§ 45. ҶАНГҲО БАЙНИ АМИРОНИ БУХОРОЮ ХОНҲОИ ХӮҚАНД ВА ОҚИБАТИ ХАРОБИОВАРИ ОНҲО

§ 45. ҶАНГҲО БАЙНИ АМИРОНИ БУХОРОЮ ХОНҲОИ ХӮҚАНД ВА ОҚИБАТИ ХАРОБИОВАРИ ОНҲО

    Дар ибтидои асри ХIХ барои соҳиб шудан ба шаҳрҳои Тошканд, Ҷиззах ва баъзе дигар мулкҳои хурди кӯҳистон амири Бухоро ва хони Хӯқанд муборизаҳои хунин мебурданд. Ин муборизаҳо гоҳ ба нафъи як тараф ва гоҳ ба нафъи тарафи дигар анҷом меёфт. Муборизаи ин ду давлат барои Ӯротеппа зиёда аз ним аср давом кард. Сабаб он буд, ки ин шаҳр аҳамияти муҳимми стратегӣ дошт. Роҳҳои иртиботии ду давлат аз ҳамин мулк мегузаштанд. Сабаби дигари мубориза барои Ӯротеппа омили иқтисодӣ дошт. Ин вилояти сернуфус барои хазина даромади бисёр дода метавонист. Аз ин ҷо миқдори зиёди ғалла ба деҳаҳои саргаҳи Зарафшон, Самарқанду мулкҳои дигар содир мегардид. 

    Бист соли аввали асри ХIХ мубориза барои ба даст даровардани Ӯротеппа ва Хуҷанд ба ҳеҷ тараф нафъ наовард. Амири Бухоро Ҳайдар ва хони Хӯқанд Умархон маҷбур шуданд, ки амалиёти ҷангиро қатъ гардонида, байни худ «сулҳи абадӣ» имзо кунанд. Онҳо ба ворисони худ васият карданд, ки сулҳи мазкурро «муқаддас ва вайроннашаванда» донанд. </br> 

    Бо ҳамин давраи аввали мубориза барои Хуҷанду Ӯротеппа ба охир расид. Дар ин муддат хони Хӯқанд неруманд гардид, зеро ошӯбҳои халқии соли 1810 ва солҳои 1821 – 1825 аморати Бухороро заиф гардонида ва мардуми он гуруснагиро аз сар мегузаронид. 

    Бухоро аз пурқувват гаштани хонии Хӯқанд зери хатар монда буд. Хони нави ба тахт нишастаи Хӯқанд– Муҳаммадалихон (1822–1842) аз мушкилиҳои дар аморати Бухоро рӯйдода хост ба манфиати худ истифода намояд. Ӯ ва амири Бухоро Насруллоҳ (1826–1860) «сулҳи абадӣ»-ро вайрон намуда, муборизаро барои Хуҷанду Ӯротеппа ва дигар мулкҳо аз нав сар карданд. Ин мубориза дар ибтидо ба Бухоро натиҷаи дилхоҳ надод. Нокомиҳои ҳарбӣ ҳар ду тарафро водор намуд, ки сулҳи навро имзо кунанд. Ин созишнома аз соли 1830 то соли 1840 нисбатан риоя мешуд. Дар ин солҳо Хуҷанд ва Ӯротеппа зери тобеияти хони Хӯқанд буданд.  

    Аз соли 1840 давраи дуюми мубориза барои ин ду шаҳр оғоз шуд, ки дар он амири Бухоро пирӯз гардид. Амир Насруллоҳ талош кард, ки хонии Хӯқандро зери тасарруфи худ дароварад. Барои иҷрои ин мақсад сабабе бояд меёфт, ки дар натиҷа фосиқӣ ва ишратпарастии Муҳаммадалихон баҳонаи ҷанг шуд. Соли 1841 амир лашкар кашида, то наздикии Конибодом расид. Хони Хӯқанд неруи муқовимат надошт. Ӯ ба назди амир сафирони худро равон карда, ваъда кард, ки яксола хироҷи мулки худро ба ӯ медиҳад, инчунин, шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ба итоати Бухоро мегузаранд ва амир Насруллоҳ бо ин қаноатманд мешавад. Ӯ дар Хуҷанд султон Маҳмудро ҳоким гузошта, ба Бухоро бармегардад. Дере нагузашта, бо миёнаравии модараш Нодира ба Муҳаммадалихон муяссар гашт, ки бо бародараш султон Маҳмуд забон як карда, Хуҷандро аз нав ба итоати худ дарорад. 

    Соли 1842 Насруллоҳ бо лашкари якҷояи Ӯротеппа бо сардории ҳокими ӯ Бердиёр, лашкари Мастчоҳ бо сардории беки он Ботурхоҷа, лашкари Ҳисор бо сардории Сӯфибийи девонбегӣ, лашкари Самарқанд бо сардории Иброҳимбийи манғит, лашкари Ургут бо сардории Одил додхоҳ ба сӯйи Хӯқанд ҳамла оварда, онро ишғол мекунад. 

    Амир Насруллоҳ барои идора кардани хонии Хӯқанд шахси боэътимоди худро таъйин намуда, ба Бухоро бармегардад. Дар ин ҷо ӯ беки Мастчоҳ Ботурхоҷаро низ қатл кард. 

    Бераҳмиҳои сарбозони Бухоро ва сарлашкарони онҳо дар Ҳӯқанд боиси шӯриши бузурге шуд, ки дар натиҷа ҳокими амири Бухоро дар ин мулк сарнагун гардид. Баъди воқеаҳои пурошӯби соли 1842 Исфара, Конибодом ва Хуҷанд зери тасарруфи хонии Хӯқанд ва Ӯротеппа зери ҳокимияти Бухоро монданд.  

    Аз воқеаҳои рӯйдода маълум мешавад, ки низоъҳои байниҳамдигарии хонҳо тақдири мардуми зери дасти онҳоро ҳал мекард. Сабаби ҷангҳои байниҳамдигарии онҳо дар он буд, ки амиру хонҳо мехостанд қаламрави худро васеътар ва хазинаашонро ғанитар гардонанд. 

    Хулоса, дар нимаи аввали асри XIX муборизаи хунини аморати Бухоро бо хонии Хӯқанд барои соҳиб шудан ба ноҳияҳои шимолии Тоҷикистони имрӯза шиддат ёфта буд. Танҳо барои ба даст даровардани Ӯротеппа онҳо зиёда аз чиҳил маротиба ба ин шаҳр лашкар кашиданд. Дар ин муддат сӣ маротиба ҳоким иваз шуд.  

    Дар байни аморати Бухоро ва Шаҳрисабз низ муттасил ҷанг ва муборизаҳо ба амал меомаданд. Соли 1856, пас аз 32 бор ҳуҷум овардан, ба амир Насруллоҳ муяссар шуд, ки Шаҳрисабзро ба худ тобеъ намояд, вале ин ғалабаи муваққатӣ буд. 

    Хонҳои Хева зуд-зуд ба ҳудуди Бухоро ҳамла карда, ба талаву тороҷ даст мезаданд. Амир Насруллоҳ тамоми лашкари аморати Бухороро фароҳам оварда, соли 1834 ба сӯйи Хева лашкар кашид. Ҳарчанд ин мулкро тобеи худ нагардонида бошад ҳам, ба амир муяссар мешавад, ки қаламрави худро якчанд муддат аз ҳуҷуми Хева амон нигаҳ дорад. 

    Оқибатҳои харобиовари ҷангҳои амирони Бухоро ва хонҳои Хӯқанд. Аз ҷангҳое, ки дар ҳар як-якуним сол барои ишғоли Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах ва Шаҳрисабз ба вуқӯъ меомаданд ин шаҳрҳо ва атрофи онҳоро ба харобазор табдил медоданд. Хони Хӯқанд Олимхон дар яке аз лашкаркашиҳояш ба сарбозонаш амр намуд, ки шаҳри Ӯротеппаро тороҷ кунанд. Дар натиҷа мувофиқи маълумоти шоҳиди воқеа дар шаҳр «ба ҷуз хоку санг ҳар он чӣ ки ин вилояти пурбаракат дошт, рабуданд». Аҳолии боқимондаи Ӯротеппа, марду зан пойи луч ва тани нимбараҳна, нолаву фиғонкунон, мисли гадоён ба назди сарбозони хон омада, ҳоли табоҳи худро баён мекарданд ва хӯроку пӯшок металабиданд. Шоира Дилшоди Барно дар хотираҳои худ навишааст, ки ишғолгарон аввал деҳаҳоро ғорат карданд, боғҳо, пулҳо ва иморатҳои беруни шаҳрро оташ заданд. Баъди ба шаҳр даромадан, сарбозон, навкарон ва муқаррабони хони Хӯқанд хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороҷ, фосиқӣ ва беномусӣ мекарданд. Дар ҳар ҷо дорҳо сохта, аз субҳ то ба шом одамонро ба дор мезаданд. Деҳаҳо тамоман валангор гардида, киштзорҳо поймол ва сӯзонда шуданд. 

    Ҷангҳои бардавом ҷойҳои дигарро низ хароб карда буд. Масалан, ишғоли қалъаи Шаҳрисабз ба лашкари Бухоро муяссар нагардид, сарбозони амири Бухоро деҳаҳои атрофи онро ғорат ва хароб менамуданд. Ҳар сол баҳорон амир Насруллоҳ барои нобуд кардани киштзорҳои ғалла дастаҳои савораи худро ба Шаҳрисабз равон мекард. Дар натиҷаи харобкории онҳо гуруснагӣ сар мезад, нархи ғалла ва дигар хӯроквориҳо бениҳоят баланд мешуд ва мардуми зиёде ба ҳалокат мерасид. 

    Таҷовузгарон аҳолиро на танҳо ғорат мекарданд, балки асир карда, ба ҷойҳои дигар мебурданд ва мисли ғулом кор мефармуданд. Тавре ки қаблан зикр шуд, соли 1816 хони Хӯқанд Умархон, баъд аз ишғоли Ӯротеппа зиёда аз ду ҳазор одамро ба қатл расонида, сездаҳ ҳазори дигарро асир карда, ба даштҳои беоби мулки худ бурд. Дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай аҳолии шаҳрҳо ва миқдори заминҳои корам кам мешуданд.  

Сарчашма: 

    Маълумоти Аҳмади Дониш дар бораи амир Умархон: «Азбаски дар табъаш фисқу фасод муставлӣ буда, дар муддати андак ҳам хеле доди айшу комронӣ дода, аз бари бақияи умр захира андӯхта, дар авқоти шабурӯзӣ бе майу мутриб зист накарда, мудом масту беҳуш буда, то ки дар айёми ҳукумати худ аз муҳосараи Бухоро ва омадани амир Насруллоҳ – бародари ӯ аз Самарқанд бехабар буда. Ва овози тири туфанг, ки аз беруни шаҳр меомад, муқаррабони ӯ мегуфтанд: «Мерганҳои хосса ба беруни шаҳр машқи тири туфанг доранд ва нишона меандозанд, шумо дилҷамъ бошед. То соате ки асокири амир Насруллоҳ Бухороро фатҳ карда, ба дарвозаи арк омада, ду дарвозаи аркро бишкастанд. Амир ҳам дар он ҳол дар самои чангу чағона ва дафу дойра иштиғол дошта, он гоҳ яке аз фуҳуди уламо ба ӯ восита шуда, занвор дар фаранҷӣ андохта, аз арки Бухоро (бароварда) ихроҷ карданд, то рафт, он ҷо ки рафт». 

    Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. Душанбе, 2010, саҳ. 32 – 33. 

Санаҳои муҳим:  

1834 – ба сӯйи Хева лашкар кашидани амир Насруллоҳ 

1842 – ишғоли Хӯқанд аз ҷониби амир Насруллоҳ 

1856 – Шаҳрисабзро ба худ тобеъ намудани амир Насруллоҳ 

Савол ва супориш: 

1) Сабаби ҷангҳои амирони Бухоро бо хонҳои Хӯқанд аз чӣ иборат буд? 

2) Давраи аввали муборизаи амири Бухоро Ҳайдар ва хони Хӯқанд Умархон барои Хуҷанду Ӯротеппа бо кадом натиҷа анҷом ёфт? 

3) Мубориза барои Хуҷанду Ӯротеппа ва мулкҳои дигар байни ҳокимони Бухоро ва Хӯқанд кай аз нав оғоз ёфт? 

4) Дар бораи лашкаркашии амир Насруллоҳ ба хонии Хӯқанд маълумот диҳед. 

5) Сабаби ҷангҳои байниҳамдигарии амиру хонҳоро шарҳу эзоҳ диҳед. 

6) Дар бораи ҳамлаи хонҳои Хева ба ҳудуди Бухоро нақл кунед. 

7) Оид ба харобиҳои ҷангҳои амирон ва хонҳо чӣ медонед? 

8) Оқибати ин ҷангҳо ба Ӯротеппа ва Шаҳрисабз чӣ гуна таъсир расонид?