§ 20. ҶАНГУ НИЗОЪҲО ДАР МИЁНАИ АСРИ XVI ДАР МОВАРОУННАҲР

§ 20. ҶАНГУ НИЗОЪҲО ДАР МИЁНАИ АСРИ XVI ДАР МОВАРОУННАҲР

   Таърихи сиёсии ҳукумати Шайбониён дар Мовароуннаҳр ба се марҳала тақсим мешавад. Марҳалаи аввал аз ишғоли Мовароуннаҳр тавассути Шайбониён оғоз ёфта, то солҳои 40уми асри XVI идома меёбад. 

   Дар соли ба қатл расидани Шайбонихон (1510) сараввал Суюнҷхоҷахон ва дере нагузашта намояндаи бузургсоли ин силсила Кучкунчихон (1510-1530) хони ӯзбекон интихоб гардид. Аммо баррасии сарчашмаҳои таърихӣ баёнгари ин воқеият аст, ки тамоюли ҷудоихоҳӣ ва нифоқ дар миёни Шайбониён, ки дар замони ҳаёт будани Шайбонихон ба вуҷуд омада буд, баъди марги ӯ боиси ба се даста қисмат шудани ин сулола гардид. Яке аз он гурӯҳ Кучкунчихонро, дигаре Суюнҷхоҷахонро ба ҳайси хон пазируфтанд ва дастаи сеюмиро писари Шайбонихон – Муҳаммад Темур султон сарварӣ мекард. Муҳаммад Темур султон бевосита бо Исмоили Сафавӣ музокирот анҷом медод, ки норизоятии баъзе аз хешовандони худро ба вуҷуд меовард. Ӯ ба шоҳ Исмоил ҳадяи фаровоне ирсол дошта, эъломи итоат аз ӯ кард ва хоҳиш намуд, ки ба Мовароуннаҳр юриш набарад. Аз эрониён хост то барои музокира ва имзои муоҳидаи сулҳ Хоҷа Муҳаммад Камолиддинро, ки яке аз шахсиятҳои муҳимми дарбори Шайбонихон ба ҳисоб мерафт ва калиди дарвозаи Марвро ба Сафавиён таслим дода, ҳам акнун дар дарбори Сафавиён буд, маъмур доранд. Хатти марз миёни Мовароуннаҳр ва Эрон тибқи он мушоҳада дарёи Ҷайҳун муайян шуд ва бар асоси ин қарордод тамоми ноҳияҳои соҳили чапи рӯди Ҷайҳун (Ому) ба қаламрави Эрон шомил гашт. Ишғоли минтақаҳои сарҳадие чун Маймана, Форёб, Балх ва Андхӯй имкон дод, ки Исмоили Сафавӣ бар тамоми Хуросон ҳокимияти худро татбиқ кунад. Ин марзбандии Исмоили Сафавӣ сабаб шуд, то ӯзбекони Шайбонии бегона ба ватани тоҷикон–Мовароуннаҳр, ин сарзаминро моли меросии худ ҳисобида, асрҳои тӯлонӣ дар он ҳукумат кунанд. 

   Баъд аз вафоти Кучкунчихон дар соли 1530 ва ҳукмронии кӯтоҳмуддати писари ӯ Музаффариддин Абӯсаид (1530 – 1533) хони сулолаи Шайбониён Убайдуллоҳхон–бародарзодаи Шайбонихон, ки ҳокими Бухоро буд, интихоб мешавад ва пойтахти давлатро ба Бухоро интиқол медиҳад. Убайдуллоҳхон то замони хон интихоб шуданаш, дар тамоми ғоратгариҳо ва харобкориҳое, ки бар асари лашкаркашиҳои Шайбонихон дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ба вуқӯъ меомад, фаъолона иштирок мекард. Баъд аз вафоти Шайбонихон ва ба сари ҳокимият омадани Кучкунчихон ва Музаффариддин Абӯсаид тамоми қудрати низомӣ дар дасти Убайдуллоҳхон қарор дошт. Ин буд, ки Убайдуллоҳхон борҳо ба Хуросон лашкар кашида, барои ишғоли он шадидтарин муборизаҳо кардааст. Масалан, 25 майи 1521 милодӣ Убайдуллоҳхон бо 30 ҳазор сипоҳӣ аз оби Ому гузашта, азми забти Ҳирот мекунад, аммо дар ин лашкаркашӣ Хуросонро ғорат карда, бидуни пирӯзӣ ба Бухоро боз мегардад. Тибқи ахбори сарчашмаҳо Убайдуллоҳхон дар соли 1524 ба иттифоқи хонҳо ва султонҳои шайбонӣ оби Омуро убур карда, вориди сарзамини Хуросон мешавад. Дар ин ҷанг низ Убайдуллоҳхон аз ҷониби Сафавиён шикаст ёфта, ба ҷониби Бухоро фирор мекунад. Соли 1527-28 Убайдуллоҳхон дигарбора ба ҷониби Ҳирот лашкар кашида, аввалҳои баҳори он сол дар қарияи Шодмона, ки дар наздикии дарвозаи Ҳирот буд, хайма мезанад. Убайдуллоҳхон се бор талош варзид, то сангари муқовимати ҳиротиёнро шикаста, вориди шаҳр гардад, аммо бинобар истеҳкоми шаҳр ва шуҷоати ҳиротиён ба чизе муваффақ нашуд. Муҳосираи Ҳирот ҳафт моҳ давом ёфт ва шоҳ Таҳмосби Сафавӣ ба кумаки Соммирзо – бародарии хурдиаш, ки ҳокими Ҳирот буд, ба сӯйи Ҳирот лашкар кашид ва Убайдуллоҳхон бо шунидани ин хабар роҳи фирор пеш гирифт. То соли 1539, ки марги Убйдуллоҳхон фаро расид, Хуросон ба майдони муборизаи Сафавиён ва Шайбониён табдил ёфта буд.  

   Марҳалаи дуюми таърихи сиёсии Шайбониён аз марги Убайдуллоҳхон (1539) оғоз шуда, то ибтидои солҳои 80-уми асри XVI идома меёбад. Ин давра давраи ҷангҳои дохилӣ ва исёну шӯришҳо дар Мовароуннаҳр буда, ҷудоихоҳии хонҳо ва султонҳои шайбонӣ то ба ҳадде расида буд, ки ҳар ҳокими вилоят на аз номи хони Шайбониён, балки аз номи худ сикка мезад ва дар хутбаҳо номи онҳо зикр мешуд. Ҷолиб ин буд, ки ҳатто ба номи Ёрмуҳаммад, ки танҳо ҳокими Бухоро буд, сиккаҳое бароварда шуд, ки номҳои шаҳрҳои Самарқанд ва Балх, ки ҳеҷ гоҳ ӯ дар он ҷо ҳокимият накардааст, зикр гардидаанд.  

   Баъд аз вафоти Убайдуллоҳхон ба сари ҳокимияти Мовароуннаҳр Абдуллоҳхони I (1539–1540)–писари Кучкунчи– хон меояд ва ба дуҳокимиятӣ дар Мовароуннаҳр оғоз мебахшад. Давлат дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардида, раванди ба вилоятҳои алоҳида тақсим гаштани он оғоз мешавад. Ҳамин тавр, дар Бухоро Абдулазизхон (1540–1550) – писари Убайдуллоҳхон ва дар Самарқанд Абдулатиф (1540–1552) писари сеюми Кучкунчихон хони ӯзбекон интихоб шуда, Самарқанд бартарии сиёсӣ аз Бухороро касб мекунад. Ин замон Бароқхон–писари Суюнҷхоҷахон дар Тошканд ва писарони Ҷонибек–Пирмуҳаммадхон дар Балх ва Искандархон дар Миёнкол ва дар Ҳисор Темур Аҳмад султон ҳокими мустақил буданд. Масалан, то чанд гоҳ ба номи ҳокими Ҳисор дар Мовароуннаҳр сикка зарб намуда, ба номаш хутба мехонданд.

   Ба ҷангҳои дохилӣ ҳокими Тошканд Бароқхон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Наврӯзаҳмадхон низ зикр шудааст, оғоз бахшид. Ӯ соли 1540 ба ҷониби Бухоро, ки дар он ҷо Абдулазиз–писари Убайдуллоҳхон ҳоким буд, лашкар кашида, шаҳрро ишғол кард. Абдулазиз ба ҷониби Балх фирор кард. Ғалабаи Бароқхон дар Бухороро Хоҷагони Ҷӯйборӣ дар шахси Хоҷа Ислом, ки нақши муҳиме дар корҳои сиёсӣ ва динии Мовароннаҳр дошт, напазируфтанд. Дере нагузашта ба кумаки Хоҷа Ислом Абдулазиз дубора ба тахти Бухоро нишаст. Соли 1550 Абдулазиз вафот кард ва ба ҷойи ӯ Ёрмуҳаммад султон ҳокими Бухоро эълон гардид. Соли 1551 ҳокими Балх Пирмуҳаммадхон Бухороро ишғол намуд ва Ёрмуҳаммад ба Самарқанд паноҳ бурд. Ҳокими Самарқанд Абдулазиз ҳамроҳ бо Буроқхон ба ҷониби Бухоро лашкар кашид. Ҳамин тавр, дар солҳои чилуми асри XVI барои тахту тоҷ миёни хонҳо ва султонҳои шайбонӣ шадидтарин муборизаҳо оғоз шуд.  

   Ба саҳнаи муборизаҳо ворид гаштани Абдуллоҳхони Шайбонӣ. Дар ин муборизаҳо писари 17 солаи ҳокими Миёнкол Искандархон – Абдуллоҳ султон низ ворид шуд ва ба дастгирӣ ва кумаки Хоҷа Ислом рақибони худро аз саҳнаи мубориза дур меандохт. Соли 1557 ӯ Бухороро ишғол намуда, ба забти мулкҳои дигар шурӯъ кард.

   Соли 1561 Абдуллоҳ султон падари худ Искандархонро бо машварати Хоҷа Ислом хони тамоми ӯзбекон эълон кард. Аз соли 1561 шаҳри Бухоро дубора пойтахти давлати Шайбониён гардид. Бо вуҷуди ин ки хони ӯзбекон Искандархон буд, аммо ҳама корҳои низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дасти писари ӯ Абдуллоҳ султон қарор дошт. Абдуллоҳи Шайбонӣ дар натиҷаи муборизаҳои шадид, ки ҳатто ба ақрабои худ низ раҳм намекард, тавонист бо лашкаркашиҳо вилоятҳои истиқлолталаби Мовароуннаҳро зери фармони ҳукумати марказӣ оварад. Аз ҷумла октябри соли 1573 ба ҷониби Ҳисор ҳуҷум овард. Дар охири моҳи майи 1574 Абдуллоҳ султон қалъаи Ҳисорро муҳосира кард ва 29 июни 1574 Ҳисор аз ҷониби лашкари Шайбониён ишғол шуд ва ҳокими Ҳисор Ҳошим султон, асир афтода, ба қатл расид. Ҳокимони Бадахшон иттифоқчии ҳокими Ҳисор буданд. Абдуллоҳхон барои юриш ба сӯйи Бадахшон тайёрӣ медид. Дастовардҳои низомии ӯро фаҳмида, ҳокими ин мулк Шоҳрух мирзо писари Иброҳим мирзо (набераи Шоҳсулаймон) тобеяти худро ба Абдуллоҳхон изҳор намуд. Бо ҳамин мардуми Бадахшон аз ҷанги хунрезӣ ва ғоратгарӣ эмин монданд. Тобеияти Ҳисор ва Бадахшон ба Абдуллоҳхон тобеияти Хатлонро низ таъмин намуд. Абдуллоҳ султон соли 1574 Ӯротеппа ва Хуҷанд, баъд аз чор соли дигар Самарқандро ишғол намуд.  

   Соли 1583 пас аз вафоти падар Абдуллоҳхони II хони ӯзбекони Шайбонӣ эълон гардид ва марҳалаи сеюми таърихи сиёсии Шайбониён аз ин замон оғоз меёбад. 

   Абдуллоҳхон дар назди худ мақсад гузошт, ки ҳамаи мулкҳои замоне ба Шайбонихон тобеъбударо ба зери фармони худ дарорад. Бо ин мақсад Абдуллоҳхон дар моҳи феврали соли 1584 ба ҷониби Тахористон ва Бадахшон лашкар кашид. Дар ҳамин сол лашкари ӯзбекон Толиқон, Бағлон, Норин, Андароб ва қалъаи Зафарро ишғол кард. Аммо ишғоли Хатлон барои Абдуллоҳхон гарон тамом шуд. Дар ибтидои моҳи апрели 1584 Абдуллоҳхон бо сарварии писараш Абдулмуъмин барои забти Кӯлоб лашкар фиристод. Ҳудуди 40 рӯз Шайбониён натавонистанд қалъаи Кӯлобро бигиранд ва ба сахтарин муқовимати сокинони қалъа дучор шуданд, ки дар натиҷа лашкари Шайбониён талафоти зиёде дода, ақибнишинӣ кард. Ин шикасти лашкарашро Абдуллоҳхон таҳаммул накарда, бо қувваи зиёде худаш ба ҷониби Кӯлоб ҳуҷум овард. Баъди муборизаҳо ва ҷангҳои сахте 1 июли соли 1584 қалъаи Кӯлоб таслим шуд ва тамоми муҳофизини он ба қатл расиданд. 

   Бо истифода аз нооромиҳое. ки ин замон дар давлати Сафавиён рух дода буд, Абдуллоҳхони Шайбонӣ барои гирифтани Хуросони аздастрафта барномаи амалиёти низомӣ мекашид. Дар санаи 7 июли 1587 милодӣ пойтахти Хуросон – Ҳиротро лашкари Абдуллоҳхон дар ҳалқаи муҳосира гирифт ва 17 феврали 1588 дастаи сипоҳиёни Абдуллоҳхон ва писари ӯ Абдулмуъмин, ҳамчунин, гурӯҳи кишоварзон ва қабоили кӯчии Хуросони Шарқӣ, ки ба сипоҳи ӯзбекон ҳамроҳ шуда буданд, вориди Ҳирот гардиданд. Дар нимарӯзи он сана дар қалъаи Ихтиёруддин танҳо гурӯҳе аз Сафавиён бо сарварии Алиқулихони шомлу дар муҳосра монда ва боқӣ ҳама Сафавиён торумор гардида ва ё ҳамроҳи хонаводаи худ ба асирии ӯзбекон афтида, ки баъдан ба бозори ғуломфурӯшии Бухорову Балх ва дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр интиқол шуданд. 

   Баъди ишғоли Ҳирот Абдуллоҳхон ҳамроҳи қисмати асосии сипоҳи ӯзбек ба ғарб, ба ҷониби шаҳри дигари муҳимми Хуросон – Машҳад равона гардид. Аммо айёми ҳузури сипоҳи Абдуллоҳхон дар атрофи Машҳад дер давом накард. Ин замон буд, ки қабилаҳои саркаши Дашти Қипчоқ ба сарҳадоти шимолии давлати Шайбониён ҳуҷум оварданд ва Абдуллоҳхон бо хароб намудан ва вайронии атрофи пойтахти Хуросони Ғарбӣ иктифо намуда, маҷбур шуд ба Мовароуннаҳр баргардад. 

   Натиҷаи юриши солҳои 1587 – 1588 ӯзбекон ба Хуросон ин буд, ки шаҳри Ҳирот ва вилояти он ба давлати Шайбонӣ ҳамроҳ гардида, ҳокими вилояти Ҳирот яке аз шахсиятҳои наздики Абдуллоҳхон – Мирбобои Кӯкалтош таъйин гардид. 

   Хабари ишғоли Ҳирот барои шоҳи сафавӣ ғайри мунтазира набуд. Искандари Муншӣ–таърихнигори аҳди Сафавиён, аз ҷумла, ноибуссалтанаи Ҳирот Муршидқулиқонро гунаҳкор медонад, ки гӯё нахостааст ба Алиқулихони шомлу дар шаҳри муҳосирашудаи Ҳирот ёрмандӣ намояд. Аммо воқеият ин буд, ки на шоҳ Аббос ва на ноибуссалтанаи ӯ дар Хуросон он замон аз он неруе бархурдор набуданд, ки кореро дар баробари ҳуҷуми лашкари Абдуллоҳхони Шайбонӣ анҷом бидиҳанд. 

   Юриши дигари Шайбониёнро дар моҳи марти соли 1589 ба Хуросон ин бор ҳокими шаҳри Балх, валиаҳди Абдуллоҳхон – Абдулмуъмин анҷом дод. Ба лашкари гирдиҳамомадаи Шайбониён аз Балх, Андхӯй ва Шибирғон гурӯҳи Мирбобои Кӯкалтош аз Ҳирот ва дастае бо сарварии хоҳарзодаи Абдуллоҳхон–Динмуҳаммадхон ҳамроҳ шуда, ба ҷониби Машҳад юриш бурда, шаҳрро дар муҳосира гирифтанд. Бар хилофи шаҳри суннии Ҳирот, маркази шиаи Хуросон – Машҳад комилан ба ихтиёри ӯзбекони ваҳшии кӯчӣ муддате чанд дода шуд. Бо ваҳшонияти беҳадду ҳисоб ӯзбекон бо рӯҳониёни шиамазҳаб муносибат карда, аксари сокинони шаҳрро ба ғуломӣ ба Бухоро фиристоданд. Муллоён ва сӯфиёне, ки дар ҳарами Имом Ризо паноҳ бурданд, дар он макон ба қатл расида ва китобҳои мазҳаби шиа дар оташ сӯзонида шуданд. 

   Шаҳрҳои Машҳад, Тӯс, Нишобур, Сабзавор, Исфароин ва дигар шаҳрҳои Хуросони Ғарбӣ ба дасти Шайбониён афтоданд. Дар соли 1590 Абдулмуъмин Ҷом, Хафом ва Гуриёнро низ ишғол кард. 

   Ҳамин тариқ, то соли 1593 қисмати зиёди Хуросон зери фармони ҳукумати Абдуллоҳхони Шайбонӣ гузашт. Ҳукумати Шайбониён, бахусус, дар пойтахти он–шаҳри Ҳирот, ки такягоҳи фармонравоии онон дар Хуросон буд, мустаҳкам гардид. 

   Дар ин муддат лашкари Сафавиён се бор талоши юриш ба Хуросонро намуд. Нахуст дар соли 1590 яке аз наздикони шоҳ Аббос бо номи Фарҳодхон бо лашкари худ озими Хуросон гардид, вале бидуни анҷоми коре бо сипоҳи худ зуд пас гашт. Бори дуюм дар соли 1592 Сафавиён дар Хуросон кӯшишҳое ба харҷ доданд ва назар ба Фарҳодхон ин бор онҳо фаъолтар шуданд, вале қиёми мардумиро дар Нишобур ва Сабзавор, ки зидди ӯзбекон баланд шуда буд, натавонистанд муассир ба манфиати худ истифода намоянд ва бидуни муваффақияте баргаштанд. Бори сеюм дар соли 1595 худи шоҳ Аббос амалиёти низомиро бар зидди Шайбониён сарварӣ кард ва шаҳри Исфароинро, ки он замон Абдулмуъмин дар он ҷо истиқомат дошт, аз ишғоли ӯзбекон берун овард ва Абдулмуъмин бо лашкари шоҳ Аббос муқовимат накарда, ба Машҳад ақабнишинӣ кард. Тӯли се соли баъдӣ сипоҳи Сафавиён сарҳади Хуросонро, ки то шаҳри Симнон дар зери ҳукумати Абдуллоҳхон буд, убур накарданд. 

   Шоҳ Аббос хост қисмати зиёди сипоҳи худро аз ғарби Эрон барои набарди зидди ӯзбекон ба шарқи он равона созад, аммо ин неру дар фурӯ нишондани қиёмҳои ҷудоиталабона дар Форс, Гелон, Луристон ва Кирмон машғули ҷанги дохилӣ гардид. Ва танҳо дар соли 1597 шоҳ Аббос тавонист неруи зиёдеро барои бозпас гардонидани сарзаминҳои аз дастрафтаи вилоятҳои шарқии Эрон гирдиҳам биёварад. Ба ин мақсади Сафавиён ин бор авзои дохилӣ ва хориҷии рӯ ба буҳрон ниҳодаи давлати Шайбониҳо мусоидат намуд. Ин замон буд, ки пояҳои давлати Абдуллоҳхони Шайбонӣ оҳиста-оҳиста заиф мегашт. Ҳокими Ҳирот Мирбобои Кӯкалтош соли 1004 ҳ.қ./1596-97 ба Қазвин номае фиристода, ба шоҳ Аббос пешниҳоди сулҳро кард. Шарти ҳатмии пешниҳоди он сулҳ ин ба давлати Шайбониён вогузор намудани қисмати шарқии Хуросон буд. Аммо шоҳ Аббос ин пешниҳоди сулҳро напазируфт ва нахост бо Шайбониён ҳеҷ кадом музокираеро анҷом диҳад. Он гоҳ Абдуллоҳхон ва ҳокими ӯ дар Ҳирот ба манзури таъсир ба шоҳ Аббос тасмим гирифтанд тохтутозеро ба дохили Эрон анҷом диҳанд. Гурӯҳи зиёде аз аскарони савораи Шайбонӣ тобистони соли 1005 ҳ.қ./1597 милодӣ аз тариқи биёбон дохили қаламрави Сафавиён гардиданд ва атрофи шаҳри муҳимми тиҷоратии Яздро ғорат карданд, вале ин амали ӯзбекон чизе аз худ ба ҷой нагузошт ва ба вазъи ҳукумати шоҳ Аббос таъсире накард. 

   Шоҳ Аббос аз рӯз ба рӯз бад шудани авзои ҳукумати Абдуллоҳхон хабар дошт ва ба ҳуҷуми густурдае ба Хуросон омодагӣ мегирифт. Агарчи дар охири соли 1597 сафири нави Абдуллоҳхон аз ҷониби дарбори шоҳ Аббос қабул гардида, ҳатто ба ҳузури шоҳ пазируфта шуд, аммо муносибат ба ӯ бисёр таҳқиромез буд. Шоҳ Аббос аз сафири Бухоро омодагиҳои худро ба як юриши густурда бар зидди Шайбониён, ки дар тобистони соли 1598 мехост анҷом диҳад, пинҳон намедошт. 

   Дар баҳори соли 1598 дар Бастом, ки маркази гирдиҳамоии лашкари Сафавиён дар юриши Хуросон интихоб гардид, 40 ҳазор саворанизом, 30 ҳазор пиёданизом ва 6 ҳазор туфанг дар гирди ҳам омада, интизори дастури оғози амалиёти низомӣ аз сӯйи шоҳ Аббос буданд. 

   Ҷиддитар аз ин барои сарнавишти давлати Абдуллоҳхони Шайбонӣ шиддат ёфтани буҳрони дохилии кишвар буд, ки он пеш аз ҳама, иборат аз мухолифат миёни Абдуллоҳхони куҳансол, аммо қудрати идориро дар даст дошта ва писари худхоҳи ӯ Абдулмуъмин буд. Искандари Муншӣ ҳокими Ҳирот Мирбобои Кӯкалтошро сабаби мухолифатҳои Абдуллоҳхон ва Абдулмуъмин медонад. Мирбобои Кӯкалтош ҳар доим падарро бар зидди писар мешӯронид. Ба сабаби ин фитнаангезиҳои Мирбобои Кӯкалтош буд, ки баҳори 1597 Абдуллоҳхон ба ҳама ҳокимони Хуросон амр дод, ки ҳеҷ кадоме аз фармоиш ва ё дастуроти Абдулмуъминро иҷро нанамоянд. Ин мухолифат дар тирамоҳи соли 1597 ба ҷанги ошкоро миёни Абдуллоҳхон ва Абдулмуъмин мубаддал гашт. Ин ҳодиса ба ҳолати рӯҳии Абдуллоҳхон таъсиргузор шуда, ӯро мубталои беморӣ гардонид. Абдулмуъмин ба Балх боз гашт ва барои юриши нав ба Мовароуннаҳр омодагӣ медид. 

    8 феврали соли 1598 Абдуллоҳхони Шайбонӣ вафот кард ва аз худ давлатеро дар ҳоли буҳрон ва аз ҳам пошидан ба мерос монд. Баъд аз марги Абдуллоҳхон Абдулмуъмин бе монеа тахти Бухороро гирифт ва онҳоеро, ки дар рикоби падараш бар зидди ӯ буданд, якоякро аз дами теғ гузаронид. Балвое чанд дар кишварашро фурӯ нишонд ва сипоҳе азим гирди ҳам овард ва азми юриши Хуросон кард. Аммо дар роҳи Зомин (наздикии Ӯротеппа) ҷонибдорони падараш бо сарварии Абдусамадбий, ки дар ин юриш ҳамроҳаш буданд, қасд ба ҷонаш карданд ва ӯро 27 июни 1598 ба ҳалокат расониданд. Ҳамин тариқ, бо марги Абдулмуъмин ашрофи кӯчии Шайбонӣ ва намояндагони рӯҳонии суннии Мовароуннаҳр ба ду дастаи бо ҳам душман тақсим шуданд, ки яке дар Бухоро ва дигаре дар Балх фаъолият намуда, ҳар кадоме аз ин гурӯҳ намояндаи худро барои тахти хонӣ номзад мекарданд. 

    Дар чунин фазои нобасомон, ки миёни хонҳои шайбонӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон вуҷуд дошт, хоҳарзодаи Абдуллоҳхон – Динмуҳаммад, ки аз ҷониби падарӣ ба табори Аштархониён мепайваст, мубориза барои Ҳиротро оғоз кард. 

    Нифоқу фитна дар Мовароуннаҳр боис шуд, ки сипоҳиёни шайбонӣ, ки дар шаҳрҳои Хуросони Ғарбӣ буданд, худсарона он минтақаҳоро тарк гӯянд ва рӯ ба ҷониби шарқ, ба Мовароуннаҳр биёваранд. Лашкари дар Машҳад будаи Шайбониён зери сарварии ҳокими Хуросони Ғарбӣ Абдулмуҳаммад баъди чанде дудилагӣ аз тариқи Сарахс ба Мовароуннаҳр баргашт. 

   Динмуҳаммад кӯшише кард музокиротро бо Сафавиён бо шароити дигар аз сар бигирад, то Хуросонро ҳифз намояд. Ӯ ба шоҳ Аббос пешниҳод кард, ки Машҳад зери ҳукумати Сафавиён бошад ва Ҳироту вилояти он марбут ба Шайбониён. Аммо ин бор шоҳ Аббос аслан гӯши шунид надошт ва ин пешниҳодро рад намуд. Динмуҳаммад чорае дигар ба ҷуз мубориза барои Ҳирот надошт. 

   10 августи 1598 дар наздикии рустои Пули Солор, дар 24 километрии шарқи Ҳирот охирин набард дар ҷанги садсола миёни Сафавиён ва Шайбониён барои Хуросон рух дод. 15 ҳазор сипоҳии Динмуҳаммад дар мубориза бар зидди Сафавиён зери сарварии Фарҳодхон саф оростанд. Ҷолиб ин буд, ки ин лашкари аз ҳар нигоҳ қавии Сафавиён дар соати аввали мубориза аз ҷониби сипоҳи Динмуҳаммадхон комилан торумор гардид. Аммо оташи 6 ҳазор туфангчии Сафавиён, ки аз ҷониби шоҳ Аббос таъсис ёфта буд, саранҷоми ҷангро мушаххас сохт. Тамоми лашкари Шайбониён дар майдони набард кушта шуда, Динмуҳаммад бо бардоштани захм аз набардгоҳ фирор намуд, аммо дар роҳи Мовароуннаҳр вафот кард. Хуросон ба ҳукумати Сафавиён пайваст гардид. 

   Сабабҳои муносибатҳои тӯлонии душманонаи Шайбониён бо Сафавиён дар садаи XVI илова бар таассуботи шадиди мазҳабӣ, пеш аз ҳама, дар он хулоса мешавад, ки барқарории фармонравоии Сафавиён бар Хуросон барои ҳокимони Мовароуннаҳр на танҳо роҳи тиҷоратро ба ғарб, ба соҳилҳои баҳри Миёназамин мебаст, инчунин бо интихоби шаҳри Ҳирот чун пойтахти Сафавиён дар Хуросон, ки аз маркази муҳимми транзитии тиҷорат дар Мовароуннаҳри садаи XV маҳсуб мегашт, дигар роҳҳои бурунрафти тиҷоратӣ ба ҷануб, ба ҷониби Ҳиндро низ баста сохт. Бинобар ин сабаб тоҷирони бузурги мовароуннаҳрӣ, ки бо тиҷорати байналмилалӣ иртибот доштанд, Шайбониёнро дар мубориза бар зидди Сафавиён барои ишғоли Хуросон фаъолона ҷонибдорӣ мекарданд. Иловатан, рӯҳониёни аҳли суннати Мовароуннаҳр бо эъломи ғазавот бар зидди Сафавиёни дар мазҳаби шиа буда, ки асоси он ба даст овардани мулкҳои ободу ҳосилхези Хуросон буд, ӯзбекони кӯчии Дашти Қипчоқи ҳоким дар Мовароуннаҳрро бар зидди Сафавиён мешӯрониданд. 

    Баъди марги Абдулмуъмин тамоми қаламрави Мовароуннаҳр дучори нооромиҳо ва ҷангҳои дохилӣ гардид. Дар вилоятҳои Мовароуннаҳр хонҳои гуногун ба сари ҳокимият омаданд. Дар Бухоро Пирмуҳаммади II ва дар Балх Абдуламин хони Шайбониён эълон шуданд. Бо истифода аз ин вазъи нобасомони Мовароуннаҳр хони қазоқ Таваккал ба ин сарзамин ҳуҷум карда, Ахсикат, Андиҷон, Тошканд, Самарқанд ва Миёнколро ишғол карда, ба бародари худ Ишим султон дода, ба ҷониби Бухоро лашкар кашид. Аммо дар ҷанге, ки дар наздикии Бухоро рух дод, Таваккал аз Пирмуҳаммад шикаст хӯрд ва ба тарафи Самарқанд ақибнишинӣ кард. Дар ин муддат аз Ҳирот ба назди Пирмуҳаммад бародари Динмуҳаммад – Боқӣ султон омад ва дар муборизаҳо миёни лашкари Пирмуҳаммад ва қазоқҳо иштирок карда, дар моҳи август-сентябри 1598 қазоқҳоро бо сарварии Таваккал шикаст дод. Таваккал бо бардоштани захм ба тарафи Тошканд ақибнишинӣ карда, баъди чанде вафот намуд. Ба поси хидмат дар мубориза бар зидди қазоқҳо Пирмуҳаммад Боқӣ султонро ҳокими Самарқанд таъйин кард. Аммо бо гузашти замон Боқӣ султон худро лоиқтар аз Пирмуҳаммад дар тахти Бухоро дониста, бар зидди Пирмуҳаммад мухолифатҳоро сар кард. Пирмуҳаммад барои сарнагун кардани Боқӣ султон лашкар ҷамъ намуд ва аз ҳокими Балх Абдуламин низ имдод хост. Ҳокими Балх ба мадади Пирмуҳаммад 10 ҳазор сарбозро фиристод. Пирмуҳаммад бо лашкари ҷамъомада ба ҷониби Самарқанд ҳуҷум кард. Аммо дар ин мубориза лашкари Пирмуҳаммад шикаст хӯрд ва худаш ба қатл расид. Дар моҳи августи соли 1599 Боқӣ султон ба тахт нишаст ва бо ҳамин давлати Шайбониён завол ёфта, сулолаи нав – Аштархониён ба сари ҳокимият омад. 

Сарчашма: 

    Мирсаид Шариф Роқими Самарқандӣ дар бораи суиқасди Абдулмуъмин ба падараш менависад: «Рӯзе аз рӯйи хаёлоти хом ва тадбироти нофарҷом (Абдулмуъмин) аз вилояти Балх бо таваҷҷуҳ аз ҳарчи тамомтар равон гардида, ки волиди худро дастгир гардонад. Дар он замон Абдуллоҳхон дар чӯли вилояти Қаршӣ шикор мекарда ва Шоҳмуҳаммад элчиён, ки аз умарои муътабари Абдулмуъминхон буда арза ба пояи сарири аъло ирсол дошта, ки воқеа бад-ин минвол аст, ҳозир хоҳанд буд. Чун ин мазмун ба истимоъ анҷомид, хони мазкур аз рӯйи изтирор бар худ қарор дода, ба ҷониби вилояти Бухоро муовадат намуда». 

   Мирсаид Шариф Роқими Самарқандӣ. Таърихи Роқим. Ба кӯшиши доктор Манучеҳри Ситуда. Теҳрон, 1380 ш. саҳ.170. 

    Рӯҳонии аҳли суннат Фазлуллоҳ Рӯзбеҳони Хунҷӣ, ки аз таъқиби Сафавиён аз Исфаҳон ба Бухоро фирор карда буд, дар мубориза бар зидди Сафавиён чунин фатво медиҳад: «Фатҳи тоифаи қизилбурук (Сафавиён) ва душманӣ бо эшон ва муқотала бо мардуми савби эшон бисёр фозилтар аз ғазо бо куффори афранҷ, ки ҳеҷ тараддуд дар куфри эшон нест, чи ҷойи қазоқ, ки калимаи шаҳодате дуруст дар миёни эшон ҳаст ва иттифоқи уламои Рум ва Ҳарамайн аст бо ин фақир дар он ки фатво додам, ки тоифаи кулоҳсурх бадтар аз куффори афранҷанд ва муқотала бо эшон афзал аз муҷоҳада бо куффори авранҷ…» 

   Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ. Меҳмонномаи Бухоро. Бо эҳтимоми доктор Манучеҳри Ситуда. Теҳрон, 1341 ҳ.ш, саҳ.44 – 45. 

    Искандарбеки Туркмон дар бораи ҳуҷуми Абдулмуъмин дар моҳи марти соли 1589 ба Машҳад ва қатлу ғорати ин шаҳр менависад: «Абдулмуъминхон ва Динмуҳаммад султон машҳур ба Ятим султон бо ҷамъе аз баҳодурони номӣ ба шаҳр даромада, ба саҳни остона (-и Имом Ризо) даромаданд. Ғозиёни қизилбошия (Сафавиён) сина сипари бало сохта, дил аз ҷони ширин бар гирифта, мардона мекӯшиданд ва як-як аз ҷоми бало шарбати шаҳодат менӯшиданд ва ба теғи хунрези мухолифон дар саҳни остонаи муқаддас куштаҳо бар зери якдигар афтода… Ӯзбекия чун аз арбоби ҷалодат пардохтанд, даст ба хуни сулаҳо (порсоён) ва уламову содот (сайидҳо) ёзиданд…Ӯзбекияро ба андаруни равзаи мутабаррика фиристода, як-як аз бечорагони мазлумро аз доруссаёда ва дорулҳифозу масҷиди ҷомеъ берун кашида, ба дараҷаи шаҳодат мерасониданд… Аз саҳҳеҳулқавле истимоъ (шунидан) рафт, ки Мирмуҳаммад Ҳусайн машҳур ба Мир Болоисар, ки аз содоти Машҳади муқаддас ва дар салоҳу тақвӣ ва ибодат дараҷаи олӣ дошт ва ҳамеша ба намозу тоат ва тиловат қиём намуда, камтар аз он мақоми шариф ҳаракат кардӣ. Дар он рӯзи ҳавлнок… ба тиловат машғул буд. Яке аз ӯзбекони худобехабар даст дар камари ӯ зада, берун мекашад. Мири бечора аз ҳавли ҷон ва кашокаши изтироб даст ба панҷараи зариҳ (даври қабр)-и муборак зада, маҳкам гирифт. Ӯзбеки дигар шамшере андохта, қатъи яд (даст)-и ӯ намуд ва дасташ дар маҳаҷар (гирдогирди ҳарам) монда, ӯро берун кашида, пора-пора карданд…» 

   Искандарбеки Туркмон. Таърихи оламорои Аббосӣ. ҷилди аввал ва ниме аз ҷилди дуюм. Зери назари Эраҷи Афшор. Теҳрон, 1387ҳ.ш., саҳ.412 –413. 

    Дар бораи суиқасд ба ҷони Абдулмуъмин Искандарбеки Туркмон чунин менависад: «Абдулмуъминхон чун дар амри салтанат истиқлол ёфт, баъзе авқот (вақтҳо) бо умарои Абдуллоҳхон мухотиботи итобомез намуда, суханони кинояомез мегуфт. Ҷамъе, ки гумони адоват (душмани)-и ӯ ба худ доштанд, ба фикри худ афтода, гумон бурданд, ки чун ӯ ба Балх мерасад, нисбат ба эшон макнуни хотири худро (он чи дар фикр пинҳон дорад) ба феъл (амал) хоҳад овард… 

    Абдулмуъминхон ба ҷиҳати иштидод (шиддат)-и гармии ҳаво шаб кӯч мекард… Шабе аз шабҳо, ки аз паҳлуи деҳе мегузаштанд, Абдулсамад баҳодур ва Муҳаммадқулӣ баҳодур ба девори басти он деҳ даромада, дар канори роҳ паси девор нишаста, камонҳо бар сари чанг оварда, интизори вуруди ӯ доштанд. Баъд аз он ки мардуме, ки аз пеш мераванд, гузаштанд, Абдулмуъминхон бо чанд нафаре, ки ҳамроҳ буданд, чун ба маҳозии камингоҳ расиданд, ҳар ду дар рӯшноии машъал шаст кушоданд. Аз қазои илоҳӣ тири ҳар ду бар ҳадафи мақсуд расида, хато нашуд. Ӯ аз асп ғалтида, эшон бо шамшерҳои охта ба сари ӯ расиданд. Машъалдорон машъалро рехта, гурехтанд.. ва эшон филфавр сари ӯро ҷудо карда… савор шуда, рӯ ба Бухоро оварданд». 

   Искандарбеки Туркмон. Таърихи оламорои Аббосӣ. ҷилди аввал ва ниме аз ҷилди дуюм. Зери назари Эраҷи Афшор. Теҳрон, 1387ҳ.ш., саҳ.556.

Санаҳои муҳим:

1521 (25 май), 1524, 1527–ба Хуросон ҳуҷум кардани Убайдуллоҳхон

1530 – вафоти Кучкунчихони Шайбонӣ 

1530 – 1533 – солҳои ҳукмронии Музаффаруддин Абӯсаид 

1533 – 1539 – солҳои ҳукмронии Убайдуллоҳхони Шайбонӣ 

1540 – ба ҷониби Бухоро лашкар кашидани Бароқхон 

1557 – ишғоли Бухоро аз тарафи Абдуллоҳхони Шайбонӣ 

1561 – хони Шайбониён интихоб шудани Искандархон 

1574 (29 июн) ишғоли Ҳисор аз тарафи Абдулоҳхон 

1583 – хони Шайбониён интихоб шудани Абдуллоҳхони II 1584 (1 июл) – ишғоли қалъаи Кӯлоб ва қатли оми мардум аз тарафи Абдуллоҳхон 

1593 – гузаштани қисмати зиёди Хуросон зери фармони ҳукумати 

Абдуллоҳхони Шайбонӣ 

1598 (8 феврал) – вафоти Абдуллоҳхони II 

1598 (27 июн) – кушта шудани Абдулмуъминхон 

1598 (10 август) – ҷанг миёни Шайбониён ва Сафавиён дар наздикии Пули Солор, ки ба шикасти Шайбониён аҷомид  

Савол ва супориш: 

1) Марҳалаи аввали таърихи сиёсии ҳукумати Шайбониён аз кай оғоз мешавад? 

2) Марз дар миёни Мовароуннаҳр ва Эрон аз тарафи кӣ баста шуд? 

3) Марҳалаи дуюми таърихи сиёсии Шайбониён аз кадом таърих оғоз мешавад? 

4) Дар бораи буҳрони сиёсие, ки дар Мовароуннаҳр солҳои чилуми асри XVI ба вуҷуд омад, тавзеҳ диҳед. 

5) Аз чӣ замоне марҳалаи сеюми таърихи сиёсии Шайбониён оғоз мешавад? 

6) Дар бораи юришҳои Абдуллоҳхон ба Хуросон маълумот диҳед. 

7) Сабабҳои ихтилофи Абдуллоҳхон ва писараш Абдулмуъминро муайян кунед. 

8) Сабабҳои заволи давлати Шайбониёнро баён созед. 

Реклама