§ 40. ТАЪСИСИ ХОНИИ ХӮҚАНД

§ 40. ТАЪСИСИ ХОНИИ ХӮҚАНД

    Фарғона дар охирҳои асри XVIII нимамустақил шуда буд. Дар асри XVIII ин сарзамин аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофии худ назар ба Бухоро, Хева ва Тошканд вазъияти бартаре дошт, зеро бисёр ҳодисоти харобиовар, аз ҷумла ҷангҳои Нодиршоҳ, то он ҷо асар накарда буд. Аз ин рӯ аҳолии Фарғона хеле афзуда, иқтидори иқтисодии он зиёд мешуд. Ҳамин буд, ки барои таъсиси давлати мустақил замина ва имкониятҳои мусоид муҳайё гардид. 

    Яке аз аввалин хонҳои Хӯқанд Шоҳруххон (1709–1721) ном дошт. Ҳокими Ӯротеппа ва Хуҷанд Оқбӯтабий духтари ӯро ба ақди никоҳи худ дароварда, ба хони Хӯқанд домод шуд. Дар навбати худ ӯ духтарашро ба хони Хӯқанд Раҳимхон (1721 – 1735) ба шавҳар медиҳад, вале бо вуҷуди хешу таборӣ, ҳокими Ӯротеппа ва Хуҷанд намехост, ки Хӯқанд мустақил гашта, бо ӯ ҳамсарҳад гардад. Бинобар ин Оқбӯтабий домодашро ба меҳмонӣ даъват карда, мехост ӯро ба қатл расонад. Раҳимхон аз ин нақша огоҳ гашта, зуд мулки падарарӯсашро тарк намуд, вале Оқбӯтабий аз ин нақшаи худ даст накашида буд. Ӯ бо роҳи ваъдаҳои бардурӯғ бори дигар Раҳимхонро даъват карда, дар Хуҷанд меҳмондорӣ намуд. Хони ҷавони Хӯқанд бори дигар аз макри Оқбӯтабий огоҳ гашта, шабона ба хонаи хоби падарарӯсаш дохил шуд ва ӯро бо ду писараш ба қатл расонид. Соли 1734 як қисми мулкҳои тобеи Оқбӯтабий ба Раҳимхон гузашт. Ин ғалабаи беҷанг сабаб шуд, ки хонии Хӯқанд аз душмани нисбатан тавонои худ эмин гашта, ҳамчун давлати мустақил арзи вуҷуд намояд.  

    Дере нагузашта, ҳокими Ӯротеппа тавонист Хуҷандро аз нав тобеи худ гардонад. Шаҳри мазкур дар нимаи дуюми асри XVIII борҳо бо роҳи ҷанг аз итоати Ӯротеппа баромада, ба хонҳои Хӯқанд тобеъ гаштааст. 

    Дар замони ҳукмронии намояндаи қабилаи минг Ирдонабий (1751 – 1769) ва Норбӯтабий (1770 – 1799) ташаккули хонигарии Хӯқанд ба охир расид ва ҳукмронии хонадони мингҳо дар ин мулк оғоз ёфт. 

    Норбӯтабий пеш аз ба сари ҳокимият омадан бо ҳокимони Ӯротеппа Фозилбий ва Худоёр девонбегӣ дӯстӣ дошт. Вақте ки ӯ фирорӣ гашт, ба Ӯротеппа омада, Фозилбий қалъаи Қизилӣ ва деҳаҳои тобеи онро ба Норбӯтабий дод ва ӯ бо Худоёр девонбегӣ рафоқат дошт. Бо вуҷуди ин, баъди ба сари ҳокимият омадан дар Хӯқанд, Норбӯтабий лашкар кашида, Хуҷанд ва Ӯротеппаро забт намуд. Ирисқулбий ҳокими Ӯротеппа таъйин шуд. Ҳукмронии ӯ, яъне тобеияти ин шаҳр ба хонигарии Хӯқанд се сол давом кард. 

    Худоёр девонбегӣ бо ҳокимони Шаҳрисабзу Ургут иттиҳод баста, бо ёрии лашкари ин мулкҳо Ӯротеппа ва Хуҷандро забт намуд, ки дар ин набардҳо Ирисқулбий ҳалок гашт. 

    Хонҳои давлати ҷавони Хӯқанд аз ибтидои аввали барқарор гаштани ҳокимияти худ на танҳо бо ҳокимони Ӯротеппаву Хуҷанд ва мулкҳои дигари нисбатан хурд, балки бо ҳокимони алоҳида, гурӯҳҳо ва қабилаҳои бодиянишин низ мубориза мебурданд. Бо ин амал онҳо мехостанд давлати худро аз ҳуҷуми қабилаҳои ҳамсояи қирғизу қипчоқ муҳофизат намоянд, зеро ин қабилаҳо тез-тез ба деҳаҳои мардуми муқимӣ ҳамла меоварданд. Мардуми баъзе шаҳрҳо ҳам аз дасти онҳо ба дод омада буданд. Барои иҷрои ин амалиёти низомӣ лашкари неруманд ташкил кардан лозим меомад. 

    Баъд аз ҷангҳои дуру дароз ба хонҳои Хӯқанд муяссар гашт, ки дар охири асри XVIII давлати нисбатан неруманде ташкил кунанд. Ин сарзамин яке аз хониҳои калонтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт ва он бо аморати Бухоро ва хонии Хева рақиб гашт. 

    Хонии Хева, ки дар қисмати шимолии Осиёи Миёна ҷойгир буд, дар асри XVIII давраи хеле сахти ҷангу низоъҳои байнихудиро аз сар мегузаронид. Ба замми ин, дар солҳои 60-и асри мазкур саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Ба хони ин мулк Муҳаммадамини қунғурот (1763-1790) муяссар гашт, ки тартибу низоми муайяне ҷорӣ намояд. Ӯ инчунин, ҳукмронии сулолаи қунғуротро дар Хева асос гузошт, ки то соли 1920 онҳо ин давлати хониро идора мекарданд. 

    Ҳамин тариқ, дар нимаи дуюми асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна се давлати мустақил: – аморати Бухоро, хониҳои Хӯқанд ва Хева арзи вуҷуд доштанд, ки байни онҳо барои мулкҳои ба онҳо ҳамҳудуд, ба мисли Тошканд, Ҷиззах, Ӯротеппа, Хуҷанд, Ҳисор ва ғайра рақобати доимӣ вуҷуд дошт. Онҳо мехостанд, ки ин мулкҳоро ба худ тобеъ намуда, ҳамчун манбаи даромад истифода баранд. 

Сарчашма: 

    Маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи хони Хӯқанд Раҳимхон: «Дар лақабаш ӯро Раҳимхони соҳибқирон мегуфтанд. Баъд аз чанд вақт ҳукумати Хуҷандро ба бародараш Абдукаримбий во гузошту худ дар вилояти Хӯқанд қарор гирифт. Дар он вақт Хӯқанд навобод шуда буд ва ӯ бар ободонии он вилоят саъйи балеғ намуд. Ҳукумати Марғелонро ба бародари кӯчакаш Шодибий тафвиз намуд. Чун тамоми мамолики Фарғонаро дар таҳти тасарруфи худ даровард, хотири худро билкул аз ин ҷониб ҷамъ сохт. Бо лашкари анбӯҳ мутаваҷҷеҳи Самарқанд шуд. Баъд аз қатъи мароҳил дар вилояти Самарқанд расид ва он мамлакатро саҳл дараҷа фатҳ намуд. Аз он ҷо мутаваҷҷеҳи Янгиқӯрғон гашт ва он балдаро низ мусаххар намуд. Баъд аз он инони якрон ба савби Шаҳрисабз тофт. Дар он вақт дар вилояти Кеш Ҳакимбукрӣ бародари Иброҳими атолиқ ҳукмронӣ мекард. Чун аз омадани Раҳимхон вуқуф ёфт, омодаи ҷангу қитол шуд. Чун Раҳимхон ба наздикии Шаҳрисабз нузули иҷлол фармуд ва элчиёни сухандон дар миён шуда, тарҳи ошноӣ дар мобайн андохтанд. Ҳакимбек дар паси пардаи исмат бародарзодае дошт Ойчучукоим бинти Иброҳими атолиқ дар камоли хубӣ ӯро дар ақди Раҳимхон даровард. Раҳимхон бо обрӯйи тамом ҷониби Самарқанд мутаваҷҷеҳ шуд. Чун ба он балда ворид гардид, дар табиати ӯ марази саъбе мутаваллӣ шуд. Ва порае гӯянд, ки дар мазори ҳазрати шайх Қусам ибни Аббос аспакӣ болои зин баромад. Аз рӯйи беадабӣ ба он касал мубтало гашт. Аз ҷониби худ Анақулӣ додхоҳро ва мулло Бечораро ноиб сохта, худ мутаваҷҷеҳи Хӯқанд гардид. Чун дар вилояти Хуҷанд нузули иҷлол фармуд, марази ӯ аз ҳадди эътидол гузашт. Ва ҳарчанд табибони он рӯзгор муолиҷа карданд, ҳеҷ кадом муфид наафтод. Аз дори дунё рахти ҳастиро барчид, рӯй сӯйи уқбо овард. Наъши ӯро дар Хӯқанд бурда, дафн карданд. Муддати ҳукуматаш даҳ сол ва муддати умраш сию се сол буд».  

    Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих. Китоби 2. Таҳиягар, муаллифи муқаддима ва таълиқот ва феҳристҳо А, Мухторов. Душанбе, 1985, саҳ. 377 – 378. 

Санаҳои муҳим: 

1734 – ба дасти Раҳимхон гузаштани як қисми мулкҳои тобеи Оқбӯтабий 

Савол ва супориш: 

1) Шароити мусоиди Фарғонаро барои таъсиси давлати мустақил шарҳ диҳед. 

2) Дар бораи ҳамчун давлати мустақил арзи вуҷуд намудани хонии Хӯқанд нақл кунед. 

3) Аввалин хонҳои хонии Хӯқандро номбар кунед. 

4) Ташаккули хонигии Хӯқанд кай ба охир расид? 

5) Дар бораи лашкаркашии Норбӯтабий ба Хуҷанд ва Ӯротеппа маълумот диҳед. 

6) Доир ба хонии Хева чӣ медонед?