§ 21. КИШОВАРЗӢ. ШАКЛҲОИ ЗАМИНДОРӢ

§ 21. КИШОВАРЗӢ. ШАКЛҲОИ ЗАМИНДОРӢ

Тохтутози истилогаронаи Шайбонихон ва ҳуҷумҳои ғоратгаронаи ворисони ӯ ба Мовароуннаҳру Хуросон, ҷангҳои дохилӣ, фитнаангезиҳои ҳокимони вилоятҳо ва ҷангҳои тӯлонӣ миёни Шайбониён ва Сафавиён барои Хуросон дар асри XVI боиси расидани офатҳои зиёде ба мардум, ҳалокати одамон ва харобии бе ҳадду ҳисоби ин сарзаминҳо гашта буд. Масалан, ҳангоми таҷовузи Шайбонихон ба минтақаҳои кӯҳистонии Мовароуннаҳр ва шимоли Хуросон лашкари Шайбониён дороӣ ва сарвати зиёдеро ба даст овард. Дар ин юриш 50 ҳазор нафар асир афтода, ба ғуломӣ бурда шуд. Шайбонихон 10 ҳазор сар гӯсфанд, 50 ҳазор сар асп, сангҳои қиматбаҳо, тилло, марворид ва дигар навъи дороиҳои мардумро ба ғорат бурд. Чунин вазъи ногувор ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Мовароуннаҳру Хуросон таъсири ниҳоят манфӣ мерасонид. 

Ҷангҳои бардавоми дохилии Шайбониён бо худ харобии низоми обёрӣ ва заминҳои корам, дуздӣ ва ғорат, боло рафтани андоз аз замин ва дигар андозҳоро ҳамроҳ дошт. Ин низоъҳои дохилӣ ба пойин омадани сатҳи кишоварзию обёрӣ дар тамоми минтақаҳои ҳосилхези Мовароуннаҳр сабабгор шуд. Ба қабилаҳои ӯзбек, ки дар ҳайати лашкари Шайбониён Мовароуннаҳрро забт карда буданд, тамаддуни кишоварзӣ бегона буд, бинобар ин бо ишғоли ин мамлакат фаъолиятҳои иқтисодӣ ба маротиб кам шуда, воҳаҳои ҳосилхези он бе одам монданд. 

Шайбонихон, ки бо қабилаҳои зиёд аз дашти Қипчоқ ба Мовароуннаҳр таҷовуз карда буд, ба подоши ҷангҳо ва ғоратгариҳои онҳо мебоист ин қабилаҳоро дар минтақаҳои нав ҷойгузин намояд. Табиист, ки ҳар қабилаи таҷовузгар мехост қаламрави ободтарро дар ихтиёр дошта бошад ва дар зимн манфиатҳои мардуми маҳаллӣ – тоҷиконро ба инобат нагирад. Саҳронавардони ғолиб дар Мовароуннаҳр, дар шаҳри Тошканд ва вилояти он, дар Бухоро, Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он, дар водии Фарғона ва Зарафшон, дар ноҳияҳои Қашқадарё ва Сурхондарё сукунат ихтиёр карданд. Теъдоди зиёде аз ин саҳронавардон ба соҳили чапи Омударё (қаламрави имрӯзаи шимоли Афғонистон) низ гузаштанд. 

Қабилаҳои саҳронаварди шайбонӣ бо анъанаҳои қабилавию авлодӣ ва низоми иқтисодии хоси худ дар Мовароуннаҳр бо мардуми кишоварз ва аз нигоҳи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ пешрафта дучор шуданд. Ин саҳронавардон заминҳои ишғолкардаи зироатиро ба чарогоҳ табдил доданд. Табиист, ки ин раванд бо зӯрӣ ва фишор берун кардани мардуми кишоварзи муқимӣ аз заминҳо ва чарогоҳҳои онҳо, инчунин, ғасби рама ва галаҳои онҳо ҳамроҳ буд. 

Дар натиҷаи таъқибу фишори қабилаҳои шайбонӣ дар Мовароуннаҳр қисми зиёди сокинони муқимии он – тоҷикон, ки ҳазорсолаҳо дар ин сарзамин зиндагӣ мекарданд, шаҳрҳо ва водиҳои ҳосилхезро тарк гуфта, ба ҷониби шарқ, ба қисмати кӯҳистонӣ муҳоҷират карданд. Ин муҳоҷират дар тӯли солҳои ҳокимияти Шайбониён дар ин сарзамин идома ёфт. 

Табақабандии синфӣ дар ҷомеа шиддат ёфта, кишоварзон ва косибони истисморшуда дар муқобили заминдорони калон – хонҳо, ашрофон ва рӯҳониён, ки дар хидмати онҳо буданд, қарор мегирифтанд. Кишоварзоне, ки дар заминҳои давлатӣ ва шахсӣ кор мекарданд, андозҳо ва молиёти зиёде месупориданд, ки дар натиҷа дар ҳолати қарздорӣ монда, муфлис ва бебизоат мегаштанд. Мардум ба корҳои иҷборӣ, мисли сохтани қасрҳо, низоми обёрӣ, кушодани роҳҳо ва сохтани кӯпрукҳо ҷалб мешуданд. 

Даромади солиёнаи феодалӣ омехта ва иборат аз натуралӣ (иқтисодиёте, ки маҳсулоти худро фақат барои сарфи худ тавлид мекунад), кор дар ивази музд ва пулӣ буд. Дар замина вазъи кишоварзони саҳмкор, ки дар замини заминдор барои як қисме аз зироат кор мекарданд, хеле вазнин мегардид. 

Ҳамаи ин дар якҷоягӣ ба зиндагии мардумони заҳматкаши шаҳрҳо ва деҳаҳо таъсири ҳалокатбор дошта, ба иқтисоди кишвар зарари зиёд меовард. 

Кишоварзӣ. Дар асри XVI асоси иқтисодро зироаткорӣ ва заминдорӣ ташкил медод. Замин бештар дар дасти давлат буд. Хон ё султон ба касе, ки мехост заминро инъом мекард. Бештари заминдорон аъзои сершумори хонадони Шайбониён буданд. 

Дар Мовароуннаҳри асри XVI чунин навъи заминҳо мавҷуд буданд: заминҳои давлатӣ, ки бо номи мамлукаи подшоҳӣ ё султонӣ зикр мегардиданд ва заминҳои хусусӣ, ки милки ҳурри холис, милки ушрӣ ва милкӣ номида мешуданд. Мамлукаи подшоҳӣ ва ё заминҳои давлатӣ зери назари вазорати молӣ, ки девони молӣ номида мешуд, қарор дошт. Дар асри XVI, дар замони ҳукмронии Шайбониён заминҳои подшоҳӣ аз тарафи аъзои хонадони хонӣ ва ашрофи қабилаҳои ӯзбек идора мегардид. Ин заминҳо аз ҷониби кишоварзони саҳмкор бо шароити додани хироҷ ба хазина кишт мешуданд. Даромад аз заминҳои давлатӣ миёни ҳокимони шайбонӣ дар шакли маош, кумаки молӣ ва туҳфа тақсим шуда, давлат метавонист заминҳои подшоҳиро фурӯшад ва ё инъом кунад. Дар ин сурат чунин заминҳо ба навъи дигари он дохил мегардиданд. 

Заминҳое, ки ба хон тааллуқ доштанд, милки хос ва ё амлоки хос номида мешуданд Ин навъ заминҳо аз майдонҳои ҳосилхез, чаргоҳҳои пуралаф ва мамнӯъгоҳҳое иборат буданд, ки вазъи ба худ хос дошта, даромади онҳо танҳо ба харҷи шахсии хон истифода мегардид. 

Заминҳои хусусӣ, ки бо номи милк ёд мешуданд ба се навъ ҷудо мешуданд: 

1.Милки ҳурри холис. Соҳибони чунин милкҳо аз пардохти андози давлатӣ озод буда, ҳамаи даромад дар дасти соҳиби замин буд. Ин навъи заминҳо дар асри XVI хеле кам ба назар мерасид. 

2.Милки ушрӣ. Чунин навъи истифодабарӣ аз замин буд, ки аз даҳ як ҳиссаи оидоти он ба фоидаи давлат ва қисми боқимондааш ба нафъи соҳиби замин истифода мешуд. 

3.Милкӣ. Ин навъи замин ба истеҳсолкунандаҳо– деҳқонон, косибон ва рӯҳониёни камбизоат марбут буд, ки худи онҳо дар ин заминҳо кор карда, ҳосил мегирифтанд. Вазъи деҳқонони соҳибмилк назар ба деҳқонони иҷоракор беҳтар буд. Инчунин, онҳо назар ба қисмати боқимондаи корандагони замин як дараҷа имтиёзҳо доштанд. Масалан, ба давлат камтар хироҷ месупорданд.  

Суюрғол. Дар асрҳои миёна намояндагони ашроф, ки ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъйин мегардиданд, ба хотири ҷонибдори ҳамеша будан ба давлат аз тарафи хон вилоятҳо ва минтақаҳоеро ба инъом мегирифтанд. Чунин мулкҳои инъомшуда дар асри XVI-ро суюрғол меномиданд. Суюрғол аз падар ба писар ба мерос мерасид. Соҳибони суюрғол метавонистанд дар навбати худ як қисми мулки давлатиашонро ба аъёну ашроф тақсим кунанд. 

Заминҳои вақф. Вақф милкест, ки аз тарафи касе барои масҷид, мадраса, мазорҳо ва умуман, ба муассисоти динӣ дода мешавад, ба шарте, ки аз даромади он фоида гирифта шаваду харидуфурӯш нашавад. Аз ҳисоби даромади замини вақф пулу роҳҳо сохта ё таъмир карда мешуданд. Милкҳои вақф чунин навъҳо доранд:

Вақфи холис. Вақфест, ки даромади он пурра ба соҳиби вақф дода мешуд. 

Вақфи даҳяк. Вақфест, ки даромади он ба мударрисон, толибилмон, ҳоҷиҳо, мутаваллиён, ҷорӯбкашон ба андозаи даҳяк тақсим мегардид. </br> 

Вақфи авлодӣ. Вақфест, ки сайидҳо, хоҷагон, эшонҳо, тӯраҳо ва ҳокимону амирон ва табори онҳо барои рафъи эҳтиёҷи мазорҳо, масҷидҳо, хонақоҳу қорихонаҳо, таҳоратхонаҳо ва ғайра ҷудо мекарданд. Тибқи ин вақфнома вақфкунанда масъули харҷу дахли амволи вақф буд ва ин масъулият аз насл ба насл ба мерос мерасид.  

Афзорҳои кории деҳқонон асосан, сипор, дос, каланду бел буд. Бо ҳамин афзорҳои одӣ деҳқонон гандуму ҷав, ҷуворӣ, арзан, шолӣ, мошу нахӯд ва дигар зироат рӯёнида, заминро обёрӣ намуда, дар боғҳои атрофи шаҳрҳо ва деҳот себ, нок, зардолу, чормағз ва олу парвариш мекарданд. Яке аз соҳаҳои сердаромад истеҳсоли ғӯза (пахта) ва кирмакпарварӣ буд. Матоъҳои абрешимии косибони Мовароуннаҳр ба давлатҳои ҳамсоя ба фурӯш мерафт. Маҳсулоти полезӣ, кишти харбузаву тарбуз, сабзиву пиёз яке аз соҳаҳои маъмул ва муфиди хоҷагии деҳқонӣ буд. 

Аксар деҳқонон замини кам доштанд, вале заминдороне низ буданд, ки замини кишташон дар ҳудуди якчанд ноҳия ё вилоят ҷойгир буд. Яке аз заминдорони маъруфи он давр Хоҷагони Ҷӯйборӣ буданд, ки на танҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, балки дар низоми сиёсии Шайбониён низ нуфузи зиёд доштанд. 

Навъҳои андоз. Барои истифодаи замин деҳқонон ба давлат андоз месупориданд, ки онро мол ва ё хироҷ меномиданд. Ин андоз вобаста ба сифати замин, макони ҷойгиршавии он, наздикӣ ба бозор ва иродаи ҳоким аз се як то панҷ як ҳиссаи ҳосил муайян карда мешуд. Дар баробари андози мол ва хироҷ инчунин, истилоҳи «молу ғаллот» ва «молу ҷиҳот» низ дучор мешавад. Зери мафҳуми «молу ғаллот» андозе, ки бо ҳосил дода мешуд ва зери маънии «молу ҷиҳот» андозе, ки бо пул пардохт мегардид, дар назар буд. Дар ин аср аз 30 то 40 дарсади даромади деҳқон сарфи андози молу ҷиҳот мешуд. Аз боғҳо ва токзорҳо танобона мегирифтанд. Дар асри XVI ин навъи андоз бо маблағи нақд ситонида мешуд. 

Аз тиҷорат ва косибон андоз бо номи «тамға» ва «боҷ» гирифта, инчунин, дар ин аср навъҳои дигари андоз чун аворизот ва тағор мавҷуд буд, ки дар ҳолатҳои фавқулода, бахусус, ҳангоми ҷанг аз мардум ҷамъоварӣ мегардид. 

Мансабдорон дар маҳалҳо аз давлат маош намегирифтанд. Аҳолӣ вазифадор буд андозҳоеро бо номи муҳосилона, мирҳазора зобитона, мушрифона ва кутволӣ супорад. Маблағи супорида аз ин навъ андозҳо барои маоши мансабдорони маҳалҳо харҷ мешуд. 

Сарчашма: 

Рӯзбеҳони Исфаҳонӣ дар бораи чӣ гуна заминҳои мардуми муқимиро, ки раҳо карда, ба дигар ҷойҳо фирор намуда буданд, ғасб кардани Шайбонихон менависад: «Баъд аз истиқрор дар он маҳфили арҷманд (дар Кони Гил – наздикии Самарқанд) ба тариқи истифто (фатво хостан) аз ҳоли баъзе амлоки хиттаи Самарқанд, ки соҳибони он амлок мақомро холӣ гузошта, рӯ ба ҷониби дигар билод барафроштаанд ва фурӯғи ватанро боир (вайрон) сохта, тухм дар дигар билод кошта, суол фармуданд ва истифсор (пурсиш) намуданд, ки ҷамъе аз мардумонро дар ин билод амлок аст, ки солҳо дар таҳти тасарруфи эшон буда, биломузоҳамати (нороҳат кардани) музоҳиме (ташвишдиҳандае) ва мамониати монеъе ҳоло зиёдат аз сӣ сол бошад, ки он амлокро боир (замине, ки дар он зироат накунанд) ва муаттал (бекор) гузошта ва касе дар ин вилоят нест, ки аз қабли эшон он амлокро мазрӯъ дорад (кишт кунад) ва дар атрофу акноф (сӯй)-и он тухме корад, то ҳам мамлакат аз самти иморат (ободонӣ) рӯй дар вайронӣ ва тааттул (бекорӣ) наниҳад ва ҳам амволи девон қоим гардад ва он амлок ҳоло ҳукми боироти қадима гирифта ва дар ҳукми мавот (мурда) аст. Агар касе ба эҳёи он қиём намояд, чунон бошад, ки мавотро эҳё карда. Оё ин амлок, ки ҳоли ӯ чунин бошад, баъд аз таъмир (обод кардан) мулки он кас гардад, ки ба иморати ӯ иқдом намуда, ба иқомат вазоифи таъмири онро аз мартабаи боирият (вайронӣ) ба мартабаи иморат (ободӣ) расонида ё на? 

Аз ҳуззори он маҳфил яке ифтихорулфузало Мавлоно Абдулғаффор қозии Балх буд. Дар ҷавоб гуфт: Ҳукм ба бутлон (ботилшавӣ) ба милкияти собиқ кардан душвор аст… агар эъроз (рӯгардонанда)-и молик аз он милк маълум бошад. Ҳукми ибоҳат (ҳалол донистан)-и зироат дар он сарзамин бар соне ки таъмири арз (замин) карда тавон намуд. 

Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ. Меҳмонномаи Бухоро. Бо эҳтимоми Манучеҳри Сутуда.Теҳрон, 1384 ҳ.ш, саҳ.295. 

      Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар бораи қаҳтие, ки бар асари ғорату тохтутозҳои Шайбониён мардуми Самарқанд дар зимистони 1512 ба он дучор шуда буданд, менависад: «Дар ин сол гаронӣ ва қаҳтӣ дар Самарқанд ба мартабае буд, ки халқ ба ҷуз қурси моҳу хур (хуршед) бар моида (гирд)-и фалаки мустадир (мудаввар) надидӣ ва гуруснагони фақир шабҳо аз хирмани Парвин ба хаёл хӯша чидӣ.

     Гуруснашикам бар намад дӯхт чашм, 

     Ки ҳамсояи гӯшт будаст пашм. 

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1349 ҳ.ш., саҳ.65. 

Савол ва супориш: 

1) Ишғоли Мовароуннаҳр аз тарафи Шайбониён ва ҷангҳои дохилии онҳо ба чӣ сабаб шуд? 

2) Чаро дар асри XVI тоҷикон аз шаҳрҳо ба манотиқи кӯҳистон муҳоҷират карданд? 

3) Вазъи кишоварзӣ дар чӣ ҳолат қарор дошт? 

4) Навъҳои заминдориро муайян созед. 

5) Аз мардум кадом навъи андозҳо ситонида мешуд?