Хусусиятҳои бадеии ашъори Шамсуддини Шоҳин

Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,

Зи бас ягонаи офоқ дар сухандонист.

Шамсуддини Шоҳин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX яке аз он шоиронест, ки дар ҳамаи навъҳои шеър эҷод кардааст. Тозакориҳои Шоҳин дар қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, тарҷеот, мусаммати мухаммас, маснавӣ ва ғайра хеле устодона аст. Шоҳин аз тарафи дигар, ба бузургтарин шоирон: Анварӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз, Нозим, Низомӣ, Бедил пайравиҳо кардааст. Ӯ дар қасида бештар ба Хоқонию Анварӣ, дар ғазал ба Саъдию Ҳофиз ва Бедил, дар маснавӣ ба Низомӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Шоҳин, бахусус, дар ғазал табъи басо баланд дорад, зеро шоире чун Туғрал ӯро устоди хеш медонад. Шоҳин дар мазмунсозӣ ва маъниофарӣ соҳибҳунар буда, санъати нозуки баён дорад:

Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,

Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.

Лаб мегазӣ, ай шӯх, надонам, ки чӣ гӯйӣ,

Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.

Аз сабаби он ки маҳбуба дар ғояти нафосату зебоӣ ба тасвир омадааст, бинобар он ҷузъиёти тасвири образҳои лирикӣ низ хеле ҳунармандона аст: лаби лаъли шакархо, хатти ғолияпиро, нозукии тарзи адоҳо ва ғайра тавсифҳо, истиораҳо, ташбеҳот, кинояву маҷоз ва махсусан, таносуби сухан ҷолибу қобили қабул истифода шудаанд. Чунин тарзи мазмунсозию маъниофарӣ, бахусус, дар лирикаи ишқии Шоҳин хеле зиёд мушоҳида карда мешавад. Мавзуъҳои ишқӣ якҷо бо тасвири ҷузъиёти баҳор, гулу лола, насими атрогин, садои парандаҳои хушилҳон, навои обшорону гоҳ-гоҳе резиши борони найсон, лаҳзаҳои тобиши офтоби тобон дар тасвирсозиҳои Шоҳин ҳунари хоссанд.

Ай ҳарифон, вақти гул дар гулситон маҷлис кунед,

Лоларӯе иттифоқ афтад, ба худ мӯнис кунед.

Ин мавзуъҳо бо ҳамовозии мусиқию суруд ва маю бодагусорӣ тасвирҳои хеле хотирмону таъсирбахши лирикаи Шоҳин мебошанд. Хусусияти ҷудогонаи лирикаи шоир, бахусус, ғазалиёти вай дар он аст, ки он то андозае тобиши зарофатомез дорад, ки қаблан дар ашъори шоирони дигар дучор намешавад. Ин тарзи маъниофарию мазмунсозӣ аз ҳадди камолоти маънавии Шоҳин башорат медиҳад.

Дар лирикаи Шоҳин мавзуъҳои ахлоқӣ, пандуандарзӣ, таълимӣ – тарбиявӣ низ мавқеъ доранд.

Инчунин шикояту танқид, оҳангҳои яъсу навмедӣ дар лирикаи шоир хеле ҳунармандона баён шудаанд.

Санъати шоирӣ, ҳунари эҷод, пояи сухангустарӣ, хаёлбофиву мазмунсозӣ, маъниофарӣ ва ҳадафнокӣ дар лирикаи Шоҳин хеле дилкашанд.

Сабки сухан, тарзи баён, шеваи эҷод, ҳунари таълифи шоир низ ҷолиб аст. Ӯ аз калимаву таъбирҳо, мақолу зарбулмасалҳо, ифодаҳои халқӣ, инъикоси урфу одатҳои мардумӣ, расму русум ва ғайра ба ҳунармандии ба худ хос кор мегирад. Ҳадафро ҳунармандонаву уҳдабароёна баён карда метавонад:

Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман

Аз рухат об диҳам чашми тамошоиро.

Ё худ:

Гӯ, наварзад ишқ ҳар кас, барнатобад ҷаври ёр,

Ҳар кӣ аз гунҷишк тарсад, бояд аз арзан гузашт.

Дар ин абёт: «Чашмро об додан» ба маънии лаззат бурдан аз тамошо ва дар байти дуюм мақоли «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан макор» хеле ҳунармандона кор гирифта шудаанд.

Аз ин рӯ, нақши эҷодиёти Шоҳин барои содаву оммафаҳм намудани забони адабӣ ва ба зиндагии халқ боз ҳам наздик намудани адабиёти бадеӣ хеле бузург аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба овони ҷавонии Шоҳин маълумот диҳед.

2. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Шоҳин дар куҷо гузаштааст?

3. Сабабҳои ба дарбор роҳ ёфтани шоирро нақл кунед.

4. Мероси адабии Шоҳин аз чиҳо иборат аст?

5. Саҳми Шоҳинро дар рушди ғазали адабиёти нимаи дуюми асри XIX баён намоед.

6. Мавзуъ ва мундариҷаи ғазалиёти Шоҳинро нақл кунед.

7. Ғазали «Ай, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ»-ро таҳлил намоед.

8. Мавзуъ ва мундариҷаи ғазали «Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш»-ро шарҳ диҳед.

9. Фаъолияти достонсароии Шоҳин аз кай оғоз шудааст?

10. Мазмуни мухтасари достони «Лайлию Маҷнун»-ро нақл кунед.

11. Образҳои асосии мусбату манфӣ, лаҳзагӣ ва доимии «Лайлию Маҷнун»-ро таҳлил намоед.

12. Умумият ва тафовути «Лайлию Маҷнун»-и Шоҳин аз асарҳои ҳамном аз чӣ иборат аст?

13. Мазмуну муҳтавои асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Шоҳинро нақл кунед.

14. Дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» Шоҳин бештар кадом масъалаҳои иҷтимоиро баён кардааст?

15. Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии маснавии «Туҳфаи дӯстон»-ро баён кунед.

16. Дар таълифи «Туҳфаи дӯстон» Шоҳин ба кадом асари асримиёнагӣ пайравӣ кардааст?

17. Мазмуни ду-се ҳикоятро аз «Туҳфаи дӯстон» нақл кунед.

18. Арзиши адабии маснавии «Туҳфаи дӯстон» аз чӣ иборат аст?

19. Оид ба санъати эҷод ва ҳунари шоирии Шоҳин чӣ медонед?

20. Мақоми Шамсуддини Шоҳин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX аз чӣ иборат аст?

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Шамсуддин Шоҳин дар куҷо ба дунё омадааст?

А. Хатлон

В. Самарқанд

С. Хуҷанд

D. Тошканд

Е. Бухоро

2. Шоҳин кай ба шеъргӯйӣ оғоз кардааст?

А. 15-16 солагӣ

В. 13-14 солагӣ

С. 11-12-солагӣ

D. 10-11-солагӣ

Е. 8-9 солагӣ

3. Шоҳин кадом солҳо ба мадраса дохил шудааст?

А. солҳои 1885-86

В. солҳои 1883-84

С. солҳои 1880-81

D. солҳои 1876-77

Е. солҳои 1874-75

4. Шоҳин кадом сол ба дарбор кашида мешавад?

А. соли 1875

В. соли 1879

С. соли 1880

D. соли 1882

Е. соли 1885

5. Оромгоҳи Шоҳин дар кадоме аз ин шаҳрҳост?

А. Хуҷанд

В. Тошканд

С. Самарқанд

D. Бухоро

Е. Қаршӣ

6. Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,

Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.

Матлаи ғазали кист?

А. Бедил

В. Саййидо

С. Возеҳ

D. Ҳозиқ

Е. Шоҳин

7. Кадоме аз ин асарҳоро Шоҳин эҷод кардааст?

А. «Ирфон»

В. «Комде ва Мадан»

С. «Юсуф ва Зулайхо»

D. «Хусрав ва Ширин»

Е. «Туҳфаи дӯстон»

8. «Бадоеъ-ус-саноеъ» асари кадоме аз ин адибон аст?

А. Бедил

В. Ҳозиқ

С. Савдо

D. Саййидо

Е. Шоҳин

9. Маснавии «Туҳфаи дустон» дорои чанд боб аст?

А. 14 боб

В. 13 боб

С. 12 боб

D. 11 боб

Е. 10 боб

10. Боби аввали «Туҳфаи дӯстон» чӣ ном дорад?

А. «Дар сирати подшоҳон»

В. «Дар сабр»

С. «Дар ишқ»

D. «Дар ризо»

Е. «Дар адл»

11. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» кадом сол таълиф шудааст?

А. соли 1875

В. соли 1878

С. соли 1880

D. соли 1885

Е. соли 1888

12. Дар ин достон Лайлӣ духтари кист?

А. фарзанди Саиди Омирӣ

В. фарзанди солори Омирӣ

С. фарзанди солори Қавфаҳ

D. фарзанди Ибни Салом

Е. фарзанди сардори қабилаи Наҷд

13. Лайлӣ дар асари Шоҳин бо кӣ хонадор мешавад?

А. хонадор намешавад

В. бо Навфал

С. бо яке аз сипоҳиёни Навфал

D. бо писари Навфал

Е. бо Ибни Салом

14. Матлаи зерин:

Ай мӯниси дил, дӯш ту меҳмони кӣ будӣ?

Дил бе ту ба ҷон омаду ҷонони кӣ будӣ?

аз ғазали кист?

А. Ҳозиқ

В. Саййидо

С. Ҳайрат

D. Возеҳ

Е. Шоҳин