§1. ВАЗЪИ МУЛКҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

§1. ВАЗЪИ МУЛКҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Вазъи сиёсӣ. Дар миёнаи асри XIX сарзамини Осиёи Марказӣ яке аз гӯшаҳои қафомондаи Авруосиё ба ҳисоб мерафт. Дар ин сарзамин ҳанӯз ҳам муносибатҳои феодалӣ хукмфармо буд. Аксари аҳолиро деҳқонон ташкил медоданд. Замин ва фаъолияти кишоварзӣ ягона сарчашмаи зиндагии онҳо буд. Аксари деҳқонон ҳиссаи ночизи замин доштанд ё аз он тамоман маҳрум буданд. Аз ин рӯ, деҳқонони камзамину безамин аксарияти аҳолиро ташкил менамуданд. Замини корам асосан дар ихтиёри амирон, хонҳо, амалдорон, рӯҳониён ва феодалон буд. Тахминан нисфи чунин заминҳоро заминҳои амлокӣ ё худ давлатӣ, чорякашро заминҳои вақфӣ ва боқимондаашро заминҳои мулкӣ ташкил медоданд. Қариб ҳамаи ин заминҳо аз тарафи деҳқонони камзамину безамин бо шартҳои гуногун, аз љумла супоридани андози хирољ, кор карда мешуданд. 

Давлатҳои мавҷудаи он давр ҳама давлатҳои феодалии монархиявӣ (салтанатӣ) ҳисоб мешуданд. Ҳукуматдорон – хонҳо ва амирон ҳуқуқҳои номаҳдуд доштанд. Онҳо ба заминдорони калон – феодалҳо ва рӯҳониёни соҳибмулк ва бонуфуз такя намуда, ба деҳқонон, косибон ва ҳунармандон ҳар гуна зулму истибдодро раво медиданд.

 Дар Осиёи Марказӣ, дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ дар қатори се давлати мустақил: аморати Бухоро, хониҳои Қӯқанд ва Хева, боз якчанд мулкҳои ниммустақил, ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Халқи тоҷик дар он давр дар ҳайати аморати Бухорою хонии Қӯқанд ва мулкҳои ниммустақили номбурда бо халқҳои ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва ғайра паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, талхию ширинии ҳаётро бо ҳам мечашиданд. 

Дар аморати Бухоро аз соли 1753 қабилаи манғитҳои ӯзбек ҳукуматдорӣ мекарданд, ки онҳо ҳанӯз соли 1740 тавассути шоҳи Эрон – Нодиршоҳ ба идоракунии ин мулкҳо соҳиб шуда буданд. Хонии Қӯқанд ҳанӯз соли 1710 дар замони заифгардии давлати Аштархониҳо (Ҷониҳо) бунёд ёфт ва дар он қабилаи мингҳои ӯзбек салтанат меронданд.

                

Бояд зикр кард, ки дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус вазъияти хонии Қӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан, байни хонҳои Қӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845 – 1858 ва 1862 – 1873) ва Маллахон (солҳои 1858 – 1862, яъне ҳангоми гурехтани Худоёрхон) барои тоҷу тахт рақобат сахт буд ва ҳар кадоме аз амирони Бухоро ба фоидаи худ имдод металабид. Амири Бухоро Музаффархон (1860 – 1885) Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Қӯқанд ҳуҷум кард ва салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор намуд. Ин ҳама на танҳо аз қафомондагии иқтисодии мулкҳои Осиёи Марказӣ, балки аз нооромиҳои сиёсии онҳо ҳам дарак медиҳанд.

 Муносибатҳои байниҳамдигарии мулкҳо. Дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ дар байни давлатҳои мустақил ва ниммустақили Осиёи Марказӣ бештар муносибатҳои душманӣ ҳукмфармо буд. Махсусан, ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонии Қӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳар ду тараф гардиданд. Аз ҷумла, амири Бухоро Насрулло (1826 – 1860) солҳои 1840 ва 1842 ба Қӯқанд ҳуҷум карда, шаҳрро як ҳафта (с. 1842) дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт ва баъд ба аскарони худ тороҷ кардани онро фармуд. Писари ӯ – амир Музаффархон низ ба сӯйи Қӯқанд ду дафъа (солҳои 1862 ва 1865) ҳуҷум карда, тамоми водии Фарғонаро (ҳангоми хуҷуми аввал) хароб намуда, то Кошғар расид. 

Дар натиҷаи ҷангҳои беохири байни аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд, Ӯротеппаю Хуҷанд, Нову Ҷиззах зарари ҷиддӣ диданд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввали асри XIX онҳо ба Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза) беш аз 50 дафъа лашкар кашидаанд. 

Ҳамон солҳо амирони Бухоро ва хонҳои Қӯқанд бо мақсади ба тасарруфи худ даровардани мулкҳои ниммустақил ба муқобили онҳо борҳо ҳуҷум кардаанд. Масалан, амир Насрулло дар муддати 20 сол ба Шаҳрисабз 32 дафъа ҳуҷум карда, ниҳоят, соли 1856 онро ба даст даровард ва тамоми ашхоси намоёни қабилаи кенагаси ӯзбекро, ки он ҷо ҳукмронӣ мекарданд, аз дами теғ гузаронид. Баъди ин фоҷиа амир Насрулло дар Шаҳрисабз ва Китоб шахсони ба худ содиқро ҳоким таъйин кард, вале баъди марги ӯ, дақиқтараш, дар соли дуюми ҳукмронии Музаффархон, мардуми қабилаи кенагаси Шаҳрисабз ва музофоти он боз исён бардоштанд. Онҳо ҳокимони таъйинкардаи амирро ҳабс карда, аз авлоди худ Ҳакимбекро дар Шаҳрисабз ва Ҷӯрабекро дар Китоб ҳоким таъйин намуданд. Ё худ лаҳзаҳое, ки қӯшунҳои рус ба хоки Осиёи Марказӣ зада даромаданд, амир Музаффар ба муқобили ҳокимони Бойсун ва Деҳнав лашкар кашида, мардуми зиёди бегуноҳро ба қатл расонид. 

Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ) ҳам вазъ чандон муътадил набуд. Байни ҳокимони ниммустақили он ҳусни тафоҳум вуҷуд надошт. Масалан, мулкҳои водии Вахш бисёр вақт боиси тохтутозҳои лашкари ҳокимони Ҳисору Кӯлоб мегардиданд. Мулкҳои Қаротегин аксаран дар зери хавфи ҳуҷуми хонҳои Қӯқанд буданд. 

Муносибати душманонаи мутақобилаи мулкҳо ба пешрафти иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг таъсири манфӣ мерасонид. Зиндагии бе он ҳам вазнини мардумро боз ҳам вазнинтар мекард. Дуздию ғоратгарӣ авҷ мегирифт. Амалдорон ба душвориҳои мавҷуда аҳамият надода, нисбат ба деҳқонон, косибон ва ҳунармандон бештар бераҳмӣ зоҳир менамуданд. Андозу уҳдадориҳо ҳадду ҳудуд надоштанд. Мардум ба зулму истибдоди истисморгарони худ тавассути шӯришҳо ҷавоб мегардониданд.

                

Сарчашма

  С.Айнӣ дар асоси сарчашмаҳо натиҷаи ҳуҷуми соли 1842-и амири Бухоро – Насруллоро ба Хӯқанд чунин тасвир кардааст: «Амир баъд аз тасарруфи шаҳр қӯшунҳои худро ба тороҷ амр кард. Қӯшун аз ҳеҷ беномусӣ ва беинтизомӣ бознаистод. Тамоми ашёи аҳли шаҳри Хӯқанд (Қӯқанд) ба яғмо рафт. Мардон ва занон дар кӯчаҳо девонавор бараҳна мегаштанд. Ҳатто палоси масҷид ва асбоби мадорис бо китобҳо ба тороҷ рафт... Хуни раоёи бегуноҳро низ мисли об рехт». (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро. Куллиёт. Ҷилди 10. Душанбе, 1966, -с.3435). 

Санаҳои муҳим:

1710 – 1876 – мавҷудияти хонии Қӯқанд. 

1753 – 1920 – ҳукуматдории ӯзбекони манғит дар Бухоро. 

1826 – 1860 – солҳои ҳукмронии амир Насрулло дар Бухоро. 

1860 – 1885 – солҳои ҳукмронии амир Музаффар дар Бухоро.

Савол ва супоришҳо: 

1) Дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои Русия ба Осиёи Марказӣ дар қаламрави он кадом давлатҳои мустақил вуҷуд доштанд? 

2) Тоҷикон дар кадом давлатҳои мустақил ва ниммустақил зиндагӣ мекарданд? 

3) Муносибати байни давлатҳои мустақил ва ниммустақили Осиёи Марказӣ чӣ тавр буд? 

4) Оид ба оқибати ҷангҳои байнихудии мулкҳои Осиёи Марказӣ мисолҳо биёред. 

5) Аз китоби дарсии синфи 8 мавзӯъҳои ба сари қудрат омадани хонадон (сулола)-и манѓития дар Бухоро, ташкилёбии хонии Қӯқанд ва вазъи мулкҳои Осиёи Марказӣ дар нимаи якуми асри XIX-ро ба хотир оред.

Реклама