§17. САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

§17. САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

1.САНАДИ МЕЪЁРИ-ҲУҚУҚИ: МАФҲУМ, НАВЪҲО. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф карда, худро давлати демократии ҳуқуқбунёд эълон кард. Яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд волоияти ҳуқуқ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа аст. Ҳуқуқ низоми меъёрҳо ва қоидаҳои рафтор аст, ки муносибатҳои аз давлат бармеомада ва иродаю манфиатҳои онро дар ҷомеа ба танзим медарорад.

Фикр кунед, байни мафҳумҳои “ҳуқуқи инсон” ва “ҳуқуқ” (чун низоми меъёрҳо) чӣ фарқияте ҳаст?

Қоидаҳо ва меъёрҳои барои ҳама ҳатмии рафтор, ки ҳуқуқро ташкил медиҳанд, худ аз худ вуҷуд дошта наметавонанд, онҳо бояд дар ягон шакли барои ҳама дастрас йфода гарданд, ба таври хаттӣ дар ҳуҷҷатҳо, нишондодҳо, дастурҳои махсус таҳким ёбанд ва то ба маълумоти шаҳрвандон расонида шаванд. Чунин ҳуҷҷатҳои махсус санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ мебошанд.

Санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳуҷҷати расмиест, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё шахсони мансабдори салоҳиятманд, ё бо роҳи раъйпурси қабулшаванда ифода меёбанд.

Ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аломатҳои зерин хосанд: 1) онҳо аз ҷониби мақомоти ба он салоҳиятманди давлатӣ қабул карда мешаванд; 2) онҳо дар шакли ҳуҷҷати расмӣ мураттаб карда мешаванд; 3) онҳо муқаррар мекунанд, ки меъёрҳои ҳуқуқро тағйир медиҳанд ва ё дигар мекунанд; 4) онҳо қоидаҳои рафтори умумиро барои ҳама таҳким мебахшанд (масалан, қонуни муқарраркунандаи кӯмакпулиҳо ба модарони танҳо санади меъёрӣ аст, қарори мақомоти таъминоти иҷтимоӣ дар бораи муқаррар кардани нафақа, фарз кардем, ба модари танҳое санади инфиродии истифода кардани ҳуқуқ мебошад). Дар ҳар мамлакат бо қонунгузорӣ тартиби нашр, тағйир додан, дигар кардан ва пурра сохтани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.

Чун қоида, ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба ду шакли қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ҷудо мешаванд, ки дар зер сухан дар бораи онҳо меравад. Барои таснифи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мафҳуми дорои қувваи юридикие, ки мақомоти давлатии ин ё он ҳуҷҷатро нашркарда муайян месозанд, аҳамияти ҳалкунанда дорад. Вобаста ба ин дар ҳар мамлакат тартиби (иерархияи) қатъӣ, яъне низоми ҷойгиршавӣ ва тобеияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муқаррар мегардад.

Қувваи юридикӣ хосияти махсуси санадхои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аст, ки мавқеи онро дар низоми ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян мекунад.

Санадҳое ҳастанд, ки дорои қувваи олии юридикӣ (қонунҳо) ва қувваи камтари юридикианд (санадҳои зерқонунӣ). Агар байни онҳо ихтилофоте мушоҳида шавад, санади дорои қувваи бештари юридикӣ амал менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб (иерархия)-и санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ чунин аст: 1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) Қонунҳои конститутсионӣ; 3) Қонунҳо; 4) Қарорҳои Маҷлиси Олӣ; 5) Фармонҳои Президент; 6) Қарорҳои Ҳукумат; 7) Санадҳои вазоратҳо, идораҳо ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ.

Дар давлат қонуни аз ҳама муҳимтарини қувваи олии юридикӣ дошта Конститутсияи мамлакат мебошад.

Конститутсия (аз лот. соnstitio -муқаррарот, тасдиқот) қонуни асосиест, ки эътибори олии юридикӣ дошта, асосҳои сохти ҷамъиитй ва сохти давлатдорӣ, муносибати байниҳамдигарии миёни давлат ва шахсият, ташкил аа фаъолияти низоми мақомоти давлатиро таҳким мебахшад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки асосҳои сохти конститутсиониро муайян карда, ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаю ӯҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкили фаъолияти рукнҳои қонунбарор, иҷроия ва судии ҳокимият, шаклҳои идоракунии давлатиро таҳким мебахшад. Меъёрҳои Конститутсия дар тамоми қаламрави мамлакат мустақиман амал карда, ҳар кас ӯҳдадор аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад. Ҳамаи қонунгузориҳои дигар ба Конститутсия асос меёбанд, ягон санади меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд хилофи он бошад.

Ҳамаи дигар наъҳои қонунҳо дар муқоиса бо Конститутсия қувваи камтари юридикӣ доранд.

Қонун санади меъёрӣ-Ҳуқуқиест, ки аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.

Қонунҳо, чун қоида, аз ҷониби мақомоти қонунбарори ҳокимият дар мамлакат - парлумон қабул карда мешаванд. Дар Тоҷикистон қонунҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Аммо қонунҳое низ ҳастанд, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешаванд. Инҳо санадҳое мебошанд, ки шаҳрвандон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ кабул карда, онҳо масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриро ба танзим медароранд. Ҳамаи қонунҳо бо тартиботи махсус таҳия шуда, муносибатҳои нисбатан муҳимро дар ҷомеа танзим мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо номгӯи қатъии масъалаҳое муқаррар шудаанд, ки маҳз бо кӯмаки қонун танзим карда мешаванд. Дар Тоҷикистон чунин номгӯй нест, бинобар ин Маҷлиси Олӣ расман оид ба ҳамаи масъалаҳои муҳим метавонад қонун қабул намояд.

Ҳамаи қонунҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард:

1.Қонунҳои конститутсионии танзимкунандаи масъалаҳои нисбатан муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ. Чунин масъалаҳо аз нигоҳи умумӣ дар Конститутсия ба танзим оварда шудаанд, аммо онҳо дар қонунҳои конститутсионӣ инкишофи минбаъда пайдо кардаанд (масалан, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4 ноябри соли 1995 ва ғайра). Қонунхои конститутсионии аз ҷониби мақомоти қонунбарор ё бо роҳи раъйпурсӣ мувофиқи тартиботи мукарраргардида кабулкардашуда набояд хилофи Конститутсия бошанд.

2.Қонунҳои ҷорӣ (муқаррарӣ), ки барои ба танзим даровардани ҳамаи масъалаҳои дигари ҳаёти ҷомеа қабул карда мешаванд (масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва техногенидошта” аз 15 июли соли 2004 ва ғайра). Қонунҳои ҷорӣ низ набояд хилофи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ бошанд.

Гуногуннавъии алоҳидаи қонунҳои ҷорӣ кодексҳо мебошанд, ки як навъ санадҳои мураккаби системаноканд.

Кодекс қонуни воҳид ва ба низом даровардашудааст, ки тавассути он дар ҳаҷми пурра, бевосита ва системанок соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъияти ба танзим дароварда мешавад.

Чун қоида, дар кодекс бо тартиби муайян ҳамаи меъёрҳо ё меъёрҳои аз ҳама асосии ягон соҳаи ҳуқуқ ҷойгир гардида, онҳо ба низоми воҳид дароварда шудаанд, онҳо ба қисматҳо ва бобҳо тақсим гардида ва мувофиқа кунонида шудаанд. Чунончи, дар Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи меъёрҳо дар бораи ҷиноятҳо ва ҷазоҳо, дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикиетон меъёрҳои аз ҳама муҳими танзимкунандаи муносибатҳои амволӣ ва шахсии молукулкӣ ҷамъ оварда шудаанд. Боз як навъи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, санади зерқонунии меъёрӣ- ҳуқуқӣ аст.

Санади зерқонунӣ санадн меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор бар асос ва барои иҷрои қонун қабул карда шудааст.

Санади зерқонунӣ дар муқоиса бо Конститутсия ва қонунҳо қувваи камтари юридикӣ дорад ва аз ин рӯ набояд хилофи онҳо бошад. Санадҳои зерқонунӣ одатан аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ қабул гардида, бояд нуктаҳои асосии қонунро мушаххас гардонанд. Дар Тоҷикистон чунин санадҳои зерқонунӣ ҳастанд: 1) Қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи салоҳиятҳои ба онҳо вогузоштаи Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳою қарорҳо қабул мекунанд. 2) Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фармонҳои Президент метавонанд оид ба доираи васеи масъалаҳо қабул шаванд, вале онҳо низ набояд хилофи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон бошанд. 3) Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд хилофи Конститутсия, қонунҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. 4) Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ бар асос ва барои иҷрои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ интишор мегарданд.

2.КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН— САРҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Аксари кулли давлатҳои ҷаҳон ғояҳои ҳуқуқҳои инсонро дастгирй карда, меъёрҳоро дар бораи ҳуқуқу озодиҳо дар қонститутсияҳо ё қонунҳои махсуси конститутсионӣ таҳким мебахшанд. Дар ҳар кадом мамлакат чунин таҳкимбахшӣ хусусиятҳои худро дорад. Чунончи, масалан, дар Албания баробари қисматҳо дар бораи ҳуқуқҳо дар Конститутсияи соли 1976 Хартияи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон (соли 1993) амал менамояд, дар Исроил Қонуни асосӣ дар бораи қадру қимат ва озодии шахсият (соли 1992), дар Либия Эъломияи сабзи ҳуқуқҳои инсон (соли 1988) қабул карда шудаанд, дар Фаронса Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (1789) амал мекунад. Дар Конститутсияи Бразилия (соли 1988) маҷмӯи васеи бесобиқаи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳким ёфтаанд, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (соли 1996) бошад, ба ҷуз ҳуқуқу озодиҳои асосӣ ҳуқуқҳои навтарин шомил гардидаанд, Конститутсияи Миср (соли 1971) бар асоси нақши махсуси ислом дар ҳаёти ҷомеа ва тавзеҳоти махсус дар бораи шариат номгӯи ҳуқуқу озодиҳоро овардааст.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санади асосии меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро эълом дошта, кафолат медиҳад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан ҷавон аст, вай бо овоздиҳии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул карда шудааст. Таълифу таҳияи он бо мантиқи рушди вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ дар солҳои охир муайян гардида, он дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиеро, ки дар натиҷаи ислоҳот ба амал омадаанд, таҳким бахшидааст.

Эътибори асосии Конститутсияи ҳозираи Тоҷикистон эълон доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Онҳо дар мувофиқати қатъӣ бо меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф ғардида ва кафолат дода шудаанд. Нуктаҳо дар бораи эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамаи нуктаҳои Конститутсия саршор аз ғояҳои инсондӯстианд.

Боби 2-и Конститутсия ба ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар он номгӯи васеи ҳуқуқҳои асосии инсон инъикос гардида, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳким ёфтаанд.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарй ва манъи табъиз, дахолат накардан ба ҳаёти шахсии инсон, ҳуқуқу озодиҳое, ки мақоми ҳуқуқии на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки хориҷиён ва ашхоси бетабааро низ ташкил медиҳанд, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои категорияҳои алоҳидаи одамон, проблемаҳои махдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Бо Конститутсия ҳамчунин асосҳои таъсиси сохторҳо, тартибу механизмҳои барои амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарурӣ гузошта шудааст.

Барои иҷрои нуктаҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие қабул карда мешаванд, ки онҳо низ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо нақши муҳим мебозанд. Байни санадҳои зиёди меъёрӣ- ҳуқуқии ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муносибати бевоситадошта масалан, инҳоро номбар кардан мумкин аст: Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» аз 3 ноябри соли 1995, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 феврали соли 1996, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 14 декабри соли 1990 ва ғайра ва ҳоказо.

Байни санадҳои зерқонунӣ ба сифати мисол инҳоро қайд кардан мумкин аст: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 ва Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмин намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 тасдиқ карда шудааст, «Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 тасдиқ карда шудааст ва ғайра.

Ба ин тариқ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон низоми томеро мемонанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хогир гиред: санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қувваи юридикӣ, Конститутсия, қонун, санади зерқонунӣ

Савол ва супоришҳо:

1.Ба андешаи Шумо, дар ҷаҳони имруза Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои чӣ лозиманд?

2.Ба фикри Шумо, зарурати дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати арзишҳои олӣ таҳким бахшидани ҳуқуқу озодиҳои инсон барои чӣ ба миён омад?

3.Андешаи Шумо дар бораи нақши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ гуна аст?

4.Ба моддаҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон такя карда, номбар кунед, ки дар он кадом ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким бахшида шудаанд?

5.Ин гуфтаро бодиққат хонед: «Озодӣ вобаста будан аз қонунҳост» (Сисерон). Шумо маънии ин гуфтаро чӣ гуна мефаҳмед?

Реклама