§41. ҒАЛАБАИ ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛ ДАР РУСИЯ ВА БАРҲАМ ДОДА ШУДАНИ ТАРТИБОТИ ПОДШОҲИИ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН

§41. ҒАЛАБАИ ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛ ДАР РУСИЯ ВА БАРҲАМ ДОДА ШУДАНИ ТАРТИБОТИ ПОДШОҲИИ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН

  Ғалабаи Инқилоби феврал дар Русия. Иштироки ҳукумати подшоҳии Русия дар Љанги якуми ҷаҳонӣ вазъияти иқтисодию сиёсии мамлакатро хеле вазнин намуд. Охири феврали соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия вазъияти нави инқилобӣ ба вуҷуд омад. Пешсафи ҳаракати инқилобӣ коргарони пойтахти Русия – шаҳри Петроград (Санкт-Петербурги имрўза) ба ҳисоб мерафтанд. 

  Дар арафаи Инқилоби феврал дар Русия беш аз 10 ҳизби асосии марказӣ вуҷуд доштанд, ки дар гӯшаю канори империя, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон низ фаъолият мекарданд. Аз онҳо 5 ҳизби буржуазӣ ва помешикӣ: иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо, октябристҳо, погрессистҳо ва кадетҳо тарафдори нигоҳ доштани мутлақият (қисме аз онҳо тарафдори бо баъзе тағйирот дар он), 5 ҳизби боқимонда: трудовикҳо, сотсиалистони халқӣ, эсерҳо, меншевикҳо ва болшевикҳо тарафдори барҳам дода шудани мутлақият буданд. Ба ҷойи мутлақият болшевикҳо бунёди ҷумҳурии демократӣ, ҳизбҳои боқимонда ҷумҳурии буржуазиро мехостанд. Дар бисёр мавридҳо болшевикон ва меншевикон бо номи ягонаи сотсиал-демократҳо амал мекарданд.

  17-уми феврали соли 1917 дар калонтарин корхонаи шаҳри Петроград – заводи Путиллов корпартоӣ ба амал омад. 23-юми феврал (8уми март) онҳо аввалин шуда бо шиорҳо ба маркази шаҳр баромаданд. Ба онҳо коргарони заводҳои дигар низ ҳамроҳ шуданд. Шиори намоишчиён: «Нон!», «Нест бод ҷанг!», «Нест бод мутлақият!» буд. 25-26-уми феврал дар кӯчаҳои шаҳр бо политсия задухӯрдҳо ба амал омад. Намоиш ба шӯриши мусаллаҳона табдил ёфта, тамоми шаҳрро ба зудӣ фаро гирифт. Қисме аз аскарони гарнизони шаҳрӣ ба тарафи шӯришчиён гузаштанд. 27-уми феврал шаҳр пурра дар ихтиёри шӯришчиён буд.

  Рӯзи 27-уми феврал аъзои Думаи давлатӣ бо дастгирии ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикии Русия, бо мақсади дар пойтахт ҷорӣ намудани тартибот Кумитаи Муваққатиро интихоб намуданд. Ин кумита ҳанӯз мақсади гирифтани ҳукуматро надошт, вале он аз подшоҳ Николайи II хоҳиш намуд, ки ба фоидаи писараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтҳо низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа он рӯз подшоҳ манифестеро имзо намуд, ки мувофиқи он, ӯ аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш – Михаил аз ҳокимият даст кашид. Ҳамин тавр, дар Русия ҳукумати подшоҳӣ, яъне мутлақият, сарнагун гардид. 2-юми марти соли 1917 дар асоси шартномаи байни Кумитаи Муваққатии Думаи давлатӣ ва сарварони шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони Петроград, бо сарварии княз Г.Е.Лвов Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Ҳукумати буржуазӣ ҳам маълум аст. 

  

                                          

   Бо ҳамин дар Русия инқилоби дуюми буржуазию демократӣ бо ғалаба анҷом ёфт. Он мутлақиятро, ки нишонаи ҷамъияти феодалӣ ба ҳисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуҳокимиятӣ – Ҳукумати Муваққатӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шӯришгарон дар симои шӯроҳо ҳокимияти асосии худро медиданд ва фақат аз рӯйи дастурҳои он амал мекарданд. Сарварони шӯроҳо, яъне меншевикон ва эсерҳо мегуфтанд, ки ин инқилоб – инқилоби буржуазию демократӣ аст, бинобар ин, ҳокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ, ки ҳукумати расмӣ ба ҳисоб мерафт, дар назди инқилобиён – коргарон ва аскарон ҳанӯз обрӯ ва эътиборе надошт. Аз ин рӯ дар Русия то воқеаҳои июлии соли 1917 дуҳокимиятӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

  Барҳам дода шудани тартиботи подшоҳӣ дар кишвари Туркистон. Чун дар маркази империяи Русия – шаҳри Петроград, дар гӯшаю канори он, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам дуҳокимиятӣ, яъне ҳукумати муваққатии буржуазӣ ва шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд. 

  1-уми марти соли 1917 хабари ғалабаи Инқилоби феврал дар Петроград ба Тошканд низ расид, аммо бо тавсияи генералгубернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ин хабарро аз мардум пинҳон доштанд. Танҳо 3-юми март бо омадани рӯзномаҳо, ки аз ғалабаи инқилоб ва сарнагун шудани мутлақият хабар медоданд, мардум аз ҳақиқат воқиф гардиданд. Дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо барпо гардиданд, ки дар онҳо шӯроҳои намояндагии соҳаҳои гуногун интихоб карда мешуданд. 

  1-уми март дар Тошканд бо ташаббуси коргарони устохонаи роҳи оҳани Осиёи Миёна гирдиҳамоие ба вуҷуд омад. Дар он ҳозирон якдилона шӯрои намояндагии коргаронро дар ҳайати 12 нафар интихоб намуданд. 3-юми март шӯрои намояндагии коргарони Тошканд аз ҳисоби ҳайати заводҳо, корхонаҳо ва гурӯҳҳои демократию сотсиалистӣ шӯрои намояндагон ташкил карданд. Ин нахустин шӯрои намояндагии коргарон дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. 5-уми март шӯрои аскарони Тошканд ташкил ёфт. Ҳамон моҳ дар Самарқанд, Хуҷанд, Андиҷон, Скобелев ва ғайра, инчунин, дар кони нафти САНТО, кони ангишти Қизилкия, аз маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро–Бухорои Нав (Когон) шӯроҳо ба вуҷуд омаданд. 9-уми март дар  Хуҷанд низ шӯрои намояндагон ташкил ёфт. Шикастани тартиботи ҳукумати подшоҳӣ дар шароити кишвари Туркистон на аз барҳам додани ҳукумати марказӣ чун дар ҳудуди империяи Русия, балки аз ташкил карда шудани ҳукуматҳои маҳаллӣ оғоз ёфт. 6-уми марти соли 1917 дар Тошканд бо ташаббуси Думаи шаҳрӣ маҷлиси ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ барпо гардид. Дар он иборат аз 19 нафар Кумитаи иҷроияи муваққатӣ интихоб намуданд, ки он идоракунии шаҳрро ба даст гирифт.

  Тағйироте, ки дар соҳаи идоракунӣ дар маркази генералгубернаторӣ ба амал омад, ба марказҳои вилоятҳо ва уездҳо низ таъсир расонид. 21-уми марти соли 1917 дар Хуҷанд бо талаби шӯрои шаҳрӣ сарвари уезд Арсишевскийро аз вазифааш озод карда, политсия ва жандармҳо аз шаҳр бароварда шуданд. Бо қарори шӯро муҳофизати шаҳрро аскарони гарнизони шаҳрӣ ба уҳда гирифтанд. Минбаъд бо ташкил шудани милитсия муҳофизати шаҳр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ гузашт, ки он бо кумаки шӯрои шаҳрии Хуҷанд бунёд гардид. Кумиҷроияи Хуҷанд 36 нафар аъзо дошт, ки ба ҳайати он худи аъзои шӯро низ дохил буданд. Ба он дар қатори амалдорони собиқи подшоҳӣ, инчунин, намояндагони сармоядорон ҳам дохил шуданд. 

  Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ҳанӯз дар сари қудрат буд. Ӯ вазъиятро ба назар гирифта, худро намояндаи Ҳукумати Муваққатӣ эълон кард. Ӯ аз амалдорони вилоятию уездӣ ва волостӣ талаб кард, ки қарорҳои ҳукумати навро бе ягон мамониат амалӣ намоянд, вале сарварони шӯроҳо ба садоқати Куропаткин нисбат ба режими нав шубҳа доштанд. 30-юми марти соли 1917 дар маҷлиси васеи шӯроҳои муттаҳидаи намояндагони коргарон ва аскарони Тошканд масъалаи аз вазифа озод карда шудани генерал-губернатор Куропаткинро баррасӣ намуданд. Дар он қарор карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Ҳукумати Муваққатӣ Куропаткин бо ёвараш генерал Ерофеев ва сардори штаби округ–генерал Сиверс ба ҳабси хонагӣ гирифта шаванд. Ин қарор 31-уми март, соати 10-и пагоҳӣ амалӣ гардид. Худи ҳамон рӯз ба вазифаи сарвари қувваҳои ҳарбии округ коменданти шаҳр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7-уми апрели соли 1917, мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатӣ, иборат аз 9 нафар бо сарварии кадет Шепкин Кумитаи Туркистонӣ ташкил ёфт. Ин кумита бояд қарорҳои Ҳукумати Муваққатиро дар тамоми Осиёи Марказӣ (аз ҷумла дар аморати Бухоро ва хонии Хева низ) амалӣ мекард. 

  Ташкил намудани шӯроҳо ва иттифоқҳо дар кишвари Туркистон минбаъд ҳам дар шаклҳои гуногун давом дошт. Масалан, 25-уми май шӯрои намояндагии мардикорони шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Ба ҳайати садорати он Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, Ҳайдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Ҷӯра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд. Охири моҳи май дар Ӯротеппа низ чунин шӯро ташкил ёфт, ки ба ҳайати он 14 нафар намоянда интихоб шуданд. 

   Моҳҳои май-июли соли 1917 дар Тошканд, Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Андиҷон ва дигар шаҳрҳо иттифоқҳои меҳнаткашони мусулмон ташкил ёфтанд. Онҳо дар кори муттаҳиду муташаккил кардани меҳнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани онҳо нақши калон бозиданд. Баъди Инқилоби Октябр ин иттифоқҳо бо шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон муттаҳид шуданд.

   Дигаргуниҳо дар идоракунии Бадахшон. 3-юми апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳии Русия то Бадахшон ҳам расид. Қисми ғарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуғнону Рӯшон аз ҷиҳати идоракунӣ расман дар ҳайати аморати Бухоро бошад ҳам, амалан чун қисми шарқӣ дар ихтиёри отряди дар Помир будаи Русия буд, ки ҳам сарҳади байни Бадахшону Афғонистон ва ҳам оромии Бадахшонро назорат мекард. Аз ин рӯ вазъи сиёсии Бадахшон асосан, ба мавқеи афсарон ва аскарони ин отряд вобастагии қавӣ дошт. Афсарон ва аскарони отряди Помир хабари барҳам хӯрдани тартиботи подшоҳии Русияро хуш қабул намуданд. Бо сарварии П.Волков Кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шӯрои намояндагии аскаронро иҷро мекард. Аммо аз сабаби камшумории қисмҳо ва аскарон дар шароити Бадахшон ташкил ёфтани чунин шӯро имконнопазир буд. 

   Дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон бо сардории собиқ амалдори подшоҳӣ Белов Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфт. Ӯ ҳамзамон сардори отряди Помир ва комиссари Ҳукумати Муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ташкили ин кумита тамоми афсарон ва аскарони отряди Помир фаъолона иштирок намуданд. Аз ин сабаб дар Бадахшон мавҷудияти дуҳокимиятӣ чандон эҳсос намешуд. 

  Аз ихтиёри идораи Бухоро ба Русия гузаштани Бадахшони Ғарбӣ. Баъд аз Инқилоби феврал (соли 1917)-и Русия масъалаи Бадахшон як муддат дар байни амалдорони Ҳукумати Муваққатӣ ва ҳукумати амирии Бухоро мавзӯи баҳс гардид, зеро то моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон намояндаи амири Бухоро – бек низ ба таври расмӣ фаъолият мекард. Ҳарчанд ҳокимият ба таври расмӣ ба дасти намояндаи аморати Бухоро буд, вале чунон ки хотирнишон  кардем, амалан дар ихтиёри отряди Помир буд. Моҳи апрел намояндаи амир – Мирзо Касири мирохур, ки беки Шуғнон буд, вафот кард. Баъди ин воқеа, 8-уми майи соли 1917 Кумитаи иҷроияи волости Шуғнон қарор кард, ки «Помири Ғарбӣ ба усули худидоракунӣ мегузарад». Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ дар асоси принсипҳои идоракунии кишвар «Низомномаи муваққатӣ оид ба идоракунии ноҳияҳои Помир» тартиб дода шуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат идоракунии ноҳия ба уҳдаи комиссари ноҳиявии Помир гузашт. Аввалин комиссар ва раиси кумитаи ноҳияи Бадахшон шарқшинос И.И.Зарубин (профессор, доктори илми филология) интихоб гардид. Аз ҷиҳати идоракунӣ Бадахшон тобеи вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафт.

  Сарчашма:

  Дар манифести Ҳизби сотсиал-демократии коргарии Русия, ки бо номи «Ба ҳамаи гражданҳои Русия» 27-уми феврал (12-уми март)-и соли 1917 дар ҷараёни инқилоб ҳамчун варақа паҳн карда шуд, дарҷ гардидааст: «Гражданҳо! Қалъаи сангини ҳукумати подшоҳии рус сарнагун шуд. Валинеъматии дастаҳои ғоратгари подшоҳӣ, ки ба зулму истибдоди халқ асос ёфта буд, барбод рафт. Пойтахт дар дасти халқи шӯришгар аст. Қисмҳои қӯшунҳои инқилобӣ ба тарафи шӯришгарон гузаштанд. Пролетариати инқилобӣ ва армияи инқилобӣ мамлакатро аз ҳалокат ва шикасти қатъӣ, ки ҳукумати подшоҳӣ онро ба ин ҳолат расонида буд, бояд наҷот диҳад. Халқи рус бо азми қавӣ, ба ивази қурбониҳои зиёд аз ғуломии чандинасра раҳоӣ ёфт...». (КПСС дар резолютсияҳо. Нашри 8-уми русӣ. Ҷилди 1 – М. 1970. С. 427).

  Санаҳои муҳим: 

1917, 27-уми феврал–дар Русия ғалаба кардани инқилоби буржуазию демократӣ ва барҳам хӯрдани ҳукумати подшоҳӣ. 

1917, 2-юми март–дар Русия ба вуҷуд омадани дуҳокимиятӣ. 

1917, март – дар қаламрави кишвари Туркистон ба вуҷуд омадани шӯроҳо, иттифоқҳо ва кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ. 

1917, 30-31-уми март – дар кишвари Туркистон барҳам дода шудани тарзи идоракунии генерал-губернаторӣ.

1917, 7-уми апрел – ташкил карда шудани Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ. 

1916, апрел – дар Бадахшон ташкил ёфтани Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ. 

1917, май – аз ихтиёри идоракунии амири Бухоро ба Ҳукумати Муваққатии Русия гузаштани қисми ғарбии Бадахшон. 

1917, аввали июл–дар Русия ба охир расидани дуҳокимиятӣ.

   Савол ва супоришҳо: 

1) Инқилоби буржуазию демократии феврал (соли 1917) дар Русия бо чӣ анҷом ёфт? 

2) Барои чӣ дуҳокимиятӣ мегӯянд ва он дар Русия кай ба вуҷуд омада, то кай давом кард? 

3) Оё дар Русия ба вуҷуд омадани дуҳокимиятӣ ба кишвари Туркистон ҳам дахл дошт? 

4) Дар кишвари Туркистон тарзи идоракунии генерал-губернаторӣ кай барҳам дода шуд? 

5) Дар қаламрави кишвари Туркистон чӣ гуна шӯроҳо ва иттифоқҳо ба вуҷуд омаданд? 

6) Баъди инқилоби буржуазию демократии феврали (соли 1917-и) Русия дар идоракунии Бадахшон чӣ дигаргуниҳо ба амал омад? 

7)  §§ 26 ва 28-ро такрор кунед.