§38. ҲУҚУҚ БА МЕҲНАТ ВА ИНТИХОБИ КАСБ

§38. ҲУҚУҚ БА МЕҲНАТ ВА ИНТИХОБИ КАСБ

1.ҲУҚУҚ БА МЕҲНАТ ВА ИНТИХОБИ КАСБ: МАФҲУМ, АҲАМИЯТ. Ҳуқуқ ба меҳнат дар низоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Вай ба одам имконият медиҳад, ки меҳнат кунад ва подоши меҳнати худро гирад. Меҳнат талаботи аввалиндараҷаи инсон, манбаи соҳиб шудан ба некуаҳволии моддӣ ва моликият мебошад.

Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб ҳуқуқи махсуси конститутсионии инсон ва шахрванд аст. Вай дар худ маҷмӯи томи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқамандро фаро мегирад: озодии меҳнат, озодии интихоби касб, ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба шароитҳои боадолатонаи меҳнат, ҳуқуқ ба корпартоӣ, ҳуқуқ ба меҳнат бо расидан ба синни нафақа ва ғайра.

Ҳуқуқ ва озодиҳои мазкур дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои аксари мамлакатҳои ҷаҳон таҳким ёфта, на танҳо барои шаҳрвандони ин давлатҳо, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, масалан, мухоҷирини меҳнатӣ, ашхоси бетабаа аҳамият доранд, зеро ҳар инсонро аз худсариҳои корфармоён ҳифз карда, имконият медиҳанд, ки шараф ва манфиатҳои худро ҳимоя намояд.

Ҳуқуқ ба меҳнат бо озодии меҳнат зич алоқаманд аст. Озодии меҳнат мутобиқи моддаи 23-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эълом дошта шудааст: «Ҳар як инсон дорои хаққи меҳнат, интихоби озодонаи кор ва шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳаққи ҳимоя аз бекорист». Мувофиқи моддаи 6-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқ ба меҳнат «ҳуқуқи ҳар инсонро ба пайдо кардани имконияти барои зиндагӣ бо меҳнат пул кор кардан, ки ӯ озодона интихоб менамояд, ё ба он озодона розӣ мешавад» фаро мегирад.

Озодии меҳнат аз ҳуқуқи ҳар кас бобати озодона ихтиёрдорӣ кардани лаёқатмандиҳои худ ба меҳнат, интихоби навъи фаъолият ва касб иборат аст. Ин ҷо дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани ӯ барои «муфтхӯрӣ» ҳарфе буда наметавонад. Чун дар солҳои пеш вазифаи конститутсионии меҳнат кардан акнун нест. Инсон бобати чи қабулшавӣ ба кори доимӣ, чи аз он рафтан, чи гузаштан ба кори дигари барои ӯ нисбатан шавқовару фоидабахш озод аст. Озодии меҳнат тавассути фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, шугл варзидан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра амалӣ мешавад.

Озодии меҳнат бо манъ будани меҳнати маҷбурӣ алоқаманд аст. Манъи меҳнати маҷбурӣ бо моддаи 8-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст: «1. Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ нигоҳ дошта шавад; ғуломӣ ва ғуломфурӯшй дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст. 2. Ҳеҷ кас набояд дар ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шавад. 3. а) Ҳеҷ кас набояд ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ маҷбур карда шавад...». Чунин меҳнат на танҳо меҳнати ғуломӣ ҳисобида мешавад, ки дар замони мо хеле кам дучор меояд, балки ҳама гуна шаклҳои маҷбурсозии инсон баҳри кор дар шароитҳои ғайриихтиёрӣ қабулшуда ё бо таҳдиди ягон ҷазодиҳӣ, масалан, сари вақт надодани музди меҳнат ё қисми он ба кормандон, ки дар корпартоиҳо иштирок мекунанд, таҳдиди истифодаи ҷазодиҳии интизомӣ мебошад.

Меҳнати маҷбури аз ҷониби корманд бе розигии ӯ зери таҳдиди истифодаи ҷазодиҳии интизомӣ иҷро кардани кор аст.

Баробари ин иҷрои вазифаҳои аз хизмати ҳарбӣ, дар шароити вазъияти фавқулодда ё бо ҳукми суд бармеомада меҳнати маҷбурӣ ҳисобида намешавад.

Ҳуқуқ ба меҳнат маънии вазифадории нафаре бобати пешниҳод кардани кор ба ҳамаи хоҳишмандонро надорад. Дар иқтисодиёти бозорӣ давлат қодир нест, ки чунин вазифаро ба зиммаи соҳибкорони хусусӣ бор кунад ва ё онро ба души худ гирад, зеро вай аллакай ҳамаи корхонаҳоро идора намекунад.

Қабулшавии одам ба кор асосан бо қарордод бо кордиҳанда муайян мешавад.

Вале корманди кирояшуда ҳақ дорад риояи шароитҳои муайян - шартҳои одилонаи корро талаб намояд.

Истилоҳи «шартҳои одилона ва мӯътадили меҳнат» чунин маънӣ дорад, ки шароитҳои меҳнат ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад, музди меҳнат бе ягон табъиз ва на камтар аз андозаи минималии музди меҳнати муқарраркардаи қонун пардохта шавад, барои ҳар кас имкониятҳои баробари ишғол кардани вазифаи баландтар таъмин гардад. Пас, агар бехатарӣ ва гигиена таъмин нагардида бошад, ба саломатӣи корманд дар истеҳсолот зарар расонида шуда бошад, кордиҳанда барои ин ҷавобгар аст ва дар ҳолатҳои муайян ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кащида мешавад.

Моддаи 7-и Паймони байналмхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқ ба шароитҳои одилонаи меҳнатро аз ҷумла дар он бо фарогирии подоше, ки чун минимум ба ҳамаи меҳнаткашон инҳоро таъмин намояд, кафолат медиҳад: музди одилонаи меҳнат ва маоши баробар барои меҳнати боарзиш бе ягон фарқият, зимнан, ба занон кафолат додани шароити меҳнати на бадтар аз шароитҳое, ки мардон истифода мекунанд бо маоши баробар барои меҳнати баробар; рӯзгузаронии қаноатбахш барои худи онҳо ва оилаҳои онҳо; шароитҳои меҳнати ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ ва гигиена; имкониятҳои ба ҳама баробари ишғол кардани вазифаҳои нисбатан баландтар танҳо дар асоси собиқаи меҳнатӣ ва тахассус; истироҳат, фароғат ва маҳдудсозии оқилонаи вақти корӣ ва рухсатии даврии пардохтшаванда, ҳамчунин додани подоши меҳнат дар рӯзҳои ид.

Мутобиқи моддаи 23-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Ҳар як инсон бидуни ягон табъиз барои кори баробар ба музди баробар ҳақ дорад. Ҳар як коргар ба музди одилонаю қаноатбахш, ки зиндагии сазовори ҳар як инсон ва аҳли оилаи ӯро таъмин кунад, дар сурати зарурат бо дигар воситаҳои таъминоти иҷтимоӣ пурра гардонида шавад, ҳақ дорад».

Ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ вазифадории давлатро бобати татбиқ намудани сиёсаги иқтисодие, ки аз рӯи имконият ба шугли пурра, ҳамчунин расонидани кӯмаки ройгон ба одамони бекор ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо мусоидат намояд, дар назар дорад. Кафолатҳои ҳуқуқ ба химоя аз бекорӣ бо қонунгузории миллӣ муқаррар карда мешаванд.

2.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚ БА МЕҲНАТ ВА ИНТИХОБИ КАСБ. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи меҳнат кардани ҳар касро таҳким мебахшад ва кафолат медиҳад.

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнатӣ маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнатӣ занон ва ноболиғон манъ аст. 

Моддаи 35-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсият ҳақ дорад, ки муносибатҳои меҳнатии худро баъди 15-солагӣ амалӣ гардонад.

Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор аст, бинобар ин дар мамлакати мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кӯмак ба шугли аҳолӣ» (соли 2003) қабул карда шуд, ки дар он асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, аз ҷумла кафолатҳои давлат ба меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ пешбинӣ шудаанд.

Шуғл навъҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони қобили меҳнати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифнабудаи бо  қонеъсозии талаботи шахсӣ ва ҷамъиятӣ вобастаест, ки ба онҳо фоида (подоши меҳнат) меорад.

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзн меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ хангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардаасг. Дар корҳои вазнини, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи . меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Моддаи 35-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи қонуни мазкур шаҳрвандони ҷои кор надошта метавонанд ҳамчун бекорон дар мақомоти махсуси шуғли аҳолӣ аз қайд гузаранд. Фаъолияти ин мақомот ба ҳимояи шаҳрвандон аз бекорӣ нигаронида шудааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз қайд гузаштани шаҳрвандони бекор пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамояд: шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумотнома дар бораи музди меҳнат аз ҷойҳои охирини кор дар зарфи ду соли охир. Баъди пешниҳоди ҳучҷатҳои мазкур мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шаҳрвандро ҳамчун одами бекор ба қайд мегирад ва ӯ аз лаҳзаи гузаштан аз қайд ҳуқуқи бекор, аз чумла ҳуқуқи истифода кардан аз имтиёзҳои муқарраркардаи қонунро соҳиб мешавад.

Ҳар як шаҳрванд Ҳуқуқи гирифтани музди меҳнат дорад, бинобар ин кордеҳ, сарфи назар аз вазъияти молиявй, вазифадор аст, ки ба шаҳрванд моҳе ду маротиба музди меҳнат пардохт кунад. Вайрон кардани ҳуқуқи мазкур манъ аст ва ба шаҳрвандон барои меҳнати баробар бояд музди баробар дода шавад. Дар ин маврид музди меҳнати пардохтшаванда набояд аз маоши ҳадди ақали муқарраркардаи қонун кам бошад. Музди меҳнати ҳадди ақал кафолати давлатӣ буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ба музди меҳнати ҳадди ақал пардохтҳои иловагӣ, иловапулиҳо, мукофотҳо, ҳамчунин пардохти зиёд барои давомнокии вақти кор дохил намешаванд. Вобаста ба шароитҳои табиию иқлим ва дигар омилхои объективй ба музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар мегардад. Дар ин ҳолат музди меҳнати ҳадди ақал бо истифодаи ин коэффисиент муайян карда мешавад.

Дар асоси қонунгузории меҳнат мухдатҳои пардохти музди меҳнат бо қарордоди коллективӣ ё дигар санади меъёрӣ муқаррар мегардад ва бояд на камтар аз як маротиба дар ҳар ним моҳ бошад. Дар сурати мувофиқ омадани рузи пардохти музди меҳнат бо рӯзи истироҳат ё рӯзи ид пардохти он дар арафаи ин руз сурат мегирад.

Давлат бо мақсади кафолати пардохти саривақтии музди меҳнат нисбати кордеҳоне, ки пардохти музди меҳнати кормандонро ба таъхир меандозанд, чораҳои гуногунро пешбинӣ намудааст. Кормандони гунаҳкори ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурй ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

3.КАФОЛАТҲО ВА МАҲДУДИЯТҲОИ ҲУҚУҚ БА МЕҲНАТ ВА ИНТИХОБИ КАСБ. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои гуногуни ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касбро пешбинӣ карда, ҳамчунин маҳдудиятҳо ҷорй месозад.

Қабули шаҳрвандон ба кор мувофиқи қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ сурат гирифта, бастани қарордоди меҳнатӣ характери озодона дорад. Кордеҳ вазифадор аст, ки мувофиқи қонун бо категорияҳои зерини шаҳрвандон қарордоди меҳнатӣ бандад: маъюбон, ноболиғон, шаҳрвандони тибқи квотаи муқарраргардида ба кор фиристодашуда, ҳамчунин занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд.

Моддаи 35-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат хонед, барои кадом категорияҳои шаҳрвандон маҳдудиятҳо

Ҳангоми қабул ба кор баробари кафолатҳои ҳуқуқӣ нисбати баъзе шаҳрвандон маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд. Дар асоси моддаҳои 160, 161, 162-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон исгифодаи меҳнати занон дар корҳои зеризаминй, дар корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зарарнок, ҳамчунин корҳои марбут ба дастй бардоштану ба ҷойҳои дигар бурдани чизҳои вазнашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд манъ аст. Инчунин ҷалб кардани занон ба корҳои шабона, корҳои зиёда аз вақти муқаррарй ва кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид манъ карда шудааст.

Чунин маҳдудиятҳо дар қонунгузории меҳнатӣ нисбати шаҳрвандони ба синни 18 нарасида низ пешбинӣ шудаанд. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони аз 15 то 18 сола дар як ҳафта на бештар аз 35 соат ва ашхоси аз 14 то 15 сола дар як ҳафта на бештар аз 24 соат муқаррар гардидааст.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон ба ноболиғон ҳуқуқи меҳнат ва озодии меҳнат кафолат дода мешавад. Қобили меҳнат будани инсон дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-солагӣ фаро мерасад. Муқаррар гардидани синни мазкур дар муносибатҳои меҳнатӣ чунин маънӣ надорад, ки шаҳрванд вазифадор аст, аз синни 15-солагӣ фаъолияти меҳнатиашро шурӯъ намояд. Ин меъёр моҳияти фармоишй дошта, шаҳрвандро ваколатдор месозад, ки аз ин синну сол ҳуқуқҳои конститутсионии худро амалӣ созад.

Бояд дар назар дошт, ки барои тайёр кардани хонандагони ноболиғи мактабҳои таҳсилоти умумӣ 6а истеҳсолот онҳоро барои иҷрои корҳои сабуки ба саломатӣашон зарарнадошта ва ба раванди ҷараёни таълим халалнарасонанда дар вақтҳои холй аз дарсҳо баъди расидан ба синни 14- солагӣ танҳо бо ризоияти яке аз волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба кор қабул намудан мумкин аст. Ғайр аз ин истифодаи меҳнати ноболиғон дар корҳои зеризаминӣ, корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зарарнок манъ аст.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳуқуқ ба меҳнат, озодии меҳнат, озодии бастани қарордоди меҳнатӣ ва ҳуқуқи гирифтани музди меҳнат кафолат дода шудаанд. Аммо дар баъзе соҳаҳо фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ махдуд карда мешавад.

Ба хотир оред, ки оё шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хидмати давлатӣ, мақомоти судию ҳифзи ҳуқуқ кор карда метавонанд?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб, меҳнати маҷбурӣ, шароитҳои одилона ва мӯътадили меҳнат, шуғл.

Савол ва супоришҳо:

1. Ҳуқуқи инсон ба меҳнат ва интихоби озодона меҳнат чӣ маъно дорад?

2. Дар шароити иқтисоди бозорӣ бекорон чӣ ҳуқуқҳое доранд? 

3. Меҳнатӣ маҷбурӣ чист? Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати маҷбурӣ истифода карда мешавад? 

4. Ибораи «подоши баробар барои меҳнати баробар» чӣ маънӣ дорад? 

5. Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахрвандони хориҷии дар қаламрави мамлакат ба таври доимӣ иқоматдошта ҳуқуқи меҳнат кардан доранд? 

6. Санадхои меъёрӣ - ҳуқуқии байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқ ба меҳнат ва озодии интихоби касбро таҳким мебахшанд, номбар кунед. 

7. Ба андешаи Шумо, махсусиятҳои меҳнатӣ ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чигунаанд? 

8. Оё маҳдудиятҳои ҳуқуқ, ба меҳнат мумкин аст?

Реклама