§ 42. ХОНҲОИ ХӮҚАНД

§ 42. ХОНҲОИ ХӮҚАНД

    Хонигарии Хӯқанд дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX сарзамини васеъро фаро мегирифт. Шаҳрҳои Хӯқанд, Намангон, Андиҷон, Марғелон, Ӯш (дар водии Фарғона), Тошканд ва Туркистон, ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистон–Исфара, Конибодом, Ашт, каме дертар–Дарвоз, Қаротегин ва Помир тобеи ин хонигарӣ буданд. Бо ин қаноат накарда, хонҳои Хӯқанд барои густариш додани сарзамини худ лашкаркашӣ ва хунрезиҳои зиёде кардаанд. 

    Норбӯтабий панҷ писар ва панҷ духтар дошт. Баъд аз вафоти ӯ писараш Олимхон ба тахт нишаст. Ӯ зиёда аз даҳ сол (1800–1810) ҳокимият ронда, дар синни 36-солагӣ аз тарафи бародараш Умархон кушта шуд. Олимхон барои мустаҳкам намудани хонии Хӯқанд баъзе тадбирҳо андешид. Ӯ иқдом кард, ки баъзе урфу одатҳое, ки ба шариати ислом мувофиқат намекунанд, барҳам диҳад. Касонеро, ки худро бардурӯғ сайидзода ва шайхзода номида буданд, аз ин унвонҳо маҳрум сохт. 

    Дар Мовароуннаҳр расм буд, ки дар ҳар ҷо дарахти азиме бошад, он ҷойро мазор пиндошта, ба он латтапора мебастанд, дар наздаш чароғ фурӯзон мекарданд, аз ин ҷо барои рафъи мушкилоти худ ёрӣ металабиданд ва худро дар гумроҳӣ меандохтанд. Бо фармони Олимхон ин дарахтҳоро аз беху бунёдаш барканданд. 

    Тадбири дигари Олимхон нисбат ба талбандаҳо ва гадоён буд. Шахсоне, ки бо вуҷуди таъмин будан бо мавод ва васоили зиндагӣ гадоӣ мекарданд, ҳамаро хон ҷамъ намуда, ба ҳар кадоме аз онҳо як сар шутур дод, то ки нигаҳбонӣ кунанд ва дар вақти зарурӣ ба корвонсаройи хон ҳозир созанд. 

    Аз рӯйи мушоҳидаи Олимхон дар қаламрави ӯ шахсоне буданд, ки худро валӣ сохта, бардурӯғ кароматфурӯшӣ мекарданд ва мусулмононро мефирефтанд. Хон ин гуна одамонро ҷамъ намуда, имтиҳон мегирифт. Онеро, ки кораш ба шариат мувофиқ буд, ба иззати тамом рухсату иҷозат медод. Онеро, ки кораш бар хилофи шариат буд, ба чандин хорӣ тавба медод. Аз ин тадбирҳо бармеояд, ки Олимхон марди соҳибмаърифат будааст. Ӯ дар тариқати қодирия буд ва ҳар рӯз баъд аз хуфтан дар қасри худ ҷаҳр мекард. 

    Чораҳои андешидаи Олимхон сабаби норизоятии баъзе табақаҳои ашроф ва сарварони қабилаҳои бодиянишин гашт. Барои муҳофизати худ Олимхон сафи сарбозонро аз ҳисоби ҷавонони кӯҳистон: Мастчоҳ, Қаротегин ва Дарвоз афзун гардонид. Қисми савораи лашкари Хӯқанд ба даҳ ҳазор сарбоз расида буд. Барои ин миқдор сарбозро аз хӯрок ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин намудан Олимхон барои ишғоли мулкҳои дигар лашкар мекашид. Ӯ борҳо ба ҷониби Хуҷанд, Ӯротеппа ва Ҷиззах ҳуҷум кардааст. Амалиёти ишғолгаронаи хони Хӯқанд ба иззати нафси амири Бухоро мерасид. Байни ин ду давлат барои ишғоли мулки Ӯротеппа ҷангҳои зиёде ба миён омад. 

    Чун тасарруфи Ӯротеппа ба Олимхон муяссар нашуд, ҷуброни онро аз ҷойи дигар гирифт ва дар охирҳои ҳукмрониаш Тошканд ва сарзамини қабилаҳои қазоқи ҳамҷавори онро ба қаламрави худ дохил кард. 

    Олимхон барои марказонидани давлат талошҳо ба харҷ дод, вале дар ин замина мухолифати доираҳои бонуфуси аъёну ашроф ва рӯҳониёнро бартараф карда натавонист. 

    Ба гурӯҳҳои аз Олимхон норозӣ муяссар гашт, ки дар суиқасде хонро ба қатл расонанд. Ба ҷойи ӯ бародараш Умархон (1810–1822) ба тахт нишаст. Дар аҳди салтанати ӯ сохти маъмурии ҳукумат ташаккул ёфт. Умархон ба тарафи шимол лашкар кашида, масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишғол намуд. Ҳамин тариқ, як қисме аз сарзамини қабилаҳои қирғизу қазоқ ба қаламрави хони Хӯқанд пайваст гардид. Табақаи ашроф дар солҳои ҳукмронии ӯ имтиёзҳои зиёдеро ба даст оварда, мансабҳои олии давлатиро соҳиб гаштанд. Умархон борҳо барои ишғоли Хуҷанду Ӯротеппа ва Ҷиззах бо ҳокимони ин мулкҳо ва амири Бухоро ҷангидааст. Хунрезӣ ва қатлу ғорати лашкари Хӯқанд ҳадду канор надоштанд. Масалан, соли 1816 Умархон Ӯротеппаро ишғол намуда, зиёда аз ду ҳазор касро ба қатл расонида, сенздаҳ ҳазор аз мардуми Ӯротеппаро асир намуда, ба мулки худ бурд. Бо қувваи ин асирон шаҳре бо номи Шаҳрихон бино карда, садҳо таноб замини бекорхобида обшор шуд. Аз рӯйи фармони Умархон асирони мазкур дар муддати ҳафт сол ҳуқуқи хона пӯшидан надоштанд. Онҳо дар чайлаву чодарҳо истиқомат мекарданд. Бо роҳи қатлу ғорат ва истисмори мардуми зеридаст ба Умархон муяссар мешавад, ки иқтидори иқтисодии мулки худро ба дараҷае баланд бардорад. 

    Умархон худ шоир буд ва бо тахаллуси Амирӣ шеър мегуфт. Дар солҳои ҳукмронии ӯ дар Хӯқанд доираи адабӣ арзи вуҷуд намуд. Яке аз шоираҳои соҳибсалиқаи ин доира ҳамсари Умархон – Моҳларойим буд, ки бо тахаллусҳои Макнуна, Нодира ва Комила шеър эҷод мекард. 

    Баъд аз вафоти Умархон писари 15-солааш Муҳаммадалихон ба тахти Хӯқанд нишаст. Дар ибтидо ӯ шахсони ба худ номаъқул ва маҳдудкунандаи фаъолияти ӯро аз дарбор дур кард. Сиёсати падар ва амакашро давом дода, ӯ борҳо барои ишғоли Кошғар, вилоятҳои ҷануби Қазоқистон, Ӯротеппа, Ём ва сарзаминҳои дигар лашкар кашид. Қаротегин, Кӯлоб, Дарвоз ва як қисми Помир дар замони ҳукмронии хони мазкур як муддат тобеи Хӯқанд гаштанд. 

    Дар хонии Хӯқанд баъди ба сари қудрат омадани Муҳаммадалихон воқеаҳои бисёре рух доданд. Мақсади ин хон ба даст овардани шаҳрҳои Ҷиззах, Хуҷанд ва Ӯротеппа буд.  

    Соли 1828 Муҳаммадалихон Ӯротеппаро забт намуда, ба амир Насруллоҳ созишномаи сулҳро пешниҳод кард. Амири Бухоро ин пешниҳодро қабул намуда, сулҳ байни ин ду давлат аз соли 1830 то соли 1840 барқарор гашт.  

    Аз соли 1840 то соли 1866 байни хонии Хӯқанд ва аморати Бухоро муборизаҳои шадид ба вуқӯъ омаданд. Дар ин муддат шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа ҳар якуним сол аз дасти яке ба дасти дигаре мегузаштанд. 

   Яке аз баҳонаҳои риоят нашудани сулҳи даҳсола дар соли 1840 ин ба амир Насруллоҳ паноҳ бурдани бародари Муҳаммадалихон – султон Маҳмудхон буд. Амир Насруллоҳ ӯро пазироӣ карда, ба ӯ меҳрубониҳо зоҳир менамуд. 

    Барои дар зери хатар нигоҳ доштани мулкҳои зери тасарруфи хони Хӯқанд, амири Бухоро султон Маҳмудро ҳокими Урметан таъйин кард. Хони Хӯқанд бар зидди Бухоро ҷанг эълон намуд, вале ӯ дар назди Ӯротеппа шикаст хӯрда, ба ақибнишинӣ маҷбур гашт. Хуҷанд ба амири Бухоро бе ҷанг таслим шуд. 

    Амир Насруллоҳ аз ақиби лашкари Муҳаммадалихон лашкари даҳҳазорнафараро равона кард. Хони Хӯқанд эҳсос намуд, ки кор аз даст рафтааст. Бинобар ин, ӯ ба назди амири Бухоро писарашро бо муҳри давлатӣ равон кард. Сафирҳои Хӯқанд ба амир хабар расонданд, ки ин хон ба Насруллоҳ шаҳрҳои Хуҷанд, Тошканд ва Туркистонро бо хироҷи яксолаи давлатӣ ва боҷи аз тоҷирон ҷамъовардааш медиҳад. Илова бар ҳамаи ин, дар хутба номи амир Насруллоҳ зикр мешавад. Ҳамаи ин гузаришҳо маънии аз даст додани истиқлолият ва тобеи аморати Бухоро гаштани хонии Хӯқандро дошт. Амир Насруллоҳ бо ин гузаришҳо қаноатманд шуда, бародари Муҳаммадалихон – султон Маҳмудро ҳокими Хуҷанд таъйин карда, ба Бухоро баргашт. </br>

    Муҳаммадалихон дар зоҳир ба шартҳои амири Бухоро розӣ шуда, дар амал бар зидди Бухоро ба ҷанг омода мегашт. Дар ин кор модараш Моҳларойим, ки яке аз тахаллусҳои шоириаш Нодира буд, ба ӯ кӯмак мерасонд. Ин зан ба Хуҷанд, ба назди писари хурдиаш султон Маҳмуд омада, ӯро барои оштӣ бо бародараш Муҳаммадалихон моил намуд. Созиш намудани ду бародар маънои онро дошт, ки Хуҷанд аз тасарруфи Бухоро баромада, боз ба хонии Хӯқанд ҳамроҳ мешавад. 

    Ин хабар амир Насруллоҳро ба ғазаб овард ва ӯ соли 1842 ба тарафи Хӯқанд лашкар кашид. Ин навбат пойтахти хонигарӣ шаҳри Хӯқанд аз тарафи амир ишғол шуд ва бо амри Насруллоҳ хони Хӯқанд Муҳаммадалихон бо писараш, модараш Нодира ва бародараш султон Маҳмуд ба қатл расиданд. 

    Муҳаммадалихон марди золим ва бераҳме буд. Дар муддати ҳукмрониаш ӯ одамони зиёди бегуноҳро ба қатл расонид. Чун шуҳратпарасти фосиқ умр ба сар мебурд, айшу нӯш ва кайфу сафо шуғли доимии Муҳаммадалихон ба шумор мерафт. Муҳаммадалихон кафтарбозиро дӯст медошт. Дар ҳар куҷое, ки кафтарҳои бозингар парвариш мекарданд, ба он ҷо лашкар кашида, соҳиби ин кафтарҳо мешуд. Ҳамнишини ӯ аксар вақт кафтарбозон ва авбошон буданд. Рафтори ғайришаръӣ ва номуносиби хони Хӯқанд баҳоне барои лашкаркашӣ ва ишғоли ин мулк, қатли Муҳаммадалихон ва наздикони ӯ аз тарафи амир Насруллоҳ буд. 

    Баъд аз дуним моҳи ин воқеа ҳокимияти Бухоро дар Хӯқанд аз тарафи сарварони қабилаҳои қирғизу қазоқ бо иттифоқи мардуми шӯришбардоштаи шаҳри Хӯқанд сарнагун гашт. Ба сари ҳокимият ҷияни Норбӯтабий – Шералихон (1842 – 1844) омад. Ӯ тавонист, ки ҳокимияти Хӯқандро бори дигар дар Тошканд, Қурама, Хуҷанд ва ҷануби Қозоқистон барқарор намояд. Дар солҳои ҳукмронии ӯ қабилаи қипчоқ бо сарварии Мусулмонқул дар мулки Хӯқанд нуфуз пайдо намуд. Мубориза барои тахти хонӣ байни ворисони Олимхону Умархон аз як тараф ва қипчоқҳо аз тарафи дигар, ба хунрезиҳои зиёде овард, ки дар натиҷа Шералихон кушта шуд. Писари ӯ Худоёрхон соли 1844 тахти Хӯқандро соҳиб гашт, вале дар ин сарзамин худсарии қипчоқҳо то дараҷае зиёд шуда буд, ки онҳо соҳибихтиёр амал намуда, мардуми таҳҷойии Хӯқандро таҳқир мекарданд. Дар натиҷа соли 1852 бар зидди Мусулмонқул – пешвои қипчоқҳо ва қабилаи қипчоқ мардум ба исён бархоста, Мусулмонқулро ба қатл расонида, ҳокимияти бодиянишинонро барҳам доданд. 

Сарчашма: 

    Маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон оид ба лашкаркашии хони Хӯқанд Олимхон ба сӯйи Ӯротеппа: «Чун чанде бар ин бигзашт, амир Олимхон хост, ки боз саёдатпаноҳӣ Маҳмудхонхоҷаро гӯшмол диҳад. Муҷмали сухан ин ки қабл аз ин муқаддима ёздаҳ маротиб бар сари Ӯротеппа лашкар кашида, он вилоятро бисёр ба танг оварда буд. Агар ҳар кадомро хуллас баён кунем, ба тӯл меанҷомад, то мустамеонро малоли хотир нагардад. Бинобар он фақир қасиртар гардонидам. Ва ин сафари дувоздаҳум буд, ки шурӯъ мекунам. Зубдаи калом он ки амир Олимхон бар тамоми мамолики Фарғона ҷорчӣ занонд, ки ҳар кас маркаб дошта бошад, саворӣ намояд. Агар аҳаде аз ин сафари нусратасар монад, сараш бар бод меравад ва молаш ба тороҷ. Дар он маврид чунон лашкар ҷамъ шуда буд, ки на дар кӯҳ мегунҷид ва на дар ҳомун (саҳро). Ба чандин шаън ширкатсаворӣ намуда, мутаваҷҷеҳи мақсад гашт. Баъд аз се кӯч дар вилояти Хуҷанд ворид гардид. Аз он ҷо ба як кӯч қалъаи Ӯротеппаро чун нигини ангуштарӣ дар миён гирифта, ба муҳосира ва муқотила машғул гашт. Ва саёдатпаноҳӣ низ шарти қалъадориро ба ҷой оварда, ба андохтани тири туфанг пардохт. Рӯзи дигар амир Олимхон ароба ва манҷаниқҳое, ки аз баҳри фатҳи қалъа дурустӣ карда буд, пеш андохт. Юриш кард ва аз як ҷониб дар таҳти тоб гирифта, тӯбхона мутаваҷҷеҳи қалъа шуд ва аз ҷониби Ювонғор шаҳзода Умархон Эрисқулбии кӯчак ва Ҷумъабои қийтоқӣ ва дигар умаро рӯ ба қалъа оварданд ва аз ҷониби Ҷувонғор шаҳзода Раҳмонқулибӣ ва Холиқул мирзо ва ғайри дигар юриш оварданд. Дар он рӯз чунон оташи пайкор афрӯхта шуд, ки сарҳо чун гӯй дар майдон ғалтон шуда, дастҳо чун алам (парчам) қалам гардида, борони марг боридан гирифт. Каси бисёр аз ҳар ду ҷониб рӯ ба манзили охират оварданд.  

    Баъд аз муҳорибаҳои зиёд амир Олимхон дид, ки фатҳи қалъа бо осонӣ муяссар намешавад, бозгашт намуда, ба урдуи худ нузул фармуд. Ҳар рӯз баҳодурони кинахоҳ аз хуни хеш хоки майдонро гулгун мекарданд. Муддати муҳосира ба ҳаждаҳ рӯз кашид». 

Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих. Китоби 2. Таҳиягар, муаллифи муқаддима ва таълиқот ва феҳристҳо А. Мухторов. Душанбе, 1985, саҳ. 419-420. 

Санаҳои муҳим: 

1816 – қатли зиёда аз ду ҳазор нафар дар Ӯротеппа аз ҷониби Умархон  

1842 – Хӯқандро ишғол намудани лашкари Бухоро 

1844 – ба тахти Хӯқанд соҳиб гаштани Худоёрхон 

1852 – қатл шудани Мусулмонқул 

Савол ва супориш: 

1) Дар ҳудуди хонии Хӯқанд кадом минтақаҳо дохил мешуданд? 

2) Барои мустаҳкам намудани хонии Хӯқанд Олимхон чӣ гуна тадбирҳо андешид? 

3) Дар бораи лашкаркашиҳои Олимхон ба мулкҳои дигар нақл кунед. 

4) Кӯшишҳои Умархонро барои пурқувват гардондани мамлакат шарҳ диҳед. 

5) Дар бораи ишғоли мулкҳои дигар ва қатлу ғорати Умархон маълумот диҳед. 

6) Умархон бо кадом тахаллуси адабӣ шеър эҷод мекард? 

7) Дар бораи лашкаркашиҳои Муҳаммадалихон ба мулкҳои ҳамсоя нақл кунед. 

8) Рафторҳои номуносиби Муҳаммадалихонро зикр кунед. 

9) Давраи ҳукмронии Шералихон ва писари ӯ Худоёрхонро шарҳ диҳед. 

Реклама