§59. МЕХАНИЗМҲОИ МАЪМУРИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚХОИ ИНСОН

§59. МЕХАНИЗМҲОИ МАЪМУРИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚХОИ ИНСОН

1.ИНСТИТУТҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИСУДИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ВА МАХСУСИТЯҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО.

Дар амалисозии эҳтирому риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баробари ҳокимияти судӣ дигар мақомот ва муассисаҳо, созмонҳо ва шахсони мансабдор низ фаъолият мебаранд. Нақш ва шакли фаъолияти ҳар кадоме аз ин мақомот аз доираҳои ҳуқуқӣ вобастаанд. Ин механизми ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро баъзан «механизми маъмурӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» низ меноманд. Мо мавзӯи мазкурро зери унвони институти давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон меомӯзем. Ин ҷо мо мақомотеро фаро мегирем, ки маъмурӣ нестанду аммо институтҳои давлатӣ мебошанд ва дар баробари вазифаҳои асосиашон бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон низ машғул мешаванд. Масалан, комитети Маҷлиси миллӣ, комитети Маҷлиси намояндагон, адвокатура, прокуратура мақомоти маъмурй набуда, институтҳои давлатӣ мебошанд ва ҳамчунин бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон машғуланд. Аз ин рӯ, омузиши онҳо дар доираи мақомоти маъмурй чандон дуруст нест.

Шаклҳо ва навъҳои фаъолияти давлатӣ басо вусъатнок буда, аз қонунэҷодкунй, иқтисоддорию созмондиҳй, фарҳанғ ва тарбия, мудофиа ва амният, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ иборатанд. Ҳар кадоме аз вазифаҳои номбаршуда аз ҷониби мақомоти дахлдор ба хотири таъмини талаботи инсон, манфиатҳои ҷамъият ва давлат амалӣ мегарданд.

Вазифаи таъмини шароитҳои шоистаи зиндагӣ, риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон матлаби ғамхории давлат дар симои мақомоти он аст. Макомоти давлатӣ вазифаҳои соҳавии худро иҷро карда истода ҳамзамон вазифадоранд, ки ҳуқуқҳои инсонро на танҳо риоя кунанд, балки дар ҳолатҳои зарурӣ ҳифз кунанд. Аз иҷрои ин вазифа мутобиқи талаботи моддаи 10-и Конститутсия касе озод нест. Аммо мақомот ва муассисаҳое ҳастанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсон вазифаи асосиашон мебошад.

Боз як хусусияти инетитутҳои давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон ин аст, ки фаъолияти онҳо дар муқоиса бо ҳифзи судӣ характери нисбатан динамикӣ, яъне фаъол дорад. Яъне агар ҳокимияти судӣ механизми ҳимояро танҳо ҳангоми гирифтани шикоятҳо ба амал барорад, мақомоти маъмурӣ метавонанд бо ташаббуси худ ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкуниро муқаррар карда, барои барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда чораҳои пуртаъсир бинанд.

Дуюм, агар суд аризаро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи кодексҳои мурофиавӣ баррасӣ намояд, мақомоти маъмурӣ онро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки 11 декабри соли 1996 қабул гардидааст ва дигар қонунҳои соҳавӣ баррасӣ мекунанд. Қонуни зикршуда дар кори батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ бобати овардани арзу шикоятҳо ва тартиби баррасии онҳо аз ҷониби шахсони мансабдор нақши калон мебозад. Дар ин қонун мафҳуму мундариҷаи пешниҳодот, аризаҳо ва шикоятҳо кушода дода шуда, шахсони мутасаддии баррасию ҳалли онҳо муқаррар гардидаанд, муҳлатҳои баррасӣ, огоҳсозй аз натиҷаҳои баррасии муроҷиатҳо муайян шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» 2 сентябри соли 1998 таҳти №345 Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро қабул кардааст. Ин дастурамал тартиби қабул ва ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандонро танзим мекунад.

2.ПРЕЗИДЕНТ - ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ҚОНУНҲО, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД. Мақом, вазъи ҳуқуқӣ ва нақши Президентро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа боби 4-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Мутобиқи моддаи 64-и Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Мундариҷаи ин моддаи Конститутсия васеъ аст. Аввалан, дар ин модда қайд гардидааст, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо аст. Яъне Президент шахсест, ки ҳифзи Конститутсия ва қонунҳоро кафолат медиҳад. Президент на танҳо шахси муқаррарӣ, ӯ институт, мансаби олии давлатӣ мебошад. Вай соҳиби ҳокимияти ҳифзкунандаи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоест, ки дар онҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон таҳким бахшида шудаанд. Сониян, Президент ҳомии ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аст. Ин вазифаро Президент бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҷо меорад. Аз як тараф, вай бевосита бо одамон вомехӯрад, шикояту дархостҳои онҳоро гӯш мекунад ва барои бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда чораҳои мушаххас меандешад. Чораҳое, ки Президент мебинад, фаврӣ ва самараноканд. Масалан, ҷавобан ба муроҷиати сокинони минтақаи Рашт бобати нокифоягии таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба иттилоот дар минтақаи Рашт дар муддати кӯтоҳтарин маркази пахши барномаҳои телевизионӣ сохта ба истифода дода шуд.

Аз тарафи дигар, Президент мақомоти гуногуни давлатӣ таъсис дода, онҳоро вазифадор менамояд, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пурсамар ва бонизом фаъолият намоянд.

Президенти мамлакат барои ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, ки бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз намоянд, механизмҳои худро ба кор мебарад. Аз ҷумла ӯ Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукуматро ташкил кардааст, ки дар онҳо сохторҳои гуногун барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо фаъолият мекунанд. Масалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони худ аз 25.02.2002 Низомномаро дар бораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Тибқи банди 2-и он Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии таъминкунандаи фаъолияти Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар банди 10-и Низомномаи мазкур қайд шудааст, ки вазифаи асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани шароитҳо ба Президент баҳри аз ҷониби ӯ иҷро шудани вазифаҳои ҳомии Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили ваҳдати миллӣ, ягонагй ва тамомияти арзии мамлакат, пойдории давлат ва муътадил амал кардани мақомоти давлатӣ аст.

3.РАЁСАТИ КАФОЛАТҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дастгоҳи иҷроияи Президент аз якчанд воҳидҳои сохторй иборат аст. Байни онҳо сохторҳое ҳастанд, ки вазифаи асосиашон машғул шудан бо масъалаҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Чунин сохтор раёсати кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Раёсат дар асоси Низомномаи бо Амри Президент аз 17.02.1998 тасдиқшуда фаъолият мекунад.

Мутобиқи Низомномаи мазкур вазифаҳои раёсат аз инҳо иборат аст:

1.Таъмини фаъолияти Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба амалисозии иазорат ба ҳолати риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд;

2.Таъмини фаъолияти Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон бобати барқарорсозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои вайронкардашудаи конститутсионии инсон ва шаҳрванд;

3.Иштирок дар амалисозии сиёсати Сарвари давлат дар соҳаи ҳифзи

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва масъалаҳои дигар.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои дар боло қайдшуда Раёсати кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президент функсияҳои зеринро ба ҷо меорад:

4.Ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, корхонаҳо ва муассисаҳо ва шахсони мансабдор оид ба таъмин намудани кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд назорат мебарад;

5.Бйррасии саривақтии шикоятҳо ва аризаҳои шаҳрвандонро аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти иҷроия таъмин мекунад;

6.Қабули шахсии шаҳрвандонро аз ҷониби Президент ва Дастгоҳи ӯ ташкил мекунад;

7.Ҳисоботи ашхоси масъули вазоратҳо ва идораҳоро оид ба таъмин

намудани кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мешунавад.

4.КОМИССИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТАЪМИН НАМУДАНИ ИҶРОИ ӮҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз 4 марти соли 2002 қарор кард, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи оид ба таъмини намудани иҷрои ӯхдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис диҳад. Комиссияи мазкур мақомоти байниидоравии машваратӣ маҳсуб шуда, кори худро дар асоси низомнома ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо оид ба таъмини ҳамоҳангсозии (имплементатсияи) иҷрои ӯхдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон равона намудааст.

Вазифаи асосии Комиссия таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон аст. Комиссия функсияҳои гуногунро ба ҷо оварда, ҳуқуқ дорад ба мақомоти манфиатдор супориш диҳад, ки иҷрои ӯхдадориҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайронкардашуда таъмин намоянд, дар бораи иҷрои ин корҳо ҳисобот шунавад.

5.КУМИТАИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҚОНУНИЯТИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН. Фаъолияти комитет кисми муҳими кори Маҷлиси намояндагон аст. Мутобиқи моддаи 22-и тартиби (регламенти) кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти кумитаи мазкур баррасии масъалаҳое мебошад, ки бо ҳуқуқи инсон зич алоқаманданд. Масалан, таҳияи тафсири Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, тайёр кардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолияти соҳавии кумита маҳсуб мешавад.

Кумита на танҳо бо қонунэҷодкунӣ, балки бо ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо низ машғул мешавад. Кумита ҳамасола ҳазорҳо арзу шикоят мегирад, ки ба масъалаҳои вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳо марбутанд. Ин муроҷиатҳои шаҳрвандон дар кумита мавриди баррасиҳо қарор мегиранд. Баъдан онҳо ба вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор барои иҷро интиқол гардида, ба рафти иҷрояшон назораг бурда мешавад.

6.КУМИТА ОИД БА ТАЪМИНИ АСОСҲОИ КОНСТИТУТ- СИОНИ, ХУҚУК ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ВА ҚОНУНИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Кумитаи мазкур 17 апрели соли 2000 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ташкил ёфтааст. Кумита ҳангоми омӯзиш ва баррасии қонунҳо онҳоро аз нигоҳи асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният арзёбӣ карда, дар иҷлосияҳо аз номи кумита хулосаҳо иброз медорад. Дар ҳолате, ки қонун ба талаботи асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ҷавобгӯй аст, кумита ба он хулосаи мусбат медиҳад. Дар ҳолати акс қонунҳои вайронкунандаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ба Маҷлиси намояндагон баргардонда мешавад. Ба Маҷлиси намояндагон баргардондани қонуни ғайриҳуқуқӣ усули ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.

Усули дигари ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мусоидаткунанда ба ҷамъомадҳои кумита даъват кардани шахсони мансабдори мутасаддии риояи ҳуқуқҳои ннсон мебошад. Масалан, мутобиқи моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои Маҷлиси Олӣ» (19.04.2000) кумитаи номбурда ҳуқуқ дорад дар назди Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар бораи шунидани ҳисоботи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосия оид ба риояи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии инсон ва шаҳрванд масъала гузорад, ё аз раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе талаб кунад, ки дар бораи ҳолати риояи Конститутсия ва қонунҳо дар иҷлосия ҳисобот диҳанд.

Усули дигари амалисозии фаъолияти кумита қабули муроҷиатхои шаҳрвандон аст. Кумита оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои конститутсионӣ масъалаҳо муҳокима карда, ин муроҷиатҳоро ба мақомоти салоҳиятдор мефиристад ва рафти иҷрои саривақтии онҳоро назорат мекунад.

7.ПРОКУРАТУРА. Прокуратура мақомоти давлатӣ аст ва бинобар ин мо онро ба механизмҳои давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон мансуб медонем.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияи асосии прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (моддаи 93).

Прокуратура мақомоти ягона ва марказиест, ки ба он Прокурори Генералй сарварй мекунад. Прокурори Генералӣ ба Маҷлиси миллӣ ва Президент ҳисоботдиҳанда аст.

Тартиби ташкил ва фаъолият, сохтор ва салоҳияти прокуратура бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 25 июли соли 2005 қабул шудааст, танзим мешавад.

Мақсади амалисозии назорат барои риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва шахсӣ мебошад. Моддаи 4-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи мақомоти прокуратураро чун таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян кардааст, ки мақсад аз онҳо ҳифзи:

1)истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2)ҳуқуқҳо ва озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқҳои дигари инсон ва шаҳрванд;

3)асосҳои сохти демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайриҳукуматӣ мебошад.

Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки нақши прокуратура дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бебаҳост.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, мақомоти идоракунии ҳарбӣ, мақомоти назоратӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклҳои моликият, шахсони мансабдори онҳо мебошад.

Байни самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд асосист. Прокурор ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар самтҳои гуногун бо масъалаҳои ҳуқуқҳои инсон дучор меояд, чун объектҳои назорат бо одамон вобастаанд, прокурор назоратро амалӣ гардонда истода, дараҷаи риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Ба масъалаҳои таҳкимбахшии назорати прокурорӣ ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд Прокурори генералй борҳо таваҷҷӯхро ҷалб намуда, якчанд дастур ба нашр расондааст, ки дар онхо аз прокурорҳои тобеъ дар сатҳи зарурӣ ва бо камоли масъулиятшиносӣ ба роҳ мондани ин кор талаб карда мешавад.

Дар самти назорати риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд прокурор кори худро бо методҳои гуногун амалӣ месозад.

Аввалан, ӯ бо ташаббуси худ дар доираи нақшаи кор корхонаҳо ва муассисаҳо, ташкилотҳо ва мақомоти давлатиро санҷида, қонуншиканиҳоеро ошкор месозад, ки дар рафти онҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ халал дидаанд. Дар чунин ҳолатҳо прокурор вазифадор аст, ки ҳолати воқеиро муқаррар созад ва барои барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронкардашуда чораҳо бинад. Яъне ӯ вобаста ба характери ҳуқуқи вайронкардашуда яке аз санадҳои таъсиррасонии прокурориро (эътироз, пешниҳодот, қарор, амр) иншо мекунад ва барои иҷро кардан мефиристад.

Сониян, дар бисёр ҳолатҳо аз амалҳо ва ё қарорҳои шахси мансабдори ҳокимияти маҳаллӣ ё ташкилоту идораҳо ба шаҳрвандон зарар расонида мешавад. Масалан, одам аз вазифаанГғайриқонунӣ сабукдӯш карда шудааст, ё ӯро умуман аз кор ҷавоб дода, бо ҳамин ҳуқуқи конститутсиониашро ба меҳнат вайрон кардаанд. Агар ин шахс ба прокуратура муроҷиат кунад ва прокурор дар ин қарор нишонаҳои ғайриқонунӣ аз кор озод карданро мушоҳида намояд, вай ба қарори роҳбари корхона эътироз баён месозад. Дар ин сурат дар муҳлати 10 шабонарӯз аз тарафи шахси мансабдор оид ба бартарафсозии ҳуқуқвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда бояд қарори дахлдор қабул карда, оид ба натиҷаҳо ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода шавад.

Сеюм, прокурор ҳангоми амалӣ гардонидани назорат ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқу тафтишоти пешакӣ кӯшиш мекунад, ки ба вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон роҳ дода нашавад, аммо дар мавриди мавҷудияти чунин тахдид баҳри роҳ надодан ба он тадбирҳо меандешад. Бинобар ин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ назорати прокурориро ҳамчун кафолати риояи ҳуқуқҳои инсон мепазиранд. Масалан, ҳангоми фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бе рухсати прокурор гузаронидани чораҳои вайронкунандаи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ба махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ, муошират, дахлнопазирии манзил, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба таъхир гузоштанашон имконнопазир аст, мумкин нест. Ё худ ҳангоми таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ прокурор асоснокӣ ва қонунӣ будани боздошту дар маҳкама нигоҳ доштанро бо мақсади роҳ надодан ба вайронкунии озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ месанҷад ва танҳо дар сурати риояи тартиботу мавҷудияти асоси боэътимод барои ҳабси пешакӣ иҷозат медиҳад.

Прокурор ҳамчунин барои боздошт дар ҷои қабулу тақсимкунӣ, муқаррар кардани назорат ба рафтори ашхоси аз ҷазо озодкардашуда, ҳабси амвол, ки бо кафолатҳои Ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон марбутанд, иҷозат медиҳад. Прокурор вазифадор аст, ки ашхоси нодуруст боздоштшуда, ҳамчунин дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва ҷойҳои тафтишоти қаблӣ нодуруст нигоҳдошташавандаро озод кунад.

8.АДВОКАТУРА. Адвокатура байни дигар мақомоти давлатӣ, ки фаъолияташон ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудааст, мақоми махсус дорад ва барои вай расонидани ёрии ҳуқуқӣ вазифаи ягонаест, ки Конститутсия муайян кардааст.

Моддаҳои 19 ва 92-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳҳои адвокат ва адвокатураро таҳким бахшида, вазифаҳои онҳоро бо боздошту ҳабси пешакӣ, тафтишот ва баррасии судии парванда вобаста медонад. Агар Конститутсия мавҷудияти адвокатураро пеш аз ҳама бо мурофиаҳои ҷиноятӣ вобаста шуморад, вай ҳамзамон мурофиаҳои гражданӣ, маъмурй, хоҷагӣ ва конститутсиониро низ дар назар дорад.

Дар асоси Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» (4 ноябри соли 1995) қабул шудааст, ки моҳият. ҳадафҳо ва вазифаҳои адвокатура ва шаклҳои ташкили онро муайян мекунад.

Мутобиқи моддаи 1-и ин қонун адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақили касбиест, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ёрии ҳуқуқиро ба ашхоси воқеию юридикӣ таъмин мекунад. Адвокат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеию ҳуқуқиро амалӣ гардонида истода, ғояҳои инсондӯстӣ, адолат ва қонуниятро таҷассум месозад.

Аҳамияти иҷтимоии адвокатура дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои миҷозон дар шароити эълон гардидани давлати демократии ҳуқуқбунёд ба маротиб меафзояд. Мураккабии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар давраи ислоҳотҳои ҳуқуқӣ ва барқароршавии принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд қабули теъдоди зиёди санадҳои меъёрию ҳуқуқиро тақозо мекунад ва дар истифодаву гагбиқи дурусти онҳо нақши адвокат ҳамчун ҳуқуқшиноси касбӣ басо калон аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: институти давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, Президент - ҳомии Конститутсия ва ҳуқуқҳои инсон, кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрванд, прокуратура, адвокатура, ёрии ҳуқуқӣ.

Савол ва супоришҳо

1.Ба ҷуз ҳифзи судӣ боз кадом усулҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мавҷуданд?

2.Ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кадом мақомот ва шахсони мансабдор ба амал мебароранд?

3.Ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кадом санадҳои ҳуқуқӣ муайян мекунанд?

4.Ҳомии Конститутсия ва ҳуқуқҳои инсон кист ва ин чӣ маънӣ дорад?

5.Дар бораи нақши прокуратура дар таъмини риояи ҳуқуқҳои инсон нақл кунед. Вазифаҳои асосии он кадомҳоянд?

6.Супориши Президенти мамлакатро дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006) оид ба манъи ҷалб кардани хонандагон ба мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта аз нигоҳи риояи ҳуқуқи инсон муҳокима кунед.

7.Якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба назари Шумо дар ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти бештаре доранд, номбар кунед. Кушиш кунед, ки онҳоро таҳлил намоед.