§ 35. АДАБИЁТ

§ 35. АДАБИЁТ

    Асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII аз давраҳои бисёр муҳимми таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар аҳди Ҷониён (Аштархониён) якчанд ҳавзаҳои адабӣ фаъолият мекард, ки маъруфтарини онҳо дар Самарқанд, Бухоро ва Балх буданд. Шумораи шоирони ин ҳавзаҳо аз 200 нафар бештар буд, ки қисме аз онҳо ҳунарманд буданд ва баъзеи онҳо кишоварзӣ мекарданд. Симоҳои дурахшони адабиёти ин давр Малеҳои Самарқандӣ, Сайидои Насафӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ ва Мулҳами Бухороӣ буданд. 

    Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ соли 1650 таваллуд ёфта, аввалҳои асри XVIII вафот кардааст. Падари ӯ аз шахсони соҳибмаърифат ва муътабари Самарқанд буда, дар мадрасаҳои ин шаҳр дарс мегуфт ва ба шеъру шоирӣ муҳаббати фаровон дошт. Малеҳо дар назди падараш ба шеъргӯйӣ оғоз кард. Ӯ то синни 30 солагӣ асосан бо роҳбарии падараш ба омӯхтани илмҳо машғул буд. Донишомӯзиро вай аз омӯхтани забони арабӣ ва илоҳиёт, аз қабили фиқҳ, тафсир ва ғайра оғоз менамояд. Соли 1678 баъд аз вафоти падар Малеҳо ба сафари Хуросон ва Эрон баромада, бо аҳли адаби ин сарзаминҳо мулоқот мекунад. 

    Баъди бозгашт аз Эрон Малеҳо дар қозихона ба кор даромада, мударриси мадрасаи Шайбонихон низ таъйин мегардад. Ӯ дар баробари адои вазифаи шаръӣ, ба шеъргӯйӣ ва такмили тазкираи худ машғул шуд. 

    Малеҳо тазкираи худро «Музаккир-ул-асҳоб» номидааст. Аз ҷумлаи 165 шоире, ки дар ин тазкира зикр шудаанд, 56 нафарро шоирони Эрон ташкил мекунанд, ки муаллиф бо онҳо шахсан вохӯрда, ҳамсуҳбат шудааст. 

    Намунаҳои дар тазкираи Малеҳо омадаи осори шоирони асри XVII барои муайян кардани хусусиятҳои равнақи адабии ин давр аҳамияти бузург доранд. 

    Дигар аз шоири машҳури асри XVII Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ мебошад, ки аз байни табақаи ҳунармандон баромадааст. Фитрат соли 1657 дар Самарқанд таваллуд ёфта, баробари ҳунари зардӯзӣ дар азбар кардани илмҳои замонааш кӯшишҳо кардааст. 

    Фитрат соли 1685 ба Бухоро рафт ва дар он ҷо ба яке аз мадрасаҳо дохил шуд. Баробари таҳсил фаъолияти адабии худро низ равнақ дода, дар шеъргӯйӣ ба дастовардҳо ноил шуд ва ба зудӣ дар радифи шоирони машҳури замон қарор гирифт. 

    Фитрат достони «Толибу Матлуб»-ро офарид ва дар тамоми жанрҳои адабӣ: – қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра асарҳо эҷод кардааст. Соли вафоти ӯ маълум нест. 

    Абдуллоҳ Мулҳами Бухороӣ аз шоирони тавоно ва номдори асрҳои XVII – XVIII буда, ба ҳунармандони шаҳри Бухоро тааллуқ дошт. Ӯ аз ҷавонӣ ба тарзи зиндагии қаландарон таваҷҷуҳ карда, ҳамроҳи қаландарони ҷаҳонгард ба саёҳат баромад. Баъд аз баргаштан аз шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ӯ ба касби худ – хиргоҳсозӣ идома медиҳад. Зиндагии Мулҳам дар нодорӣ ва азобу машаққат сипарӣ шудааст. Соли вафоти Мулҳам чун соли таваллуди ӯ маълум нест. 

    Мулҳам дар ду жанри адабӣ – ғазал ва маснавӣ табъозмоӣ кардааст. Маснавии ӯ «Лайлию Маҷнун» 1843 байтро дар бар мегирад. Девони ашъори Мулҳам, ки дар соли 1720 китобат шудааст, дорои 2038 байт мебошад. Ғазалиёти ӯ симои эҷодиашро чун шоири ғазалсаро маълум мекунад. 

    Бузургтарин шоири нимаи дуюми асри XVII ва аввали асри XVIII Сайидои Насафӣ буд (вафот байни солҳои 1707 – 1711). Падару модари Сайидо дар Бухоро истиқомат доштанд. Ӯ ба табақаи ҳунармандон наздик шуда, аз байни онҳо дӯстону ҳамфикрон пайдо кардааст. 

   Сайидо ҳанӯз дар ҷавонӣ аз рӯйи ниёзмандӣ ба касбу ҳунар пардохта, ба ҳамин восита зиндагии худро таъмин мекард. Чунончи ӯ менависад: 

          Ба зӯри дасту бозу мехӯрам, эй Сайидо, рӯзӣ, 

          Маро чун Кӯҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам. 

   ё  

         Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут, 

         Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро. 

     Сайидо дар ғазалиёташ аз қашшоқию гуруснагӣ, ғарибию бекасӣ, касодию беқадрии санъату ҳунар, хориву зиллати аҳли фазлу адаб шикоятҳои ҷонсӯз намудааст. Вай бештар умри худро ба сахтӣ гузаронидааст. 

       Рӯзгорам ҳама умр ба сахтӣ мегузарад,

       Устухонро чу ҳумо рӯзии ман сохтаанд. 

 

     Дар эҷодиёти Сайидо яке аз мақомҳои марказиро асари ӯ «Баҳористон» ишғол менамояд. Дар ин асар Сайидо дар тимсоли ҳайвонот табақаҳои мухталифи ҷомеаи он замонро инъикос менамояд. Шоир нишон медиҳад, ки мардуми заҳматкаш, ки мисли мӯрча дар талоши ризқу рӯзии худанд, дар шарофат аз табақаи ҳукмрон болотар меистанд ва агар онҳо муттаҳид шаванд, метавонанд шерро ҳам мағлуб созанд. 

    Ба ғайр аз шоирони номбурда, дар вилоятҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Миёна устодони каломи бадеъ ҳаёт ба сар бурда, асарҳо эҷод мекарданд. Масалан, дар водии Рашт шоир ва олим Ҷомӣ ибни Камолиддини Қаротегинӣ (муаллифи маснавии «Мазҳари кул»), Ҳоҷӣ Шоҳӣ ибни Хоҷа Абдурраҳмони Ҳисорӣ (вафот 1657), Рифъати Ҳисорӣ ва дигарон зиндагӣ ва эҷод мекарданд. 

    Эҷодиёти шоирони асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII нишон медиҳад, ки адабиёти тоҷик дар чунин як шароити душвори таърихӣ дар марказ ва ноҳияҳо ривоҷ меёфт. Шароити душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар малакаи эҷодии халқи тоҷикро аз равнақ боз дошта натавонист. 

Сарчашма: 

Малеҳои Самарқандӣ дар тазкираи «Музаккир-ул-асҳоб» роҷеъ ба худаш менависад: «Малеҳои Самарқандӣ тахаллуси муҳаррири (нависандаи) ин таҳрир ва соҳиби ин тақрир ва ҷомеи ин зариа (дастовез)-и бадеия Муҳаммадбадеъ валади ҷаноби мағфури марҳуми Муҳаммашариф ал-муфтии Самарқандӣ аст ва нисбати Самарқанд бар ҷамеи обо ва аҷдоди муҳаррир собит аст. Аз ин ваҷҳ мафохират (фахр кардан) бар хеш аз соири сакана ва боқии мутаваттинаи (иқоматкунандагон) балдаи мазкура дорад… Хулосаи калом, то ба ҳадди расидани синни сисолагӣ аз аҳди туфулият дар таҳти ҳимояти падари худ будам ва дар илм аз мантиқ ва калом, аз ҳайат ва ҳикмат авқот баҳри наҳве сарф кардам ва ба қадри насибкарди насибабахши қисоми азал баҳра бурдам ва падари азизи соҳиби тамизам умри гаронмояи худро лайлан ва наҳоран (шабу рӯз) сарфи ислоҳи ҳолу таълими ман кард ва дар ҳафтоду дуюм синни муборакаш маро ба хондани илми арабия амр карда буд». 

Муҳаммадбадеъ ибни Муҳаммадшариф Малеҳои Самарқандӣ. Музаккир-ул-асҳоб. Таҳияи К.Айнӣ, Душанбе, 1385 ҳ.ш., саҳ. 506. 

     С.Айнӣ дар бораи Шавкати Бухороӣ менависад: «…падари Шавкат сарроф буда, Шавкат низ дар авоили ҳол ба саррофӣ машғулӣ дошта. Рӯзе ду савори ӯзбек дар пеши дукони ӯ бо ҳам гуфтугӯ доштанд, аспони эшон бисоти дуконро поймол карданд. Шавкат шӯрида ҳарфи нохуше зад. Сипоҳони ӯзбек ба ҳам баромада, ӯро ба дашному тозиёна азият расониданд. Шавкат ҳамон соат дил аз ёру диёр бардошта, роҳи Хуросон пеш гирифт. Ин воқеа дар аҳди ҳукумати Абдулазизхон ибни Нодирмуҳаммадхон воқеъ аст… Баъд аз он Шавкат аз Хуросон ба Исфаҳон рафтаву то охири умр (вафот 1107 ё 1111 ҳ.қ/1695 ё 1699) дар хориҷи шаҳр дар мазори Шайх Алӣ ибни 

Суҳайл истиқомат кардааст…» 

С.Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, Душанбе, 2010, саҳ. 101. 

Санаҳои муҳим: 

1650 – таваллуди Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ 

1657 – таваллуди Фитрат дар Самарқанд 

1657 – вафоти шоир Ҳоҷӣ Шоҳӣ ибни Хоҷа Абдурраҳмони Ҳисорӣ  

1678 – ба сафари Хуросон ва Эрон баромадани Малеҳои Самарқандӣ 

1685 – ба Бухоро рафтани Фитрат 

1720 – китобати девони ашъори Мулҳами Бухороӣ 

Савол ва супориш: 

1) Дар аҳди Ҷониён (Аштархониён) кадом ҳавзаҳои адабӣ вуҷуд доштанд? 2) Дар бораи Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ маълумот диҳед. 3) Дар бораи Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ чӣ медонед? 4) Ҳаёт ва эҷодиёти Мулҳами Бухороиро шарҳ диҳед. 5) Дар бораи Сайидои Насафӣ ва фаолияти эҷодии ӯ нақл кунед. 6) Боз номи кадом устодони каломи бадеи ин даврро медонед?