1. ПАЙДОИШИ АҚИДАҲО ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАЪРИХИ ҶАҲОН. Ибтидои ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи инсонӣ ба таърихи ҳазорсолаҳои X-VIII пеш аз милод - замоне рафта мерасад, ки нахустин инсонҳои рӯи замин ба даврони асри нави сангин ворид шуда, бо роҳи худмуҳофизат ҳуқуқи худ ва ҳамсару фарзандонашонро дифоъ намуда, усули худмуҳофизаткунӣ ва ҷазодиҳиро амалӣ менамуданд. Нахустинсонҳо дар остонаи тамаддунҳо аз рӯи қонуни ҷангал амал намуда, адолат ва ҳақиқатро тавассути зӯрӣ ва худҷазодиҳӣ ба сомон мерасониданд. Азбаски дар ин даврон одамон ҳуқуқҳои худро тавассути худмуҳофизат амалӣ менамуданд, роҷеъ ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи инсон чизе гуфтан мумкин нест. Зеро ин даврон танҳо барои қонеъ намудани талаботи биологӣ, ҷисмонӣ, иқтисодӣ бо роҳҳои зурӣ ва фиреби оддӣ ба дарки ҳуқуқҳо замина мегузошту халос. Он рӯзгор ҳар кас барои ҳаққи худ мубориза мебурд. Гуруҳи одамоне, ки барои ҳаққи худ мубориза бурда, ҳаққи муқобили худ ва дигаронро намебинад, аз рамаи ҳайвонот кам тафовут дошт. Бинобар ин, давраҳои аввалини эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба даврони ҳаёти якҷояи (иҷтимоии) одамон, ба даврони сохти авлодии ҷамоаи ибтидоӣ, ба давроне рост меояд, ки одамон дар доираи маҳдуд ҳам бошад, яке ҳаққи дигареро ҳифз мекард, яке бар дигаре кӯмак менамуд, яке дигареро пуштибонӣ намуда, вазифаи муайянро адо мекард.
Дар даврони сохти авлодии ҷамоаи обшинаи ибтидоӣ инсонҳо чунин ҳуқуқҳои фитрӣ доштанд: ҳуқуқ ба ҳаёт; ҳуқуқ ба никоҳ; ҳуқуқ ба шикор; ҳуқуқи иштирок дар маҷлиси умумии авлод ва қабила; ҳуқуқ ба манзил бо махсусияти коллективӣ; ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ ва коллективӣ; ҳуқуқи истифода аз одатҳо ва анъанаҳо; ҳуқуқ ба тоату ибодат ва иштирок дар маросимҳои динӣ; ҳуқуқ ба ҳаракат дар ҳудуди муайян; ҳуқуқи кӯдакон ба таъминот ва ҳифзи зиндагӣ аз ҷониби волидон ва ғ.
Вале ин ҳуқуқҳо ба пуррагӣ ҳанӯз кафолат надоштанд, онҳоро ё муборизаи шахсии субъектҳо ва ё мақомоти ба тозагӣ нерӯгирифтаи авлод ва қабилаҳо ҳифз мекарданд. Асосҳои ҳуқуқӣ ва ё манбаҳои эътирофи ин ҳуқуқҳо ҳанӯз дар даврони қабл аз давлатӣ чунинанд:
1. Усули табиии (инстинкт) худмуҳофизат ва муҳаббати табиӣ байни инсонҳо (аз охирӣ ахлоқ бунёд мешавад);
2. Зарурати зиндагии якҷояи одамон;
3. Ҷаҳонбинии динӣ ва таълимоти динии нахустин инсонҳо;
4. Урфу одатҳо;
5. Қарору дархостҳои маҷлиси умумии авлод, қабилаҳо ва роҳбарони онҳо, ки заминаи тавлиди ҳуқуқи таҳмилӣ гаштаанд.
Ҳамин тавр, ҳуқуқи инсон дар даврони гузариш аз оилаҳои ғайрииқтисодӣ ба иқтисодӣ қисман оғоз гардида, дар ҳудуди инкишофи нахустин шаклҳои ҳамзистии ҷомеа - авлод, қабила ва иттифоқи қабилаҳо заминаи мавҷудият ва эътирофи худро пайдо намуда, дар даврони нахустин тамаддунҳо ва давлатҳо ба зинаи болотари инкишофи худ расидааст.
Хуқуқи фитрии инсон маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ки табиатан ба инсонҳо тааллуқ дошта, шарти мавҷудияти онҳоро ҳамчун вуҷуди бошуур ва иҷтимоӣ ифода менамояд.
Ё:
Ҳуқуқи фитрии инсон ҳуқуқест, ки табиатан ба инсон мансуб буда, бидуни он ӯ ҳамчун инсон зиндагӣ карда наметавонад.
Ҳуқуқҳои табиӣ то пайдоиши давлат ба миён омадаанд. Аз он замоне, ки инсонҳо зиндагии якҷоя ва тамаддуниро касб карда, ба бунёди нахустин давлатҳо замина гузоштанд, ҳуқуқи инсон тадриҷан мавриди дифоъ ва ҳимояи расмӣ қарор гирифт. Вале ин дифоъшавӣ низ аксаран дар доираи манфиати синфҳои ҳоким маҳдуд мешуд. Баъдҳо дар масири таърих давлатҳо зина ба зина васеъшавии ҳуқуқи инсонро ҳамчун амри воқеии инкишофи ҷамъият ва давлат ногузир қабул намуданд. Дар ин кор саҳми мутафаккирон, олимон ва донишмандони ҳар халқу миллат, ки нахустин шуда, аз ҳуқуқҳои инсон ҳарф зада, ҳимояю эътирофи онро ҳамчун гарави адлу инсофи давлатдорӣ шинохтаанд, хеле бузург аст.
2.ТАШАККУЛЁБИИ ТАСАВВУРОТ ДАР БОРАИ БЕҲАМТО БУДАНИ ШАХСИЯТИ ИНСОН ВА ҲУҚУҚҲОИ У ДАР ШАРҚИ ҚАДИМ ВА ҶАҲОНИ АТИҚӢ. Агар ба таърихи давлатҳои нахустини ҷаҳон Миср, Бобул, Ошур, Чин ва Ҳиндустон назар афканем, ба осонӣ пай мебарем, ки бо вуҷуди истибдодӣ будани низоми идорӣ дар низоми ҳуқуқии онҳо меъёрҳои ҳукуқие, ки аз эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳимояи онҳо шаҳодат медиҳанд, зиёданд. Тамаддуни ҳуқуқии мисрӣ тақрибан дар байни солҳои 5500-500 то милод, ҳиндӣ (харапӣ) аз солҳои 3500-1500 то милод (охирӣ аз ҷониби ориёиҳо аз байн бурда шудааст), чиноӣ солҳои 2000-400 то милод, бобулӣ солҳои 2000-529 то милод мавҷуд буданд. Ҳар як тамаддун дар доираи муайян ҳуқуқҳои инсонҳои аввалинро ҳифз кардааст. Инчунин боз дигар марказҳои тамаддуни дунёи қадим мавҷуд буданд, ки инсон ва қисме аз ҳуқуқҳои ӯро аввалин шуда шинохтанд. Ҳуқуқи Мисри қадим тавассути Худои Осирис таькид ба адолати судии бегараз менамуд. Осирис тибқи таьлимоти мисриҳо тамоми кирдорҳои нек ва бади инсонро болои тарозуи адл гузошта, ҳаққи инсонро ба моликият, ба манзил, ҳаёт, ҳаракат, никоҳ ва амсоли инҳо эътироф ва ҳифз намудааст. Некӯкирдорон ва муҳофизони ҳуқуқи инсонро ба биҳишту бадкоронро ба дӯзах ҳидоят мекардааст ин Худованди додшинос.
Чунин махсусияти додгоҳӣ дар тамоми давлатҳои Шарқи қадим мушоҳида мешавад. Дар онҳо худоҳои аввалия барои ҷорӣ намудани тартибот ва низоми идорӣ ба инсонҳо кӯмак намудаанд. Митра ва Ардви Сура дар Эронзамин, Геркулес ва Фемида дар Юнон, Осирис дар Миср ва ғ. шаҳодати ин аст. Хулоса, гуфтан мумкин, ки дар давраҳои аввал инсонҳо ҳуқуқҳои худро тавассути неруҳои динӣ ва хаёлии худ, ки аксаран аз табиат мабдаъ мегирифтанд, ба танзим медароварданд. Баъдан ҳуқуқи судӣ маҳз аз ҳамин таълимот сарчашма гирифтааст. Дар сарзамини тоҷикон Олиҳаи адолати судӣ дар ибтидои ҳазораи 2 -1 қабл аз милод Рашан будааст, ки дар он акси Офтоб чун садоқати Митра ва тарозу бо оташ инъикос ёфтааст. Оташ гунаҳкорӣ ва ё бегуноҳии шахсро муайян мекарду тарозу адлро таъмин менамуд.
Вале ин ҳама нисбӣ буд, зеро ҳанӯз ҳуқуқ манбаҳои ғайриақлӣ дошта, аксари ҳуқуқҳои мардум шинохта намешуд ва ё аз ҷониби сарватмандон поймол мешуд. Аммо дар баробари ин гоҳ-гоҳ дар марказҳои дунёи қадим сарчашмаҳои ҳуқукие пайдо мешуданд, ки ин ё ҷанбаи ҳуқуқи инсонро эътироф мекарданд.
Ҳанӯз дар соли 2370 қабл аз милод яке аз ҳокимони Шумери қадим дар Лагаш Урукагин ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида, ҳуқуқи мардумро ба моликият, ба меҳнати пулакӣ дар саҳро, ба додгоҳи беғараз (манбаҳои ғайриақлӣ дошт), ба манзил, ба ҳаёти осоишта қисман муҳофизат намуда, истифодаи меҳнати ноболиғонро дар кандани канали объёрикунанда манъ кардааст.
Дар ибтидои давлатдории давлатҳои қадима, ки ҳанӯз боқимондаҳои сохтори авлодӣ ва ҷамоавӣ мавҷуд буд, ҳуқуқҳои инсон қисман эътироф мешуд. Вале баъдҳо, чун давлатҳои ғуломдорӣ инкишоф меёбанд ва истисмори одам барои бунёди иншоот ва гирифтани даромад афзоиш мекунад, даврони беҳуқуқӣ ва ғуломии инсон сар мешавад. Давлатҳои ғуломдории Миср, Бобул, Ҳиндустон, Чин ва ғ. ба ин гуруҳ дохил буданд.
Таърихи ҳуқуқи инсон ва шинохти ҳуқуқи инсон бо ду роҳ ба инкишоф рӯ овардааст: 1. Роҳи давлатӣ, ки ҳуқуқи инсон дар сарчашмаҳои расмии давлат инъикоси худро ёфтааст; 2. Сарчашмаҳои маънавӣ ва фарҳангӣ, ки дар эҷодиёти олимон ва файласуфон арзёбӣ гардидаанд.
3.ШАХСИЯТ ВА ОЗОДИИ Ӯ АЗ НАЗАРИ ФАЛСАФАИ ЮНОНИ ҚАДИМ ВА РИМИ ҚАДИМ. фалсафаи Юнон дар қатори дастовардҳои бузурги илмӣ дар соҳаҳои гуногун дар шинохти ҳуқуқи инсон хизмати бузурге кардааст. Юнониёни қадим аввалин шуда ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар ҳудуди шаҳр-давлатҳо (полисҳо) шинохтаанд. Ба ақидаи онҳо шаҳр-давлатҳо офаридаи Худованд буд. Онҳое, ки дар он зиндагӣ мекунанд, тибқи қонун ва адолати Худованд умр ба сар мебаранд. «Қонун на ба зӯрӣ ва қувва, балки ба адолати илоҳӣ ва тартибот такя мекунад», - мегуфтанд онҳо. Ҳатто дар ин халқият низ олиҳаи адолати судӣ ҳамчун татбиқкунандаи доди ҳақиқат Фемида мавҷуд буд.
Солон (тақрибан солҳои 638-559 то милод зиндагӣ кардааст), Гераклит (охири асри VI аввали асри V то милод), Демокрит (асрҳои V-IV то милод), Пифагор (солҳои 481-411 то милод), Суқрот (солҳои 469-399 то милод), Афлотун (солҳои 427-347 то милод), Арасту (солҳои 384-322 то милод), Эпикур (солҳои 341-270) аввалин шуда, дар олам инсонро ҳамчун офаранда ва пешбарандаи таърих шинохта, барои ҳимояи ҳуқуқхои он суханҳои пурарзиш гуфтаанд.
Яке аз шахсиятҳои маъруфи илмӣ ва сиёсии Юнон Солон буд, ки дар соли 594 то милод, ҳангоми сар задани бӯҳрон дар Афина, ислоҳоти сиёсӣ гузарондааст. Ӯ мардумро аз қарзҳои вазнини синфи ҳукмрон ва давлат озод кардааст.
- Бо роҳи қарз ғуломшавиро бекор кард.
- Маҳдудиятро дар истифодаи замин муайян намуд, то замин ба ҳама расад.
- Ба васиягӣ озоди молу мулк иҷозат дод.
- Ба ҳар кас ҳуқуқ дод, ки аз номи каси ҷабрдида дар суд ва ҷамъомадҳо баромад карда, ҳуқуқҳои онро ҳифз намояд.
- Савдои озод ва ҳунармандиро дастгирӣ кард.
Пифагор ва паӣравони ӯ Дар шинохти ҳуқуқи инсон зинаи навро кашф намуданд, ки он дар пайвасти адолат бо баробарҳуқуқии инсонҳо зоҳир меёфт: «Адолат дар баробарии инсонҳо ифода меёбад».
Афлотун тақсими адолатноки меҳнат, ҳифозати моликият ва баробарҳуқуқии зан ва мардро эълом кардааст: «Адолат ҳамчунин маънии онро дорад, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад моли касро соҳибӣ намуда, моли худро аз даст диҳад».
Арасту намудҳои адолатро кашф карда буд: «Адолат ба ду намуд ҷудо мешавад: адолати баробаркунанда ва тақсимшаванда. Адолати тақсимшаванда адолатест, ки дар натиҷаи таксими ҳукумат, ҳаққи меҳнат ва дигар имтиёзҳо дар байни мардум риоят мешавад. Адолати баробаркунанда дар доираи муносибатҳои муомилотӣ мушоҳида мешавад: дар аҳдҳо, руёнидани товони зарар, ҷиноят, ҷазо ва ғ.»
Ақидаҳои табиӣ - ҳуқуқии файласуфони юнонӣ идомаи инкишофи худро дар ҳуқуқи Рими қадим ёфтанд. Ҳуқуқшиносони Рими қадим Ситсерон, Яволен, Улпиан, Гаӣ, Юстиниан бар асоси ғояҳои олии инсонпарварии поквиҷдонӣ, ҳақиқатнигорӣ, адолатпарварӣ заминаи устувори ҳуқуқи хусусии римиро тарҳрезӣ намуданд. Онҳо аввалин шуда, чунин ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқи инсон: субъектҳои ҳуқуқ, мақоми ҳуқуқии ашхос, озодии табиии инсон, тақсими ҳуқуқи умумӣ ва хусусиро дар илми ҳуқуқшиносӣ кашф карданд. Бузургтарин навоварие, ки онҳо дар илми ҳуқуқ ворид намуданд, мушаххасии талаботи меъёр ва техникаи қонунгузорӣ буд. Натиҷаи меҳнати ҳуқуқшиносони римӣ буд, ки Аврупои замони Эҳё дар асрҳои XVII – XVIII муносибатҳои молумулкӣ ва шаҳрвандии замони сармоядориро ба осонӣ идора карда тавонист. Ҳоло низ дастовардҳои ҳуқуқи Рими қадим дар қонунгузории граждании аксари давлатҳои ҷаҳон истифода мешавад.
4.АСРҲОИ МИЁНА ВА ҒОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Асрҳои миёна як давраи таназзули инкишофи ҳуқуқи инсонро чи дар Аврупо ва чи дар Осиё рӯи кор овард. Дар муқоиса ба давлатҳои пешин вазъи инкишофи ҳуқуқи инсон бо сабабҳои гуногун паст фуромад. Заифгардии империяҳои бузурги дунёи қадим, моҷараҳои динӣ ва сиёсии кишварҳои ҳамҷавор, таъсиррасонии сахти идеологӣ ва динӣ ба рушди илми ҳуқуқ то дараҷае инкишофи озоди ҳуқуқи инсонро халалдор намуд. Сабабгори ин ҳама муборизаҳои байниҳамдигарии ҷараёнҳои оштинопазири динҳои ҷаҳонӣ, ҳисси худхоҳии давлатҳои ҷангҷӯи асрҳои миёна, ки мақсади оламгириро (Чингизхон, Темур, ҳаракати салибдорон ва ғ.) дар сар доштанд, ба шумор мерафт. Вале бо вуҷуди ин ақидаҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ба пуррагӣ маҳв нагардиданд.
Махсусияти ҳуқуқи инсон дар ин даврон аз он иборат аст, ки ҳуқуқи инсон чун қисми таркибии ҳуқуқ дар тобеияти динҳои ҷаҳонӣ монда буд. Аз ин ру динҳои ҷаҳонии буддоӣ, насронӣ ва ислом дар қатори таълимоти динӣ таълимоти ҳуқуқӣ низ доштанд. Дар сарчашмаҳои динии онҳо меъёрҳои ахлоқӣ, зебоишиносӣ, ҳуқуқӣ дар қатори меъёрҳои динӣ зиёд буданд.
Панҷ таълимоти асосие, ки Буддо барои расидан ба мартабаи нирвана нест кардани азобу уқубат воситаи асосӣ шуморидааст, инҳоянд:
1.Қатъи зӯроварӣ,
2.Қатъи дуздӣ,
3.Қатъи зино,
4.Қатъи дурӯғ,
5.Нанӯшидани маводи мадҳушкунанда.
Дини исавиён низ чун идомаи дини яҳудиён мардумро баробари баҳри ба сӯи Худованди якка даъват намудан консепсияҳои ҳуқуқии ҳамзистиеро тавлид кард, ки дар онҳо аз эътирофи ҳуқуқҳои инсон таъкидот зиёд аст. Аз ҷумла аз 10 васияте, ки Худованд ба насрониҳо кардааст, 5 тоаш ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон алокамандии зич дорад:
1.Накуш,
2.Зино макун,
3.Дуздӣ макун,
4.Шаҳодати дурӯғ надеҳ,
5.Ба касе ҳасад набар.
Дини Ислом дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон пайдо шуда, ба бетартибию бенизомии арабҳои давраи ҷоҳилият хотима дода, алалхусус ба занон хизмати бузург намуд. Арабҳои давраи ҷоҳилияро одат ин буд, ки аз ду духтари тавлидшуда якеро зинда мегурониданд. Қуръон зинда гӯронидани духтаронро манъ намуда, ҳуқуқ ба ҳаёт ва моликияти онҳоро эълон намуд. Ҳамчунин дар қатори меъёрҳои динӣ дар худи Қуръон қариб 500 меъёри ҳуқуқӣ ҳаст, ки муносибатҳои давлатӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ғайраро танзим мекунанд. Яке аз хусусиятҳои пешқадами ислом назарияи ҳуқуқи инсондӯстӣ мебошад. Сарчашмаҳои ҳуқуқи исломӣ ҳамдигарфаҳмию муносибати некбинонаро дар ҷомеа талқин намуда, бо ҳар роҳу васила осоишу хушбахтии инсонҳоро талаб мекунанд. Ҳуқуқҳои фарзанд, хешовандон, ҳамсоя, ғулом, фақир, мискин, мусофир ва дигар категорияҳои инсон дар ҳамаи сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ таъкид мешаванд. Ислом баробарии инсонҳоро дар се самт муқаррар кардааст:
-баробарӣ дар асли инсоният,
-баробарӣ дар ҳуқуқ ва таколиф,
-баробарӣ дар назди додгоҳҳо ва иҷрои қонунҳо.
Ҳамчунин меъёрҳои зиёди ҳуқуқии ислом ба озодӣ, ба мақому мартабаи инсон, ба ҳаққи камбағалон, ятимон, ба мубориза алайҳи зӯроварӣ ва маҳкуми дигар ҷиноятҳо бахшида шудааст. Дар ислом ҳатто шахсро барои ба итоати дин даровардан маҷбур намудан манъ аст. «Дар дин ҳеҷ иҷборе нест», - гуфта шудааст дар ояи 256-и сураи Бақараи Қуръон.
Ногуфта намонад, ки ҳам фалсафаи Юнон, ҳам ҳуқуқи Рими қадим ва ҳам ҳуқуқҳои динҳои ҷаҳонӣ ҳануз ҳуқуқи инсонро ба маънии имрӯза ҳифз намекарданд. Зеро нобаробарии аслии байни ғуломон ва ғуломдорон, мардуми бумӣ ва ғайрибумӣ, диндорон ва берун аз дин будагон баръало мушоҳида мешуд. Бинобар ин, онҳо зина ба зина ҳуқуқи инсонро таҷзия менамуданд. Ин масъаларо ҳатто замони феодализм бо тамоми дастовардҳояш ҳал карда натавонист.
Дар даврони асрҳои миёнаи ҷомеаҳои феодалӣ чандин сарчашмаҳои расмии давлатҳо - Ҳақиқати Солидӣ дар давлати Франкҳо (соли 510 милодӣ), Ҳақиқати Рус (асри IX) дар давлати Рус, Хартияи бузурги озодӣ (соли 1215 ) дар Англия, Буллои тиллоӣ (1356) дар Олмон ва ғайра қабул карда шуданд. Ҳар яке аз ин санадҳои ҳуқуқӣ зинаи нави инкишофи ҳуқуқ буда, дар онҳо эътирофи ҳуқуқи инсон боз ба як зинаи нисбатан баландтари худ мерасад. Масалан, Хартияи бузурги озодии соли 1215-и Англия, ки дар ҳаҷми 63 модда қабул шудааст, натиҷаи муборизаи феодалон, баронҳо ва дигар табақаҳои озоди ҷамъият ба муқобили ҳокимияти номаҳдуди шоҳӣ буд. Ҳокимияти шоҳӣ қисман дар масъалаҳои андозситонӣ ва маъмурӣ дар доираи ҳамин қонун маҳдуд карда мешавад. Ба ин тариқ, ғояи баробарии инсонҳо, ки дар аҳди қадим пайдо шуда буд, дар асрҳои миёна хомӯш нагардида, дар шаклҳои гуногун ва ҷаҳонбиниҳои мухталифи диниву дунявӣ тадриҷан инкишоф меёфт.
5.ДАВРАИ ЭҲЁ ВА ЗАМОНИ НАВ ДАР ЭЪТИРОФИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН. Ин даврони гузариш аз феодализм ба капитализм буд. Зеро акнун ҳокимияти номаҳдуди мутлақа нест шуда, ҷойи онро ҳокимияти давлатие мегирад, ки вай ба табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ такя намуда, барои нигоҳ доштани тартибот ва низоми натиҷабахш кӯшиш менамуд. Ҷахонбинии нави ҳуқуқии замони нав тасаввуроти навро оид ба ҳуқуқхои инсон кашф кард.
Назарияи ақлгароёна оид ба ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби Г. Гротсиӣ, Б.Спиноза, Ҷ. Локк, Ш. Монтескё, Т. Ҷеферсон, И Кант ва дигарон кор карда баромада шуд. Онҳо сохтори феодалиро маҳкум намуда, назарияи навро оид ба ҳуқуқу озодиҳо, ки ба ҳокимияти ҳуқуқ асос ёфта буд, тарҳрезӣ намуданд. Ба ақидаи онҳо муносибати байни фард ва давлат танҳо дар доираи ҳуқуқ бояд ҳалли худро ёбад. Аз ин нуқтаи назар ҳокимият ҳамчун натиҷаи мавҷудияти халқ, натиҷаи созиши байни мардум ва ҳокимон буд, ки мақсади таъмини иҷрои ҳуқуқ, тартибот ва озодиро дошт.
Ҳуқуқшиноси франсавӣ Ш.Л.Монтескё (1689-1755) консепсияи ҳуқуқи табиии инсонро боз ҳам инкишоф дода, воқеияти таъмини онро дар тақсими ҳокимият ба рукнҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ дид. Ӯ мақсади тақсими ҳокимиятро дар барҳам додани сӯйистифода аз ҳокимият медид.
Нақши муҳимро дар татбиқи конститутсионии назарияи тақсимоти ҳокимиятҳо, ки бо мақсади дифои ҳуқуқи инсон кор карда шуда буд, олимони амрикоӣ Т.Пейн, Т.Ҷеферсон, А.Гамилтон ва Д. Медисон иҷро кардаанд. Т.Ҷеферсон аз назари ғояҳои ҷумҳуриявӣ ва демократӣ ҳуқуқи инсонро асоснок намуд. Ӯ ҳангоми омода намудани Эъломияи истиқлолияти ШМА (4-июли соли 1776) ҳуқуқҳои мусодиранашаванда ва фитрии инсонро дар он ҷойгир намуд. Ин аввалин ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ буд, ки ҳуқуқҳои фитрии инсонро таҷассум мекард.
Дар Аврупо дар арафаи Инқилоби буржуазии Фаронса 26 августи соли 1789 Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд қабул карда мешавад. Эъломия чун маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи инсон ва шаҳрванд аз номи халқи Фаронса ба ҳукумат пешниҳод мешавад. Эъломия аз мукаддима ва 17 модда иборат буд. Дар Эъломия ҳуқуқҳои инсон аз ҳуқуқҳои шаҳрванд ҷудо карда мешаванд. Ба ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои табиии он - ҳуқуқ ба: озодӣ, баробарӣ, моликият, амният, мубориза алайҳи истисмор ворид мешуд. Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба волоияти ҳокимияти халқӣ, ба озодиҳои кафолатноки шаҳрвандон ва кафолатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ мансуб буд.
Умуман, баъд аз инқилобҳои буржуазии Англия ва Фаронса ҳуқуки инсон дар Аврупо ба зинаи нави инкишофи худ расида, қисмати зиёди ҳуқуқҳои табиии инсон мавқеи устуворро дар конститутсияҳои расмии давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ишғол намуданд. Албатта, ин даврони роҳ ёфтани ҳуқуқҳои инсон ба санадҳои конститутсионии давлатҳои буржуазӣ буд, вале ҳанӯз механизми таъмин ва ҳифзи ин ҳуқуқҳо номукаммал буд.
Савол ва супоришҳо:
1.Ба фикри Шумо аввал ҳуқуқ пайдо шудааст ва ё ақидаҳо оид ба ҳуқуқ?
2.Кадом ҳуқуқҳои фитрии одамонро дар давраи ҷомеаи обшинаи ибтидоӣ номбар карда метавонед?
3.Ҳуқуқи фитрӣ чист?
4.Адолати судӣ кай ва дар куҷо пайдо шудааст?
5.Шахсият ва мақоми ӯ дар фалсафаи Юнон ва ҳуқуқи римӣ.
6.Сарчашмаҳои ҳуқуқи рими кадомҳоянд?
7.Умумият ва махсусиятҳои таълимоти Буддо, Библия ва Қуръонро оид ба ҳуқуқи инсон шарҳ диҳед.
8.Замони Эҳё ва инкишофи ақидаҳо оид ба ҳуқуқи инсонро тавсиф бахшед.
Реклама