хатм намудани ӯ хабар медиҳад, ки хеле муҳим ва арзишманд мебошад. Савдо, чи дар илмҳои табиатшиносӣ, мисли риёзиёт, табииёт, нуҷум, ҳандаса ва чи дар илмҳои инсоншиносӣ, ба монанди таърих, адабиёт, сарфу наҳв, луғат, мантиқ, ҳикмат ва ғайра баҳраи хеле комил дошта, нозукиҳои улуми мусиқӣ, аз ҷумла, «Шашмақом»-ро низ азбар намуда, ҳатто дар навохтани асбоби мусиқии танбӯр соҳибтабъ будааст.

Тазкиранигорон – Ҳашмат ва Садри Зиё овардаанд, ки Савдо илми хатро ҳам хуб омӯхта, ба хаттотӣ низ машғул будааст. Вале пеш аз ҳама, Савдо дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирикғазалсаро шуҳрат дорад. Ӯ аз овони хурдсолӣ, ҳангоми таҳсил дар мадраса ба эҷоди шеър низ шуғл варзидааст. Муҳим он аст, ки шоир дар эҷоди ғазалиёту мусамматҳо тахаллуси «Савдо»-ро ба кор бурда, дар эҷоди осори танзомез тахаллуси «Бепул»-ро кор фармудааст. Зиёда аз ин, Мирзо Абдулазими Сомӣ дар «Миръот-ул-хаёл» хабар медиҳад, ки Савдо дар аҳди Насруллоҳхон (1826-1860) ба дарбор ҷалб карда мешавад ва ӯ дар ин ҷо бо пешаи тарроҳӣ (кашидани тарҳи иморатҳо) ва наққошӣ касби маош мекардааст.

Муаллифи ҳамин тазкира, яъне дар аҳди амир Насруллоҳхон ба дарбор роҳ ёфтани Мирзо Абдулқодирхоҷаи Савдоро хотиррасон менамояд. Аз ҷумла, ӯ таъкид менамояд, ки:

Дар айёми султони волоҷаноб

Амир Насрулоҳи баҳодурхитоб

Ба тарроҳию нақш маъмур буд,

Зи инъоми алтоф масрур буд.

Баъди ба сари қудрат омадани писари Насруллоҳхон – амир Музаффархон (1860-1885) Савдо ҳамчун яке аз надимони хосси Музаффархон фаъолият кардааст. Вале маълум аст, ки амир Музаффархон хеле шахси айёшу камҳавсала ва нисбат ба мулку давлат бепарвотаре будааст ва аз ин рӯ, ин хислати ӯ ба Савдо чандон писанд наомадааст. Соли 1873 Абдулқодирхоҷаи Савдо бо як супориши амир Музаффархон роҳи Балҷувонро пеш мегирад, вале аз рӯйи тасдиқи устод С.Айнӣ, шоир дар синни 50-солагӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.