§39. ҲУҚУҚ БА ИСТИРОҲАТ

§39. ҲУҚУҚ БА ИСТИРОҲАТ

1.ҲУҚУҚ БА ИСТИРОҲАТ: МАФҲУМ, АҲАМИЯТ. Ҳуқуқи муҳимтарини ҳар як инсон дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба истироҳат мебошад. Ҳуқуқ ба истироҳат бо ҳуқуқи ҳар инсон ба меҳнат, шароитҳои боадолатонаю мӯътадили меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо, масалан, ҳуқуқҳои шахсӣ ва фарҳангӣ зич алоқаманд аст.

Фикр кунед ва мисолҳои алоқамандии ҳуқуқи истироҳат 6о дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон, масалан, ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ба хотир оред.

Ҳуқуқ ба истироҳат бо танзими вақти корӣ ва вақти истироҳат, аз ҷумла муқаррар кардани давомнокии ҳадди охири вақти корӣ, кам кардани вақти кории шабона, дар арафаи рузҳои ид ва истироҳат, чун қоидаи умумӣ манъ кардани корҳои берун аз меъёр, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид, муқаррар кардани давомнокии минималии истироҳати ҳафтаина, ба кормандон додани танаффус барои истироҳат ва хӯрокхӯрй, муқаррар намудани қоидаҳо дар бораи додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда барои истироҳат ва давомнокии минималии он, рухсатиҳои иловағй барои категорияҳои алоҳидаи кормандон ва ғайра дар қонунгузории давлат таъмин карда мешавад.

Ҳуқуқ ба истироҳат ба ҳуқуқҳои асосии инсон мансуб аст. Вай дар стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон зикр гардидааст. Чунончи, моддаи 24-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқи ҳар касро ба истироҳат ба таври зайл таҳким бахшидааст:

Ҳар як инсон ба истироҳату фароғат, аз ҷумла маҳдудияти оқилонаи рӯзи корӣ ва рухсатии пулакии даврӣ ҳақ дорад.

Моддаи 24-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Моддаи 7-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқи ҳар касро ба истироҳат, фароғат ва маҳдудияти окилонаи вақти корӣ, рухсатии даврии пардохтшаванда баробар бо мукофотонй барои рӯзҳои ид кафолат медиҳад.

Ҳуқуқ ба истироҳат дар конститутсияҳои аксари мамлакатҳои ҷаҳон таҳким ёфта, як навъ кафолати хоси давлат ба ҳуқуқи истироҳат барои шаҳрвандони қобили меҳнат мебошад.

2.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚ БА ИСТИРОҲАТ. Ҳуқуқ ба истироҳат аз имконияти ба ҳар кас додашудаи гузаронидани вақти истироҳат бо салоҳдиди худ иборат аст.

Дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба истироҳат ҳуқуқи конститутсионии ҳар одам буда, ҳамчунин дар қонунгузории меҳнатӣ таҳким бахшида мешавад.

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ 6о роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи кори, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истнроҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 37-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зери мафҳуми «вақти истироҳат» давомнокии вақти муайяне, ки дар тӯли он одам аз вазифаҳои меҳнатӣ озод асту истироҳат мекунад, фаҳмида мешавад. Вай ин вақтро муто- биқи хоҳиши худ, барои қонеъ- созии манфиатҳои хеш ва бар- қарорсозии қобилияти меҳнатии худ истифода карда метавонад.

Яъне шаҳрванд дар давраи истироҳат аз иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ комилан озод буда, истифодаи онро бо салохдиди худ муайян менамояд. Азбаски одам дар давраи иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ қувваи зиёди рӯҳию ҷисмонӣ сарф мекунад, вай қувваи сарфкардаашро тавассути истироҳати ба ӯ бо қонунгузории меҳнатӣ кафолатдодашуда бояд барқарор созад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар касро ба истироҳат таҳким бахшида, дар баробари ин дар назар дорад, ки давомнокии бо қонун муқарраршудаи вақти корӣ, рӯзҳои истироҳат ва ид, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба онҳое кафолат дода мешавад, ки бо қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ кор мекунанд. Ба ин тариқ, кафолатҳои конститутсионии таъминкунандаи амалисозии ҳуқуқи истироҳатро бо мавҷудияти муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ба кор аз руи карордод (шартнома) алоқаманд медонанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки шаҳрванд қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ баста, ҳуқуқ дорад аз кордеҳи мушаххас риояи ҳадди охири бо қонун муқарраргардидаи давомнокии вақти корӣ, ба ӯ додани рӯзҳои истироҳату ид, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда барои истироҳатро талаб намояд, кордеҳ бошад, дар навбати худ вазифадор аст, ки ин талабҳоро қонеъ созад ва барои ҳуқуқи истироҳатро амалӣ сохтани корманд шароит фароҳам орад. Дар он ҷое, ки қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ ва меҳнати муташаккили дастҷамъона нест, давлат бо ёрии кафолатҳои зикршуда ҳуқуқи истироҳатро таъмин карда наметавонад. Шаҳрванди бо фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғулбуда худ муайян месозад, ки вай имрӯз ё рузи дигар чанд соат кор мекунад, дар рӯзҳои истироҳат ва ид кор мекунад ё намекунад, барои вай рухсатӣ лозим аст ё не.

Дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зерини вақти истироҳати шаҳрвандон муқаррар карда шудаанд:

1. Танаффусҳо дар тӯли рӯзи корӣ. Чун қоида, давомнокии чунин танаффусҳо набояд аз ду соат зиёд бошад. Дар созишномаҳо ва қарордодҳои меҳнатӣ кордеҳ якҷоя бо намояндагони иттифоқи касаба давомнокии чунин танаффусҳоро муқаррар менамояд. Дар хотир бояд дошт, ки чунин танаффусҳо ба вақти корӣ дохил намешаванд ва пардохт намегарданд.

2. Танаффусҳои байни рузҳои корӣ. Чунин танаффусҳо ба шаҳрванд баъди анҷоми ҳар як рӯзи корӣ дода мешаванд. Мутобиқи талаботи қонунгузории меҳнатӣ давомнокии чунин танаффусҳо набояд аз 12 соат кам бошад.

3. Рӯзҳои истироҳат. Ҳар як шаҳрванд баъди ҳар ҳафтаи корӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳар ҳафта як рӯз истироҳат кунад. Ин қоида нисбати корхонаҳое истифода мешавад, ки дар онҳо ҳар ҳафта шаш рӯзи корӣ дорад. Кормандони корхонаҳои ҳафтае панҷ рӯзи корӣ дошта ҳуқуқ доранд ду рӯз истироҳат кунанд. Рӯзи умумии истироҳат якшанбе аст. Рӯзи дуюми истироҳат ҳангоми ҳафтаи панҷрӯзи корӣ бо графики кори корхонаҳо муқаррар мегардад. Ҳар ду рӯзи корӣ, чун қоида, паиҳам дода мешаванд.

Кор кардан дар рӯзҳои истироҳат мумкин нест, вале дар корхонаҳое, ки боздоштани кор бо шароитҳои истеҳсолӣ-техникӣ ё ба сабаби зарурати хизматрасонии бетанаффуси доимӣ ба аҳолӣ имконнопазир аст, ҳамчунин дар дигар корхонаҳои истеҳсолоташон бетанаффус рузҳои истироҳат бо навбат дар рӯзҳои гуногуни ҳафта мувофиқи графики сменагии муқарраркардаи кордеҳ баъди маслиҳатҳои пешакӣ бо мақомоти намояндагии кормандон дода мешаванд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои идро муқаррар менамояд.

Фикр кунгд ва мисолҳои ба Шумо маълуми идҳои миллӣ ва таърихии дар Тоҷикистон қайдшавандаро оред.

Рӯзҳои ид вобаста ба аҳамиятнокии онҳо рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои беистироҳат мешаванд. Рӯзҳои иди рӯзҳои истироҳат эълоншуда характери анъанавӣ дошта, санаҳои барҷастаро таҷассум мекунанд, кор дар рӯзҳои ид боздошта мешавад. Ин қоида нисбати корхонаҳое, ки бетанаффус кор мекунанд, истифода намегардад. Қонунгузории меҳнатӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (соли 1995 ва бо тағйироти соли 2005) рӯзҳои идҳои зеринро рӯзҳои истироҳат эълон кардаанд: 1 январ - Соли нав; 8 март - Рузи байналхалқии занон; 21-23 март - ҷашни Наврӯз; 1 май - Рузи байналхалқии якдилии меҳнаткашон; 9 май - Рузи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ; 27 июн - Рӯзи Вахдати миллӣ; 9 сентябр - Рузи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Иди Рамазон - як рӯз дар ҳар сол дар рӯзи мувофиқомада; Иди Қурбон - як рӯз дар ҳар сол дар рӯзи мувофиқомада.

Мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба рӯзи истироҳат рост омадани идҳои рӯзи истироҳат эълоншуда рӯзи истироҳат ба рӯзи кории баъди қайд кардани идҳо гузаронида мешавад.

Ба рӯзҳои иди рӯзи истироҳат эълоннашуда инҳо мансубанд: 22 июл - Рӯзи забони тоҷикй, ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва ғайра.

Қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ба шаҳрвандон додани рухсатиро танзим мекунад.

Вобаста ба моҳият ва аҳамият рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатиҳои иҷтимоиро ҷудо мекунанд:

Рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшаванда ба ҳар шаҳрванд дар асоси қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, барои фаъолияти меҳнатӣ дода мешаванд. Рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшаванда дар соли аввали кор бояд баъди 11 моҳ дода шаванд. Рухсатӣ барои соли дуюм ва солҳои минбаъдаи кор бояд дар ҳама гуна вақти соли корӣ мутобиқи навбати додани рухсатиҳо дода шавад. Ҳамзамон бо додани рухсатй давомнокии он аҳамияти махсус дорад. Давомнокии рухсатии минималии додашаванда аз 24 рӯзи тақвимӣ кам нест. Новобаста аз характери фаъолияти меҳнатии шаҳрванд ба ӯ рухсатии иловагӣ дода мешавад, масалан, ба рухсатии асосии кормандони машғули корҳои шароити меҳнаташон зарарнок ва вазнин боз 7 рӯзи тақвимӣ илова мегардад, ё ба рухсатии асосии кормандоне, ки характери корашон махсус аст, ё онҳое, ки корҳоро дар шароитҳои номусоиди табиӣ- иқлимӣ ба ҷо овардаанд, 3 рӯзи тақвимй илова карда мешавад.

Дар давраи дар рухсатӣ будани шаҳрванд ҷои кор ва музди меҳна- таш нигоҳ дошта меша- вад. Дар вақти рухсатӣ бо ташаббуси кордеҳ қарор- доди (шартномаи) меҳна- тиро бекор кардан ё онро дигаргун сохтан мумкин нест. Ҳамчунин бозхонд аз рухсатӣ танҳо бо ризоияти корманд ба амал баро- варда мешавад. Дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳу- рии Тоҷикистон надодани рухсатӣ дар бадали ду соли паиҳам, инчунин надодани рухсатии ҳарсола ба кормандони ноболиғе, ки машғули корҳои шароити меҳнаташон зарарнок ва вазнин аст, манъ мебошад.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшаванда ҳамчунин рухсатиҳои иҷтимоиро пешбинӣ кардааст. Ба гуруҳи рухсатиҳои иҷтимоӣ инҳо дохил мешаванд: рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд; рухсатии нигоҳубини кӯдак; рухсатии таълимӣ, рухсатии эҷодӣ; рухсатии бемузд.

Дар давраи додани рухсатии иҷтимоӣ ҷои кор нигоҳ дошта мешавад. Музди меҳнат дар вақти рухсатии иҷтимоӣ дар сурате нигоҳ дошта мешавад, ки агар онро қонунгузории меҳнатӣ ё созишномаю қарордоди дастаҷамъӣ пешбинӣ карда бошанд.

Қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои ноболиғон ҳуқуқи рухсатӣ муқаррар кардааст. Ба кормандони аз 18 сола ҷавонтар ҳамасола дар вақти тобистон ё ҳама гуна вақти барои онҳо мувофиқ рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи мӯҳлаташ на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ давомнокии вақти рухсатӣ, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба истироҳат, вақти истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатӣ, рухсатии иҷтимоӣ

Савол ва супоришҳо:

1.Ҳуқуқ ба истироҳат чист? Оё ҳуқуқи истироҳат маҳдуд карда мешавад?

2.Санадҳои асосии меъёрӣ- ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии кафолатдиҳандаи ҳуқуқи ҳар одамро ба истироҳат номбар кунед.

3.«Вақти истироҳат» чист? Шумо кадом навъҳои вақти истироҳатро медонед?

4.Ба фикри Шумо, чаро давлат рӯзҳои ҷашнҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллиро

рӯзҳои истироҳат эълон кардааст? Ҷашну идҳои ба Шумо маълумро номбар кунед.

5.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон кадом навъҳои рухсатиҳоро муқаррар кардааст?

6.Зарурати рухсатиҳои иҷтимоиро асоснок кунед.

7.Махсусиятҳои ҳуқуқи истироҳати ноболиғон дар Тоҷикистон чигунаанд?

8.Дар бораи варианти идеалии рухсатии худ нақл кунед.