§ 7. ОҒОЗИ ЛАШКАРКАШИҲОИ ТЕМУРЛАНГ

§ 7. ОҒОЗИ ЛАШКАРКАШИҲОИ ТЕМУРЛАНГ

    Ҳуҷуми сесолаи Темурланг. Соли 1386 Темурланг ҳуҷуми худро, ки дар таърих бо номи ҳуҷуми сесола маъруф аст, оғоз кард. Ӯ аз тариқи Хуросон ба ҷониби Рай ва Мозандарон лашкар кашид. Ҳадафи ӯ аз ин лашкаркашӣ гирифтани Бағдод аз дасти султон Аҳмади Ҷалоир буд. Темурланг саъй кард нахуст Луристон ва Озарбойҷонро ишғол кунад ва дар ин мубориза Малик Иззиддини Лур – ҳокими Луристонро дар Хуррамобод мағлуб карда, асири худ сохт. Хуррамобод ва Буруҷардро вайрон карда, ба тарафи Озарбойҷон ҳаракат кард. Дар роҳи Озарбойҷон шаҳрҳои Султония ва Табрезро аз дасти султон Аҳмади Ҷалоир гирифт ва Гурҷистону Арманистонро тақрибан бе ҳеҷ мубориза ба даст овард. Бо Қароюсуфи Туркман, ки ҷонибдори султон Аҳмади Ҷалоир буд, Темурланг дар Диёрбакр ҷангид ва Қароюсуф дар муқобили сипоҳи Темурланг тоб наоварда, фирор кард. Диёрбакр арсаи ғорат ва вайронии сарбозони Темурланг гардид. Баъд аз ин Темурланг барои танбеҳи Зайнулобидини Оли Музаффар – ҳокими Форс, ки аз қабули фармонравоӣ ба ӯ сарпечӣ карда буд, ба тарафи Шероз лашкар кашид. Бояд гуфт, ки Шоҳ Шуҷоъ Оли Музаффар – ҳокими пештараи Форс дар поёни умри худ бо номае ба Темурланг муроҷиат карда, изҳор дошта буд, ки писараш – Зайнулобидин, ки ба ҷойи ӯ ба тахт менишинад, аз ӯ итоат хоҳад кард. Аммо Зайнулобидин ба ин номаи падар эътиное накарда, фиристодаи Темурлангро, ки ба Шероз омада буд, иҷозати бозгашт надод. Дар роҳи Форс, ки аз тариқи Ҳамадон ва Исфаҳон мегузашт, Темурланг ин шаҳрҳоро ишғол кард ва андози вазнине барои сипоҳиёнаш аз мардуми ин шаҳрҳо ситонид. Мардуми Исфаҳон аз ин ҷабри Темурланг ба шӯр омада, дар моҳи декабри соли 1387 сар ба қиём бардошта, теъдоде аз сарбозони Темурлангро ба ҳалокат расониданд. Ин шӯриши хурд, ки ба қиёми мардумӣ табдил ёфта буд, дарвоқеъ Темурлангро сахт тарсонд. Вуқӯи ҳамчунин ҳодисаро Темурланг интизор надошт ва чун аз пойгоҳи худ – Самарқанд дур шуда буд, ин муқовимати мардум ҳастии онҳоро таҳдид ба ҳалокат мекард. Бинобар ин, Темурланг дар фурӯ нишонидани ин шӯриш аз ҳеҷ гуна аъмоли ғайрибашарӣ даст накашид. Интиқоми Темурланг аз сокинони Исфаҳон на танҳо ваҳшатнок, балки ваҳшиёна буд. Темурланг ҳукми қатли оми мардуми Исфаҳонро дод, ки 70 ҳазор тан дар он воқеа ба қатл расид. Ба дастури Темурланг аз сарони ин кушташудагон калламанораҳо сохтанд. Таърихнигори ҳамзамони Темурланг Ибни Арабшоҳ менависад, ки бузургони шаҳри Исфаҳон ба хотири дар дили Темурланг раҳм андохтан то ки қатли мардумро бас кунад, иддае аз кӯдаконро, ки ятим монда буданд, дар яке гузарҳои шаҳр, ки бояд Темурланг аз он ҷо мегузашт, гузоштанд. Темурланг ҳангоме ки бо гурӯҳи кӯдакон рӯ ба рӯ шуд, ба онҳо таваҷҷуҳ накарда, ҳамроҳи сарбозонаш роҳашро идома дод. Ин кӯдакон дар зери пойи аспон монда, ҳалок гардиданд. 

     Бо ин қатли ом Темурланг дар дили мардуми Шероз тарс афканда буд. Ҳокими Форс Зайнулобидин ба ҷониби Бағдод фирор кард, то дар даргоҳи султон Аҳмади Ҷалоир пинҳон шавад. Аммо дар байни роҳ дар наздикии Шуштар Зайнулобидин ба дасти писари амакаш Шоҳ Мансур асир афтод ва дар қалъаи Салосил ба ҳабс гирифта шуд. Соли 1387 Шероз таслими Темурланг шуд. Ҳарчанд ин шаҳр аз вайронкорӣ ва кушторҳои Темурланг эмин монда бошад ҳам, аммо мардуми Шероз ба Темурланг хироҷи зиёде дода, хонахароб шуданд. 

Тасвири калламанора. Амали рассом В.В. Верешагин 

    Темурланг вилояти Форсро байни султон Аҳмад – бародари Зайнулобидин, ки ҳокими Кирмон буд ва Шоҳ Яҳё – писари амакаш, ки ҳокими Язд буд ва ба Темурланг итоат мекарданд, тақсим кард. Бо шунидани хабари шӯришҳое, ки дар Хоразм ва Дашти Қипчоқ рӯй доданд, Темурланг саросема вилояти Форсро тарк гуфта, ба Мовароуннаҳр баргашт. 

   Ба ҳар ҳол лашкаркашии сесолаи Темурланг нотамом монд, зеро ҳокими Форс – Зайнулобидин ба асорати Темурланг наафтод ва муҳимтар аз ҳама Бағдодро ба даст наовард.

   Ҳуҷуми панҷсолаи Темурланг.Тобистони соли 1392 Темурланг сеюмин ҳуҷуми худро, ки дар саҳифаҳои таърихи ин давр аз ҷониби таърихнигорон бо номи ҳуҷуми панҷсола зикр шудааст, оғоз кард. Дар ин лашкаркашӣ ӯро писаронаш– Умаршайх ва Мироншоҳ, наберааш – Пирмуҳаммад (писари Ҷаҳонгир) ҳамроҳӣ мекарданд. Баҳонаи ин лашкаркашӣ саркӯб кардани шӯришҳо дар Мозандарон, танбеҳ намудани Оли Музаффари Форс ва ҳадафи асосӣ ба даст овардани Бағдод буд. Дар Мозандарон Сайид Камолиддини Маръаширо, ки ба истиқлол расида буд, Темурланг саркӯб кард ва ӯро ба асорат гирифта, аз тариқи киштӣ ба Хоразми вайрона фиристонд. Чанде дар Мозандарон монд ва дар моҳи декабри соли 1392 барои танбеҳ додани Оли Музаффар аз тариқи Рай ба Буруҷард ва аз он ҷо ба Дизфулу Шуштар омад. Темурланг ба таъқиби шоҳ Мансури Оли Музаффар, ки тамоми Музаффариёнро бар зидди ӯ ба мухолифат бархезонида буд, оғоз кард. Шоҳ Мансур бо андак сипоҳи вафодори худ дар Рай бо Темурланг ба ҷанг бархост ва ҷасорату шаҳомати фавқулодаи ӯ боис шуд, ки дар ин ҷо ба Темурланг зарба занад, аммо худи ӯ захмӣ гардида, ба дасти сипоҳиёни Темурланг асир афтод ва кушта шуд. Дар моҳи майи соли 1393 Темурланг дигар шоҳзодагони Оли Музаффарро, ки ба мухолифати ӯ бархоста буданд, аз миён бардошт. Ҳокимияти вилояти Форсро ба писари худ Умаршайх вогузор карда, ба ҷониби Бағдод бар зидди султон Аҳмади Ҷалоир лашкар кашид. Дар моҳи августи соли 1393 Темурланг тахтгоҳи деринаи Аббосиён – Бағдодро тақрибан бидуни ҷанг фатҳ кард. Султон Аҳмади Ҷалоир Бағдодро раҳо карда, ба ҷониби Шому Миср фирор намуд. 

       Темурланг чанд муддат дар Бағдод монда, ба лашкаркашӣ ба тарафи Шому Миср тайёрӣ медид. Дар ин муддат, яъне дар моҳи январи соли 1394, писари Темурланг – Умаршайх, ки аз Форс ба дидорбинии падар меомад, дар наздикии Бағдод аз ҷониби мардуми маҳаллӣ кушта мешавад ва Темурлангро ба шиддат мотамзада мекунад. 

Ҳукумати Форсро Темурланг ба наберааш – Пирмуҳаммади Ҷаҳонгир вогузошта, барои тасхири ноҳияҳои шимоли Байнаннаҳрайн ба он ҷониб ҳаракат кард ва дар Тикрит, ки паноҳгоҳи роҳзанони курду араб буд, калламанораҳо барпо сохт. Чун аз лашкаркашии Тухтамишхон ба ноҳияҳои Арон ва Дарбанди Қафқоз огаҳӣ ёфт, рӯ ба тарафи Қафқоз кард. Арманистону Гурҷистонро дубора фатҳ намуд ва дар Қафқоз Тухтамишхонро шикасти сахт дод. Ба таъқиби Тухтамишхон аз вилоятҳои Черкес убур карда, дар соҳили дарёи Волга бори дигар ба Тухтамишхон зарба зад ва лашкари ӯро пароканда сохт. Аз ин ҷо ба дохили хоки Русия ба тохтутоз пардохта, шаҳри Маскавро гирифта, дар ин ҷо ғорату куштор намуд. Шаҳрҳои Сарой ва Аштархон (Астрахан) низ мавриди ғорат ва харобкориҳои Темурланг қарор гирифтанд. Темурланг дар бозгашт ба Озарбойҷон чанде вақти худро барои хомӯш кардани ошӯбҳо сарф карда, ҳукумати Озарбойҷон ва вилоятҳои ғарбии Эронро ба писараш–Мироншоҳ ва Хуросону ноҳияҳои шарқиро ба писари дигараш – Шоҳрух вогузошта, билохира, баъд аз панҷ соли ҷангҳои хунин ба Мовароуннаҳр боз гашт. 

     Ҳосили сеюмин ҳуҷуми Темурланг низ мисли лашкаркашиҳои пештарааш ба ҷуз аз ба даст овардани ғаниматҳо, куштори инсонҳои бегуноҳ ва харобии кишварҳо аз чизи дигаре иборат набуд ва ин ҳамаро ӯ навъе аз рисолат ва маъмурияти илоҳии худ медонист.

     Забти Ҳиндустон ва қатли сад ҳазор асир. Темурланг дар тӯли се ҳуҷуми худ сарзаминҳои мусулмоннишинро хароб карда, қатлу куштор менамуд. Ин бор ҳуҷуми худро ба Ҳиндустон, ки дар моҳи марти соли 1398 оғоз карда буд, «ғазавот зидди куффор номид», дар ҳоле ки подшоҳи он замони Ҳиндустон султон Маҳмуди Туғлуқӣ низ мусулмон буд ва дар Деҳлӣ фармонравоӣ мекард. Темурланг Панҷоб ва Мултонро ишғол карда, дар моҳи декабри соли 1398 дар наздикии Деҳлӣ сипоҳи султон Маҳмуди Туғлуқиро мағлуб намуд. Тибқи хабари муаллифи «Таърихи равзат-ус-сафо» Мирхонд қабл аз вуруд ба Деҳлӣ Темурланг аз тарси шӯриши эҳтимолии 100 ҳазор ҳиндуи дар роҳ асир афтода, фармон медиҳад, ки онҳоро ба қатл расонанд. Ин ҳодиса 17 декабри соли 1398 дар соҳили дарёи Ҷамаи наздики Панипат ба вуқӯъ пайваст.

       Ба ҳангоми воридшавӣ ба Деҳлӣ сипоҳиёни Темурланг фармон гирифтанд, то мардуми Деҳлиро қатли ом намояд, ки дар натиҷа 80 ҳазор нафар аз сокинони шаҳр кушта шуданд. Дар ин куштор на танҳо ҳиндуҳо, балки мусулмонони шаҳр ҳам ба ҳалокат расиданд. Бисёре аз ҳиндуҳо барои он ки худ ва аъзои хонаводааш ба дасти туркон наафтанд, худро бо аъзои хонавода ва тамоми молу амволи хеш оташ заданд. Султон Маҳмуди Туғлуқӣ ба ноҳияҳои шарқии Ҳиндустон фирор кард ва Темурланг ӯро дунболагирӣ карда, ноҳияҳои атрофи дарёи Гангро ғорату вайрон намуд. Ӯ қаламрави шоҳони Туғлуқиро байни сардорони лашкари худ, ки омодаи ҳифз ва идораи он набуданд, тақсим карда, бо ғаниматҳои бисёре Ҳиндустонро тарк кард. Дар муддати панҷ моҳу ҳабдаҳ рӯзе, ки Темурланг дар Ҳиндустон буд, ба ҷуз аз ғорату куштори мардуми бегуноҳ ва вайронии ин сарзамини афсонавӣ чизе аз худ ба ҷой намонд. Ин лашкаркашӣ, ки чаҳордаҳ моҳ тӯл кашид, Ҳиндустонро ба қаламрави фармонравоии Темурланг низ дохил накард. 

       Ҳуҷуми ҳафтсолаи Темурланг. Ҳангоме ки дар Ҳиндустон Темурланг ба ғорату куштор машғул буд, ба ӯ аз нооромиҳо ва ошуфтагии авзои Эрон, бахусус Озарбойҷон, ки писараш Мироншоҳ дар он ҷо ҳукумат мекард, хабар расониданд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ Мироншоҳ бар зидди Темурланг изҳори мухолифат мекунад. Изҳори мухолифат кардани Мироншоҳ дар номае, ки навишта ба Ҳиндустон ба падараш мефиристад, баён шудааст. Мироншоҳ дар ин нома адабро нигоҳ надошта, Темурлангро мазаммату таҳқир менамояд. Ин сабаб шуд, ки Темурланг Ҳиндустонро ба зудӣ тарк намуда, ба Самарқанд биёяд. Ҳамчуноне ки сарчашмаҳои таърихӣ хабар медиҳанд, бар асари афтодан аз болои асп мағзи сари Мироншоҳ осеб мебинад ва ӯро дучори парешонии ҳавос мекунад. Дар натиҷаи ин беморӣ Мироншоҳ ба корҳои ношоистае даст зада, иддае аз шахсиятҳои маъруфро ба қатл расонида, хазинаро бо айшу нӯш холӣ мекунад. Девонагии Мироншоҳ то ба ҷое расида буд, ки фармон медиҳад қабри Хоҷа Рашидуддини Фазлуллоҳро, ки пешвои тариқати ҳуруфия буд, кушоянд ва боқимондаи ҷасади ӯро дар қабристони яҳудон дафн намоянд. 

       Бо шунидани хабари лашкаркашии Темурланг ба Озарбойҷон, Мироншоҳ ба урдуи ӯ меояд. Темурланг ҳайатеро пешакӣ ба Табрез–маркази идории Мироншоҳ фиристод, то корҳои ӯро тафтиш кунанд. Дар натиҷаи тафтиш зердастони Мироншоҳ, ки бе фармони ӯ ҳеҷ кореро анҷом намедоданд, гунаҳгори асосӣ дониста шуданд. Мувофиқи хабари Мирхонд бо фармони Темурланг ширкаткунандагони маҷлисҳои Мироншоҳ: олими маъруф Мавлоно Муҳаммади Кӯҳистонӣ, мусиқидонони бузург Устод Қутбуддини Нойӣ, Ҳабиби Удӣ ва Абдулмуъмини Гӯянда ба қатл расонда шуданд. Шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ низ мавриди ғазаби Темурланг қарор гирифт ва дастур дод шоирро ба мавзеи Валиёнкӯҳи Табрез табъид намоянд. 

      Темурланг бо қатли олимону ҳунармандон, ки гуноҳе надоштанд, мардумро бовар мекунонид, ки воқеан ҳам барои ҷазо додани Мироншоҳ омадааст. Ӯ Мироншоҳро аз ҳукумати Озарбойҷон барканор карда, ба ҷойи ӯ писари Мироншоҳ– мирзо Абӯбакрро таъйин мекунад. Бо вуҷуди ин ки Мироншоҳро аз вазифа барканор намуд, ба гуфтаи Мирхонд, баъд аз ин низ Мироншоҳ «дар мақоми салтанат бар маҷмӯи шоҳзодагон муқаддам менишаст». 

      Шоҳрух писари дигари Темурланг, ки аз ҷониби падар ҳокими Хуросон таъйин шуда буд, дар ин ҳуҷум ба сипоҳи Темурланг пайваст. Ин лашкаркашии Темурланг ҳарчанд панҷ сол тӯл кашида бошад ҳам, аммо он бо номи «ҳуҷуми ҳафтсола» маъруф аст. Дар моҳи сентябри соли 1399 Темурланг нахустин зарбаро ба Гурҷистон, ки мардумаш даст ба ошӯб зада буданд, ворид кард. Темурланг ба зимистони сарду пурбарф, ки дар асари он лашкараш талафоти зиёд дида буд, нигоҳ накарда, аз роҳи Қарабоғ ба ҷониби Гурҷистон ҳаракат кард. Дар тайи роҳ Темурланг ҳар куҷое, ки калисо медид, вайрон намуда, шӯришиёни гурҷиро, ки аз бими ӯ дар кӯҳҳо паноҳ бурда буданд, таъқиб карда, қалъаҳо ва сангарҳои онҳоро дарҳам мешикаст. Пешрафт дар Гурҷистон ӯро ба сарҳади давлати Усмонии Туркия расонида буд. Ин замон султони Туркия Илдирим Боязид буд, ки бо лашкаркашӣ ва ғалабаҳои худ Аврупоро ба ларза оварда, бар Осиёи Хурд фармонравоӣ мекард. Ду рақиб, ки ҳар ду мағрур, бераҳм ва ғоратгар буданд, дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд. Темурланг Арзрум ва Арзинҷонро, ки дар қаламрави Боязид буданд, ғорат карда, ба ҷониби Севос ҳаракат намуд. Мардуми Севос ба муқовимат бархостанд, аммо дар моҳи августи соли 1400 Севос аз ҷониби Темурланг фатҳ шуд. Бар хилофи одате, ки дар ҷангҳои дигараш дошт, Темурланг асирони мусулмонро, ки аз сипоҳи Боязид гирифта буд, афв намуд. Ин ба он сабаб буд, ки ӯ намехост дар ақибгоҳи худ аз ҷониби мусулмонони ин ҷо таҳдид шавад, аммо чаҳор ҳазор арманиро, ки ҳамроҳи мусулмонон ба дифоъи Севос бархоста буданд, зинда ба гӯр кард. 

      Темурланг барои ҷанг бо султон Боязид баҳона меҷуст. Бинобар ин, аз ӯ дархост кард, то султон Аҳмади Ҷалоир ва Қароюсуфи Туркманро, ки назди Боязид паноҳ ҷуста буданд, ба ӯ таслим кунад. Аммо Боязид ин дархости Темурлангро қабул накард. Фазои ҷанг бо султони Усмонӣ барои Темурланг фароҳам омад.

      Темурланг нахуст яке аз шарикон ва ҳампаймонҳои Боязид – султони Миср Малик Носирро хост аз байн бибарад ва ба ин мақсад ба ҷониби Шом–ба қаламрави султони Миср ворид гашта, дар моҳи октябри соли 1400 Ҳалабро гирифт. Муддати се рӯз Ҳалаб арсаи ғорати лашкари Темурланг гашт ва ғаниматҳое, ки аз ин ҷанг ба даст овард, бо корвоне ба Самарқанд фиристод. Дар наздикии Димишқ як тан аз фидоиёни исмоилия бо мусоидати султони Миср суиқасде ба Темурланг кард, аммо ин суиқасд бемуваффақият анҷомида, он шахс дастгир ва ба қатл расид.

      Султони Миср натавонист, ки ба лашкари Темурланг муқовимат намояд ва аз Шом ба Миср фирор кард. Темурланг Димишқро забт кард. Дере нагузашта мардуми ин шаҳр бар зидди ӯ шӯриш бардоштанд. Темурланг ин шӯришро бераҳмона пахш карда, дубора Димишқро фатҳ намуд ва дар масҷиди ҷомеи он ба номи худ хутба хонд.

      Темурланг аз Шом бори дигар ба ҷониби Бағдод лашкар кашид. Мардуми Бағдод бар зидди лашкари Темурланг мубориза бурданд, ки дар асари ин мубориза теъдоди зиёде аз тарафдорони ӯ кушта шуданд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, Темурланг ҷангро идома дода, дар моҳи июни соли 1401 Бағдодро муҳосира кард. Муҳофизони Бағдод ҳудуди як моҳ муқовимат карданд. Ниҳоят, 9 июли соли 1401 Темурланг Бағдодро фатҳ намуда, ҳукми қатли ом дод. Дар натиҷа беш аз чил ҳазор аз сокинони Бағдод кушта шуданд. Ҳокимияти шаҳри Бағдодро ба наберааш Абӯбакр – писари Мироншоҳ супорида, Темурланг ба ҷониби Гурҷистон ҳаракат кард ва зимистони он солро дар Қарабоғ сипарӣ намуд.

      Дар муддате, ки Темурланг дар Гурҷистону Қарабоғ буд, Қароюсуфи Туркман ба ҷониби Бағдод лашкар кашид ва хост ин шаҳрро аз дасти набераи Темурланг – Абӯбакр бигирад. Аммо Абӯбакр дар ҷанги назди Бағдод Қароюсуфро шикаст дод ва ӯ ба назди Боязид гурехт. Султон Аҳмади Ҷалоир бошад, дар назди султони Миср Малик Носир қарор дошт.

     Темурланг ба султони Усмонӣ – Боязид номаи таҳдидомез навишта, боз султон Аҳмади Ҷалоир ва Қароюсуфи Туркманро талаб кард. Султон Боязид, ки баъд аз ғалабаҳо дар Аврупо ва Осиёи Хурд хеле мағрур шуда буд, Темурлангро дар номаи ҷавобӣ дашном дода, талаби ӯро рад кард, ки дар натиҷа ҷанг байни онҳо ногузир шуд. Дар моҳи июли соли 1402 дар шимолу шарқии Анқара байни лашкари султон Боязид ва Темурланг ҷанг оғоз шуд. Лашкари Боязид бо вуҷуди гармои сахт ва беобӣ диловарона бо душман ҷангид, аммо дар ин мубориза султон Боязид шикаст хӯрда, асир афтод. Таърихнигори ҳамзамони Темурланг Ибни Арабшоҳ дар китоби худ «Аҷойиб-ул-мақдур фӣ ахбори Темур» менависад, ки Темурланг Илдирим Боязидро дар қафаси оҳанине маҳбус карда буд ва ҳар куҷое, ки мерафт, ҳамроҳи худ мебурд. Ба ин таҳқири Темурланг Боязид тоқат накарда, дар моҳи феврали соли 1403 дар наздикии Оқшаҳр вафот кард. Сабабҳои шикасти султони Усмонӣ – Боязид он буд, ки дар муддати ҳуҷуми Темурланг ба Гурҷистон ва Бағдод ӯ лашкари худро бо ҷанги Темурланг омода накарда, бештари вақти худро ба шикору истироҳат мегузаронид. Илова бар ин, Боязид баъзе амирони худро, ки аз ночорӣ дар наздикии Анатолия ба Темурланг таслим шуда буданд, бо иғвои Қароюсуфи Туркман танбеҳ дод. Ба ин сабаб қисме аз лашкари Боязид аз ӯ ранҷиданд ва дар ҷанги Темурланг мубориза накарданд. 

        Султони Миср – Малик Носир аз шикасти Боязид ба ҳарос афтод. Барои он ки ба боварии Темурланг дарояд, ӯ султон Аҳмади Ҷалоир ва Қароюсуфи Туркманро, ки дар сарзаминаш паноҳ бурда буданд, ба ҳабс гирифт. Ин султон барои пешгирӣ кардани лашкаркашии Темурланг ба Миср, назди ӯ сафири махсуси худро фиристод ва ба воситаи сафир хабари тобеъ будани худро ба Темурланг расонид. Бо ин амал султони Миср сарзамини худро аз вайронӣ ва харобкориҳои Темурланг наҷот дод.

       Темурланг ҳанӯз аз Осиёи Хурд берун нарафта буд, ки хабари марги наберааш Муҳаммад султон (писари Ҷаҳонгир), ки ӯро Темурланг валиаҳди худ мехонд, ба ӯ мерасад. Муҳаммад султон 13 марти соли 1403 дар синни 19-солагӣ вафот мекунад. Дар ҳамин айём хони муғул – султон Маҳмудхон, ки Темурланг ба риоя ва пайравӣ аз расми замони худ баъди марги падараш – Сиюрғитмиш ӯро дар соли 1388 хони Мовароуннаҳр интихоб карда буд, вафот мекунад. Темурланг дар замони зинда будани султон Маҳмудхон расман ягона амири бузурги Мовароуннаҳр ба ҳисоб мерафт ва аз номи ин хон ҷангҳои бераҳмона мебурд. Султон Маҳмудхон дар лашкаркашиҳои Темурланг иштирок карда, ҳатто соли 1402 дар набарди назди Анқара султон Боязиди Усмониро ба асорат гирифт. Баъд аз вафоти султон Маҳмудхон дигар аз байни хонҳои муғул касеро фармонраво интихоб накарда, Темурланг худ ҳокими мутлақи сарзаминҳои забткардааш гардида, амр дод, то дар масҷидҳо хутбаро ба номи ӯ хонанд ва сиккаҳо ба номаш бароранд. 

Темурланг дар моҳи апрели соли 1404 вориди Султония шуда, аз тариқи Хуросон Ҷайҳунро убур карда, ба Самарқанд боз гашт.

 Сарчашма: 

        Маълумоти Мирхонд дар бораи ҳуҷуми Темурланг ба Озарбойҷон чунин аст: «Билҷумла… ин аҳвол ба самъи ҳазрати соҳибқирон (Темурланг)… расид, ки султон Аҳмади Ҷалоир лашкарҳо ҷамъ оварда, аз Бағдод ба Табрез омадааст. Ва он ҳазрат амирзода Мироншоҳро бо тоифае аз умарои номдорони даргоҳ ба расми манқалой фиристод ва шайх Алӣ Баҳодурро дар Оғруқ гузошта, худ низ равон шуд. Султон Аҳмад хабари таваҷҷуҳи лашкари фирӯзасар шунида ва калимаи ал-фирору фи вақтиҳи зафарун (фирор дар вақташ зафар аст) бар забон ронда, ба ҷониби Бағдод шитофт. Ва ҳазрати соҳибқирон (Темурланг)… амир Ҳоҷӣ Сайфиддинро бори дигар бо умаро ва баҳодурон ба такомишӣ (дунболагирӣ) равон фармуд. 

        Ва чун эшон ба султон Аҳмад расиданд, хидматашро эҳмол ва асқол (бепарвоӣ ва вазнинӣ) гузошта, ҷон аз он варта берун бурд. Ва Илёсхоҷа писари амир шайх Алӣ Баҳодур бо маъдуде чанд (якчанд нафар) аз ақиб рафта, дар мавзеи Намакзор султон Аҳмадро дарёфт ва бо ӯ гурӯҳи анбӯҳ буд. Ҳарбе саъб (шадид) рӯй намуд ва Илёсхоҷаро захми гарон расида, султон Аҳмад аз он маҳлака (хатар) халос ёфта, дар рафтор бо боди сабо ҳаминонӣ намуда ва ҷароҳати Илёсхоҷа ба суулмизоҷ мунҷар шуда (анҷом ёфта), заҳмати фаровон кашид…. ва дар пояш андак нуқсоне боқӣ монд.

       Ва дар он юриш дар Нахҷувон хунрезиши азим воқеъ шуд ва мардуми бисёр арзаи талаф гаштанд, аз он ҷумла, Қиморӣ иноқ миқдори 500 кас ба коҳдуд ҳалок сохт ва тару хушки он вилоят ба оташи интиқом бисӯхт. Ва мамолики Озарбойҷон дар таҳти тасарруфи бандагони соҳибқирон (Темурланг)… омада, он ҳазрат ба ҳаволии (гирду атрофи) Ғозон нузул фармуда, акобиру ашроф ва содоту уламои Табрез мубодарат (кӯшиш) ба хидмат намуда, саодати дастбӯсӣ дарёфтанд ва ба муҷиби (мувофиқи) фармон моли амонӣ бар арбоби он вилоят ҳавола рафта, дар андак замоне ба вусул пайваст (яъне ба мақсад расид)». 

      Мирхонд. Таърихи равзат-ус-сафо, ҷ.6, Теҳрон, 1380 ҳ.ш., саҳ. 4706-4707. 

      Мувофиқи маълумоти Ибни Арабшоҳ, ҳангоми дар Ҳиндустон будани Темурланг Мироншоҳ ба ӯ мактуб навишта, мухолифати худро ба Темурланг изҳор менамояд ва мазмуни он мактуб чунин аст: «Ҳамоно дарозии даврони зиндагӣ ва шикастагӣ ва нотавонӣ ҷисми турост ва ночиз намуда ва аз анҷоми маросими раёсат ва иҷрои умури сиёсат бидоштааст. Пас шоистатар он ки роҳи ибодат ва бандагӣ гузинӣ (интихоб намоӣ) ва дар гӯшаи узлати парҳезгорӣ нишинӣ, то замонат сар ояд (яъне ба охир расад). Фарзандон ва наводагони ту тавонанд, ки амри раиятро риоят ва кори лашкару кишварро кифоят (бас) кунанд. 

       Туро, ки нишони марг дар чеҳра падид аст, ба кори салтанат чӣ кор аст? Агарат чашми биност, ки тавонад нек аз бад ҳар чиз шинохт, яке бояд аз кори ин ҷаҳон бо мар саройи дигар пардохт… 

     Магар надонӣ, ки даври зиндагиро поён аст ва гӯр охирин манзили ҳар корвон? 

…Ту бар ҳама ҷаҳониён чира (ғолиб) шудӣ ва азл (дур) кардӣ, аммо аз дини Худо густурдаӣ, аммо бисоти ғорату яғмо барангехтаӣ, аммо оташи ҷавру фасод ва фурӯрехтӣ асоси кинаву бедод. 

    Ту агар бар осмонҳо бар шавӣ (боло равӣ) хештан ба пойгоҳи Фиръавн нарасонӣ ва агар пояи кохҳо ба зирва (қулла)-и кӯҳҳо гузорӣ, яке чун биҳишти Шаддод сохтан натавонӣ. 

     Пас боре бад-ин мардумон бингар, ки бар ҷаҳон дасти тасаллут (ҳокимият) кушуданд ва наҳйҳо (манъ) карданд ва амрҳо фармуданд ва саранҷом даргузаштанду бирафтанд ва роҳи саркашону гунаҳкорон дар пеш гирифтанд.

     Пас беҳтар он ки корҳо ба кордон супорӣ ва хона ба хонаи Худо во гузорӣ ва фармони Худо ва расул ва онон, ки ба дини вай даромадаанд, пазирӣ (қабул кунӣ), вагарна ту низ дар шумори он касон дароӣ, ки рӯйи замин ба ғалабаву қаҳр гирифтанд ва бедод барошуфтанд…» 

     Ибни Арабшоҳ. Зиндагии шигифтовари Темур (Аҷойиб-ул-мақдур фӣ ахбори Темур). Тарҷума ба форсӣ Муҳаммад Алии Наҷотӣ, Теҳрон, 2536 шоҳаншоҳӣ, саҳ. 105 – 109.

Санаҳои муҳим:

1386– оғози ҳуҷуми сесолаи Темурланг 

1387– фатҳи Шероз аз тарафи Темурланг

1387 (декабр) – шӯриши мардуми Исфаҳон 

1392– оғози ҳуҷуми панҷсолаи Темурланг 

1393(май) – аз миён бардоштани шоҳзодагони Оли Музаффар 

1393(август) – фатҳи Бағдод аз тарафи Темурланг

1394(январ) – фавти писари Темурланг – Умаршайх 

1398 (март) – оғози ҳуҷуми Темурланг ба Ҳиндустон 

1398 (декабр) – мағлубияти султон Маҳмуди Туғлуқ дар наздикии Деҳлӣ 

1398(17 декабр) – қатли 100 ҳазор нафар асири ҳинду дар соҳили дарёи Ҷамаи наздики Панипат.

1399(сентябр) – нахустин зарбаи Темурланг ба Гурҷистон 

1400(август) – фатҳи Севос 

1400(октябр) – фатҳи Ҳалаб

1401(9 июл) – фатҳи Бағдод

1402(июл) – оғози ҷанги байни лашкари султон Боязид ва Темурланг дар Анқара

1403(феврал) – вафоти Боязид

1404(апрел) – ба Самарқанд бозгаштани Темурланг 

 Савол ва супориш: 

1) Ҳуҷуми сесолаи Темурлангро шарҳ диҳед. 

2) Дар бораи қиёми мардуми Исфаҳон бар зидди Темурланг ва аз ҷониби Темурланг ба ҷазои сахт гирифтор шудани аҳолии Исфаҳон маълумот диҳед. 

3) Ҳуҷуми панҷсолаи Темурланг ва ҳадафҳои онро шарҳу эзоҳ диҳед.

4) Темурланг дар Ҳиндустон ба чӣ гуна бедодгарӣ ва куштор даст зад? 

5) Дар бораи лашкаркашӣ ва бераҳмиҳои Темурланг бар зидди Гурҷистон, Туркияи Усмонӣ, Димишқ ва Бағдод нақл кунед. 

6) Сабабҳои шикасти султони Усмонӣ – Боязид аз чӣ иборат буд? 

7) Султони Миср Малик Носир бо кадом роҳ сарзамини худро аз ҳуҷуми Темурланг наҷот дод? 

8) § 5-ро такрор намоед.