Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ

Ҳадиси ояти ҳиҷрон рақам задӣ, Возеҳ,

Ки нест ҳоҷати шарҳи саҳеҳу тафсирам.

Яке аз шоирони тавонои адабиёти нимаи дуюми асри XIX тоҷик Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1818 дар шаҳри Бухоро дида ба дунё кушодааст. Возеҳ дар ибтидо дар дабиристони Қориён таҳсил намуда, баъди хатми таълимкадаи мазкур ба мадраса дохил мешавад. Яке аз устодони бонуфузи ӯ дар мадраса домулло Ҳоҷибойи Хуҷандӣ буда, аз ин шахс Возеҳ улуми ҷории даврро омӯхтааст. Шоир илмҳои дигарро аз қабили улуми адабӣ, таърих ва инчунин табииётро низ хеле хуб аз худ мекунад.

Баъди хатми мадраса Возеҳ ба хидмати ҳокими Кармина – Музаффархон роҳ меёбад. Муҳити дарбори Музаффархон ба Возеҳ чандон писанд намеафтад ва аз ин рӯ, дере нагузашта шоир боз ба Бухоро бармегардад. Вақте ки Музаффархон ба тахти ҳукумати марказӣ менишинад, кори Возеҳ боз омад намекунад, зеро муносибати ҳоким бо Возеҳ чандон хуб набудааст.

Возеҳ аз фурсат истифода намуда ду корро сомон медиҳад: аввал ин ки дар як қасидаи худ аз амир Музаффархон хеле бо самимият ёд намудааст, аз ҷумла:

Хуршедфитрато, малико, хусраво, даме

Чашми ризо ба сӯйи мани бенаво кушой.

Гар муфлисам ба симу зар, аммо ба синаам

Бас ганҷҳои фазлу маонӣ намуда ҷой.

Рӯ карда омадам ба дарат бо ҳазор умед,

Дил баста омадам ба ҷанобат ба сад раҷой69…

69 Раҷо – тарс, бим

Дуюм ин ки соли 1871 вай тазкираи худро таҳти унвони «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» («Туҳфаи дӯстон ва зикри ёрон»)-ро ба итмом расонида, онро ба амир Музаффархон пешкаш мекунад. Дар тазкираи Возеҳ 145 нафар адиби охири асри XVIII ва оғози садаи XIX ҷой дода шудаанд, ки онҳо дар қаламрави Бухоро, Хӯқанд, Самарқанд ва дигар марказҳои илмӣ-фарҳангии Осиёи Миёна зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар муносибат бо чунин корҳои Возеҳ амир чӣ гуна иқдом намудааст, равшан нест ва ин чиз мусаллам аст, ки шоир, асосан, бо пешаи хаттотӣ касби маош мекардааст. Инчунин, ӯ аз улуми табииёту риёзиёт, фиқҳ ва тиб низ ба таври бояду шояд баҳраманд будааст.

Соли 1885 дар аморат тағйирот ба вуҷуд меояд, ба ҷойи Музаффархон писари ӯ Абдулаҳадхон сари қудрат меояд.

Баҳори соли 1886 Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо нияти ба ҷо овардани ҳаҷ роҳи Арабистонро пеш мегирад. Ӯ тавассути Туркманистон, Қафқоз, Истанбул ба Арабистони Саудӣ меравад ва дар бозгашт соли 1887 ба Бухоро роҳи ӯ аз қаламрави Ироқу Эрон мегузарад.

Пас аз сафар ӯ хотираҳои хешро дар шакли китоби сафарӣ таълиф менамояд, ки дар ин асар оид ба рушди мамолики хориҷа ва аз ин бояд сарварони ҳукумати Бухоро ба хулосаи зарурие биёянд ва ба ҳамин маъно тасвирҳо дида мешавад. Вале ин асар ба аморати Бухоро ва балегӯёни дарбор писанд наомад ва суханони Возеҳро онҳо ҳамчун ношукрӣ пазируфтанд ва ба ӯ тамоман аҳаммият надоданд. Дар ин бора аз баъзе намунаҳои ашъори Возеҳ иттилоъ метавон пайдо намуд, ки гуфтааст:

Зи бас гирифта дил аз вазъи олами пирам,

Ба рӯзгори ҷавонӣ чу ғунча дилгирам.

Чу дил шикаставу ошуфтаву парешонам,

Ки ҳамчу мавҷ набошад қабули таъмирам.

Насиби ман ба ҷаҳон ғайри талхкомӣ нест,

Магар, ки рехта айём заҳр дар ширам?!

Ҳадиси ояти ҳиҷрон рақам задӣ, Возеҳ,

Ки нест ҳоҷати шарҳи саҳеҳу тафсирам.

Умуман, дар лирикаи Возеҳ оҳангҳои яъсу навмедӣ, шикастадилию шикастанафсӣ, шикваҳо аз нодорию тангдастӣ, бенавоию қашшоқӣ хеле баланд садо медиҳанд. Намунаи қазовати мазкур ғазали зерин аст, ки шояд шоир дар ҳамин айёми нодории хеш таълиф намуда бошад.

Чунончи:

Ман, ки аз ташвиши даврон хотирам зери ғам аст,

Рӯзи идам дар назар монанди шоми мотам аст.

Карда ғамҳои ҷаҳон ҷо дар дили ношоди ман,

Лоҷарам ҷуз ман ба олам ҳар кӣ бинӣ, хуррам аст.

Одамият дар мизоҷи аҳли олам ёфт нест,

Бошад аз ҳайвон басе кам, он ки гӯйӣ одам аст.

Рафт то ҷое камоли нақсу нуқсони камол,

Соҳиби ҷаҳли мураккаб бошад, он к-ӯ аълам аст.

Бошад эмин аз ғурури ин шаётинофатон,

Чун Сулаймон ҳар кӣ таслимаш нигини хотам аст.

Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,

Филмасал гар қурси хуршед аст в-ар ҷоми Ҷам аст.

Баъд аз ин, Возеҳ, чу Урфӣ аз фалак фарёд хоҳ:

«Ман ба ҷое меравам, к-он ҷо қадам номаҳрам аст».

Албатта, тахмин метавон намуд, ки чунин абёти дорои моҳияти бисёр қавии иҷтимоӣ шояд аз нигоҳи эҷод ба даврони пирии шоир рост омада бошанд. Чунин ашъори лирикии шиквоӣ дар осори маҳфузмондаи Возеҳ кам нест. Ӯ бештар ранҷу кулфатҳо, тангдастию шиканҷаҳои замонро зимни нақши лирикии маҳбуба хеле ва хеле хуб ба тасвир мегирад. Ҷузъиёти тасвир дар лирикаи ишқии Возеҳ комилан воқеӣ, ҳаётӣ, мушаххас, муқаррарӣ буда, аз ноҷӯриҳои рӯзгор ҳосил шудаанд. Масалан, ғазали зерини Возеҳ намунаи бисёр хуби чунин қазоват мебошад:

Ёр темори дили хастаи мо кард? – Накард,

Гузаре ҷониби арбоби вафо кард? – Накард.

Чашмаш аз лутф суйи ғамзадагон дид? – Надид,

Дилаш аз меҳр ба мо майли сафар кард? – Накард.

Соате муниси ғамхонаи мо буд? – Набуд,

Тарки ҳамсуҳбатии аҳли дағо кард? – Накард.

Бар муроди дили аҳбоб даме рафт? – Нарафт,

Дарди ушшоқи ҷигархора даво кард? – Накард.

Аз парешонии ман зулф туро гуфт? – Нагуфт,

Ё ки тақрири ғамам боди сабо кард? – Накард.

Бар ғами бекасиям ҳеч касе сӯхт? – Насӯхт,

Аз шиканҷи ситами чарх раҳо кард? – Накард.

Коми Возеҳ фалаки шаъбадабоз70 дод? – Надод,

Раҳм бар вай нафасе баҳри Худо кард? – Накард.

Поёни умри Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар Бухоро сипарӣ гардида, ӯ соли 1894 дар ҳамин ҷо олами фониро падруд гуфтааст.

70 Шаъбадабоз – найрангбоз