§28. ШӮРИШИ МИЛЛИЮ ОЗОДИХОҲИИ СОЛИ 1916

§28. ШӮРИШИ МИЛЛИЮ ОЗОДИХОҲИИ СОЛИ 1916

   Оғози ҷанги якуми ҷаҳон. 19-уми июл (1-уми август)-и соли 1914 Ҷанги якуми ҷаҳонӣ оғоз ёфт, ки ба он 38 давлати ҷаҳон бо теъдоди 1,5 млрд нафар ё худ аз чор се ҳиссаи аҳли башар кашида шуд. Дар чор соли ҷанг, яъне то соли 1918, дар амалиёти ҷангӣ беш аз 10 млн нафар ҳалок ва зиёда аз 20 млн нафар маҷрӯҳ гардиданд.

   Русияи подшоҳӣ, ки яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷанги якуми ҷаҳонӣ буд, зиёда аз 2 млн нафар аҳолии худро талаф дод. Мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ боз ҳам харобтар, аз ҷиҳати молиявӣ тобеи мамлакатҳои Ғарб шуд. Барои пӯшонидани хароҷоти ҷанг миқдор ва навъҳои андозро зиёд карданд. Дар натиҷа, мардуми Русия, ки аз ҷанг дилгир шуда буданд, ба муқобили сиёсати ҳукумати худ ҷо-ҷо шӯриш мебардоштанд. Яке аз бузургтарини ин шӯришҳо соли 1916 дар Осиёи Марказӣ ба амал омад.

   Сабабҳои шӯриш. Чунон ки дар §25 зикр кардем, худсарию бедодгарии ҳукуматдорони подшоҳӣ, таҳқири дин ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ, ба фоидаи муҳоҷирони рус кашида гирифтани замини мардуми маҳаллӣ, бештар ба фоидаи муҳоҷирони рус ҳал карда шудани ҷанҷоли об, душвориҳои зиндагӣ, махсусан, зиёд будани андозҳо ва бераҳмиҳо ҳангоми рӯёнидани андоз ғазаби мардумро нисбат ба сиёсати ҳукумати подшоҳӣ зиёд карда буд. Чунин вазъият сабаби шӯришҳои зиёди зидди мустамликавӣ гардидааст. Ҳамин гуна ҳолат минбаъд ҳам идома дошт ва барои шӯриши навбатӣ ҳам сабабҳои асосӣ гардид. Бо оғози Ҷанги якуми ҷаҳон худсарию тороҷгарии амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба пештара боз ҳам зиёдтар шуд. Шӯриш, ки дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид, ба зудӣ тамоми ҳудуди кишвари Туркистон ва Қазоқистонро фаро гирифт. 

   Баҳонаи шӯриш. Ҳукумати подшоҳии Русия ба садоқати мардуми Осиёи Марказӣ нисбати худ бовар надошт. Аз ин рӯ дар солҳои ҷанг ҳам аз ҳисоби мардуми таҳҷойии ин кишвар ба хизмати ҳарбии Русия сафарбар карда нашуд, вале соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ вазъи ногувори фронтҳоро ба назар гирифта, ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани мардуми таҳҷойии кишвари Туркистон ва Қазоқистонро зарур шуморид. 25-уми июни соли 1916 оид ба ин масъала фармони подшоҳ эълон карда шуд. 

   Мувофиқи он бояд аз ҳисоби мардони аз 19 то 43-солаи кишвари Туркистон 250 ҳазор нафар ва Қазоқистон 80 ҳазор нафар ба корҳои заминкании хатти фронт ҷалб карда мешуданд. Масалан, фақат аз уезди Хуҷанд бояд 8948 кас сафарбар шуда, 8140 нафарашон бояд ба корхои ақибгоҳи фронт фиристода мешуданд. Вазнинии тақсимот ба гардани аҳолии шаҳри Хуҷанд афтода буд, зеро танҳо аз ин шаҳри бостонӣ бояд 2708 нафар аз онҳое, ки дар корҳои пахтакорӣ иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд. 

   Дар асоси фармони номбурда 2-юм ва 3-юми июли ҳамон сол мардони Хуҷандро ба рӯйхат гирифтанд. Аксари онҳое, ки ба рӯйхат дохил шуда буданд, қувваи асосии кориро ташкил медоданд. Аз ин рӯ, дар айни авҷи корҳои тобистонӣ ба корҳои ақибгоҳи фронт ҷалб намудани онҳо, бегуфтугӯ, ба вазъи хоҷагиашон таъсири манфӣ мерасонид. Ғайр аз ин, хизмати ҳарбӣ дар байни мардуми Осиёи Марказӣ чандон роиҷ набуд, аз ин рӯ ин маърака ҳамовозие пайдо накард. Илова бар ин, аз тарафи амалдорони маҳаллӣ ҳангоми барӯйхатгирӣ ба беадолатиҳо роҳ дода мешуд. Яъне ҳар касе, ки доро буд, ба амалдорон ришва дода, худро аз рӯйхат мебаровард. Чунин ҳолат бечорагонро, ки имкони ришва додан надоштанд, ба ғазаб овард ва ба шӯриш водор намуд. Ин чорабинӣ ба оғози шӯриш баҳона гардид.

   Оғоз ва рафти шӯриш. 4-уми июли соли 1916 дар назди қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар шаҳриён ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд. ки барӯйхатгириро қатъ намоянд, аммо ин талаби онҳо аз тарафи қозӣ ва пристав ба эътибор гирифта нашуд. Пас мардум бо чунин талаб ба назди сардори уезд, ба сӯйи бозори Чоршанбе ҳаракат карданд. Дар роҳ ба издиҳом аз ҳар сӯ одамони бисёре ҳамроҳ гардиданд. Шумораи намоишчиён афзуда, ба 7–8 ҳазор нафар расид, вале сарварони уезд ба қувваи политсия такя намуда, талаби мардумро рад карданд. Дар натиҷа, мардуми бағазабомада ба ҳуҷум гузаштанд. Ҷӯра Зокиров, Зубайдулло Раҳматуллоев, Ҷӯра Алӣ ва дигарон аз ҷумлаи фаъолони ин ҳаракати мардумӣ буданд. Аз тарафи политсия ба муқобили мардум тир кушода шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон гардид. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр ҳарбиён ва политсия назорати қатъӣ ҷорӣ намуданд. Рӯзи дигар, яъне 5-уми июл, ба хуҷандиёни шӯришбардошта беш аз 700 сокини волости Қистакӯз ҳамроҳ шуданд, вале он вазъиятро  дар   шаҳр  дигар  тағйир  дода натавонист. Шӯриш дар шаҳри Хуҷанд дигар хомуш гардида буд.

    Шӯриши Хуҷанд барои ҳаракатҳои умумии кишвар ишорае гардид. Он зуд ноҳия ва вилоятҳои нав ба навро фаро мегирифт. Баъди шӯриши Хуҷанд мардуми Ургут шӯриш бардоштанд. 6-уми июли ҳамон сол намоишҳои эътирозӣ ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ дар Самарқанд ва Тошканд ба амал омаданд. 8–9-уми июл ҳаракати халқӣ дар Фарғона cap шуд. Дар миёнаи моҳи июл чунин ҳаракат қариб тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Махсусан, мардуми Ҷиззах қариб ҳама ба мубориза бархостанд. Эътирозҳои мардумӣ дар Ӯротеппа, Ашт, Панҷакент низ ба амал омад. Дар ноҳияю даштҳои Қазоқистон шӯриш бештар аз ҳама дар вилояти Турғай шиддат гирифт. 

                            

   Дар сарзамини аморати Бухоро соли 1916 ғайр аз хуруҷҳое, ки дар роҳи оҳани Бухоро ба вуқӯъ омаданд, боз дар Қаршӣ, Қубодиён, Қаротегин ва маҳалҳои дигар ҷунбишҳои мардумӣ рух доданд. Масалан, дар Қалъаи Лабиоб (Тоҷикободи ҳозира)-и бекигарии Қаротегин ба хуруҷи халқӣ (с. 1916) мардикори мавсимӣ Қаландаршоҳ сарварӣ намудааст. Хуруҷҳои халқие, ки дар ҳудуди аморат ба амал омадаанд, пеш аз ҳама, ба муқобили зулму истибдоди амирӣ, махсусан, бедодгариҳои амалдорони маҳаллии он равона шудаанд. Ҳамин тавр, ба доираи шӯриш на танҳо сарзамини Туркистон ва Қазоқистон, балки аморати Бухоро ҳам кашида шуд. Дар шӯриш тамоми табақаҳои аҳолӣ: деҳқонон, коргарон, тоҷирон, зиёиён ва ҳатто рӯҳониён иштирок намуданд. 

   Шикасти шӯриш. Ҳукумати подшоҳӣ аз вусъати шӯриш ба воҳима афтода, 17-уми июли соли 1916 дар кишвари Туркистон ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Дар бисёр маҳалҳо бо фармони амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ба муқобили шӯришгарон аз силоҳ истифода карданд. Аскарони ҳукумати подшоҳӣ ба муқобили шӯришгарон бераҳмона тир мекушоданд. Миқдори сарбозоне, Ҷӯра Зокиров (1894 –  1929)яке аз иштирокчиёни фаъоли шӯриши соли 1916 дap Хуҷанд ки барои саркӯб намудани шӯриш сафарбар гардидаанд, низ кам набуд. 13-уми декабри соли 1916 ноиби раиси Думаи IV давлатии Русия А.Ф.Керенский маҳз ҳамин ҳолатро ба эътибор гирифта, дар суханрониаш гуфта буд, ки «ба фронтҳои ҷангӣ боз як фронти нав – «фронти Туркистон» илова гардид».

    Шӯриш дар бисёр маҳалҳо маҳз аз тарафи аскарони подшоҳӣ бо силоҳ саркӯб карда шуд. Дар натиҷа, аз иштирокчиёни шӯриш одамони бисёре ҳалок гардиданд. Генерал-губернатори Туркистон дар мактуби махфии ба номи подшоҳ Николайи II фиристодааш таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин шӯриш аз ҳисоби русҳо: 97 нафар аскар, 7 нафар амалдор, 2325 нафар аҳолии рус ҳалок шуданд. Ғайр аз инҳо, 86 нафар аскар захмӣ гардида, 76 нафар аскар ва 1384 нафар аҳолии рус беному нишон гардиданд. Ин рақамҳои дақиқ, ки танҳо талафоти ҳукумати подшоҳиро нишон медиҳад, худ гувоҳи он аст, ки талафоти шӯришгарон хеле зиёд будааст. 

   Ҳамин тавр, шӯриш бераҳмона саркӯб карда шуд. Бисёр     фаъолони он ҳабс ва табъид (бадарға) гардиданд. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ баъди саркӯб намудани шӯриш миқдори муайяншудаи мардикорон (аз ҷумлаи мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ва Қазоқистон)-ро маҷбуран ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристоданд. Шӯриш, агарчи аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ саркӯб  карда шуд, дар амал ба сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳии Русия як зарбаи қатъӣ буд, зеро он аз рӯйи хусусияташ шӯриши миллию озодихоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Шӯриш барои бедории сиёсӣ ва баланд гардидани шуури сиёсии мардуми маҳаллӣ кумаки амалӣ расонид. Он қувваи мардуми маҳаллии Осиёи Марказиро, ки ҳукумати подшоҳӣ эътибораш намедод, нишон дод. Аз ин рӯ, ин шӯриш аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. 

  Сарчашма: 

    Дар мактуби сардори шуъбаи ҳимоя (охрана)-и ноҳиявии Туркистон М.Н.Волков аз 10-уми июли соли 1916 оид ба вазъи мардум гуфта шудааст: «... мувофиқи хабарҳое, ки ба шуъба мерасанд, аҳолии маҳаллӣ бениҳоят ба ғазаб омадааст ва сабабаш овозаҳое мебошад, ки одамони пулдори босавод метавонистаанд худашон ба мардикорӣ нараванд, рафта хандақковӣ накунанду ба ҷойи ин маблағи муайян диҳанд. Дар бозору чойхонаву дигар ҷойҳо гап-гап шудааст, ки агар бойҳо ба мардикорӣ гирифта нашаванд, камбағалон ҳатман шӯриш мекунанд ва худашон ин гуна бойҳоро кушта мепартоянд». (Ниг.: пора аз китоби Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2 - С. 261). 

   Санаҳои муҳим: 

1914, 19-уми июл (1-уми август) – оғози Ҷанги якуми ҷаҳон. 

1916, 25-уми июн – фармони подшоҳи Русия оид ба корҳои ақибгоҳи фронт сафарбар намудани мардуми таҳҷойии кишвари Туркистон ва Қазоқистон. 

1916, 4-уми июл – оғози шӯриш дар шаҳри Хуҷанд. 

1916, 17-уми июл – эълон гардидани ҳолати ҳарбӣ дар кишвари Туркистон. 

   Савол ва супоришҳо: 

1) Ҷанги якуми ҷаҳонӣ кай оғоз гардид ва дар он чанд мамлакати дунё иштирок намудаанд? 

2) Дар ин ҷанг чӣ қадар мардум талаф ёфт? 

3) Барои саршавии шӯриши соли 1916 кадом воқеа баҳона гардид? 

4) Шӯриш дар Хуҷанд кай ва аз кадом воқеа cap шуд? 

5) Дар бораи рафти шӯриши Хуҷанд ва фаъолони он нақл кунед. 

6) Ғайр аз Хуҷанд, он сол шӯришҳои халқӣ боз дар куҷоҳо сар заданд? 

7) Шӯриши соли 1916 аз рӯйи хусусияташ чӣ гуна шӯриш буд ва аҳамияти он аз чӣ иборат аст? 

8) §§ 24 – 25-ро такрор кунед.