Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII ҳуқуқи атолиқҳо ва қудрату ихтиёри ашрофи баъзе тоифаҳо назар ба асри XVI хеле афзуд. Идораи давлат комилан ба дасти онҳо гузашта, аксаран мансабҳои калони давлатиро ишғол менамуданд. Дар нимаи аввали асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна, алалхусус, дар вилоятҳои марказии он иқтисод рӯ ба таназзул ниҳод. Кишоварзӣ дучори буҳрон гардид. Ба мардум нон намерасид, вале даромади солонаи заминдорон сол ба сол меафзуд.
Дар натиҷаи зулму истисмор ва ситонидани хироҷ ва молиёти аз ҳад зиёд деҳқононро ба фақирӣ ва қашшоқӣ гирифтор кард. Ҳукумат аз тарси сар задании норозигиҳои мардум дигар ба зиёд кардан ва ё ҷорӣ кардани андози нав ҷуръат намекард.
Замин дар дасти заминдорони калон буд. Яке аз чунин заминдори сарватманд ҳокими Самарқанд – Ялангтушбий буд. Ӯ заминҳои беҳаду канори киштбобро дар вилояти Самарқанд ба даст оварда буд. Даромади зиёде, ки аз замин мегирифт, ба ӯ имкон дод лашкаре ҷамъ овада ба ишғоли мулкҳои дигар машғул шавад. Дар натиҷа сарвати ӯ боз ҳам бештар гардид. Пули коғазии нақдии ӯ бо сиккаҳои хазинаи давлатӣ баробар арзиш дошт. Ин маблағҳои ҳангуфт ба ӯ имкон медод, ки дар Самарқанд иншооти меъмории бошукӯҳе, мисли мадрасаҳои Шердор ва Тиллокорӣ созад. Илова бар ин, вай аз пардохти давлатии даромади солона озод буд.
Заминдори калони дигари ин давр Аллоҳбердибий парвоначӣ аз қабилаи минг ва писари ӯ Аллоҳёрбий буданд, ки заминҳои онҳо бо роҳи хариду фурӯш аз мардуми муфлисшуда ба даст омада буданд. Аллоҳбердибий замоне, ки ҳокими Самарқанд буд, бо Убайдуллоҳхон ҳамеша дар мухолифат қарор дошт. Заминҳои Аллоҳбердибий ва Аллоҳёрбий хеле зиёд буданд. Дар васиятномаи Аллоҳёрбий ба писарони худ 25 заминҳои милкӣ номбар мешаванд, ки аз онҳо қисмеро ба мерос гирифта, қисмеро бошад, ӯ ба пули тилло харида буд.
Бо мақсади дар як ҷой мутамарказ намудани заминҳои худ ӯ заминҳои дар деҳаи Ҳасанхоҷаи Бухоро доштаашро ба заминҳои тумани Шавдори Самарқанд иваз намуд, ки арзиши он 30000 танга таъйин шуда буд.
Миқдори зиёди заминҳо дар ин давра дар дасти рӯҳониён, махсусан, шайхони Ҷӯйборӣ буданд. Яке аз намояндагони шайхони Ҷӯйборӣ Хоҷа Тоҷиддин буд, ки бо ҳар роҳ заминҳои авлодии худро меафзуд. Аз сарҳади Туркистон то марзи дурдасти Хуросон деҳ, кӯҳ, даште набуд, ки дар он ҷо ин шайхҳо замин надошта бошанд.
Дарбори шайхони Ҷӯйборӣ ба дарбори давлатӣ шабоҳат дошт. Сарвари хоҷагии онҳо девони вакил номида мешуд. Вакил ба корҳои молиявии мулки онҳо машғул буд. Мансабдорони дигар–саркору дафтардор дар ихтиёри худ якчанд муншӣ доштанд. Дар дафтархонаи онҳо ба ғайр аз 40 нафар муншӣ, 72 каси дигар доимо ба ҷамъ кардани андози замин машғул буданд. Ғайр аз инҳо, дигар вазифадорон низ фаъолият мекарданд. Масалан, нигоҳубини аспони шайхони Ҷӯйборӣ ба ихтиёри мирохурҳо буд.
Хоҷа Тоҷиддин ҳазор қитъа замини кишт, 50 чорбоғ дар ҳудуди Бухоро, Балх, Самарқанд, Тошканд, Андиҷон, Ҳисор ва ҷойҳои дигар дошт. Ба ғайр аз ин, ӯ соҳиби сарой, ҳавлӣ, ҳаммом, бозорҳои болопӯшида ва осиёб буд. Ӯ шахсан худаш мулкҳои зиёди наверо обод кардааст, ки яке аз калонтарини онҳо деҳаи Ҳасанобод дар ноҳияи Бухоро буд. Он ҳамасола то 1000 ман ғалла даромад меовард. Мулкҳои бародари Тоҷиддин Абдурраҳимхоҷа иборат аз 600 қитъаи замини корам ва 44 ҷаҳорбоғ буд. Бародари дигари Тоҷиддин – Хоҷа 500 қитъа замини милкӣ дошт.
Дар ҳудуди Ҳисор ҳазор нафар мардикорон бо амри шайхони Ҷӯйборӣ кор карда, чорбоғ ва гулбоғ бино карда, заминҳоро обшор гардониданд. Барои обёрӣ кардани замини корами онҳо дар водии Ҳисор даҳ ҳазор мардикор истифода шуда аст. Ба заминдорон чорво ва олоти корӣ тааллуқ доштанд. Дар заминҳои заминдорон чоряккорон низ кор мекарданд.
Дар ҳудуди Ӯротеппа калонтарин заминдори асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII Хоҷа Мӯсо (вафот 1731) ном шахсе буд. Замини корам ва оби Хоҷа Мӯсо дар ҳудуди якчанд деҳаҳои Ӯротеппа ва кӯҳистони Масчоҳ ҷойгир буданд. Хоҷа Мӯсо дар дарбори Бухоро соҳиби обрӯю эътибор буд. Аз ин мавқеъ истифода намуда, ӯ дар назди ҳокимони Ӯротеппа имтиёзҳои хосро доро буд. Масалан, ӯ аз замин андоз намедод. Ӯ ҳатто ба корҳои идоракунии мулки Ӯротеппа дахолат мекард.
Истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII дар хонии Бухоро бештар ба истихроҷи тилло шуғл меоварзиданд.
Дар болооби Чирчиқ истихроҷи тилло идома дошт. Дар болооби дарёи Сир, аз ҷумла дар маҳаллаҳои маскунии Кулолбош, Чош ва Қазноқ бо роҳи шустани рег тилло истихроҷ мешуд.
Тилло инчунин аз кӯҳҳои назди шаҳри Туркистон, аз ноҳияҳои Помир, аз болооби дарёи Зарафшон ва Қизилсу ба даст меомад.
Самарқанд, Бухоро, Балх ва вилояти Хатлон истихроҷи маъданҳои тилло, нуқра, квартс, мис, сурб, оҳан ва ғайра ба роҳ монда шуда буд. Дар Бадахшон ва вилоятҳои дигари наздисоҳилӣ ба ҷуз аз тилло боз сангҳои гаронбаҳо низ истихроҷ мешуданд. Дар ноҳияҳои назди дарёи Сир ва болооби Зарафшон селитра истеҳсол мегардид.
Истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ дар хонии Бухоро бо усули ибтидоии он амалӣ мешуд. Масалан, барои истихроҷи нуқра маъданро дар дегҳо мепухтанд, ё ин ки барои ҳосил намудани чӯян ва оҳан маъданро дар кӯраҳои хурд мегудохтанд.
Сарчашма:
Васиқаи Ялангтушбий аз соли 1606 дар бораи харидани замин дар мавзеи Яримтуғи Самарқанд: «Аммо баъд, ин зикр аст нотиқ (гӯянда) дар баёни он, ки дар таърих 14 шаҳри шаввол... санаи 1014 (12 феврали соли 1606) буд, ки иқрори ... кифояти осори меҳтар (корманди соҳаи молия) Колво ибни Абдуллоҳ, ки дар ин муомила аз қибали (аз тарафи) ҷаноби... Ойбегим, духтари ҳазрати Хоҷа Ҳошими Аҳрорӣ вакил буд, ... бар он ҷумла ки ба ваколати мазкура фурӯхтам ба... амир Ялангтуш Баҳодур Олчин ибни ҷаноби амири кабир Бойхоҷабий ҳамагӣ ва тамоми арозии (заминҳои) милки холиси қобилаи зироат ва солиҳаи ҳароиси (барои зироаткорӣ ва киштукор истифода мешудагӣ) ин муаккалаи мазкураро (замини ба Ойбегим тааллуқдоштаро), ки воқеъ аст дар мавзеи Яримтуғ аз тумани Офаринканти балдаи маҳфузаи Самарқанд маҳдуд аст ба ҳудуди арбаа маийна (ҳудуди аз чор тараф муайяншуда), ки ғарбан пайваст аст баъзе ба ҳарими (ҳудуди мамнӯи) ҷӯйи Девона ва баъзе ба (теппаи) Қаротеппа, шимолан баъзе ба кӯли Шайдор пайваста аст, баъзе ба Тош Марзак ва баъзе ба замини Қаротеппа ва шарқан пайвата аст баъзе ба Тош Ӯзбек Ушлӣ ва баъзе ба Тош Қаротеппаи мазкур ва баъзе ба замини мулки Худойқули муҳрдор ибни Абдуллоҳ ... дар кулли ҳудуд аломоти зоҳира (дар ҳамаи ҳудуд аломатҳо равшан) вуҷуд доранд.
Докумены к истории аграрных отношений в Бухарском ханстве. Выпуск 1. Акты феодальной собственности на земель XVII-XIX вв. Подбор документов, перевод, введение и примечания О.Д. Чехович. Ташкент, 1954, саҳ. 3-4.
Амри Ялангтушбий атолиқ дар бораи тасдиқи ҳуқуқи меросии Хоҷабобо: «Ҳукком (ҳокимон), арбоб ва аъмоли (мансабдорони) вилояти Ӯротеппа бидонанд, ки чун севуним оби милк қабл аз ин ба муҷиби (мувофиқи) ҳукми ҳумоюн (муборак) суюрғоли мулло Хоҷаарбоб муқаррар шуда буда, ҳоло ба валади он – Хоҷабобо таалуқ ёфта ва нишони ҳумоюн – Абдуллоҳхонро дар даст дорад. Бояд, ки ба ҳамон дастур амал намуда, оби мазкурро муқаррар (таъйинкардашуда) ва мусаллами (муайяншудаи) ӯ дониста, ба иллати мол ва ҷиҳот ва ихроҷот (хароҷот) музоҳим (заҳматрасон) нашаванд. Ҳарсола нишони муҷаддад (нав) талаб надоранд ва хилофи ҳукм накунанд. Дар уҳда дониста амал намоянд. Шаҳри (моҳи) муҳаррам, 1052 (март-апрели 1642).
А.Мухторов. Материалы по истории Ура-тюбе. М., 1963, саҳ. 15.
Ҳукмномаи Имомқулихон дар бораи аз андоз озод намудани заминҳои Ялангтушбий, ки аз гирду атрофи Самарқанд харидорӣ намудааст: «Бародарони комвор (саодатманд) ва фарзандони саодатёр ва умарои зулиқтидор (боиқтидор) ва вузарои кифоятосор ва аъёну арбоб ва калонтарони вилояти Самарқанд. Бидонед, ки дар ин вило ба арзи ҳумоюн (муборак) расид, ки аморатпаноҳ умдатулумаро (такягоҳи амирон) Ялангтушбий дар тумоноти вилояти мазкур амлоки зархарид дошта, ки мувофиқи шариат ду ҳиссаро ба подшоҳӣ гузошта, як ҳиссаро милки холис сохта ва хутут ва чаки шаръӣ (ҳуҷҷатҳои қонунӣ) ба даст дорад. Бинобар он, мо низ амлоки мазкурро... иноят фармудем (лутфу марҳамат кардем) мебояд, ки амлоки мазкурро милки холиси ӯ дониста, ҳеҷ офарида музоҳим нашавад (ташвиш надиҳад) ҷиҳати молу ҷиҳот (хироҷ) ва ихроҷот (хароҷот) ва аворизот (андозҳо) ва соири таклифот (маҷбуриятҳои дигар) мутаарриз нагарданд (домангир нашаванд)».
Докумены к истории аграрных отношений в Бухарском ханстве. Выпуск 1. Акты феодальной собственности на земель XVII-XIX вв. Подбор документов, перевод, введение и примечания О.Д. Чехович. Ташкент, 1954, саҳ. 8–9.
Ҳукмномаи Убайдуллоҳхон дар бораи аз андоз озод кардани заминҳои Ӯзбекхоҷа: «Ҳукком (ҳокимон) ва уммол (андозситонони ваколатдор) ва арбоб (хӯҷаинҳо) ва кадхудоён (арбобони деҳ) ва эликоқосиён (панҷоҳбошиён) ва даҳбошиёни Пойирӯди Бухоро ва кадхудоёни деҳаи Шоҳмуҳаммад бидонед, ки аз қадимулайём мавозеи (баробари) 46 таноб замин аз қарияи Работак милки сулс (сеяк) ва сулсон (аз се ду) шуда, ба муҷиби чаки шаръӣ (ҳуҷҷатҳои қонунӣ) ба дуогӯйи зоти анвар Мулло Мир Шафеъ тааллуқдошта алҳол фавт ёфта, арозии мазкур ба тариқи ирс (мерос) ба дуогӯйи зоти анвари мо Ӯзбекхоҷа валади ӯ мутааллиқ шуда, алвақт (ҳоло) мутасарриф шуда будааст (ба ихтиёри ӯ гузашта будааст), ки дар ин муддат аз тамоми таклифот (андозҳо) суй омада (озод буда), ба ҳеҷ ваҷҳ миналвуҷуҳ (ҳеҷ гоҳ) дирам ва диноре надода будааст. Ҳукм фармудем, ки арозии (заминҳои) мазкурро ба дастури қадим суй ва маврусӣ (меросӣ) ва милки холиси ӯ дониста, баъдалявм (пас аз ин) аз ваҷҳи (аз ҷиҳати) танобона ва аворизот (андозҳо) ва соири таклифот (маҷбуриятҳои дигар) ва ҳаволот (супоришҳо) дирам ва диноре талаб накунанд. Чунончи як мардикурогии (ченаки замини обёришуда) замини мазкур маоф шудааст (аз андоз озод шудааст). Ба қарохат (хатти сиёҳ) чизе ҳавола насозанд (дохил накунанд) ва ваҷҳи (ба мисли) ҳашар ва бегор (навъи маҷбурияти меҳнатӣ) ва мардикор (навъи маҷбурият) ва ҷуфти гов (навъи андоз) ва ғайра ба корандагони ӯ озор надиҳанд. Элчиён (галабонон) баъдалявм (пас аз ин) фурӯд наёянд (дар ин замин қарор нагиранд). Бар ин муҷиб муқарраршумурда аз фармуда во нагузоранд, ҳарсола ҳукми ҷадид талаб нанамоянд».
Докумены к истории аграрных отношений в Бухарском ханстве. Выпуск 1. Акты феодальной собственности на земель XVII-XIX вв. Подбор документов, перевод, введение и примечания О.Д. Чехович. Ташкент, 1954, саҳ. 98–99.
Санаҳои муҳим:
1731 – вафоти заминдори калони Ӯротеппа Хоҷа Мӯсо
Савол ва супориш:
1) Заминдорони калони он даврро номбар карда, дар бораи моликияти онҳо маълумот диҳед.
2) Дар бораи заминҳои шайхони Ҷӯйборӣ чӣ медонед?
3) Дар бораи моликияти заминдори калони Ӯротеппа Хоҷа Мӯсо нақл кунед.
4) Тилло дар ин давра бештар дар кадом минтақаҳои хонии Бухоро истихроҷ мешуд?
5) Селитраро дар куҷо истеҳсол мекарданд?
6) Нуқра ва чӯяну оҳан чӣ гуна истиҷроҷ мешуд?
Реклама