Тиҷорат яке аз воситаҳои асосии муомилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи он вақт, инчунин, робитаи аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд бо кишварҳои дигар ба ҳисоб мерафт. Дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд тиҷорати дохилӣ асосан дар байни сокинони маҳаллӣ, яъне тоҷикон ва кӯчманчиён сурат мегирифт. Ин тиҷоратро асосан ҳосили бадастомада аз заминҳои зироатӣ ва боғҳо, молҳои истеҳсоли ҳунармандони шаҳру деҳот ва маҳсулоти чорводорӣ, ки онҳоро асосан кӯчманчиён ба савдо мебароварданд, ташкил мекард.
Табодули мол ё хоҷагии натуралӣ, ки асоси иқтисоди он замонро дар бар мегирифт, инчунин, андозҳои гуногуни аз кишоварзон ва ҳунармандон ситонидамешуда дар пешрафт тиҷорат монеаҳо ба вуҷуд меовард.
Бозори деҳа
Маркази асосии тиҷорат дар шаҳрҳо ва деҳаҳои бузург бозорҳо ба ҳисоб мерафтанд. Бозорҳои Ӯротеппа ва Хуҷанд қариб болопӯшида буданд. Растаҳои бозор ҳар яке моли муайян доштанд. Бозорҳои шаҳрҳо аз дуконҳои зиёди ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ иборат буд. Дуконҳо на он қадар калон буда, дар паҳлуи ҳам зич ҷой мегирифтанд. Дар Хуҷанду Истаравшан дуконҳои савдо асосан дар бозорҳои шаҳр ҷой гирифта буданд. Ду бозори Хуҷанд 790 дукон дошт. Аз 854 дукон ва устохонаҳои ҳунармандии Истаравшан 642-тоаш дар бозор ва 212-тоаш дар гузарҳои шаҳр ҷойгир буданд. Аз ин дуконҳо маҳсули косибони маҳаллӣ ва косибони шаҳру вилоятҳои дурдаст ва мамлакатҳои дигарро пайдо кардан мумкин буд.
Дар нимаи аввали асри XIX Самарқанд 19 бозор дошт, ки теъдоди дуконҳои он ба 2414 адад мерасид.
Дар шаҳрҳои аморат корвонсаройҳо бисёр буданд. Дар корвонсаройҳо асосан тоҷирони мусофир ва баъзан маҳаллӣ иқомат мекарданд. Ба Бухоро ҳар сол 12 то 13 ҳазор корвон меомад ва он ҳама борҳо, одамон, аспу аробаҳо асосан, дар корвонсаройҳо ҷой мегирифтанд. Соли 1820 дар Бухоро 14 корвонсарой буд, ки шумораи онҳо дар соли 1825 ба 35 адад расид. Самарқанд дорои 35 корвонсарой буд. Дар чоряки аввали асри XIX Хуҷанд 5 корвонсарой, Истаравшан як корвонсарой дошт. Корвонсаройҳо на фақат дар пешравии тиҷорат, инчунин, дар ҳаёти фарҳангӣ ва илмии аморат нақши муҳим мебозиданд. Ҳамроҳ бо корвонҳои тиҷоратӣ ба шаҳрҳои аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд намояндагони илму фарҳанг омада, гоҳу гузоре дар ин ҷой зиндагии доимиро ихтиёр мекарданд.
Хусусияти хоси шаҳрҳо аз он иборат буд, ки дар чорсӯ ва хиёбонҳои асосӣ марказҳои тиҷорат воқеъ гардида, дар он тими дарози гунбаздор сохта мешуд. Аз байни тим кӯча мегузашт ва дар тарафи он қатори дуконҳо сохта шуда буданд. Маркази тиҷорати Самарқанд ва Шаҳрисабз ҳамин гуна тим дошт. Дар Бухоро панҷ тим мавҷуд буд. Чунин иморатҳои бозорро дар Самарқанд ва Шаҳрисабз «чорсӯ», дар Бухоро «тоқ» мегуфтанд. Маркази шаҳри Бухоро асосан аз бозорҳо иборат буданд. Дар майдони Регистон ва дигар майдонҳо низ дуконҳо вуҷуд доштанд. Одатан, дар назди дарвозаи шаҳр бозор мавҷуд буд.
Шаҳри Хуҷанд аз марказҳои калони тиҷоратӣ ба ҳисоб мерафт, ки ба воситаи он тоҷирон моли худро ба бозорҳои хонии Хӯқанд ва аз он ҷойҳо ба аморати Бухоро мебурданд. Бозорҳои Истаравшан калон ва серодам буданд. Ба ин ҷо мардуми Мастчоҳ, Фалғар, Ҳисор ҳатто Рашт омада, маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводории худро фурӯхта, аз он ҷо молҳои зарурии рӯзгор ва афзорҳои кишоварзӣ мехариданд. Баъзе аз тоҷирони Истаравшан ба минтақаҳои дурдасти водии Рашт матоъҳо, рӯймол, зини асп, пойафзор, панҷшоха, оина ва дигар молҳо оварда, бо чорво ва пӯсти он ва аз водии Рашт бошад, баъзе шахсони алоҳида ба Ҳисор чакман оварда, онро бо карбос, алоча ва адрас иваз мекарданд. Аз Ҳисор ва Кӯлоб ба водии Рашт пахта меоварданд. Аз водии Рашт ба Хӯқанд рамаҳои гӯсфандро бурда, бо маҳсулоти косибӣ иваз мекарданд.
Бисёр шаҳру вилоятҳо бо навъи муайяни маҳсулоти ҳунармандӣ ва молҳои фурӯшии худ шуҳрат доштанд. Масалан, Ҳисор бо матои алоча, ханҷар ва гӯсфандони худ, Истаравшан бо корд, матоъҳои пашмин ва кашидадӯзиҳояшон, Хуҷанд бо адрасу шоҳӣ ва Қаршӣ бо матои алоча маъруф буданд. Илова ба бозорҳои доимоамалкунанда дар шаҳрҳо ва деҳаҳои калон инчунин «давраи бозор» ё «бозорнавбат» вуҷуд дошт, ки дар рӯзҳои муайян барпо мешуд. Масалан, дар Бухоро бозори Когон рӯзи сешанбе, бозори Баҳоуддин рӯзи чоршанбе, дар Қаратоғ рӯзҳои сешанбе ва шанбе, дар Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе, дар Ҳисор рӯзи душанбе, дар Файзобод рӯзи сешанбе ва дар Регар шанбе рӯзи бозор буд. Ин гуна тақсимоти рӯзҳои бозор байни шаҳру деҳот аз он сабаб буд, ки косибон ва тоҷирон аз як бозор ба бозори дигар рафта, моли худро фурӯхта тавонанд.
Дар бозори шаҳрҳо ва ноҳияҳои аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд пулҳои тилло, нуқра ва мисӣ дар гардиш буданд. Бо афзоиш ёфтани тиҷорат байни аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд бо Русия пулҳои русӣ низ дар муомилоти тиҷоратӣ нақш мебозиданд. Тоҷирон барои аз як мулк ба мулки дигар бурдани моли худ боҷ ва дар бозорҳо закот медоданд.
Робитаи тиҷоратии аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд бо дигар мамлакатҳо барқарор буд. Тоҷирони бухороӣ ва фарғонагӣ бо Эрон, Ҳиндустон, Хитой, махсусан, Кошғар муомилоти тиҷоратӣ доштанд. Аз Эрон ба Бухоро шоҳӣ, газворҳои пахтагӣ меоварданд. Аз Ҳиндустон ба ғайр аз чунин молҳо чой, нил, марворид, дигар сангҳои қиматбаҳо, дорувор, зарфҳо, аз Хитой дорувор, ширинӣ ва зарфҳои чинӣ ворид мешуданд.
Дар нимаи аввали асри XIX робитаҳои тиҷоратӣ бо Русия нисбатан рушд ёфт. Аз аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ба ин мамлакат навъҳои гуногуни қолин, меваи хушк, пӯст, пахта ва матоъҳои пахтагӣ, пӯсти қароқулӣ ва ғайра содир мешуд. Масалан, соли 1818 10 ҳазор ва соли 1836 36,5 ҳазор пуд пахта ба Русия содир шуд. Аз Русия ба ин кишварҳо парандаҳои шикорӣ (боз, шоҳин), сурб, тангаҳои тилло, мис, оҳан, пӯлод, чӯян, моҳут, қанд, маҳсулоти чармӣ ва мӯйина меоварданд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ фақат дар даҳсолаи 1840–1850 бо роҳи Оренбург аз Русия ба хониҳои Осиёи Миёна тақрибан 40 ҳазор пуд мис, беш аз 400 ҳазор пуд оҳан, 75 ҳазор пуд чӯян, 25 ҳазор пуд пӯлод ворид шудааст. Тоҷирони Бухоро баъзе аз ин молҳои аз Русия воридшударо ба Ҳироту Балх ва Кобул барои тиҷорати мебурданд. Аз густариши тиҷорат миёни аморати Бухоро ва Русия ин шаҳодат медиҳад, ки дар намоишгоҳи савдои Нижегородск тоҷирони Бухоро 19 дукони доимоамалкунандаи худро доштанд.
Муносибатҳои тиҷоратӣ дар нимаи аввали асри XIX дар шаҳрҳо ва водиҳо нисбатан рушд мекард. Дар манотиқи кӯҳистон бошад, он хеле заиф ба назар мерасид, зеро сокинони кӯҳистон асосан, бо маҳсулоти бадастовардаи худ рӯзгор мегузарониданд.
Ҳукмронии сохти мавҷуда дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ба ривоҷи бештари тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ монеъ буд. Боҷу хироҷ ва иҷорапулии аз ҳад зиёд, харобии роҳҳо ва набудани амният чи дар роҳу чи дар шаҳрҳо пеши тараққиёти босуръати тиҷоратро мегирифт. Дар роҳҳо аз дасти ғоратгарон молу ҷони савдогарон ҳамеша дар хатар буд.
Сарчашма:
Низомии рус И.В.Виткевич, ки аз 2 январ то 13 феврали соли 1836 дар Бухоро буд, дар бораи тиҷорати он менависад: «Нуқра ба Бухоро аз Кошғар барои молҳои русӣ ворид мешавад; тилло ҳамоно аз Русия меояд ва баъдан аз тариқи саррофони ҳинду ба Кобул меравад. Он (сиккаи тилло) дар Бухоро он қадр кам аст, ки ду-се червон (даҳ рубли тилло)-ро бисёр ба мушкилӣ пайдо кардан мумкин аст. Пулҳои қалбакӣ дар муомила ҳастанд. Тоҷирон ҳамеша илтимос мекунанд, ки пулҳои ҳақиқӣ доранд ё не ва дар ҳоли ҷавоби рад додан, пулҳои қалбакиро низ мегиранд».
Записка И.В. Виткевича. Дар китоби «Записки о Бухарском ханстве», Москва, 1983, саҳ. 105.
Савол ва супориш:
1) Тиҷорат дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд чӣ гуна сурат мегирифт?
2) Дар пешравии тиҷорат кадом монеаҳо буд?
3) Корвонсаройҳо илова ба рисолати тиҷоратӣ боз дар ҳаёти ҷомеа чӣ гуна нақш мебозиданд?
4) Аморати Бухоро бо кадом кишварҳо робитаи тиҷоратӣ дошт?
5) Давраи бозор ва ё бозорнавбат чӣ маънӣ дорад?
6) Дар бораи муоимилаи тиҷоратӣ байни шаҳрҳо ва минтақаҳои аморати Бухоро нақл кунед.
Реклама