§ 2. МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

§ 2. МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

 1.   МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Дар фалсафа истилоҳи “моҳият” хосияти доимию асосии ашёро ифода мекунад, ки бе он вай маъние надорад. Барои муайян кардани моҳияти ҳуқуқҳои инсон зарур аст, ки хосиятҳо ва ҷиҳатҳои асосии ифодакунандаи ҳуқуқ ва озодиҳо ҳамаҷониба омӯхта шавад.

Ба қатори чунин ҷиҳатҳои асосӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст:

Аввалан, ҳуқуқҳои инсон дар одамон аз лаҳзаи таваллуд чун шарти ҷудонопазири мавҷудият, ки табиати одамӣ барои зиндагию инкишофи ӯ талаб менамояд, пайдо мешаванд. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳамаи одамон аз лаҳзаи таваллуд мансуб буда, онҳоро рабудан мумкин нест.

Дуюм, дар ҳуқуқҳои инсон арзишҳои муҳимтарини умумиинсонӣ, ки бояд онҳо ҳар кадоме сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, эътиқоди динӣ ва асосҳои дигар истифода шавад, ифода мегардад. Ҳуқуқҳои инсон худ арзиши волотаринанд, ки бояд ҳимоя шаванд.

Сеюм, ҳуқуқҳои инсон андозаи озодии одам ва имкониятҳои истифода аз неъматҳои маънавӣ ва моддиро муайян менамояд, ки байни онҳо ин унсурҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ҳаёт, саломатӣ, шараф, эътибор, амнияти шахсӣ, моликият ва боз бисёр чизҳои дигар. Дар ин маврид ҳуқуқҳои инсон аз ӯҳдадориҳо дар назди ҷомеа ва давлат ҷудонашавандаанд ва ӯҳдадории аз ҳама муҳим вайрон накардани ҳуқуқҳои дигарон аст.

Чорум, ҳуқуқҳои инсон мавқеъ ва нақши одамро дар ҳаёти ҷомеа инъикос менамояд. Танҳо дар сурате, ки агар эътибори одам паст зада нашавад, агар ӯ худро дар рафтор ва масъулият барои амалҳояш озод ҳис кунад, агар ҳуқуқҳои ӯ боэътимодона ҳимоя шуда бошанд, одам ҳаёти хушбахтонаю саодатмандона ба сар бурда, дар ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолона иштирок мекунад.

Панҷум, ҳуқуқҳои инсон дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва қонунгузории ҳар давлат зикр шудаанд. Чунончи, дар конститутсияҳои аксари мамлакатҳои ҷаҳон қисматҳо ё бобҳои алоҳидаи ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшидашуда мавҷуданд.

Шашум, амалисозии ҳуқуқҳои инсон аз кафолатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, яъне шароитҳо дар ҳар як мамлакати мушаххас вобастаанд. Ба кафолатҳои иқтисодӣ инҳо мансубанд: инкишофи иқтисодии мамлакат, сарватҳо ва неъматҳои моддии ҷомеа, дараҷаи даромади шаҳрвандон. Масалан, амалисозии ҳуқуқ ба манзил бевосита ба суръати сохтмони манзилгоҳҳо ва ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ба инкишофи системаи нигаҳдории тандурустӣ вобаста аст. Ба кафолатҳои сиёсӣ махсусиятҳои инкишофи демократия дар мамлакат, гуногунрангии сиёсӣ, тақсимоти ҳокимият, мавҷудияти ташкилотҳои ҷамъиятиро мансуб донистан мумкин аст.

Ҳамаи онҳо ба амалисозии чунин ҳуқуқҳои сиёсӣ, масалан, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ ва ғайра таъсир мерасонанд. Ба кафолатҳои ҳуқуқӣ зикр гардидани ҳуқуқҳои инсон дар қонунгузории давлат ва амалисозии нуктаҳои қонун дар амалияро мансуб донистан мумкин аст. Ҳама гуна санадҳо, фармонҳо, амру фармоишот ва дастурҳо, ки ҳуқуқу озодиҳои муқарраргардидаро кам ё инкор мекунанд, ғайриқонунӣ мебошанд.

Фикр кунед, ки зери мафҳуми кафолатҳои маънавӣ чӣ дар назар дошта мешавад? Оё дараҷаи маданиятнокии ҷомеа, маълумотнокии одамон, маънавияту руҳоният ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон таъсир расонда метавонанд?

2.НАҚШ ВА ВАЗИФАҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶОМЕАИ ҲОЗИРА. Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи ҳозира ва давлат нақши ҳалкунанда мебозад. Риояи ҳуқуқҳои инсон муттаҳидии ҷомеаро таҳким мебахшад, ташаббус ва ҷӯшу хурӯш, некӯаҳволии моддӣ, ватандустӣ, ҳисси эҳтиромро ба Ватани худ афзун месозад.

Дар шароити эътироф ва ҳимояи қадру номуси шаҳрвандон нақши ташаббусҳои ҷамъиятӣ афзуда, ҳар гуна институтҳои ҷамъиятӣ (созмонҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои кӯдакона, иттифоқҳо, ҷомеаҳо, корхонаҳои савдо ва истеҳсолӣ) таъсис меёбанд, воситаҳои нави ахбори омма пайдо мешаванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, рӯ ба рушд меорад.

Ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҳозира вазифаҳои муҳимро ба ҷо меорад. Байни онҳо инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ахлоқӣ-маънавӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра.

Вазифаи ахлоқӣ-маънавии ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи намояндагони ҷомеаи ҳозира ташаккул додани арзишҳои ахлоқӣ, эътиқоде мебошад, ки ҳуқуқ, озодиҳо, шаъну эътибори инсон, сулҳ дар тамоми ҷаҳон, адолатнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарпазирӣ ва дигар арзишҳоро ҳимоя мекунанд.

Вазифаи ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқҳои инсон, ки дар одамон ташаккул додани муқаррарот ва муносибати ҷаҳонбинӣ ба равандҳои инкишофи ҷомеа ва давлат, пеш аз ҳама инсондӯстӣ (гуманизм) ва рад кардани зӯроварӣ, тарбияи эҳсоси масъулият барои рафтори худ, баҳри тақдири Ватани худ ва умуман, инсониятро дар назар дорад, ба он хеле наздик аст.

Вазифаи маърифатноксозие, ки ҳуқуқи инсон ба ҷо меорад, тарғиби иттилоот, донишҳо дар бораи озодӣ, шаъну эътибори одам, механизмҳои амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ғайра мебошад. Танҳо одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро амалӣ созад ва ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои вайроншудаи дигар одамонро ҳимоя ва барқарор кунад.

Вазифаи ҳуқуқии ҳуқуқҳои инсон таъмини амният ва ҳимояи шахсиятро аз таҳдидҳои бешумор ба мавҷудияти он, нигоҳдории тартибот дар муносибати байни одамон, ҳамчунин миёни одам ва давлатро дар назар дорад.

Ва ниҳоят, вазифаи сиёсии ҳуқуқҳои инсон ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсияти иҷтимоан фаъол мебошад, ки дар ин хусус дар бобҳои ояндаи китоби дарсӣ сухан меравад.

Ба ин тариқ, амалисозии ҳуқуқҳои инсон барои инкишофи ҷомеаи ҳозира нақши ҳалкунанда мебошад. Некуаҳволии мамлакат аз мавқеи худи шаҳрвандон, ки алоқамандии худро ба тақдири худ ва ояндаи ворисони худ хуб мефаҳманд, вобастагӣ дорад. Ва ин манфиати асосии миллии ҳама гуна давлати демократист, ки вазифаи муҳимтарини худ - риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба ҷо меорад.

 

Маҳфумҳои зеринро ба хотир гиред: моҳият, кафолат, санад, инсондустӣ, вазифаҳои ҳуқуқи инсон.

 

Савол ва супоришҳо:

1.Кадом ҷиҳатҳои асосӣ моҳияти ҳуқуқҳои инсонро муайян мекунанд?

2.Кафолатҳоеро, ки ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон таъсир мерасонанд, номбар кунед.

3.Ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи ҳозира кадом вазифаҳоро ба ҷо меоранд?

4.Ин пораро аз суханронии нависанда Б. Стругатский бодиққат хонед: "Асоси маънавият метавонад (ва бояд) эҳтиром ба худ ва дигарон бошад, он чиро, ки ба худ раво намебинӣ, ба дигарон низ раво мабин. Ин принсип ба он маънӣ универсалист, ки ба ҳар як мавҷудоти одамии тамоми замонҳо ва халқҳо дастрасу фаҳмост ва дар ҳамаи замонҳо ва дар ҳамаи халқҳо ба таҳкими муътадилии ҷомеа мусоидат мекунад ".

Ба андешаи Шумо, ин ҷо сухан дар бораи кадом вазифа, ки ҳуқуқи инсон ба ҷо меорад ва эҳтиром ба ҳамаи одамон меравад?