§48. ТАВСИФИ УМУМИИ ВАЗИФАҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

§48. ТАВСИФИ УМУМИИ ВАЗИФАҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

1.МАФҲУМ ВА МУНДАРИҶАИ ВАЗИФАҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД. Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф - давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм - шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад. Ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо принсипи муҳим- тарини ҷамъияти мо мебошад, ки тавассути мувофиқату ҳамоҳангии ҳадафҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти якҷоя ва масъулияти талабҳои иҷтимоиро ифода мекунад. Ифодаи «Ҳуқуқ бе вазифа ва вазифа бе ҳуқуқ вуҷуд надоранд» ин ҷо татбиқи худро меёбад.

Мафҳуми «вазифаҳо» мавҷудияти амалҳоест, ки ба зиммаи инсон гузошта шудаанду ҳатмӣ эътироф гардидаанд.

Вазифаи чораи бо қонун пешбинишудаи рафтори дурусти инсон (шаҳрванд) аст ки аз ӯ амалҳои бо қонун муайянгардидаро тақозо мекунад.

Вазифахо ба манфиати чи ҷомеа ва чи ҳар инсони алоҳида муқаррар мегарданд.

Бисёр одамон ҳуқуқҳои худро аввалиндараҷа ҳисобида, чунин мешуморанд, ки дар назди касе ягон вазифае надоранд. Ин хатои калон аст. Ҳуқуқ бе вазифадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Мо ҳар рӯз бо ин сару кор дорем. Мисол: духтарча аз мактаб бармегардад ва мегӯяд, ки барои бозӣ кардан меравад. Модараш ба ӯ иҷозат намедиҳад: «Ту дарсҳоятро тайёр мекунӣ». Духтарча ба қаҳр меояд: «Чаро охир? Ман ҳуқуқи истироҳат кардан дорам». Модар мефаҳмонад: «Дуруст аст, ҳуқуқ дорй, вале ту ҳамчунин вазифадорй, ки хуб хонӣ. Вазифаи ту бояд дар мадди аввал истад».

Ба фикри Шумо, дар ин баҳс кӣ ҳақ аст?

Яке аз принсипхои асосии дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳкимбахшидашуда чунин аст: «Ҳар як инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун факат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардондани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тарғиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст». Аз ин принсип бармеояд, ки ҳар кадоме аз ҷонибҳо баробари ҳуқуқҳо вазифаҳо низ доранд.

Мисол: Одамон дар соҳили баҳр истироҳат доранд. Ҳаво хеле гарм аст ва истироҳаткунандагон бисёранд. Байни онҳо ҳам пиронсолон ҳастанд ва хам ҷавонон. Карим ин ҷо ҳамрохи рафиқони худ барои офтоб хурда лолагун шудану истироҳат кардан омад. Вай бо худ магнигофони навашро овард ва мусиқии дӯстдоштаашро бо тамоми овоз баланд кард. Мӯйсафеди аз ин садо бедоршуда ғур-ғуркунон гуфт: «Ҷавонҳо аз худ рафтаанд, одамони атрофро умуман ҳурмаз намекунанд». Оташи ҷанҷол баланд шуд. Як гуруҳ ҷонибдори Карим шуда изҳор карданд, ки ӯ ҳуқуқи истироҳат кардан дорад, гурӯҳи дигар мӯйсафедро ҷонибдорӣ карданд.

Ба фикри Шумо, дар ин баҳс кӣ хак аст?

Аввал мо вазифаҳои худро бояд котеъона, поквиҷдонона ва бетаваққуф иҷро кунем. Дар ни сурат ҳамаи ҳуқуқҳои мо худ аз худ иҷро мешаванд. Вале агар мо кӯшиш кунем, ки танҳо ҳуқуқҳои худро амалӣ созем, дар ин сурат ҳуқуқҳоямон ситораҳои парронеро мемонанд, ки ҳамаамон дидаему аммо боре ҳам ба даст нагирифтаем». 

Махатма Гандӣ

Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон бо ҳам бархурд мекунанд. Мисол; дар баъзе давлатҳо, қонунҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо бояд одамони мошинсавор ба худ тасмаҳои амниягӣ банданд. Бисёр одамон бар зидди чунин қонун эътироз баён мекунанд. Онҳо исбот кардан мехоҳанд, ки ин ҳуқуқу озодиҳои онҳоро махдуд месозад. Вале ҳукуматҳои ин давлатҳо далелҳо меорэчд. ки вақте одамон мошинсаворй мекунанд, онҳо дар назди бемористонҳо, духтурон ва дар маҷмуъ дар назди ҷамъият вазифадоранд чораҳое бинанд, ки дар сурати дучори садама шудан ҷарохат набардоранд. Агар онҳо тасмаҳои амниятй набанданд, дар натиҷаи садамаи эҳтимолӣ зарбаю ҷароҳатҳо бардошта, боиси сарф гардидани вақт ва пул мегарданд ва катҳои бемории одамонеро ишғол менамоянд, ки воқеан хам беморанд. Ба ин тариқ, онҳо ҳуқуқҳои беморонро барои гирифтани табобат махдуд месозанд.

Аҳамияти мукаррар гардидани вазифахои дуҷонибаи байни давлат ва инсон ба он оварда мерасонад, ки ҳаёти арзандаи инсон ва шахрванд таъмин мегардад ва ин шаҳодати шукуфоии давлат аст.

2.ВАЗИФАДОРИИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ ВА МУҚАРРАРОТИ ФАЛСАФӢ. Дар ҳамаи динхои ҷаҳонӣ- буддоӣ, яҳудӣ, насронӣ, мусулмонӣ дар назди одамон вазифаи риояи ғояи «Бо одами дигар тавре рафтор нанамо, ки намехоҳӣ бо ту чунин рафтор кунанд» гузошта шудааст. Дар таълимоти зардуштй омадааст, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини волидон дар назди фарзандон таълим додани онҳо аст. Яке аз мутафаккирони гузашта мардро вазифадор донистааст, ки зану фарзандонашро бемаълумот нагузорад, то ки ӯ гирифтори пушаймонӣ ва азобу уқубат нагардад.

Дар Ислом низ дар бораи таълим додани занону кудакон ибрози ақида карда шудааст. Дар яке аз ҳадисҳои Муҳаммад (с) омадааст, ки «зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» ва дониш гирифтани занон ҳатмӣ дониста шудааст.

Дар Эъломияи умумии исломии ҳуқуқҳои инсон (соли 1990) гуфта шудааст: «Андӯхтани дониш ва ҷустучуи ҳақиқат на танҳо ҳуқуқ, балки вазифаю қарзи ҳатмии ҳар мусулмон аст». Ё худ: «Эҳтироми эҳсосоти динии дигар одамон эътиқоди ҳар як мусулмон аст».

Аз нигоҳи фалсафӣ ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои руҳонии универсалианд. Муқаррароти фалсафӣ одамонро вазифадор месозанд, ки низоми муносибатҳои байни одамонро дар тамоми замонҳою давраҳо риоя кунанд.

Ислом вазифаҳои одамонро чигуна муайян кардааст?

Ҳар як ҳуқуқи дар Эъломия баёншуда ба зиммаи инсон ҳамчунин вазифаҳо мегузорад. 

Эъломияи умумии исломии ҳуқуқҳои инсон

3.ВАЗИФАҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ШАКЛҲОИ ГУНОГУНИ ДАВЛАТДОРӢ. Дар шароити демократия вазифаҳои инсон ва шаҳрванд дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, ихтиёрӣ ва мушаххасӣ муайян гардидаанд, ки ҳар як инсон ва шаҳрванд онҳоро бояд аниқ донад.

Баъзе вазифаҳое ҳастанд, ки шахрванд онҳоро ба зимма дошта, аммо шахси бетабаа чунин ҳуқуқҳо надорад. Масалан, иштирок кардан ва овоз додан дар раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот, иҷро кардани ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва ғайра.

Дар шароити тоталитаризм одам дар ихтиёри худ нест ва ӯ ба фармону фармоишоти нашршудаи мақомоти болой итоат карда, вазифадор аст, ки онҳоро ҳатман ба ҷо орад. Тоталитаризм дар асоси эътиқодҳое амал мекард, ки ҷомеаи муваффақона наметавонад аз рӯи принсипи озодии шахсият арзи вуҷуд кунад.

Чиноятҳои бар зидди инсоният дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ содиршуда одамонро ба зарурати таъминоти юридикӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, муайян кардани вазифаҳои ӯ водор сохтанд. Тамоми ҷаҳон бо чашмони худ дид, ки дар сурати рад кардани ҳуқуқҳои табиӣ ва фитрии инсон чӣ даҳшатҳое ба амал меоянд. Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар шаҳодати ба таври ҳуҷҷатй баланд бардоштани щуури ҷамъиятӣ мебошанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо ҳуқуқҳои инсон ва мутаносибан вазифаҳои ӯ на танҳо ба сифати маънавияти идеалӣ, балки ҳамчунин чун принсипҳои сиёсати байналхалқӣ ва тартиботи нави ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.

Хар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, ӯҳдадор мебошад. 

Моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ашхоси дар қаламрави Тоҷикистон зиндаги- кунандаро, ки иҷрои ин вазифаҳо барои онҳо ҳатмист, муқаррар кардааст. Дар сурати ихтиёрӣ иҷро накардани онҳо давлат сиёсати маҷбурсозии худро ба кор мебарад.

Вазифаҳои конститусионии шаҳрвандон аз иҷрои талаботи Конститутсия, қонунхо, санадҳои зерқонунӣ (санадҳои дар асоси қонунҳо қабулшуда) иборат аст ва мо бояд ҳуқуқҳо ва озодиҳо, шарафу эътибори дигаронро эҳтиром намоем.

Иҷрои қонунҳои соҳавӣ низ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъзе меъёрҳои конститутсионӣ вазифаи манъ карданро муқаррар намудаанд (масалан, манъи тарғиби афзалиятмандии иҷтимоӣ, ранги пӯст, миллат, дин ва забон).

Ба ин тариқ, дар вазифаҳои конститусионӣ масъулияти шахсият дар назди ҷомеа ва инсон дар назди давлат эътироф карда мешавад.

Мафҳуми зеринро ба хотир гиред: вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

Савол ва супоришҳо:

1.Зери мафҳуми вазифаҳо чиро мефаҳманд?

2.Ба фикри Шумо, чаро зарур аст, ки вазифаҳои муайян иҷро карда шаванд?

3.Кадом санадҳои байналмилалӣ муқаррароти зарурати иҷро кардани вазифаҳоро дар назди ҷомеа ва давлат таҳким мебахшанд?

4.Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом вазифаҳои шаҳрванд таҳким бахшида шудаанд?

Реклама