§3. ОҒОЗИ ҶАНГ

§3. ОҒОЗИ ҶАНГ

    Амалиёти ҷангӣ аз охири солњои 30-юм то миёнаи солҳои 50уми асри XIX. Зимистони  соли 1839 Русия бар зидди хонии Хева амалиёти ҳарбӣ оғоз кард. Ба лашкари 4-ҳазорнафараи русҳо генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский сарварӣ менамуд. Вале ин ҳуҷуми ҳарбӣ барор нагирифт. Сарбозони рус ба хунукии 30-дараҷагии биёбони Манқишлоқ тоб оварда натавониста, ақибнишинӣ намуданд. 4-уми феврали соли 1840, вақте ки қисмҳои сарбозони рус аз шаҳри Оренбург баромада, қариб 650 км роҳро тай намуданд, фармон расид, ки ҳаракат сўйи Хеваро қать намуда, ба қафо гарданд. Бо ҳамин, иғвои ҳарбӣ, ки бо номи «ҳуҷуми хевагӣ» шуҳрат дошт, зимистони соли 1840 барбод рафт. 

    Ҳукумати подшоҳӣ охири солҳои 40-ум ва аввали 50-уми асри XIX ба муқобили Осиёи Марказӣ дубора ҳуҷуми ҳарбиро дар доираи нисбатан васеъ cap карданӣ шуд. Аскарони рус барои ҳуҷум ба ин кишвар асосан дар ду самт: ҷануб (аз Оренбург) ва ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) омодагӣ медиданд. 

    Аз самти Оренбург қўшунҳои рус соли 1847 ба соҳилҳои баҳри Арал расида, дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (қалъаи Арали имрўза)-ро бино карданд. Дар натиҷа самти ҳарбии Оренбург то соҳили баҳри Арал давом дода шуд. 

    Соли 1852 отряди 469-нафараи қӯшунҳои рус бо ду тӯп аз самти Оренбург ба қалъаи Оқмачит (Қизилӯрдаи ҳозира), ки мулки хонии Қӯқанд маҳсуб мешуд, ҳуҷум карданд ва 72 нафарро талаф дода, қафо гаштанд. Соли 1853 генерал-губернатори Оренбург В.А. Перовский бо отряди 2-ҳазорнафара, бо 12 тӯпу 5 мортира (тӯпи кӯтоҳмил) ба  Оқмачит бори дуюм ҳуҷум кард. Он лаҳза Оқмачитро, ки нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамагӣ 250 нафар сарбозони қӯқандӣ муҳофизат мекарданд. Муҳосираи қалъа 22 рӯз давом кард. 

    28-уми июли соли 1853 қалъа аз тарафи қӯшунҳои рус забт карда шуд. Аз муҳофизони он танҳо 74 нафар зинда монданд, ки 35 нафари онҳо захмдор буданд. 

    Қалъаи Оқмачит баъди забт аз тарафи қӯшунҳои рус ба қалъаи ҳарбии Перовский табдил дода шуд. Ғайр аз ин, онҳо ба зудӣ дар соҳилҳои дарёи Сир панҷ истеҳкоми нави ҳарбӣ бунёд карданд. Дар натиҷа хатти ҳарбии дарёи Сир (ё худ Сирдарё) ба вуҷуд омад, ки он идомаи хатти ҳарбии Оренбург ба ҳисоб мерафт. Аз тарафи хони Қӯқанд борҳо кӯшиши баргардонидани ин истеҳком карда шуд, вале ҳамаи онҳо бебарор анҷомиданд. 

    Солҳои 1850 – 1854 қисми дигари қӯшунҳои рус аз ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) ҳаракат карда, водии Залийро ишғол намуда, соли 1854 ба шаҳри Верний (Алма-атои имрӯза) асос гузоштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз Семипалатинск то ба Верний хатти дигари нави ҳарбӣ ба вуҷуд омад. 

    Умуман, ҷангҳои баамаломада аз тарафи қӯшунҳои рус ҳуҷумҳои тактикӣ буда, бо гирифтани ин ё он нуқтаи муҳим муваққатан қатъ мегардид. Вале бо сабаби саршавии ҷанги Қрим амалиёти ҳарбӣ солҳои 50-уми асри XIX дар Осиёи Марказӣ аз тарафи ҳарбиёни рус дар ҳар ду самт ҳам мавқуф гузошта шуд. 

    Оғози ҳуҷуми ишғолгаронаи лашкари рус ба Осиёи Марказӣ. Ибтидои солҳои 60-уми асри  XIX қӯшунҳои Русия барои идомаи амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Марказӣ аз нав омода гардиданд. Қӯшунҳои дар самти Сибир буда ба ҳуҷум гузашта, моҳи августи соли 1860 қалъаи Токмак ва 4-уми сентябр қалъаи Пишпек, соли 1861 Чулек ва Янгиқӯрғонро забт карданд. Соли 1861 генералгубернатори нави Оренбург А.П.Безак таклиф ва лоиҳаҳои бо ҳам пайвастани хатти ҳарбии дарёи Сир (Сирдарё) ва Сибирро пешниҳод кард, ки мувофиқи он, шаҳрҳои Туркистон ва Тошканд бояд забт карда мешуданд. Генерал-губернатори Сибири Ғарбӣ А.О. Дюгамел таклифи забти пурраи водии Зачуйро ба миён гузошт, вале ин таклиф аз тарафи мутасаддиёни молиявӣ дастгирӣ наёфт. Аз ҳамин сабаб, ҳукумати подшоҳӣ ба ҳар ду генералгубернатор иҷозат дод, ки яке ба самти Туркистон (А.П.Безак) ва дигаре ба самти Пишпек (Бишкеки ҳозира) (А.П.Дюгамел) ва Авлиёота (Ҷамбули ҳозира) гӯё корҳои тадқиқотиро давом диҳанд. Ин пешниҳод барои амалдорони ҳарбӣ баҳри оғози амалиёти ҷангӣ асос гардид. 

    Минбаъд қӯшунҳои барои забти Осиёи Марказӣ равоншуда аз самти Шарқ бо сарварии генерал Верёвкин ва аз самти Ғарб бо сарварии генерал М.Г.Черняев ҳаракат карда, ба ҳам торафт наздик мешуданд. Моҳи майи соли 1864 аз тарафи Верёвкин Авлиёота, 12-уми июн қалъаи Туркистон, 21-уми сентябр аз тарафи Черняев Чимкент ишғол карда шуданд. Ҳар ду лашкар дар Чимкент амалан бо ҳам пайвастанд. Дар натиҷа, соли 1864 барои фатҳи Тошканд, ки мулки хонии Қӯқанд ба ҳисоб мерафт, қӯшунҳои зиёди подшоҳӣ ҷамъ шуданд. Ин далелҳо аз хусуси оғози ҳуҷуми васеи ишғолгаронаи лашкари рус дар ҳудуди Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.

      Сарчашма

     Б.Ғ.Ғафуров дар бораи мақсади аз тарафи Русия дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бунёд карда шудани аввалин истеҳкомҳо ва барои онҳо чӣ аҳамият доштани забти Оқмачит навиштааст: Аз тарафи Русия «... истеҳком ва дигар қалъаҳои соҳили баҳри Арал барои он сохта шуда буданд, ки ҳаракати бемонеаи корвонҳои тиҷоратӣ ба дарунтари Осиёи Миёна таъмин гардад... Ишғоли қалъаи Оқмачити Хӯқанд (Қӯқанд – Н.Ҳ.) истеҳкоми Перовский (Қизилӯрдаи ҳозира), ки соли 1853 пас аз муҳосира ва ҳамлаи дастаи ҷанговарони рус таҳти фармондеҳии генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский ба вуқӯъ мепайваст, дар роҳи ҳаракати минбаъдаи қӯшунҳои ҳукумати подшоҳӣ марҳалаи муҳимме гардид». (Ниг.:Ғафуров Б.ҒАЙРА Тоҷикон. Китоби 2. - С.163-164).

     Санаҳои муҳим:              

1839 – 1840 – «ҳуҷуми хевагӣ»-и қӯшунҳои рус. 

1847 – сохтани истеҳкоми Раим (қалъаи Арали имрӯза). 

1853, 28-уми июл – забти Оқмачит (Қизилӯрдаи имрӯза). 

1854 – ба шаҳри Верний (Алма-атои имрӯза) асос гузошта шуд. 

1860,  4-уми сентябр – забти қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира). 

1864, 12 -уми июн – забти қалъаи Туркистон. 

1864, 21 - уми сентябр – забти Чимкент. 

1864 – дар Чимкент муттаҳид гардидани лашкари Черняев ва Верёвкин.

     Савол ва супоришҳо:

1) Дар бораи «ҳуҷуми хевагӣ»-и қӯшунҳои рус чӣ медонед? 

2) Қӯшунҳои рус қалъаи Оқмачитро чӣ тавр забт намуданд? 

3) Ба шаҳри Верний (Алмаатои ҳозира) кай асос гузошта шуд? 

4) Чаро солҳои 1854 – 1860 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ амалиёти ҷангӣ аз тарафи қӯшунҳои Русия қатъ гардид? 

5) Соли 1860 қӯшунҳои рус кадом нуқтаҳоро ишғол кардаанд? 

6) Маҳалҳои соли 1864 ишғолкардаи қӯшунҳои русро номбар кунед. 

7) Лашкари генерал Верёвкин ва Черняев дар куҷо, кадом сол бо ҳам муттаҳид гардиданд? 

8) Амалиёти ҷангии ин давраро аз рӯйи харита муайян кунед. 

9) § 2-ро такрор намоед.