§ 8. ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

§ 8. ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

1.МЕЪЁРҲОИ ГУНОГУНИ ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Ҳар як одам аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дорои маҷмуи васеи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқаманду вобастаи якдигар мебошад. Бинобар ин ногузир хоҳиши дар системаи ягона нишон додани ҳамаи ин ҳуқуқу озодиҳои гуногун ва тақсим кардани онҳо аз рӯи аломатҳои (меъёрҳои) хосашон, яъне таснифи онҳо пайдо мешавад.

Тасниф системаи ба андозаи баробар тобеъсозии мафҳумҳост, ки дар асоси ба назар гирифтани аломатҳои умумӣ ва алоқамандиҳои қонунии байни онҳо мураттаб гардидааст.

Чунин аломатҳои (меъёрҳои) умумӣ инҳо шуда метавонанд: соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон, замони пайдошавии ҳуқуқу озодиҳо, ашхосе, ки ба онҳо мансубанд, имконияти маҳдудсозии онҳо, таҳкимбахшӣ дар санадҳои меъёрӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳоро мо дар параграфи мазкур баррасӣ менамоем. Бо баъзе навъҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон Шумо аллакай шиносед.

Дар машғулиятҳои гузашта мо аллакай кӯшиши муайян намудани фарқияти байнимафҳумҳои "ҳуқуқҳо” ва "озодиҳо"-ро кардем. Бахотир оред, ки онҳо чигунаанд? Фикр кунед, ҳуқуқу озодиҳои табиӣ ва позитивӣ бо кадом аломатҳои умумӣ тавсиф мешаванд?

Аммо ба таври аниқу дақиқ ба гурӯҳҳо (намудҳо) ҷудо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон на ҳамеша имконпазир аст ва ҳама гуна таснифот шартист, зеро ҳар як ҳуқуқ метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ шавад. Масалан, ҳуқуқи ҳар як одам ба таҳсил ҳам чун талаботи инкишофи ҳар як шахсият (соҳиб шудан ба донишҳо ва малакаҳои нав), ҳамчун фаъолияти давлат бобати фароҳам овардан шароитҳо баҳри таълими шаҳрвандон (сохтмони мактабҳо, нашри китобҳои дарсӣ, тайёр кардани муаллимон) ва ҳатто чун навъи эҷодиёти инсон (иштирок дар машғулиятҳои мактаби мусиқӣ ва ғайра) амалӣ мешавад. Пас ҳуқуқ ба таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи шахсии ҳар як одам, ҳамчун ҳуқуқи иҷтимоӣ, ки давлат кафолат медиҳад ва ҳамчун ҳуқуқи фарҳангӣ баррасӣ кардан мумкин аст.

Ҳангоми таснифи ҳуқуқу озодиҳо ба гурӯҳҳо ва намудҳо ҳамчунин бояд дар хотир дошт, ки ҳуқуқу озодиҳоро ба асосию дуюмдараҷа тақсим кардан нашояд. Ягон ҳуқуқ бояд боло бардошта ва бар зарари ҳуқуқи дигар тафсир бахшида нашавад, ҳар як ҳуқуқ барои мукаммал будани зиндагии инсон зарур аст ва бо ҳуқуқи дигар набояд иваз карда шавад.

2.ТАСНИФ АЗ РУИ СОҲАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАЁТӢ. Дар ҷаҳони имрӯза яке аз тақсимоти маъмули ҳуқуқу озодиҳои инсон ба намудҳо тасниф аз рӯи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии одам ва ҷамъият мебошад, ки дар онҳо ин ҳуқуқу озодиҳо амалӣ мешаванд.

Амалан дар ҳамаи санадҳои меъёрии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва дохилидавлатии ба ҳуқуқҳои инсон умуман (на ба ягон гурӯҳи алоҳида) бахшидашуда ҳуқуқу озодиҳо ба шахсӣ (шаҳрвандӣ), сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тақсим карда шудаанд.

Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) на танҳо ба шаҳрвандони давлат, балки ҳамаи одамоне, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, мутааллиқанд. Онҳо асоси мақоми ҳуқуқии одамро ташкил дода, аз нигоҳи баромад характери табиӣ доранд ва ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд бе ягон маҳдудият мутааллиқанд. Мубориза бо вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ вазифаи давлат мебошад. Ҳуқуқҳои муҳимтарини ин гурӯҳ инҳоянд: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият, озодӣ аз ғуломӣ, зӯроварӣ ва маҷбурсозӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва манзил, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, озодии бастани ақди никоҳ ва ғайра.

Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ имконияти иштироки одамро (чун қоида, шаҳрванди мамлакатро) дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, дар ташаккул ва амалишавии ҳокимияти давлатӣ ифода мекунанд. Ҳуқуқҳои сиёсӣ ба мустаҳкам намудани алоқамандии шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат нигаронида шудаанд. Ҳадафи онҳо роҳ надодан ба муносибати бетарафонаи одамон ба такдир ва фаъолияти давлати худ аст, бинобар ин онҳоро ҳуқуқҳои оммавӣ низ мегӯянд. Ба ҳуқуқҳои сиёсӣ инҳо мансубанд: озодии сухан ва эътиқод, ҳуқуқи дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, озодии ҷамъомадҳо, намоишҳо ва ғайра. Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам якҷоя бо дигар ҳуқуқҳо метавонанд амалӣ шаванд.

Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба таъмини некӯаҳволӣ ва сифатнокии ҳаёти одам нигаронида шудаанд. Ин ҳуқуқҳо ба одам имконият медиҳанд, ки дар соҳаи истеҳсолот ва тақсими неъматҳо инкишоф ёбад, кафолат ва ҳимояи давлатии озодии иқтисодӣ ва мӯътадилии ҳаёти иҷтимоии худро соҳиб шавад. Ба ин гурӯҳи ҳуқуқҳо мансубанд: ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқи меросгирӣ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ ва ғайра.

Ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ инкишофи маънавии одамро кафолат дода, ба ҳар як фард кӯмак мекунанд, ки иштирокдори комилҳуқуқи пешрафти маънавию фарҳангӣ гардад. Ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст: ҳуқуқи дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи ройгон истифода кардани захираи бойгониҳою китобхонаҳо, ҳуқуқи истифода аз забони модарӣ, ҳуқуқ ба инкишофи фарҳанг вобаста ба мансубияти миллию этникии худ ва ғайра.

Фикр кунед, ҳуқуқу озодиҳои зерин ба кадоме аз гурӯҳҳои зикршуда мансубанд: ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи суди ва ҳуқуқ ба кӯмаки адвокат дар суд, ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист, ҳукуқ ба иттилоот, озодии эҷодиёт, ҳуқуқ ба гирифтани кӯмакпулиҳо?

3. ТАСНИФ АЗ РӮИ ЗАМОНИ ПАЙДОИШ. Ба ҷуз таснифоти зикршуда аз рӯи соҳаҳои асосии фаъолияти ҳаётии ҷомеа эътироф шудааст, ки ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин аз руи замони пайдоиш ва таҳкимёбӣ дар аснод ба се насл зертақсим гарданд: якум (охири асри XVIII), дуюм (охири асри XIX), сеюм (солҳои 70-уми асри XX).

Ғояи наслҳои ҳуқуқи инсон аз шиорҳои Инқилоби бузурги Фаронса “Озодӣ, баробарӣ, бародарӣ!” тавлид гашта, аз ҷониби ҳуқуқшиноси франсуз Карел Васак таҳия шудааст. Ба андешаи ӯ, арзишмандии озодии шахсият дар насли якуми ҳуқуқҳои инсон, ғояи баробарии иҷтимоӣ дар насли дуюм ва ғояи бародарии халқҳо дар насли сеюм инъикос ёфтааст.

Ба хотир оред, Инқилоби бузурги Фаронса кай ба амал омадааст? Ба фикри Шумо, чаро мо вобаста ба омӯзиши ҳуқуқҳои инсон натиҷаҳои онро ба хотир овардем?

Ба насли якуми ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсиро, ки дар натиҷаи инқилобҳои демократӣ дар Аврупо ва ИМА дар охири асри XVIII ба амал омада, ба таври васеъ машҳур гардиданд, мансуб медонанд. Эъломияи қонунии онҳо ба сифати ҳуқуқҳои табиии мутааллиқ ба ҳар одам нахустин маротиба дар Эъломияи ҳуқуқҳои Вирҷинӣ (соли 1776). Билли амрикоӣ оид ба ҳуқуқҳо (солҳои 1789-1791), Эъломияи фаронсавии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (соли 1789) ба амал омад. Ҳуқуқҳои насли аввал ба одам аз лаҳзаи таваллуд мансуб буда, ҷудонопазиранд ва аз ҷониби давлат набояд маҳдуд карда шаванд. Ба насли якум ҳуқуқҳои зерин мансубанд: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба озодӣ ва амният, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, озодии эътиқоди динӣ ва ғайра.

Насли дуюми ҳуқуқҳои инсон дар бораи худ дар раванди муборизаҳо бо нобаробариҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои некӯаҳволии моддии аҳолӣ, дар рафти баромадҳои иқтисодӣ, ки дар охири асри XIX дар тамоми ҷаҳон ба амал омаданд, дарак дод. Ҳуқуқҳои насли дуюм ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангианд. Ин ҳуқуқҳо бори аввал расман дар Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Мексика (соли 1917), Конститутусияи веймарии Олмон (соли 1919), Конститутсияи Ҷумҳурии Испания (соли 1931) ва албатта, дар Конститутсияи ИҶШС (соли 1936) ва конститутсияҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ инъикос ёфтанд. Онҳо ғояҳои таҳкими шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёти инсонро дар соҳаҳои меҳнат, маишат, шуғл, некӯаҳволӣ, ҳифзи иҷтимоӣ таҷассум мекарданд. Ҳаҷму дараҷаи амалишавии ин ҳуқуқҳо аз бисёр ҷиҳат ба вазъи иқтисодии мамлакат вобаста аст. Ба ин гурӯҳ чунин ҳуқуқҳо мансубанд: ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба интихоби касб, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра.

Ташаккули насли сеюми ҳуқуқҳои инсон дар нимаи дуюми асри XX ҳамчун натиҷаи муборизаи бисёр халқҳои ҷаҳон барои истиқлолияти миллӣ ва озодшавӣ аз юғи мустамликавӣ оғоз ёфт. Ин ҳуқуқҳоро аксаран ҳуқуқҳои ҳамраъӣ меноманд. Онҳо ғояи баробарии халқҳои ҷаҳонро таҷассум мекунанд, зеро ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ба шумор мераванд. Ба ин насл инҳоро мансуб медонанд: ҳуқуқ ба сулҳ, ҳуқуқ ба халъи силоҳ, ҳуқуқ ба инкишоф, ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист, ҳуқуқ ба мероси умумии инсоният, ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ, ҳуқуқ ба озодӣ аз геносид ва апартеид ва ғайра.

Бо ташаккулу таҳкимёбии ҳуқуқҳои насли сеюм дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дарки алоқамандӣ ва ҳамбастагии ҳуқуқҳои инфиродию дастаҷамъона пайдо шуд. Ғайр аз ин ба навъи мазкур ҳуқуқҳои гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ: ҳуқуқҳои кӯдакон, пиронсолон, ашхоси имкониятҳои маҳдуддошта, занҳо, бехонаҳо, бекорон ва ғайраро мансуб медонистагӣ шуданд.

Зери таъсири ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), пешрафти илмӣ - техникӣ, алалхусус дар соҳаи генетика, тиб, информатика, клонсозӣ, трансплантатсия (гирифта партофтан ё пайванди узвҳои одам) номгӯи ҳуқуқҳои нав беш аз пеш меафзояд. Дар натиҷа ақидаҳо оид ба барқарору пайдошавии насли чоруми ҳуқуқҳои инсон ба миён меоянд, ки ҷавоби ҳуқуқие хоҳад гашт ба руйдодҳои асри XXI, вақте шояд сухан дар бораи зинда мондани инсон ҳамчун навъи биологӣ, нигоҳдории тамаддуни инсонӣ, инкишофи кайҳонии инсоният меравад.

4.НАВЪҲОИ ДИГАРИ ТАСНИФОТ. Шумораи хеле зиёди навъҳои дигари таснифот мавҷуданд. Масалан, аз рӯи мақоми сиёсӣ-ҳуқуқии шахсият (дар одам мавҷуд будани шаҳрвандии давлат) ҳамаи ҳуқуқу озодиҳоро ба ду гуруҳ тақсим намудан мумкин аст: ҳуқуқу озодиҳои ба ҳар одам мутааллиқи сарфи назар аз шаҳрвандии ӯ амалишаванда ва ҳуқуқу озодиҳои мутааллиқ танҳо ба шаҳрванди ҳар як давлати мушаххас.

Дар ин ҳолат ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, масалан, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва ғайраро асосан шаҳрвандони давлат амалӣ месозанд.

Аз рӯи субъектҳо чунин фарқиятҳо мегузоранд: ҳуқуқҳои инфиродии ба ҳар одам мутааллиқ, масалан: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба меҳнат ва ғайра ва ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи мутааллиқ ба гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ, масалан: ҳуқуқҳои халқҳо, ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳуқуқи категорияҳои камҳимояи аҳолӣ (кӯдакон, занҳо, пиронсолон, маъюбон, гурезаҳо, меҳнаткашони муҳоҷир, маҳбусон). Як қисми ҳуқуқҳои коллективӣ ҳамзамон ба таври инфиродӣ низ амалӣ шуда метавонанд (масалан, ҳуқуқи диндорон), қисми дигар танҳо ба таври коллективӣ амалӣ мешаванд (иштирок дар гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта).

Субъект шахс, гурӯҳи одамон, ташкилот ё ягон иттиҳодияи дигаре, ки мувофиқи қонунгузории мамлакат соҳиби ҳуқуқҳо буда, ба зимма ӯҳдадориҳо низ дорад.

Меъёри дигари таснифот таҳкими ҳуқуқу озодиҳо дар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ аст. Бо асоси мазкур ҳуқуқу озодиҳоро ба: асосӣ (конститутсионӣ) ва муштақ (мушаххасгардонанда) тақсим кардан мумкин аст. Ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфта, нуқтаҳои асосии асноди байналмилалиро таҷассум мекунанд. Онҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон (шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ)-ро фаро мегиранд. Ҳуқуқҳои аз инҳо муштақ одатан дар санадҳои дигари меъёрӣ - ҳуқуқии миллӣ таҳким бахшида мешаванд.

Ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо вобаста ба имконияти муваққатан маҳдуд кардани давлат ба мутлақ, ки боздоштану маҳдудсозии онҳо дар ягон ҳолат мумкин нест (масалан ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа) ва нисбӣ, ки ба мӯҳлати муайяне дар ҳолатҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ё вазъияти ҷангӣ маҳдуд кардан ва боздошган мумкин аст (масалан, озодии ҷойивазкунӣ ва ғайра) ҷудо мешаванд. Чун қоида, ба ҳуқуқҳои мутлақ ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ мансубанд.

Аз рӯи нақши давлат дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон гурӯҳҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст: ҳуқуқу озодиҳои позитивӣ, ки дар қонунгузории давлатӣ, чун қоида, дар шакли: “ҳар инсон ба... ҳуқуқ дорад”, “давлат вазифадор аст, ки баҳри амалишавӣ ва ҳимояи онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам орад” аниқу дақиқ муқаррар гардида ва таҳким ёфтаанд ва ҳуқуқу озодиҳои негативӣ, ки ба онҳо на давлат ва на шахси дигаре ҳуқуқи дахолат кардан надоранд. Ба ҳуқуқҳои позитивӣ мансубанд: масалан, қисми асосии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ - ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба таҳсил ва ёрии тиббӣ, таъминоти иҷтимоӣ, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ғайра. Ба ҳуқуқҳои негативӣ аксари озодиҳои шахсӣ мутааллиқанд, масалан, озодии эътиқоди динӣ, ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ ва ғайра.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: тасниф, наслҳои ҳуқуқҳои инсон, субъект.

 

Савол ва супоришҳо:        

1.Тасниф чист? Кадом меъёрҳои таснифи ҳуқуқу озодиҳо ба Шумо маълуманд?

2.Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии бароятон маълумро номбар кунед.

3.Фикр кунед, кадом ҳуқуқу озодиҳоро аллакай имрӯз ба насли чоруми ҳуқуқҳо мансуб донистан мумкин аст?

4.Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва боби марбути ҳуқуқҳои инсони Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат хонед ва нақшаи зерро пур кунед:

Конститустияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

1.     Ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ)

Моддаи

Моддаи

2.     Ҳуқуқҳои сиёсӣ

Моддаи

Моддаи

3.     Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Моддаи

Моддаи

4.     Ҳуқуқҳои фарҳангӣ

Моддаи

Моддаи