§ 53. ВАЗЪИ БУХОРОИ ШАРҚӢ

§ 53. ВАЗЪИ БУХОРОИ ШАРҚӢ

  Тавре ки қаблан зикр карда шуд, аз қувваҳои амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) танҳо беки Чорҷӯй бо қисме аз дастаҳояш асир гирифта шуд. Бекҳо – ҳокимони боқимондаи ин сарзамин бо сарбозони содиқи худ ба ҳар сӯ, аксар ба сӯйи Бухорои Шарқӣ фирор карданд. Худи амир Олимхон ҳам аз Бухорои Куҳна роҳи сӯйи Ғиждувонро пеш гирифта, рӯзи 2-юми сентябри соли 1920 ба сӯйи Бухорои Шарқӣ фирор кард ва ниҳоят дар деҳаи Душанбе қарор гирифт.

  Яке аз сабабҳои маҳз дар деҳаи Душанбе қарор гирифтани амир Олимхон он аст, ки шаҳраки Ҳисор, агарчи ҳамчун маркази бекнишин нисбатан бузургтар ва ободтар буд, вале он солҳо барои зиндагии тобистона мусоид набуд. Зеро атрофи ин шаҳракро ботлоқзор ва қамишзорҳо иҳота карда буданд, ки сабаби дар фасли тобистон хеле зиёд гардидани хомӯшаку ҳар гуна ҳашарот мешуданд. Бинобар ҳамин беки Ҳисор, амалдорону давлатмандони ин шаҳрак фасли тобистонро аввал бештар дар шаҳраки Қаротоғ мегузарониданд, вале шаҳраки Қаротоғҳам дар натиҷаи заминҷунбии 21-уми октябри соли 1907 хеле хароб гардида буд. Баъди он мақоми деҳаи Душанбе ҳамчун манзили  барои зист мувофиқ дар фасли тобистон бештару беҳтар шуда буд. Баробари дар Душанбе қарор гирифтани амир, мақоми сиёсии ин деҳа торафт афзудан  гирифт.

  Фармондеҳи фронти Туркистон М.В.Фрунзе 4-уми сентябри соли 1920 дар назди аскарони сурхи гурӯҳи бухороию самарқандӣ вазифаи нав гузошта буд, ки мувофиқи он, дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шӯравӣ дар назар дошта мешуд, аммо М.В.Фрунзе худ ин нақшаро амалӣ кардан натавонист. Мувофиқи қарори Шӯрои ҳарбии инқилобии Федератсияи Русия ӯ 10-уми сентябр аз кишвари Туркистон бозхонда шуд. 

  Қисмҳои аскарони сурх  амири гурезаро дунболагирӣ менамуданд. Онҳо 11-уми сентябр бе ҷанг Дарбанд ва бо як муҳорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд. Вале сарварони нави қисмҳои дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъиятро баррасӣ намуда, набудани захира ва қисмҳои эҳтиётӣ, наздик будани тирамоҳу зимистон, набудани роҳи мувофиқ барои кашондани тӯпҳои ҷангӣ, хастагии аскарону аспҳо ва ғайраро ба назар гирифта, ба пеш ҳаракат кардани қисмҳоро лозим надонистанд. Дар Дарбанду Бойсун мавқеъ гирифта истодани онҳо ғайримумкин буд. Бинобар ин 12-уми сентябри ҳамон сол онҳо ба сӯйи Ғузор ақиб гаштанд ва худи ҳамон рӯз роҳи Қарширо пеш гирифтанд. Бо ҳамин ҳаракати қисмҳои аскарони сурх аз қафои амири гуреза як муддат қатъ гардид. Дар ин муддат ҳар ду тараф ба муқобили якдигар омодагӣ медиданд.

  Аз Дарбанду Бойсун ба қафо – ба Қаршӣ баргаштани қисмҳои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ӯро рӯҳбаланд намуд. Онҳо бо роҳҳои гуногун, яъне чи аз ҳисоби сарбозони аз Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ин сӯ омада ва чи аз ҳисоби мардум ҷамъ кардани қувваи нав, инчунин, ҷалб намудани гурезагон – аксулинқилобиёни кишвари Туркистон қувваи азиме омода карданд. Амир дар ин мулк ҳукумати муваққатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода кардани амалиёти ҷангӣ барои аз аскарони сурх баргардонда гирифтани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳисоб мерафт, вале ба ӯ лозим омад, ки баҳри ба даст овардани ин мақсадаш асосан ба иқтидори худ такя намояд. Аз ин рӯ, дар Бухорои Шарқӣ вай аз як тараф сафи сарбозони худро пайваста зиёд намуд, аз тарафи дигар, баҳри пӯшонидани хароҷоти рӯ ба афзоиш ба дӯши мардуми зердасташ андозҳои бисёр бор кард. Умуман, баъди ба Бухорои Шарқӣ гурехта омадани амир Олимхон дар ин мулк на танҳо тартиботи пештараи амирӣ нигоҳ дошта шуд, балки режими барои халқ боз ҳам вазнинтаре ба вуҷуд омад.

  Шӯриши Усмон. Амир Олимхон ҳангоми аз Бухорои Куҳна гурехтан баҳри халосии ҷони худ бо хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва ҳар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро ҳам дар роҳ, махсусан, ҳангоми гузаштан аз дарёи Зарафшон талаф дод. Бинобар ин ӯ худро дар Бухорои Шарқӣ бечора меҳисобид, вале бо чунин аҳвол қаноат накарда, ба гардани ҳокимон ва заминдорони ин диёр андозҳои зиёде бор кард. Ҳокимон ва феодалон дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба микдори дучанд ва ҳатто аз он ҳам зиёд меситониданд. Чунон ки маълум мешавад, охири соли 1920 танҳо аз бекигарии Қаротегин барои амир 800 асп ва 300 бухча «туҳфаҳо»-и қиматбаҳо фиристодаанд. Чунин аҳвол, албатта, ба дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ низ хос буд. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки аз тарафи ҳокимони ин гӯша барои кайфияти амир, дар қатори туҳфаҳои гуногун, инчунин, духтарон ҳам пешкаш карда мешуданд.

   Аммо сиёсати дар Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир, махсусан, тадбирҳо оид ба сафарбарии ҳарбии ӯ боз ҳам фоҷиабортар менамуд, зеро чун ҳарвақта ба чунин рӯйхат боз бечорагон, ки имкони пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Ҳамин сиёсат дар водии Қаротегин сабаби cap задани шӯриши калонтарин бо сарварии Усмон гардид.

   Моҳи декабри соли 1920 беки Қаротегин Абдулҳафиз ҳангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ хост, ки аз деҳқонони «гарданшах»-е, чун Усмон, халос шавад. Бо ҳамин мақсад Усмонро бо Мулло Тош, инчунин дигар ҳамфикронаш ба сифати навкар ба Душанбе, ба хидмати амир фиристод, вале онҳо дар роҳ аз Файзобод ба қафо, ба Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин аз хоҷагиҳои онҳое, ки намояндагонашон аз хидмати навкарии амир гурехтанд (аз ҷумла аз хоҷагии Усмон ва Мулло Тош), талаб кард, ки андоз – хироҷи 7-соларо пешакӣ супоранд. Чунин тадбири ҳоким ба саршавии шӯриш баҳона гардид, зеро маҳз баъди ин воқеа Усмон вазъияти баамаломадаро ба эътибор гирифта, роҳи ягонаи халосиро дар шӯриш дида, ҳатто ба дӯсти худ – Одина, ки дар Ҳоит мезист, барои кумак бо мактуб муроҷиат кард. Одина низ ҷавобан ба ин мактуб деҳқонони Ҳоит ва Қалъаи Лабиобро ҳамроҳи худ гирифта, ба кумаки Усмон, ба деҳаи Янғолик, ки маркази шӯриш буд, шитофт. 

  Шӯришгарон, ки аз 2500 нафар пиёда ва 650 тан савора иборат буданд, аз деҳаи Янғолик ба маркази бекигарии Қаротегин – шаҳраки Ғарм ҳаракат карданд. Онҳо ба деҳаи Навдӣ омада, якчанд рӯз он ҷо истоданд. Намояндагони ҳоким барои музокира ва имзои сулҳ ба ин ҷо омаданд, вале Усмон он таклифҳоро рад намуда, ҳаракат ба сӯйи Ғармро давом дод. Вақте ки шӯришгарон ба Ғарм наздик омаданд, бек аз муқобилат даст кашида, ба Усмон ваъда дод, ки гуноҳи ҳамаи шахсони аз хидмати навкарӣ гурехтаро афв мекунад, онҳоро аз андоз озод менамояд, ба худи Усмон унвони «бий» медиҳад ва ғайра Усмон ба ин ваъдаҳои ҳоким бовар накард. Беки Қаротегин Абдулҳафиз аз тарс гурехтанӣ шуд, вале дастгир ва ҳабс карда шуд. Шаҳраки Ғарм бе ҷанг ба дасти шӯришгарон гузашт. Онҳо ҳамаи маҳбусонро озод карданд, тамоми ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ҳоким буда, аз ҷумла васиқаҳоро сӯзонданд. Ба муносибати ғалаба 7 рӯз шодиву хурсандӣ эълон карданд.

  Ҳамин тавр, дар маркази Қаротегин – шаҳраки Ғарм ҳокимият пурра ба ихтиёри шӯришгарон гузашт, ки он дар таърих бо номҳои «ҳокимияти халқӣ» ва «ҳокимияти халқии Усмон» маълум аст. Дар он ҳокимият Усмон – раис, Одина ва Мулло Тош – муовинони ӯ гардиданд, вале онҳо бо гирифтани ҳокимият ором гардида, дигар аз чӣ cap кардани корро намедонистанд. Бинобар ин шӯришгарон маҷбур шуданд, ки қисме аз амалдорони ҳокими собиқро аз ҳабс озод намуда, ба амалҳои гуногун таъйин кунанд. Яъне бо ном «ҳокимияти коалитсионӣ» барпо намуданд. Масалан, аз амалдорони собиқ Давлатбекбий – сарвари таъминот, Мулло Абдураҳим судур – қозӣ, Мулло Мирзо Умед – муфтӣ   таъйин гардиданд. 

  Дар «ҳукумати халқии Усмон» ягонагӣ вуҷуд надошт. Амалдорони собиқ ба ҳукумати нав содиқ набуданд. Баръакс, онҳо камтаҷрибагии Усмонро ба назар гирифта, ӯро бо фиреб, гӯё «барои пешвозгирии ихтиёриёни қисми поёни Қаротегин» фиристоданд. Ҳангоми дар Ғарм набудани Усмон, Давлатбекбий Одинаро ба хонаи худ, гӯё ба зиёфат даъват намуда, ба қатл расонд ва ҳокимро бо дигар тарафдоронаш аз ҳабс озод намуд. Бо шунидани ин фоҷиа тарафдорони Одина, ки аз Ҳоит ва Қалъаи Лабиоб омада буданд, ба деҳаҳои худ баргаштанд. Бо ҳамин «ҳукумати халқии Усмон» баъди 10–15 рӯзи мавҷудияташ амалан барҳам хӯрд.

   Усмон аз фоҷиаи Ғарм баъди ду рӯз огоҳ гардида, ба Ғарм баргашт. Дар наздикии Ғарм ӯ аз тарафдорони беки собиқ шикаст хӯрд. Баъди ин ҳамроҳи Усмон ҳамагӣ 12 шӯришгар монд, вале ӯ аз мақсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ғарм боз қувва ҷамъ кард. Миқдори қувваҳо ин дафъа ба 150 нафар расид. Баъди 20 рӯзи фоҷиаи Ғарм Усмон бори дигар ба он ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моҳ тақрибан 50 нафар иштирокчии шӯриш ҳабс карда шуданд. Сарварони он – Усмон, Мулло Тош ва дигаронро қатл карда, ҷасадҳояшонро ба дарёи Сурхоб партофтанд. Дӯстон ва авлоди Усмон ҷасади ӯро аз дарё бароварда, пинҳонӣ гӯрониданд. Аз ин кор яке аз сипоҳиёни бонуфузи маҳаллӣ – Муҳаммад Саидбий огоҳ гардида, бо мақсади ибрати дигарон, ба гардани онҳое, ки ҷасади Усмонро гӯрониданд, 1500 танга ҷарима бор карда, молу мулкашонро мусодира намуд.

  Ҳамин тавр, шӯриши Усмон шикаст хӯрд. Он ҳарчанд дар сарзамини Қаротегин нисбат ба шӯриши Қаландаршоҳ аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъол будани мардум қадаме ба пеш буд, вале бетаҷрибагии сарварони «ҳокимияти халқӣ» имкон надод, ки муваффақиятҳои бадастовардаро мустаҳкам намоянд, мардуми атрофро ҳарчи зудтар ба тартиботи нав ҷалб карда дар тамоми водӣ назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд.

  Сарчашма:

С.Айнӣ аз рӯйи ривояти Ҳоҷӣ Абдусаттор ном яке аз саркардагони Бухоро, ки ҳангоми гурехтани амир Олимхон ӯро ҳамроҳӣ кардааст, дар бораи бунёди салтанати нави ӯ ин тавр навиштааст: «Амир дар вақти фирори худ чанд ароба ашёи пурқимат ва зару сим бо худ гирифта бошад ҳам, аз бими таъқиб ҳамаро дар роҳ андохт. Чунончи, дар вақти ворид шуданаш ба Ҳисор гӯё ки бечиз буд. Бинобар ин, ҳокимон ва сарватдорони он сарзаминро ба мусодира кашида, филҷумла асбоби ҳашамати худро ороста кард... Амир дар ин ҷо низ бо туҳмати ҷадидӣ чанд нафарро ба қатл расонид». (Ниг.: С.Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 10. - С. 186–187).

 Санаҳои муҳим: 

1920, 4-уми сентябр – аз тарафи М.В. Фрунзе дар назди аскарони сурхи гурӯҳи бухороию самарқандӣ гузоштани масъалаи дар Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ. 

1920, 10-уми сентябр – аз кишвари Туркистон бозхонд шудани М.В. Фрунзе. 

1920, охири декабр – 1921, аввали январ – шӯриши Усмон.

  Савол ва супоришҳо:

1) Амир Олимхон ба Бухорои Шарқӣ кай омад? 

2) Барои чӣ баъди забти Бойсун пешравии қисмҳои аскарони сурх ба дарунтари Бухорои Шарқӣ қатъ гардид? 

3) Амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ бо чӣ корҳо машғул шуд? 

4) Сабаби ба вуҷуд омадани шӯриши Усмон чист? 

5) Шӯриши Усмон кай ва дар куҷо ба амал омада, бо кадом натиҷа анҷом ёфт? 

6) Чаро ҳокимияти ташкилкардаи Усмонро «ҳокимияти халқӣ» мегӯянд? 

7) §§ 51 ва 52-ро    такрор кунед.