Дар нимаи аввали асри XIX дар қаламрави аморати Бухоро ва Хӯқанд тоҷикон дастаҷамъона зиндагӣ мекарданд.
Дар аморати Бухоро тоҷикон асосан дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳисор, болооби Зарафшон, дар ҳавзаи Қашқадарё, Сурхондарё, ноҳияҳои кӯҳистони Шеробод, Деҳнав, Бойсун, Сариҷӯй, дар шохаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (водии Шерхондарё, Қаратоғдарё, Хонақоҳдарё, Лучоб, Варзоб, Симиганҷ, болооби Кофарниҳон), водии Файзобод, Кӯлоб, Рашту Дарвоз ва Помир истиқомат доштанд. Тоҷикон нисфи зиёди аҳолии Шаҳрисабз, Китоб ва Чирчиқро ташкил медоданд. Дар хонии Хӯқанд тоҷикон дар тамоми ноҳияҳои он буданд, аммо онҳо асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Шаҳрихон, Марғелон, Намангон, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Ашт, Сух, Риштон, Чуст, Қувва, Косон ва дигар минтақаҳои водии Фарғона дастаҷамъона ҳаёт ба сар мебурданд. Дар дарбори хонии Хӯқанд тоҷикон вазифаҳои масъул ва аввалиндараҷаро ишғол мекарданд.
Мусаввараи ду тоҷики шаҳрнишин
Аҳолии ноҳияҳои кӯҳистони аморати Бухоро ва хонии Хӯқандро тоҷикон дар бар мегирифтанд. Низоъҳои дохилӣ ва ҷангҳои феодалӣ, ки дар нимаи аввали асри XIX фазои нобасомонеро ба вуҷуд оварда буд, бисёре аз хонаводаҳои тоҷиконро маҷбур сохт то аз сарзаминҳои муқимии худ кӯч баста, ба маҳалҳои амнтаре раванд. Ин раванд боис шуд, то дар ҳудуди Фарғона ва дигар водиҳо деҳаҳое бо номҳои Мастчоӣ, Қаротегинӣ, Даҳбедӣ ва ғайра пайдо шаванд. То ба имрӯз дар Самарқанд маҳаллаҳое бо номҳои Ховасӣ, Зоминӣ, Хуҷандӣ мавҷуданд.
Маҳалҳои аморати Бухоро аз ҷиҳати ҷойгиршавии аҳолӣ яксон набуданд; водии Зарафшон (Миёнколот) ва Қашқадарё сернуфус ва вилоятҳои Бухорои Шарқӣ нисбатан камнуфус буданд. Албатта, дар ин қисмати аморат водиҳое ҳам буданд, ки аҳолии хеле зиёд доштанд.
Солҳои 1830–1840 дар аморати Бухоро тақрибан ду миллион, дар шаҳри Бухоро дар чаҳоряки аввали асри XIX 70 ҳазор, дар Самарқанд 30 ҳазор, дар шаҳри Хуҷанд 17 ҳазор ва дар Истаравшан 12 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекард. Дар вилояти Хуҷанд аҳолӣ тақрибан 74900 нафарро дар бар мегирифт. Аз ин миқдор рӯҳониён ҳудуди 600 нафар (0.8 дарсад), тоҷирон ва косибон 2636 (тахминан 3.5 фоиз) ва кишоварзон 71664 нафар буданд.
Дар пойтахти аморат–шаҳри Бухоро, бештар сеяки тамоми аҳолии шаҳрнишини аморат истиқомат менамуд. Аҳолии асосии ин шаҳр тоҷикон буданд. Ба ҳисоби соли 1820 онҳо ба миқдори аз чор се ҳиссаи теъдоди умумии аҳолии пойтахти аморатро ташкил мекарданд.
Дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ба ғайр аз тоҷикон ӯзбекҳо, туркманҳо ва яҳудиён низ зиндагӣ мекарданд. Умуман, дар шаҳрҳо фақат даҳяки аҳолӣ, ҳатто аз ин ҳам камтар зиндагонӣ доштанд, ки ин теъдодро асосан тоҷикон ташкил мекарданд. Аҳолии деҳот назар ба шаҳр чандин баробар зиёдтар буд.
Кишоварзӣ. Асоси иқтисоди аморати Бухоро ва хонии Хӯқандро кишоварзӣ ва чорводорӣ ташкил медод. Мисли дигар мамлакатҳои Шарқ кишоварзӣ ба воситаи усули зироати обии ба шароити хоку иқлими ноҳияҳои гуногун мувофиқ рушд мекард.
Дар Осиёи Миёна тарзҳои ниҳоят оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва муносибати обу замин ба вуҷуд омада, дар амал ҷорӣ гардида буданд. Деҳқонон меҳнати хеле зиёд сарф намуда, заминро барои зироат омода месохтанд. Барои ин кор мардуми кӯҳистон заминҳои корами худро ҳамасола аз санг тоза мекарданд.
Деҳқонони безамин ё камзамини кӯҳистон барои ба кишт омода сохтани замини санглох маҷбур буданд, ки хокро аз дигар ҷой бо ҳар васила кашонда биёранд. Аз ин замин танҳо як навбат ҳосил мегирифтанд, чунки барфу борон хоки кашонидаи онҳоро шуста мебурд. Соли дуюм деҳқон маҷбур мешуд, ки боз аз нав хок кашонад.
Боғдорӣ ҳам шуғли осон набуд. Масалан, ба анор дар як сол аз 6 то 10 бор об додан лозим меомад. Тирамоҳ бо машаққати зиёд дарахти анору анҷир ва токи ангурро зери хок намуда, аввали баҳор онҳоро аз хок берун меоварданд. Бо меҳнати сахт деҳқон биёбонҳо ва санглохҳоро ба киштзор табдил медод.
Шудгори замин дар вилояти Кӯлоб дар моҳи март, дар болооби Рашт ва водиҳои баландкӯҳи шохобҳои Сурхоб дар моҳи апрел ва май шурӯъ мешуд, ки дар моҳи июл–август ҳосили гандумро ҷамъоварӣ менамуданд. Олоти меҳнат хеле сода буд. Бо сипор шудгор ва сипас бо мола ва сихмол замини шудгоршударо ҳамвор мекарданд. Каланд ҳамчун муҳимтарин ва муносибтарини олоти меҳнат васеъ истифода мегардид. Бо дос дарав мекарданд. Барои бод кардани гандум панҷшоха ва бели чӯбиро ба кор мебурданд. Дар боғдорӣ досткалла ва каҷкорд истифода мешуд. Дар кӯҳистон чигина ва дар ҳамвориҳо хелҳои гуногуни аробаи дучарха вазифаи нақлиётро иҷро мекард. Барои пурзӯр ва ҳосилхез кардани замин ва киштзор пору, хоки теппа ва кулӯхи девори иморатҳои куҳнаро хока карда мепошиданд.
Сохт ва таркиби майдонҳои кишти заминҳои обии байни ноҳияҳои ҷудогона фарқи калон доштанд. Чунончи, дар ноҳияи Хуҷанд 60 дарсади заминро киштзори ғалла (аз он нисфаш гандум, баъд ҷуворӣ ва шолӣ, камтар ҷав ва арзан) ташкил медод. Тақрибан 14 дарсади майдон аз боғу токзор иборат буд. Пахтаи маҳаллӣ (ғӯза) 11,5 дарсад, юнучқа 6,4 дарсад, обчакорӣ 4,5 дарсади майдонро ишғол менамуд. Дар маҳалҳои ба шаҳр наздик бештар боғдорӣ ва обчакорӣ равнақ меёфт. Дар боғҳо ангур, себ, нок, анор, олу, зардолу, бодом, анҷир, тут ва ғайра парвариш мешуданд, ки бо наъҳои олии худ шуҳрат пайдо карда буданд. Дар баъзе ноҳияҳое, ки об фаровон буд, мавқеи асосиро зироатҳои саноатӣ ишғол менамуданд, ки муҳимтарини онҳо пахта, тамоку, зағир ва рустаниҳои рангдиҳанда буданд, вале олоти кишоварзӣ ба дараҷаи ибтидоӣ буд. Истифодаи обу замин низ бо усулҳои ақибмонда сурат мегирифт. Бинобар ин ба заҳмати хеле зиёд ва маҳорати деҳқонон нигоҳ накарда, самараи кишоварзӣ хеле ночиз буд. </br>
Дар нимаи аввали асри XIX миқдори ҳосили гандум ва ҷав дар вилоятҳои Ғузор, Ширбадан, Бойсун ва Ҳисор 500 ҳазор батман буд. Дар ин замон дар вилояти Ҳисор ҳосили хуби шолӣ ба даст меоварданд. Дар вилояти Рашт (Қаротегин) шолӣ ва пахта кишт намешуд ва дар Дарвоз бошад, ба сабаби кам будани заминҳои обӣ мардум бо гандуми маҳаллӣ таъмин намегардид. Бинобар ин аз Кӯлоб ва Рашт, ки ҳосили фаровони гандум ба даст меоварданд, ба Дарвоз гандум мекашонданд. Дар навбати худ иқлими гарми Дарвоз боиси кишти ғуза мегардид, ки ҳамсояҳои атрофро бо пахта таъмин мекард.
Шароити кишоварзӣ дар ноҳияҳои Помири Ғарбӣ ва умуман Бадахшон бисёр мушкил буд. Дар ин ҷо аксари заминҳои киштбоб дар нишебии кӯҳҳо қарор доштанд, ки замини онҳо санглох буда, бо сипор ҷуфт кардани он мушкилии зиёдеро ба бор меовард. Ба ин сабаб аксари замиҳоро бо каланд шудгор мекарданд.
Ба чорводорӣ тақрибан дар тамоми вилоятҳо машғул буданд. Сарчашмаҳои ин замон аз рушди чорводорӣ, қароқулпарварӣ бахусус, дар миёни чорводорони қирғиз ва ӯзбекони сокин дар Рашт, Кӯлоб ва Бухоро хабар медиҳанд. Дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд асосан асп, хар, гов, гӯсфанд, буз ва шутур парвариш мекарданд. Ҳар як хонавода якчанд чорво дошт, ки он аксаран аз гову барзагов ва бузу гӯсфанд иборат буд. Дар Помир ва дигар ноҳияҳои кӯҳистон чорводорӣ соҳаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Чорво мардумро бо хӯрок ва пӯшок таъмин мекард.Чорводорони тоифаҳои нимкӯчӣ ва алалхусус, кӯчӣ хусусияти дигар доштанд. Рамаҳо ва ҳамроҳи онҳо аҳолӣ ё худ қисми он аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар мегузаштанд. Давраи дар чарогоҳ нигоҳ доштани чорво хеле мушкил ва тӯлонӣ буд.
Аҳолии шаҳрҳо дар баробари касбу ҳунар ва тиҷорат ба боғдорӣ, ангурпарварӣ ва умуман, кишоварзӣ низ машғул мешуданд. Масалан, қисми зиёди аҳолии шаҳри Ӯротеппа соҳиби боғҳои ангур буданд. Ё худ машғулияти асосии мардуми Самарқанд боғдорӣ, истеҳсоли абрешим ва пахта буд.
Сарчашма:
Олим ва шоири олмонӣ Ж.Перти дар бораи маҳалли сукунати тоҷикон менависад: «Форсҳо ва ё тоҷикон (чи хеле ки онҳо худро чунин ном мебаранд) дар Осиё мардуми аз ҳама маъмуланд. Онҳо дар паҳнкӯҳҳои Эрон то дарёи Ҳинд ҷойгузин шудаанд; онҳоро ҳатто дар Тӯрон ва қисмати ғарбии болои Осиё вомехӯранд. Онҳо деҳотеро дар Русия ва Сибир асос гузоштаанд».
Нақли қавл аз Н.В.Ханыков. Записки по этнографиии Персии. Москва, 1977, саҳ.27.
Н.В. Хаников (1819–1878) донишманди бузург, сайёҳу ҷуғрофидони маруф ва шарқшиноси шинохтаи асри XIX-и Русия дар бораи хислатҳои тоҷикон менависад: «Тоҷикон мардуми оромтабиат буда, ба ҳокиме, ки дар сари давлат аст, итоат мекунанд. Онҳо ғайр аз кишоварзӣ ба баъзе навъҳои тиҷорат ва истеҳсоли молҳое, ки барои афғонҳо қобили рағбат нест, машғул мешаванд. Умуман, онҳо нармхӯ буда, мардуми одӣ ва меҳнатдӯстанд. Гарчанд онҳо бо афғонҳо монанд ҳастанд, ногуфта наметавонам, ки дар раванди омезиш аз онҳо танҳо сифатҳои некашонро пазируфтаанд. Тоҷикон ба ҷумлаи халқҳои ҷангҷӯ шомил намешаванд…»
Н.В. Ханыков. Записки по этнографиии Персии. Москва, 1977, саҳ. 97 – 98.
Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар бораи кишоварзии вилояти Хатлон менависад: «Зироат дар ин вилоят аз анвои ҳубубот ва аснофи мазруот мавҷуд аст. Ва аз ин вилоят аз роҳи дарё ҳамроҳи сал (амад) ва қаиқ ба иёлати Лабиоб ҳарсола мутаҷовиз аз даҳ ҳазор ман ғаллот ҳамлу нақл мешавад. Дар ин вилоят ғалла фаровон ва нархи он арзон. Ба асокири муҳофизи Дарвоз низ аз ин вилоят ғалла меравад».
Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Таҳиягар Ҷ.Назриев, Душанбе, 2006, саҳ.142.
Савол ва супориш:
1) Дар нимаи аввали асри XIX тоҷикон дар Осиёи Миёна дар кадом шаҳру вилоятҳо зиндагӣ доштанд?
2) Аҳолии аморати Бухоро дар солҳои 1830–1840 чӣ миқдор буд?
3) Кишоварзони вилояти Хуҷанд дар нимаи аввали асри XIX чӣ қадар буданд?
4) Зироати асосиро дар заминҳои аморати Бухоро чӣ ташкил мекард?
5) Дар аморати Бухоро боз кадом соҳаи рушди иқтисодӣ мавҷуд буд?
Реклама