§ 47 МУХТОРИЯТИ ҚӮҚАНД

§ 47 МУХТОРИЯТИ ҚӮҚАНД

   Ба миён омадани масъалаи мухторияти Туркистон. Чунон ки таъкид кардем, ақидаи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни кишвар ҳанўз то барҳам хӯрдани ҳукумати подшоҳӣ вуҷуд дошт. Он пас аз шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Марказӣ ва махсусан, баъд аз ғалабаи Инқилоби буржуазию демократии (феврали соли 1917) Русия боз бештар паҳн гардид. Дар маркази ин ҳаракат ташкилотҳои Шӯрои исломия, Шӯрои уламо, инчунин ҷадидони Туркис-тон меистоданд, ки дар ҳайати худ қисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттаҳид мекарданд. Аммо амалдорони Ҳукумати Муваққатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани ҳуқуқи мухторият набуданд, вале ин дархостро рад ҳам накарданд. 

  Моҳи сентябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд Анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон ба тарафдории Мухторияти Туркистон қарор қабул кард. Дар анҷуман муносибати минбаъдаи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиқи он, Русия танҳо муҳофизати сарҳади Туркистонро ба уҳда дошта, ба корҳои дохилии он набояд дахолат мекард. Барои нигаҳдории оромии дохилӣ Мухторияти Туркистон бояд қӯшунҳои худро ташкил медод. Ба андешаи мухториятхоҳон, нуқтаи охирини ҳалли ин масъала Маҷлиси муассисони умумирусиягӣ ба ҳисоб мерафт. 

  Тарафдорони Мухторияти Туркистон  умеди комил доштанд, ки Маҷлиси муассисони умумирусиягӣ қарори Анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистонро оид ба мухторият тасдиқ хоҳад кард, вале Инқилоби Октябр умеди онҳоро барбод дод. Ҳукумати Муваққатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият ҳамкорӣ  доштанд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари ҳокимият болшевикон омаданд.

  Сабабҳои фаьолшавии мухториятхоҳон. 2 (15)-уми ноябри соли 1917 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ «Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Русия» ва 20-уми ноябр (3-юми декабр)-и ҳамон сол муроҷиати он «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» интишор гардид. Ин ҳучҷатҳо ба халқҳои собиқ мазлуми Русия ҳуқуқи мустақилии миллӣ, аз ҷумла мухторият дод, вале амалӣ гардидани он ҳуҷҷатҳо ба мавқеъ ва кордонии ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста буд.

  Аммо ҳукумати навтаъсиси шӯравии Туркистон ақидаи мухториятро рад накард, вале дастгирӣ низ нанамуд. Яъне, ба ақидаи он, ҳанӯз Туркистон гӯё ба мухторият омода набудааст. Чунин мавқеъ мухториятхоҳонро норозӣ намуд. Ба ақидаи онҳо, ҳокимияти марказии шӯравӣ (яъне Федератсияи Русия) гӯё дар асоси он ҳуҷҷатҳо барои туркистониён ҳуқуқи мухториятро додааст, аммо ҳокимияти кишварӣ онро нахостааст. Бинобар ин мухториятхоҳони кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумориданд. 

  Анҷумани мухториятхоҳон дар Қӯқанд, эълон гардидани Мухторияти Туркистон. 26-уми ноябр (9-уми декабр)-и соли 1917 дар шаҳри Қӯқанд Анҷумани IV таъҷилии мусулмонони кишвар, бо иштироки 205 намоянда ба кор шурӯъ кард. Дар анҷуман намояндагони ғайримусулмон, аз ҷумла русҳо ва яҳудиҳо низ иштирок доштанд.

  27-уми ноябр (10-уми декабр) анҷуман мухторияти кишвари Туркистонро эълон кард. Дар қарори анҷуман аз ҷумла гуфта мешуд, ки «анҷуман хоҳиши тамоми миллатҳои сокини Туркистонро оид ба худмуайянкунӣ, ки Инқилоби бузурги Русия (яъне Инқилоби октябр  – Н.Ҳ.) дод, ба инобат гирифта, Туркистонро ҳамчун сарзамини мухтор дар ҳайати Ҷумҳурияти Демократии Федеративии Русия эълон намуда, (барои тасдиқ) ба Маҷлиси муассисони Туркистон пешниҳод мекунад». Анҷуман инчунин муҳофизати манфиати миллатҳои камшумори кишварро низ эълон намуд. Яке аз роҳбарони фаъоли ҳизби миллии қазоқҳо «Алаш-Ордӣ», собиқ узви кумитаи туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ Мустафо Танишбоев сарвари ҳукумати муваққатии Мухторияти Туркистон таъйин гардид. Ба ҳайати ҳокимияти мухториятхоҳон намояндагони ширкатҳои машҳури тиҷоратию саноатӣ – Вадяев ва Потеляхов (ҳар ду намояндагони яҳудиёни маҳаллӣ) низ дохил шуданд. Мустафо Чоқай нозири корҳои хориҷӣ таъйин гардид.

  Дар натиҷа, дар кишвари Туркистон дуҳокимиятии нав: ҳокимияти шӯравии Туркистон (марказаш дар Тошканд) ва дигаре ҳокимияти Мухторияти Туркистон (марказаш дар Қӯқанд) ба вуҷуд омад. Дувумӣ дар таърих бо номи «Мухторияти Қӯқанд» маълум аст.

  Тезутунд шудани муносибатҳои Ҳокимияти Шӯравии кишвари Туркистон ва мухториятхоҳон. 6-уми декабри соли 1917 дар мадрасаи Бекларбегии шаҳри куҳнаи  Тошканд бо ташаббуси Шӯрои исломияи шаҳр чамъомади шаҳриён барпо гардид. Дар он қарор карда шуд, ки 13-уми декабр барои дастгирии ҳукумати мухториятхоҳон намоиш ташкил карда шавад. Бо ҳамин мақсад онҳо кумитаи ташкилӣ интихоб намуданд, ки он барои гузаронидани намоиш аз сарварони шаҳр иҷозат хост.

  Намоиш дар рӯзи муайяншуда, яъне рӯзи иди мавлуди шарифи Муҳаммад-пайғамбар барпо гардид. Ҳукуматдорони Тошканд намоишро фақат дар қисми куҳнаи шаҳр – Ӯрда иҷозат доданд, вале он тамоми шаҳрро фаро гирифт. Дар он на танҳо мардуми таҳҷойӣ: тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва ғайра, балки қариб 2-3 ҳазор нафар русу русзабонҳо низ фаъолона иштирок карданд. Мувофиқи нақша, намоишгарон бояд яке аз аксулинқилобиёни номӣ – Доррерро аз ҳабс озод намуда, дар Тошканд ба сари ҳокимият менишоданд. Вақте ки Доррер аз ҳабс озод карда шуд, бо супориши сарвари гарнизони Тошканд, ба муқобили намоишчиён аз қувваи аскарон истифода карданд. Дар натиҷа намоиш пароканда гардид. Қариб 20 нафар, аз ҷумла 15 нафар мардуми маҳаллӣ ҳалок шуданд. Шӯрои Тошканд дар шаҳр  ҳолати ҳарбӣ эълон кард. 

  Умуман, мавҷудияти ҳукумати «мухторияти Қӯқанд» Ҳукумати Шӯравии Туркистонро ором нагузошт. Сарвари ҳукумати кишвари Туркистони Шӯравӣ Ф.И.Колесов торумори «Мухторияти Қӯқанд»-ро, ки аввали декабри соли 1917 оғоз намуда буд, идома дод. Бо кумаки қисмҳои аскарони сурх 20-уми декабр дар Андиҷон, 28-уми декабр дар қисми нави шаҳри Қӯқанд (яъне Қӯқанди Нав) Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. 

  Ҳукумати мухториятхоҳон кӯшид, ки аз ҳисоби мардум сафи муҳофизони худро зиёд кунад, вале, аз як тараф, чунин хоҳишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд, зеро Ҳукумати Шӯравии Туркистон ҳамаи пул ва коғазҳои қиматноки бонкҳои дар Қӯқанд бударо мусодира карда буд. Ҳамаи ин мушкилот, махсусан, мураккабии ҳолати молиявӣ, сарвари ҳукумати муваққатии мухториятхоҳон Мустафо Танишбоевро маҷбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ӯро Мустафо Чоқай иваз намуд.

  Ҳукумати Мустафо Чоқай бо мақсади беҳтар гардонидани вазъияти молиявии Мухторият ба миқдори 30 млн сум (бо пули ҳамонвақта) заёми дохилӣ баровард, вале хоҳишмандони харидани чунин заём хеле кам буданд. Аз ин рӯ онро маҷбуран, ҳатто бо зӯрӣ ба тоҷирони хурд, махсусан, ба дукондорон тақсим карданд. Чунин тадбир боиси норизоии тоҷирони хурди миллӣ гардид ва натиҷаи дилхоҳ надод.

  Вақте ки аз ҳукумати Мустафо Чоқай ҳам умеди наҷот намонд, доираи болоии мухториятхоҳон Эргашро ба хизмат даъват намуда, ӯро сарфармондеҳи «қӯшунҳои ислом» таъйин карданд. 

  17-уми феврали соли 1918 дар шаҳри нави Қӯқанд гуфтушуниди тарафи шӯравӣ ва мухториятхоҳон баҳри сулҳ оғоз ёфт. 18уми феврал низ гуфтушунид давом кард, вале дар ин рӯз Эргаш баъзе аъзои ҳукумати мухториятхоҳ, аз он ҷумла М.Танишбоевро ҳабс намуд. Мустафо Чоқай ва баъзе аъзои ҳукумати ӯ фирор карданд. Эргашро, ки махсусан, аъзои Шӯрои уламо дастгирӣ мекарданд, хони Қӯқанд эълон карданд. Ин ҳодиса дар таърих ҳамчун «табаддулоти уламо» ё худ «табаддулоти Эргаш» маълум аст.

  Маҳв карда шудани «Мухторияти Қӯқанд». Барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Исфара ва Конибодом. Баъди табаддулоти Эргаш тарафи шӯравӣ идомаи музокираро бо мухториятхоҳон нолозим шуморида, ба муқобили он амалиёти ҷангӣ шурӯъ намуд. 19-уми феврал комиссари ҳарбии Туркистони шӯравӣ Е. Перфилев бо қувваи бузург ба Қӯқанд ҳозир шуд ва бо фармони ӯ аз соати яки рӯз то нимаи шаб ба сӯйи шаҳри куҳнаи Қӯқанд аз 12 тӯп оташ кушоданд.

  20-уми феврал баъди тирпаррониҳои зиёд қисмҳои ҳарбии дашнакҳо вориди Қӯқанд шуданд. Онҳо асосан, мардумро ғорат карданд. Эргаш бо назидикони худ гурехт. 21-уми феврал гуфтушуниди байни намояндагии шӯроҳо ва мухториятхоҳони мағлубшударо давом доданд. 22-юми феврал шартномаи тарафайн барои қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ имзо карда шуд. Мувофиқи он, бесилоҳ гардонидани тамоми тарафдорони мухторият; аз тарафи мухториятхоҳон эътироф карда шудани Ҳукумати Шӯравии кишвар ва ғайра дар назар дошта мешуд.

  Бо ҳамин «Мухторияти Қӯқанд» баъди мавҷудияти 86-рӯза аз тарафи аскарони сурх барҳам дода шуд. Ин воқеа имкон дод, ки дар қатори дигар мулкҳои собиқ мухторият, инчунин дар Конибодом ва Исфара ҳам Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шавад. Вале бо барҳам дода шудани «Мухторияти Қӯқанд» тухми зиддикоммунистӣ ва зиддишӯравӣ, ки дар доираи мухторият муттаҳид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Марказӣ паҳн гардид.

  30-юми апрели соли 1918 дар Анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон дар хусуси ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қарор қабул гардид. 1-уми майи соли 1917 ин воқеаи таърихиро ботантана эълон карданд. Эълон намудани мухторияти Туркистон яке аз талабҳои асосии зиёиёни маҳаллӣ, аз ҷумла Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо ба ҳисоб мерафт. Агар моҳи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии кишвари Туркистон чунин талаби мухториятхоҳонро рад накарда, иҷрояшро ақаллан ба вақти дигар мавқуф мегузоштанд, аз эҳтимол дур набуд, ки зиддияти қувваҳо дар кишвари Туркистон аз байн мерафт.

  Сарчашма: 

Анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон (сентябри соли 1917) замин ва обро дар кишвари Туркистон моли халқ эълон намуда, ҳалли пурраи онро ба ихтиёри маҷлиси умумихалқӣ гузошт. Мувофиқи барномаи мухторияти Туркистон, ки онро анҷуман муҳокима намуд, минбаъд Туркистон дар корҳои идоракунӣ, молия, дин, фарҳангу маориф мустақил буда, ба раияти мухторият озодии эътиқод, сухан, матбуот ва ташкил додани ҷамъият (иттифоқ)-ҳоро медод. Ғайр аз ин, мухториятхоҳон ният доштанд, ки системаи шиноснома (паспортӣ)-ро бекор намуда, дар дохили мухторият ва барои ба хориҷа сафар кардани раияташ рафтуомади озодро ҷорӣ намоянд. Инчунин, ба тартиб овардани андозҳо, ба донишкадаҳои олӣ додани ҳуқуқи мустақилӣ низ дар назар дошта мешуд. (Наг.: Рӯзномаи «Омӯзгор», 1994, 19, 26-уми январ, № 3, 4).

  Санаҳои муҳим: 

1917, сентябр –дар шаҳри Тошканд барпо гардидани Анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон. 

1917, 2 (15)-уми ноябр – аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ эълон гардидани «Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Русия». 

1917, 20-уми ноябр (3-юми декабр) – нашр гардидани муроҷиатномаи Ҳокимияти Шӯравӣ «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ».

1917, 27-уми ноябр (10-уми декабр) – аз тарафи Анҷумани IV таъҷилии мусулмонони кишвари Туркистон, ки дар шаҳри 

226 Қӯқанд мегузашт, эълон карда шудани Мухторияти Туркистон. 

1917, 13-уми декабр – ташкил карда шудани намоиш дар шаҳри Тошканд барои дастгирии ҳукумати мухториятхоҳон. 

1917, 18-уми феврал – «табаддулоти Эргаш» дар Қӯқанд. 

1917, 22-юми феврал – аз тарафи аскарони сурх торумор карда шудани «Мухторияти Қӯқанд». 

1917, 30-юми апрел – Қарори Анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон оид ба ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Масъалаи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни миллӣ кай ба вуҷуд омад? 

2) Чаро баъди Инқилоби октябр мухториятхоҳон якбора фаъол гардиданд? 

3) Чаро Анҷумани IV таъҷилии мусулмонони кишвари Туркистон дар шаҳри Қӯқанд барпо гардид? 

4) Мухторияти Туркистон аз тарафи мухториятхоҳон кай ва чӣ тавр эълон гардид? 

5) Чаро «Мухторияти Қӯқанд» меноманд? 

6) Чаро муносибати байни Ҳокимияти Шӯравии кишвари Туркистон ва мухториятхоҳон тезутунд гардид? 

7) Сабаби ба инқироз дучор омадани ҳукумати мухториятхоҳон чист? 

8) «Табаддулоти Эргаш» кай ва бо кадом мақсад ба амал омад? 

9) «Мухторияти Қӯқанд» кай ва аз тарафи кӣ барҳам дода шуд? 1

0) Кишвари Туркистон кай Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ эълон гардид? 

11) §§ 31 ва 42-ро такрор кунед.