§7. ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

§7. ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

1.МАФҲУМИ ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ҳуқуқу озодиҳои инсон идеалҳои инсондустӣ, адолат, озодӣ, баробарҳуқуқӣ, тоқатпазириро (толерантиро) таҷассум мекунанд. Амалишавии ҳуқуқҳои инсон барои инкишофи ҷомеаи муосир, ҳимояи имрӯзу фардои инсоният нақши ҳалкунанда мебозад. Дар машғулиятҳои гузашта мо аллакай бо мафҳуми “моҳияти ҳуқуқҳои инсон” шинос шуда, ҷиҳатҳои асосии онро баррасӣ намудем.

Ба хотир оред, кадом хосиятҳо ва ҷиҳатҳои асосӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон хосанд?

Ғояҳо ва муқаррарот дар бораи моҳият ва аҳамиятнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро, ки бо таъбироти мӯъҷаз ва рехта ифода гардида, ба сифати ҳадафҳо ва нишонҳо баҳри минбаъд амалишавии онҳо баромад мекунанд, аксаран принсипҳои ҳуқуқи инсон меноманд. Ин принсипҳо асоси арзишманди ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташкил медиҳанд.

Принсипҳои ҳуқуқи инсон ғояҳои бунёдие мебошанд, ки мундариҷа ва таъиноти иҷтимоии хуқуки инсонро муайян мекунанд.

Барои тавсифи принсипҳои асосӣ, ки бунёди риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташкил медиҳанд, маънии мафҳумҳоеро чун “гуманизм” (инсондӯстӣ), “баробарҳуқуқӣ”, “демократизм”, “ҳамраъйӣ”, “толерантнокӣ”, “шаъну эътибор” ва ғайра ба хотир овардан лозим аст.

Ба ин тариқ, гуманизм системаи ақидаҳоест, ки инсонро чун арзиши олитарин дар рӯи Замин эътироф мекунад. Бо идеалҳои гуманизм эҳтироми шаъну эътибори ҳар як одам, эътироф кардан, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахсият пайванди ногусастанӣ дорад.

Ба хотир оред, ки зери истилоҳи “шаъну эътибори одам” чиро мефаҳманд?

Ҳамаи одамон шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои баробар доранд. Баробарҳуқуқӣ озодии якхелаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи одамон, сарфи назар аз ҷинс, нажод, мавқеи ҷамъиятӣ ва шароити зиндагӣ, низоми ақидаҳо ва эътиқодмандиҳои онҳост. Баробарҳуқуқӣ бо мафҳуми “демократизм” алоқамандии зич дорад, зеро дар давлату ҷомеаи демократӣ тартиботе муқаррар мегардад, ки иштироки баробари ҳамаи одамон дар ҳалли масъалаҳои муҳим ва ба эътибор гирифтани фикри ҳар кадомеро таъмин менамояд. Муттаҳидшавӣ, ёрии баӣниҳамдигарӣ, дастгирӣ, эътирофи ҳамдигар ва албатта, эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон, масъулият барои рафтору амалҳои худ  ҳама мафҳуми “ҳамраъӣ” - ро таҷассум мекунанд. Баҳри амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчунин мафҳуми “таҳаммулпазирӣ”, ки маънои эҳтиром, қабулу фаҳмиши дурусти гуногунрангии бои фарҳангҳои ҷаҳони мо, шаклҳои зудифшосозӣ ва усулҳои зоҳиршавии фарқиятҳои инсониро дорад, нақши муҳим мебозад. Толерантнокӣ омодагӣ ба қабули дигар одамон, тавре ки ҳастанд ва бо онҳо дар асоси баробарҳуқуқӣ, ризоият ва эҳтироми якдигар ҳамкорӣ карданро пешбинӣ менамояд.

Ҳамаи мафҳумҳои дар боло зикршуда бунёди принсипҳои асосии ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳанд.

2.ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ба принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон инҳо мансубанд: умумият ва универсалӣ будани ҳуқуқҳои инсон; содиранопазирии (ҷудонопазирии) ҳуқуқҳои инсон; тақсимнашавандагӣ ва ҳамбастагии ҳуқуқҳои инсон; баробарӣ ва манъи маҳдудсозии онҳо дар асосҳои табъизӣ.

Умумият ва универсалӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз принсипҳои асосӣ маҳсуб мешавад.

Универсалӣ, яъне оммавӣ, умумӣ будан аст. Универсализм маънии мавҷудияти хосиятҳои ҳамаро фарогирандаю гуногунҷабҳаест, ки бо аҳамиятнокии гуногунранги функсияҳои гуногунро нҷрокунанда барои бисёр мақсадҳо қобили қабул аст.

Принсипи умумиятнокӣ ва универсалӣ будан чунин маъниҳо дорад: якум, ҳамаи одамони рӯи Замин, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра, соҳиби ҳуқуқу озодиҳо мебошанд; дуюм, ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо аз нуқтаи назари эътирофӣ мундариҷаи онҳо универсалианд, яъне ҳуқуқу озодиҳои аз ҷониби умум эътирофшудае чун ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ, озодии эътиқод, озодии ҷойивазкунӣ ва бисёр ҳуқуқу озодиҳои дигар ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз сохти давлатию сохтори ҷамъиятӣ, режими сиёсӣ, махсусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ, мақоми байналмилалии мамлакате, ки ин одамон дар он зиндагӣ мекунанд, мансубанд; сеюм, одам ҳар ҷое бошад ва ҳар қадар тағйири макон кунад ҳам (ҳатто дар ҷазираи беодам) ӯ соҳиби ҳуқуқу озодиҳои асосӣ мебошад; чорум, ҳуқуқи инсон кори дохилии давлате нест, ки одам шаҳрванди вай маҳсуб мешавад, Дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои ҳуқуқи инсон боиси нигаронии қариб ҳамаи давлатҳо, тамоми ҷомеаи байналмилалӣ гардидаанд.

Дигар принсипи муҳимтарин содиранопазирии (ҷудонопазирии) ҳуқуқҳои инсон мебошад. Моҳияти вай аз он иборат аст, ки ҳуқуқҳои инсон ба ҳар одами дар ҷаҳон зиндагикунанда ба он сабаб, ки вай ИНСОН мебошад, аз лаҳзаи таваллуд мансубанд. Касе ва чизе асосе надоранд, ки одамро аз ҳуқуқу озодиҳои табиатан ба ӯ мутааллиқу дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ зикргашта маҳрум созанд. Ва худи одам ҳам моҳияти инсонии худро гум накарда, ҳуқуқҳои ҷудонопазири хешро рад карда наметавонад.

Ба принсипҳои асосӣ ҳамчунин принсипи тақсимнашавандагӣ ва ҳамбастагии ҳуқуқҳои инсон мутаалиқ аст. Моҳияти вай аз он иборат аст, ки комилан ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳамдигар вобастаанд. Вайрон кардани як гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо ҳатман боиси вайрон гардидани гурӯҳи дигари ҳуқуқу озодиҳо мегардад. Масалан, бе амалишавии як силсила ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суд ва муҳокимаю баррасии одилонаи судӣ), сиёсӣ (озодии сухан, ҳуқуқ баҳри иштирок кардан дар гирдиҳамоиҳо ва намоишҳо) баъзан ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба сатҳи шоистаи зиндагӣ, раҳоӣ аз гуруснагӣ) номумкин аст.

Тақсимнашавандагии ҳуқуқҳои инсон монеае дар роҳи табъизи одамон бо ҳар гуна асосҳо шуда, ба амалишавии боз як принсип баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зич вобаста аст.

Табъиз маънои ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истисно кардан ва афзалиятнокиро дорад, ки ба таври баробар амалӣ шудани ҳукуку озодиҳоро рад мекунад ё маҳдуд мегардонад. 

Принсипи мазкур чунин маънӣ дорад, ки ҳамаи одамон ба якдигар бояд чун ба ашхоси баробари худ муносибат кунанд. Ҳуқуқҳо ба ҳама, сарфи назар аз баромади иҷтимоӣ, вазъи амволию мансабӣ, навъи шуғл, эътиқодмандӣ, ҷаҳонбинӣ, мансубият ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё ҳизбҳои сиёсӣ, миллат ва забон, эътиқоди динӣ, ҷинс ва синну сол, кафолат дода мешаванд: занҳо бо мардон ва кӯдакону ҷавонон бо калонсолон баробарҳуқуқанд, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Принсипи баробарҳуқуқӣ имтиёзҳои ноадолатонаро эътироф накарда, ҳамагуна табъизро, бо чӣ асосе бошад, манъ мекунад. Аз ин рӯ, принсипи манъи маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо асосҳои табъизӣ низ яке аз принсипҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад. Аммо баъзе ҳуқуқҳои инсонро давлат тибқи қонун ва танҳо ба манфиати амнияти ҷомеа, ҳимояи ахлоқ, саломатӣ ва ҳуқуқҳои дигар одамон, масалан, дар ҳолатҳои фавқулодда метавонад маҳдуд кунад.

Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза вайрон кардани принсипҳои заминавии ҳуқуқҳои инсон дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад. Барои бисёр халқҳои маҳрум аз хӯрока, манзил, таъминоти тиббӣ, имконияти меҳнат кардану ба андозаи баробар подоши меҳнати худро гирифтан, амалисозии ҳуқуқ ба таҳсил, масъалаи амалигардонӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон танҳо орзу асту бас. Нажодпарастӣ, миллатгароӣ, оштинопазирии сиёсию динӣ, терроризм, шиканҷа, гум шудани одамон, рад кардани ғояҳои шаъну эътибори инсон  ҳамаи инҳо ба принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон зарба мезананд. Ва имрӯз вазифаи муҳимтарини тамоми ҷомеаи байналмилалӣ, ҳамаи одамони сайёра аз он иборат аст, ки баҳри барҳақ универсалӣ ва ҷудонопазир гардидани ҳуқуқҳои инсон дар саросари ҷаҳон тамоми саъю кӯшишҳояшонро равона созанд.

3.ТАҲКИМИ ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ таҷассуми худро ёфтаанд.

Чунончи, тибқи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олианд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи мазкур аҳамияти махсусро дорост, зеро он ғояҳои инсондустӣ, эҳтиром кардани қадру эътибори ҳамаи одамон, ӯҳдадориҳои давлатро бобати эътироф кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои асосӣ таҳким мебахшад. Ғайр аз ин тибқи моддаи 42 Конститутсия дар қаламрави Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигар одамонро эҳтиром намояд.

Моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манъи табъизро инъикос мекунад. Мувофиқи ин модда ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоию молӣ, ҳуқуқу озодиҳои ҳар фардро кафолат медиҳад. Баробарҳуқуқии мардҳо ва занҳо эътироф карда мешавад.

Дар моддаи 14 Конститутсия нуқтае таҳким ёфтааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ гардонида мешаванд ва маҳдудсозии онҳо танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ мумкин аст.

Бисёр принсипҳои заминавии ҳуқуқҳои инсон инъикоси худро дар дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтаанд. Масалан, дар Кодекси меҳнат моддаҳое ҳастанд, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ зӯровариро манъ мекунанд. Дар моддаи 1 Кодекси оила омадааст:...

Ҳамагуна шаклҳои маҳдудсозии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми бастани ақди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ аз рӯи аломатҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ва ё мансубияти динӣ манъ аст.

Бисёр моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ низ принсипҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро таҳким бахшидаанд. Масалан, дар моддаи 3 Кодекси ҷиноятӣ возеҳ омадааст, ки қонуни ҷиноӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, инсондустӣ, демократизм асос мекунад.

Мутобиқи моддаи 3 Кодекси гражданӣ қонунгузории гражданӣ ба принсипҳои дахлнопазирии моликият, озодии қарордодҳо, роҳ надодани дахолати ин ё он нафар ба корҳои шахсӣ, зарурати бемонеа амалисозии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, таъмини барқарорсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандии вайроншуда ва ҳимояи судии онҳо асос меёбад.

Ба ин тариқ, қонунгузориҳои ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таҳким бахшидаанд.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: принсип, универсализм, табъиз.

 

Савол ва супоришҳо:

1.Зери ибораи “принсиҳои ҳуқуқи инсон" чиромефаҳманд? Асоси принсипҳои ҳуқуқи инсонро кадом мафҳумҳои муҳимтарин ташкил медиҳанд? Принсипҳои асосии ҳуқуқи инсонро номбар кунед.

2.Ин гуфтаҳоро бодиққат хонед: “Инсондӯстӣ реша ва меваи накӯкорист: оне сазовори таъзим кардан аст, ки соҳиби ин хислат мебошад" (Конфусий); "Зери мафҳуми инсондӯстӣ муносибати барҳақ хайрхоҳонаи одам ба одами наздики худ фаҳмида мешавад" (А.Швейсер); “Агар хоҳем, ки моро эҳтиром кунанд, мо низ бояд ба дигар одамон ва умуман, ба инсоният эҳтиром дошта бошем" (И.Кант). Ба андешаи Шумо, ҳамаи ин суханонро чӣ муттаҳид мекунад? Ин ҷо дар бораи кадом принсипҳои ҳуқуқи инсон сухан меравад?

3.Шумо маънии истилоҳи “таҳаммулпазирӣ” (толерантнокӣ)-ро чӣ навъ мефаҳмед?

4.Ба андешаи Шумо, агар одам сатҳи шоистаи зиндагӣ надошта бошад, оё принсипҳои заминавии ҳуқуқу озодиҳои инсон вайрон карда мешаванд?

5.Оё принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудаанд?

Реклама