§50. ТАШКИЛЁБИИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

§50. ТАШКИЛЁБИИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

  Муҳоҷирати ҷавонбухороиён ба кишвари Туркистон. Баъд аз таҷовузи Колесов барои ҷавонбухороиён на танҳо дар сарзамини аморати Бухоро, балки ҳатто дар Бухорои Нав (Когон), ки шаҳри руснишин ҳисоб мешуд, зистан имконнопазир гардид, зеро фиристодагони ҳукумати амирӣ ҳар лаҳза ба ҷони онҳо қасд мекарданд. Аз ин рӯ ҷавонбухороиён маҷбур шуданд, ки барои халосии ҷони худ ба дарунтари кишвари Туркистон ҳиҷрат намоянд. Аксари онҳо бо кумитаи марказии ҳизби худ ба шаҳри Тошканд кӯчиданд. 

  Дар шаҳри Тошканд дар байни ҷавонбухороиён оид ба сабабҳои фоҷиаи содиршуда (яъне таҷовузи Колесов) баҳсу мунозираҳо авҷ гирифт. Дар натиҷа, на танҳо Кумитаи Марказии ҳизби ҷавонбухороиён, балки худи ҳизб ҳам ба гурӯҳҳо тақсим шуд. Онҳо якдигарро барои фоҷиаи содиршуда гунаҳкор меҳисобиданд. 

  Дар Тошканд гуруснагӣ ва қаҳтӣ ҳукмфармо буд. Ҳизбҳои гуногун – болшевикон, меншевикон ва эсерҳо, инчунин гурӯҳҳою ҷамъиятҳои гуногун амал мекарданд. Албатта, ин ба фаъолияти ҷавонбухороиён бетаъсир намонд. 

  Ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ. Ҷавон-бухороиён дар шаҳри Тошканд бо фаъолияти ҳизбҳои гуногун шинос шуданд, вале диққати онҳоро дар аввал бештар ҳизби эсерҳо ба худ ҷалб кард. Зеро ин ҳизб, ки асосан ҳимояи манфиати деҳқононро мақсади худ қарор дода буд (аксари мардуми аморати Бухоро ҳам деҳқонон буданд), бинобар ин ба андешаи ҷавонбухороиён, барномаи Ҳизби эсерҳо ба шароити Бухоро бештар мувофиқат менамуд. Дар натиҷа, баҳори соли 1918 як гурӯҳи ҷавонбухороиён бо сарварии Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Ато Хоҷаев ва Қорӣ Ғулом аз ҳайати Ҳизби ҷавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсерони чап Ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчиро ташкил намуданд. 

  7-уми июли соли 1918, баъди суиқасд ба ҷони сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И.Ленин ҳизби эсерони чап аз тарафи Давлати Шӯравӣ пароканда карда шуд. Ин воқеа ба тарафдорони туркистонӣ ва бухороии ин ҳизб низ бетаъсир намонд, дақиқтараш, фаъолияти онҳо аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ манъ карда шуд. Дар натиҷа, дар ҳайати Ҳизби    навбунёди ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ боз ҷудоӣ ба амал омад. 

  Ташкилёбии Ҳизби коммунистии Бухоро. 25-уми сентябри соли 1918 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади 86 нафар собиқ аъзои Ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиалинқилобчӣ барпо гардид. Дар он ҳозирон қарор карданд, ки онҳо аз ҳайати ҳизб ва аз мавқеи эсерҳои чап баромада, ба мавқеи ҳизби болшевикӣ мегузаранд ва ҳизби навро бо номи «Ҳизби ҷавонбухороиён – коммунистон – болшевикон» бунёд мекунанд. Дар ҷамъомад кумитаи марказии ҳизби нав интихоб гардид, ки Азимҷон Ёқубов (Ёқубзода) раис ва Муҳаммад Қулмуҳаммадов муовин интихоб шуданд. 

  Ҳамин тавр, Ҳизби коммунистии Бухоро ташкил ёфт. Он дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухорои Нав, Бухорои Куҳна, Чорчӯйи Нав, Каттақӯрѓон, Каркӣ ва дигар ҷойҳо шуъбаҳо дошт. Масалан, ба шуъбаи дар шаҳри Бухорои Куҳна буда Абдуллохоҷа Тӯраев сарварӣ менамуд, ки ӯ минбаъд яке аз қаҳрамонҳои мусбати романи «Дохунда»-и С.Айнӣ гардид. 

  23-юми октябри соли 1918 дар маҷлиси навбатии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро барномаи ҳизб қабул карда шуд. Мувофиқи он, ҳизб бояд: барои сарнагун кардани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва бунёди ҷумҳурии халқӣ; мусодираи замини амиру бекҳо ва дар байни деҳқонон тақсим намудани онҳо; ба ҷойи қозӣ ҷорӣ кардани суди интихобӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо, занону мардон, озодии сухан, матбуот, таълиму табобати бепул ва ѓайра мубориза мебурд. Аз 30-юми май то 11-уми июни соли 1919 дар шаҳри Тошканд. 

                                                         

Абдуллохоҷа Тўраев (дap мобайн), сардори шуъбаи ҲК Бухоро воқеъ дap шаҳри

Бухорои Куҳна, яке аз қаҳрамонони романи «Дохунда»-и С.Айнӣ

Анҷумани якум (муассисон)-и Ҳизби коммунистии Бухоро барпо гардид, ки он ташкилёбии ҳизбро ба қонуният даровард. 

  Аз 28-уми июни соли 1920 коммунистони Бухоро аввал дар Тошканд, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба нашри рӯзномаи худ «Қутулиш» Абдуллохоҷа Тӯраев (дap мобайн), сардори шуъбаи ҲК Бухоро воқеъ дap шаҳри Бухорои Куҳна, яке аз қаҳрамонони романи «Дохунда»-и С.Айнӣ (Озодӣ) cap карданд. Ин рӯзнома ҳамчун нашрияи ҷамъиятию сиёсӣ ва адабӣ ҳафтае ду дафъа ба забонҳои ӯзбекӣ ва форсии тоҷикӣ, то 3 ҳазор нусха нашр гардида, бепул паҳн карда мешуд. 

  Дар байни бухороиён инчунин аввалин маҷаллаи форсии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», ки дар Самарқанд нашр мегардид ва сармуҳарририи онро Саидризо Ализода ба уҳда дошт, паҳн карда мешуд. 

                                                                     

Саидризо Ализода (1892–1944) –

сармуҳаррири маҷаллаи форсии

тоҷикии «Шуълаи Инилоб»


  Ташкилёбии Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ. Дар аввали соли 1920 вазъи Ҳукумати шӯравии Русия нисбатан беҳтар гардид. Қувваҳои зиддишӯравӣ асосан шикаст хӯрданд. 2-юми феврали соли 1920 хони Хева ҳам сарнагун карда шуд ва ба ҷойи он Ҷумҳурии Халқии шӯравии Хоразм ба вуҷуд омад. Аморати Бухоро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун ягона такягоҳи қувваҳои зиддишӯравӣ боқӣ монд. 

  Вазъи баамаломада тамоми қувваҳои зиддиамирӣ, аз ҷумла қисми боқимондаи ҷавонбухороиёнро низ ба ҷунбиш овард, зеро як қисми онҳо Ҳизби коммунистии Бухороро ташкил дода, ба он дохил шуда бошанд ҳам,  қисми дигар худро канор гирифта, то ин лаҳза фаъолияти худро чандон нишон надода буданд. Масалан, яке аз пешвоёни ин ҳаракат Файзулло Хоҷаев ба Москва рафта, аз фаъолияти Ҳизби ҷавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Моҳи январи соли 1920 ӯ аз Москва ба Тошканд омада, Ҳизби ҷавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Дар ҷамъомади ҳизб, ки дар Тошканд гузашт, Бюрои Марказии Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ интихоб карда шуд. Он бо номи Бюрои Марказии Туркистонии Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ низ маълум аст. 

  Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ барнома дошт, ки  аз тарафи худи Ф.Хоҷаев тартиб дода шуда буд ва конфронси ҳизбӣ онро 14-уми июни соли 1920 қабул намуд. Аз барномаи он бармеояд, ки ҳизб мақсадҳои низомӣ доштааст: сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва барқарор кардани ҷумҳурии халқӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо ва ѓайра. Дар барномаи ҳизб Саидризо Ализода (1892–1944) – сармуҳаррири маҷаллаи форсии тоҷикии «Шуълаи Инқилоб» оид ба масъалаи дин таъкид карда мешуд, ки «дин ва шариат ифодакунандаи ҳақиқат ва ҳимоятгари камбаѓалон мебошад». Бинобар ин ҳизб ният дошт, ки дин ва шариатро ба муқобили ҳукуматдорони аморат ва капитализм истифода кунад. Нисбати масъалаи замин Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ният дошт, ки замини дар ихтиёри амир, бекҳо ва дигар истисморгарон бударо мусодира намуда, дар байни деҳқононе, ки дар ҳамон заминҳо кор мекарданд, тақсим намояд. Барои ба таври қатъӣ ҳал намудани масъалаи замин онҳо анҷумани деҳқононро даъват карданӣ буданд. Дар барнома инчунин рушди саноат дар Бухоро, рӯзи кории 8-соата, рушди илму фарҳанг ва ѓайра дар назар дошта шуда буд. Мувофиқи он, таълим дар мактабҳои ибтидоӣ бояд ба забони ҳамон халқе ҷорӣ карда мешуд, ки он ҳалқ дар он маҳал аксариятро ташкил менамояд, вале дар донишкадаҳои олӣ таълим бояд танҳо бо «забони адабии туркӣ» ҷорӣ мегардид. Тоҷикон дар барнома яке аз қабилаҳои турк ҳисоб карда мешуданд. Мувофиқи низомномаи ҳизб, ҷазо барои узви гунаҳкори ҳизб аз хориҷ намудан аз ҳизб то қатл муайян карда шуда буд. 

  Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ дар баробари Тошканд ва Москва, инчунин дар худи аморат: Бухорои Куҳна, Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ, Шаҳрисабз ва дигар нуқтаҳо шуъбаҳо дошт. Аз 15-уми апрели соли 1920 дар Тошканд ба нашри рӯзномаи худ –  «Учқун» (Шарора) cap  карданд, ки он моҳе ду дафъа, ба миқдори 5 ҳазор нусха ба забони ӯзбекӣ нашр мешуд. 

  Фарқи барномаи Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ аз барномаи Ҳизби Коммунистии Бухоро. Фарқи ҷиддии барномаи Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ аз барномаи Ҳизби Коммунистии Бухоро он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи Ҳизби коммунистӣ (болшевикон)-и Русия тартиб ёфта буд ва аз ин рӯ худро қисми таркибии он ҳизб ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро қисми таркибии Ҷумҳурии Туркистон ҳисоб мекард. Аммо Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ худро ҳизби мустақил ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро низ мустақил мешуморид. Такя ба дину шариат ба ҷавонбухороиёни инқилобчӣ имкон медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд, зеро ин нукта дар барномаи коммунистон ҷой надошт. Баръакс, ба ақидаи пешвоёни коммунистони Бухоро, дар аморат бо такя ба коргарон ва камбаѓалони шаҳру деҳот инқилоби сотсиалистӣ имконпазир будааст. Ба ақидаи пешвоёни ҷавонбухороиёни инқилобчӣ, инқилоби Бухоро бояд инқилоби халқии демократӣ бошад ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, ҳатто буржуазияи миёна ва хурд, иштирок намоянд. 

  Ҳамин тавр, дар арафаи сарнагун карда шудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ду ҳизб амал мекард. Мувофиқи баъзе маълумот, Ҳизби коммунистони Бухоро гӯё 5 ҳазор нафар аъзо ва 20 ҳазор нафар хайрхоҳ, Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ – 800 нафар аъзо ва 10 ҳазор нафар хайрхоҳ доштаанд. Аммо дар байни ин ду ҳизб иттифоқи мустаҳкам вуҷуд надошт.

  Сарчашма: 

  С.Айнӣ дар бораи зиёд шудани аъзо ва тарафдорони коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчӣ, ки онҳоро «Кумитаи ҷавонбухороиён» ном бурдааст, менависад: «Ба Кумитаи ҷавонбухороиён сиёсати дохилӣ ва хориҷии амир Олимхон бисёр ёрмандӣ кард. Ҳар касе, ки ҳар қадар зулм медид, ҳамон қадар ба идораи ҳукумати Бухоро бо чашми нафрат ва ба кумита ба назари дӯстӣ нигоҳ мекард. Зулмдидаеро, ки ҳукумати Бухоро таъқиб мекард ё дастгир карданӣ мешуд, агар маҷол меёфт, ба кумита илтиҷо мебурд». (Ниг.: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 10.  С. 184). С.Айнӣ дар асари дигараш оид ба муносибати байни ташкилотҳои коммунистии Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчӣ навиштааст: «Ин ташкилотҳо дар шаҳри Бухоро ва вилоятҳои вай ҳам шуъбаҳои махфии худро доштанд. Аммо хоҳ дар Тошканд бошад ва хоҳ дар маҳалҳо, ҳамеша дар байни ин ду ташкилот низоъ ва ҷанҷол буд, ки ин ба пеш бурдани инқилоби Бухоро сакта меовард...». (Ниг.: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 1.  С. 92).

  Санаҳои муҳим: 

1918, баҳор – бунёди Ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиалинқилобчӣ. 

1918, 25-уми сентябр – таъсиси Ҳизби коммунистии Бухоро. 

1920, январ – таъсиси Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ. 

1920, 2-юми феврал – сарнагун карда шудани хонигарии Хева ва бунёди Ҷумҳурии Халқии шӯравии Хоразм.

Савол ва супоришҳо: 

1) Чаро ҷавонбухороиён ба кишвари Туркистон муҳоҷират карданд? 

2) Ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиалинқилобчӣ чӣ тавр бунёд гардид ва тақдири ояндаи он чӣ шуд ? 

3) Ҳизби коммунисти Бухоро кай, дар куҷо ва чӣ тавр ташкил ёфт? 

4) Мувофиқи барнома мақсади коммунистони Бухоро аз чӣ иборат буд? 

5) Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ кай, дар куҷо ва чӣ тавр ташкил ёфт? 

6) Мувофиқи барнома мақсади ҷавонбухороиёни инқилобчӣ чӣ буд? 

7) Дар барномаи ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ва коммунистони Бухоро боз чӣ нуктаҳои фарқкунанда мавҷуд буд? 

8) Ҳизбҳои номбурда чӣ қадар аъзо ва хайрхоҳ доштанд? 

9) §§ 44 ва 49-ро такрор кунед.