§35. КӮШИШҲО БАҲРИ ПОЙДОР НАМУДАНИ ЯГОНАГИИ АФҒОНИСТОН

   Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ. Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ  (1838–1897) маорифпарвар ва яке аз ходимони муътабари ҷамъиятии Афғонистони нимаи дуюми асри XIX ба ҳисоб меравад. Ӯ дар замони Аъзамхон вазифаи садри аъзамро ба уҳда дошт, барномаи ислоҳоти дохилиро тавассути гузориши махсус ба Шералихон тақдим карда буд.

   Дар ҳақиқат,  Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ як нобиға, мутафаккири бузург ва ислоҳкунандаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии олами Шарқ ба ҳисоб меравад. Вай дар мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб, аз ҷумла солҳои 1887–1889 дар Русия будааст. Бар зидди фишору тазйиқи хориҷиён, пеш аз ҳама англисҳо, мубориза мебурд. Иттиҳоде, ки Ҷамолиддини Афғонӣ таблиғ мекард, ҷанбаи динӣ дошт ва аз ин рӯ, ӯро асосгузори ҷараёни иттиҳоди исломӣ (исломпарастӣ ё худ панисломизм) меҳисобиданд. 

                                                   

Саид Ҷамолиддини Афғонӣ маорифпарвар ва яке аз ходимони муътабари

ҷамъиятии Афғонистон дap нимаи дуюми асри XIX

  Вале ақидаҳои сиёсӣ, фалсафӣ ва ахлоқии ӯ рӯҳи динӣ дошта бошанд ҳам, амалан, ҳадафашон бартараф кардани ақибмондагии моддӣ ва маданӣ, таассуби динӣ, истибдоди феодалӣ ва зулми мустамликадорӣ буд. Вай дар хитоба ва мақолаҳояш иттиҳоди мусулмонон, адолати иҷтимоӣ ва маърифатнокии мусулмонон, ба замони нав мутобиқ сохтани таълимоти динӣ ва ғайраро ташвиқ мекард, халқро ба сарнагун кардани режими пӯсидаи истибдодӣ ва барпо намудани ҳукумати миллии машрута даъват менамуд. Аз ин рӯ Ҷамолиддини Афғониро пешоҳанги ислоҳот ва тағйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистони нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, аз ҷумла ислоҳоти Шералихон ҳисоб мекунанд. 

  Ислоҳоти Шералихон. Баъди ба охир расидани ҷангҳои хонаводагӣ Шералихон ба гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шурӯъ намуд. Дар ин ҷода ӯ маҳз ба неруҳои миллӣ ва иҷтимоии мардумони ғайриафғон, аз он ҷумла тоҷикон, такя намудааст. Мақсади асосии ин ислоҳот мустаҳкам кардани ҳукумати марказӣ ва хотима бахшидан ба худсариҳо ва худхоҳиҳои амалдорон буд.

  Шералихон сараввал ба тарзи таъйин кардани амалдорон тағйироти ҷиддие ворид кард. Масалан, Дӯстмуҳаммадхон ба сарварии вилоятҳо ва маҳалҳо ҳатман писарони худро таъйин мекард ва ба кордонии онҳо аҳамият намедод. Аммо Шералихон ба лаёқат, садоқат ва шойистагии ҳар яке аз авлодаш, ки ба мансаб таъйин мекард, диққати махсус медод. Чунончи, бо сабаби аз уҳдаи вазифа баромада натавонистанаш писараш Иброҳимхонро аз вазифаи ҳокимии вилояти Ҳирот озод намуд, вале ӯ ба садоқати амалдорони ғайриафғон, аз ҷумла тоҷикон нисбат ба худ бовар надошт, бинобар ин, онҳоро ба мартабаҳои баланд таъйин намекард. Аз ҳамин сабаб тамоми мансабҳои асосии вилояту ноҳияҳои тоҷикнишин ба паштунҳо тааллуқ дошт. Ба ҳар ҳол, бо ташаббуси Шералихон, дар таърихи нави Афғонистон аввалин бор ба маънои имрӯза як ҳайати ҳукуматие ташкил карда шуд, ки он аз шахсиятҳои нисбатан кордон, лоиқ ва сазовор таркиб ёфта буд. Ба ҳамаи онҳо аз хазина маош таъйин гардид.

  Ислоҳоти Шералихон дар марказ низ мушоҳида мегардид. Масалан, бо супориши ӯ иборат аз 12 нафар як Шӯрои давлатӣ ташкил карда шуд. Амир масъалаҳои муҳими мамлакатдориро бо онҳо маслиҳат ва машварат мекард. Соли 1865 бори аввал дар Афғонистон Маҷлиси бузурги машваратӣ (Луя Ҷирга) даъват гардид, ки дар он 2 ҳазор нафар вакилони тамоми қавмҳо ва вилоятҳои мамлакат ҳамроҳ бо аҳли дарбор иштирок карданд. 

  Ислоҳоти ҳарбии Шералихон ҳам ҷолиби диққат аст. To замони ӯ неруҳо қавмӣ ва ғайримунтазам буда, ҳамеша боиси шиддат ёфтани ҷангҳои байнимулкӣ мешуданд. Бо ташаббуси ӯ як неруи мунтазами ҳукуматӣ ба вуҷуд оварда шуд. Афсарони калонсолро ба нафақа гусел карда, ҷавононро ба хизмати озод ва умумӣ ҷалб менамуданд. Артиши миллӣ аз се қисм: савора, пиёда ва тӯпхона иборат буд, ки дар маҷмӯъ 50 хазор нафарро ташкил медод. Маоши аскари пиёда 7 рупия ва аскари савора 14 рупия буд, ки ҳар моҳ нақд аз хазина пардохта мешуд. 

   Дар андозу хироҷ ва тарзи рӯёнидани онҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда шуд. Масалан, сеяки андози замин чанд моҳ қабл аз расидани ҳосили замин аз деҳқонон рӯёнида мешуд, ки Шералихон чунин тартибро бекор кард. Акнун андоз аз замин вақте ситонида мешуд, ки ҳосил ҷамъоварӣ шуда бошад. Инчунин, ба воситаи таксилдорон ва мустаҷирон ҷамъоварии хироҷи замин бекор карда шуд ва ҳар як молиядиҳанда худаш мустақиман хироҷро супорида, расидхат мегирифт. Бо сабаби зиёд гардидани хароҷот Шералихон андози нав – сарихонагиро ба унвони «ғазои муҳаммадӣ» (4-рупиягӣ аз сари ҳар хонае) ҷорӣ намуд. Дар натиҷаи ин даромади умумии хазинаи амирӣ ба 20 млн рупия расид. 

  Дар ҳаёти фарҳангӣ низ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Бо кӯшиши Мирзо Абдуллохон дар Кобул аввалин чопхонаи литографӣ ташкил карда шуд. Роҳҳо ва пулҳо сохта шуданд. Ҳунармандӣ рушд ёфт. 

   Ҷанги дуюми Англияю Афғонистон (1878–1880). Ҳукумати Англияро мустаҳкамшавӣ, ягонагӣ ва пешрафти Афғонистон ба ташвиш гузошт. Сиёсати пешгирифтаи Шералихон ба онҳо маъқул набуд. Ӯ дар қаламрави мулки худ ҷой додани агентҳои дипломатии англисро намехост, ки ин гуна мавқеъ ҳукумати Англияро ба ғазаб меовард. Англисҳо оид ба масъалаи Афғонистон 

            

Тўпҳои афғонӣ  дap болои филҳо

аз Русия хавфи ҷиддӣ надоштанд, зеро ҳанӯз соли 1873 мувофиқи қарордоди байни Русияю Англия дарёи Ому хатти сарҳадии нуфузи байни онҳо қарор дода шуда буд. Яъне бо ин Русия расман эътироф кард, ки Афғонистон аз минтақаи нуфузи ӯ хориҷ аст, вале баъди он ки қӯшунҳои рус соли 1873 хонии Хеваро забт ва ба ишғоли даштҳои Қароқум шурӯъ карданд, ин ташвиши англисҳоро зиёд намуд. Ғалабаҳои қӯшунҳои рус дар ҷанги Русияю Туркия (солҳои 1877 – 1878) онҳоро хеле бетоқат кард.

  Англисҳо бим доштанд, ки Русия ба воситаи Афғонистон ба муқобили Ҳиндустон лашкар кашиданист. Чунин тарсу бими онҳоро соли 1878 ба Кобул омадани ҳайати сафорати рус бо сарварии генерал Столетов қувват бахшид. Ҳангоми гуфтушуниди байни Русияю Афғонистон маълум гардид, ки ҳукумати Шералихон дар ҷанги муқобили Англия бо Русия ҳамкорӣ кардан мехостааст. Ҳукумати Русия дар чунин ҳолат ба Афғонистон гӯё аз ҷиҳати моддӣ ва таҷҳизоти низомӣ ҳамаҷониба мусоидат мекард. Ин гуна қарордоди байни Русияю Афғонистон барои ҳуҷуми навбатии қӯшунҳои англис баҳонаи асосӣ гардид.

  20-уми ноябри соли 1878 Англия ба муқобили Афғонистон ҷанг эълон кард. Рӯзи дигар қӯшунҳои 30 – ҳазорнафараи англисҳо дар самтҳои Қандаҳор, Курам ва Хайбар якбора ба ҳуҷум гузаштанд, вале дар чунин лаҳзаи мураккаб Шералихон ба ҷойи ба ҷанги муқобили англисҳо сафарбар намудани лашкари 50-ҳазорнафарааш, онҳоро ба ақибнишинӣ ва парешонӣ ҳидоят намуд. Ӯ Кобулро бо писараш Яъқубхон гузошта, 13-уми январи соли 1879 ба Мазори Шариф омад ва мехост, ки ба Петербург рафта, конгресси байналмилалӣ оид ба Афғонистонро даъват кунад, вале 21-уми феврали соли 1879 Шералихон дар Мазори Шариф вафот кард. Яъқубхон баробари шунидани хабари вафоти падараш гуфтушунид бо англисҳоро оғоз кард.

  Шартномаи Гандумак ва идомаи ҷанг. 26-уми майи соли 1879 дар мавзеи Гандумак байни Афғонистон ва Англия шартномае ба имзо расид, ки барои Афғонистон шартномаи хеле нангин ва вазнин ба ҳисоб мерафт. Дар асоси он равобити хориҷии Афғонистон ба ихтиёри ҳукумати Англия гузашт, дар Кобул намояндаи англисҳо бо дастаи низомии муҳофиз муқим гардид. Яъне дар асоси ин шартнома Афғонистон аз истиқлоли сиёсӣ ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дуру наздик маҳрум гашта, ба замимаи Ҳиндустон табдил ёфт.

  Баъди имзои шартномаи Гандумак намояндагии сиёсӣ ва низомии англисҳо дар Кобул таҳти сарпарастии майор А.Каваняри, ки ба ҳайси вазири мухтор шинохта шуда буд, ҳуқуқи васеъ дошт, ки ба корҳои дохилии Афғонистон ҳам худсарона мудохила намояд.

  Носозгориҳои рӯзгор, баланд рафтани нархҳо, рафтору кирдори англисҳо, бесалоҳиятии амир Яъқубхон ва ғайра 3-юми сентябри соли 1879 сабаби шӯриши умумихалқии мардуми Кобул гардид. Шӯришгарон пай дар пай ба маҳалли истиқрори англисҳо – Болоҳисори Кобул ҳамла мекарданд. Аз англисҳо низомиёни бисёре кушта шуданд. 

  Ҳукуматдорони англис бо шунидани воқеаҳои фоҷиавии Кобул фавран ба хоки Афғонистон қӯшуни зиёд равон карданд. Англисҳо баробари ба Кобул расидан бо мақсади нишон додани қудрат ва тавоноии худ дар шаҳр намоиши расмии қӯшунҳояшонро ташкил намуданд. Ба чунин ҳол Яъқубхон тоқат накарда ба истеъфо рафт ва декабри соли 1879 ба Ҳиндустон фиристода шуд. Баъди он генерали англис Робертс худро ҳокими мутлақи Афғонистон ҳисоб мекард. 

   Ҳамаи ин воқеаҳо мардуми Афғонистонро хеле ба ғазаб овард. 2-юми декабри соли 1879 бар зидди истилогарони англис ҷиҳоди умумӣ эълон карда шуд. Дар натиҷа аз чаҳор тараф дастаҳои фидоиён якбора ба Кобул ҳуҷум карда, 14-уми декабри соли 1879 қувваҳои низомии англисҳоро аз Кобул хориҷ карданд.

  Сарчашма: 

  Гуфтори як сиёсатмадори англис оид ба ҷанговарони Афғонистон: «Мо, англисҳо, на танҳо як бор, балки чандин бор бо таҳаммули хисоратҳои сангини ҷонӣ ва молӣ, ки бар мо ворид омадааст, дарсҳои муҳиме дар мавриди Афғонистон ёд гирифтаем, мо аз неруи муқовамати нажоди Афғонистон огоҳ шудем, ин миллати рашид ва ҷанговар дар даштҳои хавфнок ва кӯҳҳои душворгузари ватани аҷдодии худашон нишон доданд, ки бо чӣ фидокорӣ ҷангидаанд ва аз он дифоъ кардаанд. Афғонҳо, ки дар солҳои 1842 ва 1880 бо мо ҷангида буданд, таълимоти низомӣ ва аслиҳаи кофӣ надоштанд, бо ин ҳол мардона муқовимат карданд ва қасдашон дар ин ҷангҳо ин буд, ки аз ҳуҷуми кофирон ҷилавгарӣ кунанд ва мардона ҷилавгарӣ карданд». (Ниг.:Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон.- С. 226).

  Санаҳои муҳим: 

1838 – 1897 –  солҳои зиндагии Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ. 

1865 – бори аввал дар Афғонистон Маҷлиси бузурги машваратӣ (Луя Ҷирга) даъват гардид. 

1878  – 1880 –ҷанги дуюми ватанӣ дар Афғонистон. 

1878, 26-уми май –  имзои шартномаи Гандумак.

Савол ва супоришҳо: 

1) Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ кӣ буд ва таълимоти ӯ аз чӣ иборат аст? 

2) Ислоҳоти Шералихон кадом ҷабҳаҳоро дар бар мегирифт? 

3) Усули идоракунии Шералихон чӣ тавр буд ва он аз усули идоракунии Дӯстмуҳаммадхон бо чӣ фарқ мекард? 

4) Дар бораи ҷанги дуюми ватании Афғонистон чӣ медонед? 

5) Шартномаи Гандумак чӣ гуна шартнома буд? 

6) § 34-ро такрор кунед.