§13. ЗАБТИ ХОНИИ ХЕВА ВА МУЛКҲОИ ТУРКМАННИШИН

§13. ЗАБТИ ХОНИИ ХЕВА ВА МУЛКҲОИ ТУРКМАННИШИН

   Истилои Хева. Амалиёти асосии қуввањои ҳарбии Русия дар Осиёи Марказӣ минбаъд барои забти хонии Хева нигаронида шуда буд. Барои рӯҳан маҳв намудани аскарони хонӣ артиши ҳарбии Русия баҳори соли 1873 ба муқобили он якбора аз се самт: аз самти Тошканд ба воситаи Ҷиззах (бо сарварии генерал-майор Головачёв – 4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи қалъача (форт)-и Эмбин (бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин – 3400 нафар) ва аз самти Красноводск (отрядҳои қафқозӣ бо сарварии полковник Маркозов – 4300 нафар), ҳамагӣ бо теъдоди 12 ҳазор нафар бо сарварии умумии К.П. Кауфман ба ҳуҷуми васеъ гузаштанд. 

   Миёнаи моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳӣ дар қаламрави хонӣ амалиёти ҷангӣ анҷом медоданд. 

   28-уми май барои шаҳри Хева ҷангҳои сахттарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева Саид Муҳаммад Раҳими II аз Кауфман сулҳ талабид. 12-юми июн бо фармони Кауфман амалиёти ҷангӣ дар қаламрави хонӣ қатъ гардид. 12-уми августи ҳамон сол байни Русия ва Хева шартномае иборат аз 18 банд имзо гардид, ки мувофиқи он, хони Хева аз пешбурди мустақилонаи сиёсати хориҷӣ бо давлатҳои ҳамсоя маҳрум шуда, тобеи Русия гардид ва бояд чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн 200 ҳазор сӯм месупорид. Аз заминҳои хонӣ соҳилҳои pocти дарёи Ому ба ихтиёри Русия гузашт. Дар ин қисм шуъбаи Омударё бо марказ дар Петро-Александровск (ҳоло шаҳри Турткӯл) ташкил ёфт ва он ба ҳайати вилояти Сирдарёи генерал – губернатории Туркистон дохил карда шуд. Инчунин хони Хева вазифадор гардид, ки дар қаламрави мамлакати худ ба харидуфурӯши одам ва ѓуломдорӣ хотима диҳад, барои фаъолияти тоҷирони Русия тамоми шароитро муҳайё намояд.

   Ҳангоми ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хони Хева амири Бухоро Музаффархон на танҳо ин амалиётро шартномае тарафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус амалан кумак расонид. Чунин рафтори содиқонаи амир ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле писанд афтод. Бинобар ин ҳукумати подшоҳӣ маҳз чунин садоқати амирро ба эътибор гирифта, ба ивази он мулкҳоеро, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, ба ихтиёри амири Бухоро дод. Ҳамчунин заминҳои Чорҷӯйро аз хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро вогузор кард. 

   Забти мулкҳои туркманнишин. Дар сиёсати ишѓолгаронаи ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Марказӣ баъди ҳалли тақдири хонии Қӯқанд масъалаи забти сарзамини қабилаҳои туркман ба миён омад. Аммо тадбирҳои ҳукуматдорони подшоҳии Русия оид ба ин масъала нисбатан пештар оѓоз ёфта буд. Чунончи, ҳанӯз соли 1869 қӯшунҳои қафқозӣ бо сарварии полковник Н.Г. Столетов аз бандари Петровский (Махачқалъаи ҳозира) баҳри Хазар (Каспий) гузашта, ба димоѓаи Муравёвск фуромаданд. Ин воқеаро оѓози забти сарзамини қабилаҳои туркман аз тарафи қӯшунҳои Русия ҳисобидан мумкин аст. Онҳо дар ин  ҷо шаҳри Красноводскро бунёд намуданд, ки он минбаъд ба яке аз марказҳои асосии ҳарбии Русия барои забти Хева ва замини қабилаҳои туркман табдил ёфт. Моҳи марти соли 1874 ҳукумати подшоҳӣ «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Хазар (Закаспий)»-ро тасдиқ намуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат дар сарзамини шарқии баҳри Хазар то дарёи Атрак ва дар ҷануб то сарҳади хонии Хева шуъбаи Моварои Хазар бо марказ дар Красноводскро таъсис дода, ба ихтиёри волии Қафқоз супориданд. Ҳамон замон ба ҳайати он шуъба приставҳои Манқишлоқ ва Красноводск дохил шуданд. 

    Минбаъд шуъбаи Моварои Хазар ба маркази асосии қувваҳои ба сарзамини қабилаҳои туркман ҳуҷумкунандаи ҳукумати подшоҳӣ табдил ёфт. Аввали моҳи майи соли 1877 отряди генерал Н.Ломакин Қизиларбатро ишғол кард, вале бо сабаби аз истеҳкоми асосӣ дур будан онро зуд тарк намуд. Онҳо соли 1878 дар соҳили Атрак истеҳкоми Чатраро бунёд намуда, моҳи август Қизиларбатро дубора ишғол карданд, вале 28-29-уми август аскарони рус дар ҷангҳои шадидтарини назди Кӯктеппа шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Баъди ин сарвари Қӯшунҳои рус дар Моварои Хазар М.Д. Скобелев таъйин шуд. 12-уми январи соли 1881 дар натиҷаи ҷангҳои шадиди серӯза қалъаи Данглитеппа, баъд Кӯктеппа, 18-уми январ Ашқобод забт гардид. Моҳи майи ҳамон сол шуъбаи Моварои Хазар ба вилоят табдил ёфт, ки ба он тамоми заминҳои аз ҳисоби кишвари туркманҳо забтгардида дохил мешуд. Бо ҳамин муқобилати сахттарини яке аз қабилаҳои бонуфузтарини туркман – тегинҳо бартараф карда шуд. Бо қӯшунҳои рус асосан ҳамин қабила меҷангид.

   1-уми январи соли 1884 дар воҳаи Марв барои маслиҳат куҳансолони қабилаҳои дигари туркман: вакил, сичмаз, бек ва боҳӣ ҷамъ шуданд. Дар ин ҷамъомад онҳо тақдири минбаъдаи мулки худро баррасӣ карданд. Ниҳоят, моҳи марти ҳамон сол қабилаҳои забтнашудаи туркман дар назди қувваҳои ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ маҷбур шуданд, ки ба ҳайати Русия дохил шудани мулки худро эътироф кунанд. Вале яке аз нуқтаҳои баҳснок – воҳаи туркманнишини Пандин (Панҷдеҳ) буд, ки ба он, чи афғонҳо (бо иғвои англисҳо) ва чи русҳо даъво доштанд. Худи ҳамон сол бо дастгирии англисҳо отряди афғонҳо ноҳияи Кушка ва Пандинро ишғол карданд.

    Моҳи марти соли 1885 қӯшунҳои рус бо фармондеҳии сардори вилояти Моварои Хазар А. В. Комаров қӯшунҳои афғонро аз минтақаи Пандин дур андохта, 18-уми март Кушкаро забт намуданд. Дар натиҷаи ихтиллоф на муносибати туркманҳою афғонҳо, балки муносибати русҳою англисҳо муташанниҷ гардид ва он қариб ба ҷанг оид шуд, вале ташаббусро дипломатҳои тарафайн ба даст гирифтанд. 10-уми сентябр дар байни Русия ва Англия шартнома имзо гардид ва барои дар ҷануб муайян намудани сарҳад комиссияи махсус ташкил карда шуд. Соли 1887 дар натиҷаи корҳои тӯлонӣ дар ин минтақа аз дарёи Ому то ҳудуди давлати Эрон марзҳои нуфузии байни Русияю Англия муайян гардид. Мувофиқи он, мулкҳои баҳсталаби номбурда дар ихтиёри Русия монданд.

    Ҳамин тавр, сарзамини қабилаҳои туркман низ аз тарафи қувваҳои ҳарбии Русияи подшоҳӣ истило карда шуд. 26-уми декабри соли 1897 идоракунии вилояти Моварои Хазар ба ихтиёри генерал–губернатории Туркистон гузашт.

Сарчашма:

   Академик Бобоҷон Ғафуров сабабҳои ба муқобили хонии Хева ҳуҷум кардани қӯшунҳои Русияро чунин шарҳ медиҳад: «Пас аз он ки дар миёни давлатҳои Британия ва Русия дар бобати тақсими доираи нуфуз созиш ба амал омад, ҳуҷуми қӯшунҳои подшоҳӣ ба Хева шурӯъ шуд. Ташаббускор ва ташкилкунандаи фаъоли юриши нави ишғолкорона К.П.Кауфман буд, ки дар амалиёти худ аз ҳукумати подшоҳӣ комилан тарафдорӣ медид. Зарурати «ҷазо додани» давлати хонӣ барои аҳдшиканиҳое, ки аз вақти куштори ҳайати сафорати Бекович-Черкасский дар соли 1717 зоҳир мегардид, барои ҳамла ба корвони тоҷирони рус, барои «муносибати беэҳтиромона» нисбат ба намояндагони генералгубернатори Туркистон ва амсоли инҳо ҳамчун баҳонаи ин юриш ба қалам дода шуданд. Аммо асли мақсади ин юриш ҳамон саъю кӯшиши доираҳои ҳукмрони империяи Русия дар роҳи васеъ кардани бозори фурӯш ва ба даст даровардани манбаъҳои нави маводи хом буд». (Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2 - С.171).

Санаҳои муҳим:

1868 – қӯшунҳои қафқозӣ баҳри Хазарро гузашта, ба димоғаи Муравёвск фуромаданд. 

1873, баҳор – ба муқобили хонии Хева ба ҳуҷуми васеъ гузаштани қӯшунҳои Русия. 

1873, 12-уми июн – бо фармони Кауфман амалиёти ҷангӣ дар қаламрави хонии Хева қатъ гардид. 

1873, 12-уми август – байни Русия ва Хева шартнома имзо шуд. 

1873, март – ҳукумати подшоҳии Русия «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Хазар (Закаспий)»ро тасдиқ намуд. 

1873,  май – Қизиларбатро бори аввал забт кардани қӯшунҳои Русия. 

1874, август – Қизиларбатро дубора забт намудани қӯшунҳои Русия. 

1875, 28-29-уми август – ҷанги шадидтарин дар Кӯктеппа ва шикасти қӯшунҳои Русия. 

1881, январ – аз тарафи қӯшунҳои Русия забт карда шудани Данглитеппа, Кӯктеппа ва Ашқобод. 

1881, май – шуъбаи Моварои Хазар ба вилоят табдил ёфт. 1884, 1-уми январ – ҷамъомад дар Марв 

1885, март – задухӯрди байни қӯшунҳои русу афғон дар Панҷдеҳ (Пандин) 

1885, 18-уми март – Кушкаро забт намудани қӯшунҳои Русия. 

1885, 10-уми сентябр – имзои шартнома дар байни Русия ва Англия. 

1887 – марзҳои нуфузии байни Русияю Англия аз дарёи Ому то ҳудуди давлати Эрон муайян гардид. 

1897, 26-уми декабр – идоракунии вилояти Моварои Хазар ба ихтиёри генерал-губернатори Туркистон гузашт.

Савол ва супоришҳо: 

1) Қӯшунҳои Русия аз кадом самтҳо ба муқобили хонии Хева ҳуҷум намуданд? 

2) Ҳуҷуми қӯшунҳои Русия ба муқобили хонии Хева бо чӣ анҷом ёфт? 

3) Шартномаи 12-уми августи соли 1873-ро, ки дар байни Русия ва хонии Хева имзо гардидааст, шарҳ диҳед. 

4) Ҳангоми хуҷуми қӯшунҳои Русия ба муқобили Хева мавқеи амири Бухоро чӣ гуна буд? 

5) Забти сарзамини қабилаҳои туркман аз тарафи қӯшунҳои Русия кай оғоз гардид? 

6) Дар кадом нуқтаҳои сарзамини қабилаҳои туркман муҳорибаҳои шадидтарин ба амал омаданд? 

7) Мақсади ҷамъомади Марв чӣ буд? 

8) Дар минтақаи Панҷдеҳ (Пандин) чӣ воқеа рӯй дод? 

9) Шартномае, ки 19-уми сентябри соли 1885 дар байни Русия ва Англия имзо гардид, чӣ гуна буд? 

10) §§ 1 ва 2-ро такрор кунед

Реклама