§48. БАРПО КАРДА ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР БАДАХШОН

§48. БАРПО КАРДА ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР БАДАХШОН

   Мавқеи отряди Помир нисбати Ҳокимияти Шӯравӣ. Дар Бадахшони Кӯҳӣ (мисли пештара) ҳар гуна тағйироте, ки ба амал меомад, ба мавқеи отряди сарҳадии аскарони рус (отряди Помир) вобаста буд. Аз тарафи дигар, сарварони отряд дар қатори вазифаҳои ҳарбӣ, инчунин, вазифаҳои маъмуриро низ иҷро мекарданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари ҳарбию маъмурӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқҳои нисбатан васеъ дошт. Сарвари отряд полковник Фенин буд. 

  Роҳбарияти Туркистони Шӯравӣ то тобистони соли 1918 тасаввур ҳам намекарданд, ки сарвари отряди Помир ва афсарони он мавқеи зиддишӯравиро ишғол менамоянд. Бинобар ин, дар Бадахшони Кӯҳӣ ҳанӯз Ҳокимияти Шӯравӣ барпо нагардида, ҳукумати Туркистони Шӯравӣ маҳз мавқеи муҳими ҳарбию стратегии ин минтақаи сарҳадиро ба эътибор гирифта, 10-уми июни соли 1918 дар бораи аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ – тоҷикон ва қирғизҳо ташкил намудани милитсияи маҳаллии Помир (Бадахшони Кӯҳӣ) қарор қабул карда буд. Чунин қарорро дар Тошканд қабул карданд, вале дар Бадахшони Кӯҳӣ ҳанӯз вазъияти ба замони Ҳукумати Муваққатӣ хос ҳукмрон буд. 

  To 2-юми июли соли 1918 на танҳо дар Бадахшон, ҳатто дар ҳудуди отряди Помир ҳам аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ дар Петроград ва Тошканд хабар надоштанд. Танҳо 2-юми июл дар кумитаи аскарони отряд мактуби аз Тошканд фиристодаи П.Воловикро хонда, муҳокима намуданд, ки дар он оид ба сарнагун шудани Ҳукумати Муваққатӣ хабар дода мешуд. Дар натиҷа, хабари дар марказҳо бунёд гардидани Ҳокимияти Шӯроҳо ба зудӣ дар байни афсарону аскарони отряд ва оҳистаоҳиста дар байни мардуми ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳӣ низ паҳн гардид. 

  Афсарону аскарони отряд бунёди тартиботи навро ба таври гуногун қабул карданд. Пеш аз ҳама, афсарон бо capварии полковник Фенин ва як қисми аскарони қатории отряд, ки ба Ҳукумати Муваққатӣ содиқ буданд, Ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарданд. 

  Тобистони соли 1918 аз Тошканд бо мақсади ҷорӣ намудани робита бо отряди Помир (ба Бадахшон) бо сарварии собиқ поручики қӯшунҳои подшоҳӣ Афанасев отряди иловагӣ фиристода шуд. Вале аксари аъзои ин отряд ҳам, бо сарварии худи Афанасев, муқобили тартиботи нав буданд. Аз ин рӯ, отряди Помир якҷо бо отряди Афанасев дар мавқеи зиддишӯравӣ қарор доштанд. 

  30-юми августи соли 1918 мувофиқи фармоне, ки барои қисмҳои аскарони сурх бароварда шуд, отряди Помир ба тобеияти сардори комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва дигар афсарони отряд на танҳо ин фармонро ба эътибор нагирифтанд, балки ҳамоно аз шинохтани Ҳокимияти Шӯравӣ саркашӣ мекарданд. 

  Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1918 полковник Фенин ва дигар афсарони отряд бенатиҷа будани мавқеи худро эҳсос намуда, бо 32 нафар аскарони қатории отряд тамоми маблағ ва аслиҳаи мавҷудаи отрядро бо худ гирифта, ба воситаи Вахон ба Ҳиндустон гурехтанд. Бо ҳамин Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ барҳам хӯрд. Дар постҳои сарҳадии Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ қисми ками аскарони рус монданд. Аз ҳисоби ҳамин аскарон бо сардории Волков кумитаи инкилобӣ ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Бадахшони Кӯҳӣ ҳокимиятро ба даст мегирифт. 

  Отряди А.А.Холмаков. Барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон. Охири моҳи ноябри соли 1918 Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Ҷумҳурии Туркистон баробари шунидани хабари ба хориҷа гурехтани полковник Фенин ва дигар тарафдоронаш оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёрӣ бо сарварии коммунист А.А.Холмаков қарор қабул кард. Дар ҳайати отряд 20 нафар болшевикон буданд. Комиссия ва отряд моҳи феврали соли 1917 бо душвориҳои хеле зиёд ба Хоруғ расид. To омадани онҳо дар Бадахшон беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Дар маҳалҳо ҳанӯз ягон ташкилот ё худ ҷамъиятҳои сиёсию инқилобӣ вуҷуд надоштанд. Вазифаи асосии комиссия ва отряди А.А.Холмаков дар маҳалҳо ташкил намудани органҳои ҳокимияти инқилобии халқӣ ва муҳофизати сарҳади давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт. 

  Баҳори соли 1919 бо ташаббуси комиссия ва отряд дар якчанд маҳаллаи Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд. Анҷумани ин кумитаҳо барпо гардида, дар онҳо оид ба муттаҳид намудани кумитаҳои Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ қарор қабул карданд. Роҳбарии умумиро дар Бадахшони Кӯҳӣ кумитаи отряд бо сарварии А.А.Холмаков ба ихтиёри худ гирифт. Дар назди отряд низ кумитаи инқилобӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он ғайр аз А.А.Холмаков, ҳамчунин П.Волков ва Руднев  шомил буданд. 

  Ҳамин тавр, баҳори соли 1919 дар Бадахшони Кӯҳӣ бо ташаббуси комиссия ва отряди А.Холмаков Ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуд. 

 Сарчашма:

Сарвари шӯрои Ӯш болшевик Сретенский оид ба ҳайати отряди Афанасев, то фиристодани он ба Помир, ба ҳукумати Туркистони Шӯравӣ чунин хабар дода буд: «... ҳайати отряд нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ хайрхоҳ нестанд. Дар байни онҳо унсурони австриягӣ (асирони ҳарбии австриягӣ – Н.Ҳ.) зиёданд. Бинобар ин, ҳушёриро набояд аз даст дод, то ин ки онҳо аслиҳаи худро ба муқобили худи мо нагардонанд». (Ниг.: Очерки по истории Советского Бадахшана. - Душанбе, 1981 - С. 83). 

 Санаҳои муҳим: 

1917, 10-уми июн – қарори ҳукумати Туркистони Шӯравӣ оид ба ташкил намудани милитсияи маҳаллӣ дар Помир (Бадахшони Кӯҳӣ). 

1917, 2-юми июл – ба отряди Помир ва мардуми Бадахшон расидани хабари сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ. 

1917, 30-юми июн – ба тобеияти сардори комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон гузаронида шудани отряди Помир. 

1918, ноябр – ба хориҷа гурехтани сарвари отряди Помир полковник Фенин бо афсарон ва қисме аз аскарони отряд. 

1918, феврал – ба Хоруғ расидани отряди А.А.Холмаков. 1917, баҳор – барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшони Кӯҳӣ. 

 Савол ва супоришҳо: 

1) Чаро дар Бадахшони Кӯҳӣ ҳанӯз Ҳокимияти Шӯравӣ барпо нагардида, ҳокимияти Туркистони Шӯравӣ 10-уми июни соли 1918 оид ба ташкил намудани милитсияи маҳаллӣ қарор қабул кард? 

2) Мавқеи отряди Помир нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ чӣ гуна буд? 

3) Чаро сарвари отряди Помир бо афсарон ва қисме аз аскарон ба хориҷа гурехт? 

4) Отряди Холмаков бо кадом мақсад ташкил карда шуд ва он ба Хоруғ кай омад? 

5) Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшони Кӯҳӣ кай барпо карда шуд? 

6) §§ 14 ва 41-ро такрор кунед.

Реклама