§4. РОҲҲОИ МУХТАЛИФИ РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАЪРИХИ ТАМАДДУНҲО

§4. РОҲҲОИ МУХТАЛИФИ РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАЪРИХИ ТАМАДДУНҲО

1.ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАМАДДУНҲОИ ҚАДИМАИ ШАРҚИ ВА ҒАРБӢ. Эҳтимол меравад, ки ибтидои шинохти расмии ҳуқуқи инсон чи дар тамаддуни қадимаи Шарқӣ ва чи дар тамаддуни Ғарбӣ дар зинаҳои ибтидоии ҳаёти иҷтимоӣ ҳамоҳанг ва монанд буд. Зеро нахустинсонҳо бо табиати якхела ва талаботи ба ҳам монанд ба ҳаёти иҷтимоӣ (чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб) қадам гузоштаанд. Дигар ин ки воситаҳои ҳимояи ин ҳуқуқҳо дар ин минтақаҳо ба усулҳои якхелаи ақлӣ ва ғайриақлӣ такя намуда, манбаи эътирофи ҳуқуқи инсонро на дар табиати иҷтимоии он, балки дар талаботи худоҳои аввалия медиданд. Тасаввуроти динии қадима дар заминаи сатҳи пасти шуури одамон ба сарчашмаҳои ғайриақлӣ такя мекард. Худоҳои осмонӣ Осирис, Аҳура Маздо, Митра, Зевс ва ғ. ҳуқуқи инсонро муайян мекарданд ва иҷрои онро тавассути ҳодисаҳои табиӣ гуё назорат менамуданд. Агар хушксолӣ, гармии аз ҳад зиёд, хунукӣ ва ё боришоти аз ҳад зиёд мешуд, ба тафсири коҳинон ин нишонаи беадолатиҳои инсон дар рӯи замин буд. Худоҳои асотирии борон, офтоб, раъду барқ, об ва ғ. тибқи тасаввури мардумони қадим ба ҳаёти онҳо таъсир мерасониданд. Ҳатто гунаҳкорӣ ва ё бегуноҳии шахсро тавассути усулҳои ғайриақлӣ - ордалия (важи гарм ва сард) исбот менамуданд. Ин ҳама нишонаи он буд, ки ҳуқуқи инсон дар ин зинаҳо чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб ба усулҳои эътироф ва ҳимояи ғайриақлӣ ва ғайришаклӣ шабоҳат дошт. Манбаи эҷод ва ҳимояи ҳуқуқи инсон қувваҳои табиӣ ва осмонӣ буданд. Инсон ҳанӯз аз рӯи талабот дарк намекард, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ шарти мавҷудияти ӯст. Ҳатто сабаби тавлиди фарзандро нафаҳмида, занро дар тамаддуни қадима чун офаридгор мепарастиданд.

2.ХУСУСИЯТИ ЭЪТИРОФ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТАМАДДУНИ ШАРҚӢ. Бо вуҷуди он ки дар ибтидои пайдоиши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ умумиятҳо зиёд буданд, рафта-рафта байни онҳо дар усулҳои шинохт ва эътирофи ҳуқуқҳо фарқиятҳо пайдо мешаванд. Ин фарқиятҳо бо асосҳои ҷуғрофии макони зист, вазъияти боду ҳаво ва махсусияти инкишофи шуури ин халқиятҳо вобастагӣ дошт. Қисмати давлатҳои шарқӣ, ки дар шароитҳои мусоиди табиӣ қарор доштанд ва тасаввуроти динию сиёсии бармаҳалро соҳиб буданд, бо бунёди иншоотҳои азиму шаҳрҳои аввалия якбора ба низоми ғуломдории махсусияти дастаҷамъонадошта ворид шуданд (Миср, Бобулистон). Аммо қисмати дигарашон (Осиёи Миёна, аз ҷумла сарзамини таърихии Тоҷикистон), ки бо истеҳсолоти осиёгӣ дар ибтидо маълуманд, дар оғози ташаккули ҳуқуқи давлатӣ, мақомоти идоракунӣ ва эътирофи ҳуқуқҳои нахустини иҷтимоии инсон истисмори молу мулки инсонро намедонистанд. Моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот умуман вуҷуд надошт. Деҳқонон ва ҳунармандони озод табақаҳои асосии ҷамъиятро ташкил медоданд. Ҳуқуқҳои табиии инсон бо ҳуқуқхои нахустини иҷтимоии ӯ - ҳуқуқ ба меҳнат, ба шикор, ҳуқуқ ба ҳунармандӣ, ки ҳамчун мероси даврони авлодӣ баромад мекарданд, дар зинаи нав - зинаи обшинагӣ-ҷамоавӣ арзи вуҷуд мекарданд. Моликият махсусияти дастаҷамъонадоштаро дошта, тамоми аъзои ҷомеа ба замин ва дигар неъматҳои табиӣ ҳуқуқи баробар доштанд. Ҳуқуқҳои молумулкӣ ба замин, манзил, об ва ғ. умумӣ буд. Давлатҳои нахустини шарқӣ, ки бо чунин омилҳо пайдо шудаанд, бо ду аломат аз дигарон тафовут доштанд:

-      Аз рӯи типи таърихиашон - давлатҳои нахустини зироатпарварӣ

-      Вобаста ба шакли идоравиашон - давлатҳои ҷамоавӣ-табақавӣ.

Дар онҳо деҳқонони озод ва табақаҳои ҳунарманд, ки бунёдкори нахустин шаҳр-давлатҳо буданд, нақши муҳим бозидаанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсонҳои нахустин дар вазифаи давлатҳои нахустини шарқӣ чунин буданд:

1.    Таъмини мардум бо неъматҳои лозима бо усули тақсими адолатноки меҳнату маҳсули меҳнат;

2.    Нигоҳ доштани идоракунии марказонидашуда ва танзими муносибатҳои мураккабшудаистода;

3.    Таъмини тартибот ва бехатарии мардум.

Ҳамин тавр, инкишофи озоди сохтори авлодии давлатҳои Шарқи осиёӣ ба бунёди давлатҳои типи зироатпарварӣ бо шакли идораи ҷамоавӣ мусоидат карда, табиатан ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҳудуди манфиатҳои дастаҷамъона ҳамчун шарти мавҷудияти нахустин ҷамъиятҳои сиёсӣ ҳимоя намуд. Ин давлатҳо дар муқоиса бо дигар давлатҳои шарқӣ ва ғарбӣ хусусияти синфӣ ва истимориро надошта, ягона мушкилоташон идораи ҷамъиятҳои мураккабгардида буд.

3.ТАМАДДУНИ МИСРӢ ВА МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар тамаддуни мисрӣ, ки тамаддуни нисбатан қадимаи ҳаёти иҷтимоии инсон ба шумор меравад, нишонаи равшани давлати нахустини синфии навъи ғуломдорӣ инъикоси худро ёфтааст. Аз он давроне, ки шоҳигарии Нили боло бо шоҳигарии Нили поин як мешавад (тақрибан соли 3118 то милод) ва сохтмони аҳроми бузурги Миср оғоз меғардад, он ягона давлати абарқудрати навъи ғуломдорӣ дар ҷаҳони қадим буд.

Мисри қадим, ки давлати синфии ғуломдорӣ буд, чунин усулҳои низоми идориро дошт, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳдуд карда мешуд:

1.Ҳокимияти сиёсӣ дар дасти як нафар - Фиръавн муттаҳид шуда буд;

2.Ҳуқуқ ва моликияти табақаҳои мухталиф аз марказ муқаррар мешуд;

3.Мардуми оддӣ ҳуқуқ ба моликият надошт;

4.Шоҳ сояи Худо дар рӯи замин ҳисоб мешуд ва шакли идора истибдодӣ буд.

Бо вуҷуди он ки давлати Миср давлати ғуломдорӣ ва истибдодӣ буд, дар замири ин давлат ғояҳои адлу инсоф, баробарию бародарӣ ва ғояи роҳи нек тарғиби худро дошт. Ба ин тамаддун кашфи тарозуи инсоф, ки кирдори неку бади инсонро бармекашид, мансуб аст, Онро баъдан форсҳо ва юнониҳо қабул намуда, то низоми судии имрӯза расонидаанд.

4.ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИИ ИНСОН ДАР ТАМАДДУНИ ФОРСҲО ВА ТАЪЛИМОТИ ЗАРДУШТИЯ. Эътироф ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар тамаддуни мардуми Эрон ва тоҷикон хеле ғанӣ ва ибратомӯз мебошад. Мутобиқи маълумотҳои таърихӣ ибтидои эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин тамаддун аз давраи ҳукмронии Ҷамшедшоҳи одил дар ибтидои ҳазораи дуи қабл аз милод оғоз шудааст. Тибқи маълумоти Авасто, Ҷамшедшоҳ аз Аҳура Маздо рисолати паёмбариро напазируфта, дархост намудааст, ки ба ӯ шоҳии мулки Аҷамро бо адлу инсоф ва баробарии мардумонаш бидиҳад, Ҳамин тавр, то он рӯзгоре, ки Ҷамшедшоҳи пешдодӣ аз рӯи адлу инсоф ҳукмронӣ мекард, мулки ӯ боқӣ монд.

Мутобиқи маълумоти таърихӣ (Берунӣ, Низомулмулк ва дигарон) шоҳони Пешдодӣ дар як сол ду маротиба доди мардумро мешуниданд, ки ин дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон сурат мегирифтааст. Шоҳон 7 рӯз банавбат мардум ва табақаҳои гуногунро дар майдони кушоди шаҳр қабул менамудаанд. Ва он рӯз касе чӣ шикояте нисбати ҳар нафаре дошта бошад, ба шоҳ арза мекардааст ва шоҳаншоҳ ҳақро ба ҳакдор мерасонидааст. Агар рафту даъво нисбат ба шоҳ бошад, дар чунин сурат шоҳ аз тахт фаромада, кулоҳи шоҳиро аз сар гирифта, назди Муъбади мубадон ба зону зада, аз ӯ хоҳиш мекардааст, ки ин даъворо нисбати ӯ аз нигоҳи адл ва шараф  ҳал намояд...

Чунин буд нуқтаи олии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар аҳди қадими мардуми тоҷик, ки назири худро дар кишварҳои дигар надошт. Ҳамин тавр, идоракунии боадолатона ва ба манфиати ҳуқуқу озодиҳои мардум дар давраи ҳукмронии шоҳони Пешдодӣ ва Каёнӣ то паёмбарии рӯзгори Зардушт мавҷуд буда, эҳтимол меравад, ки дар ин даврон шакли идоракунии ҷамоавӣ-табақавӣ амал мекард. Аммо дар даврони ҳукмронии Каёниёни охир, ки ба ибтидои ҳазораи яки қабл аз милод рост меояд, ҷангу ҷидолҳои дохилии қавмҳои Эрону Тӯрон бо сабабҳои гуногун шиддат мегирад. Дар ин асно дар Тӯрон дар аҳди ҳукмронии Виштосп Зардушт таълимоти динҳои ҷудогонаро муттаҳид намуда, даъват ба сӯи Худои ягонаи некӣ - Аҳура Маздо менамояд. Мазмуни таълимоти Зардушт дар муборизаи қувваи некӣ-Аҳура Маздо бо кувваи бадӣ-Аҳриман ифодаи худро ёфтааст. Зардушт тибқи муқаррароти Авасто мардумро ба роҳи рост, некӣ ва накӯкорӣ “Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек» даъват менамояд. Дар таълимоти Зардуштия баъдан сарчашмаҳои зиёди динию ҳуқуқие эҷод мешаванд, ки дар онҳо ҳуқуқҳои табиӣ ва иҷтимоӣ аз қабили: ҳуқуқ ба ҳаёт, ба зиндагии хушбахтона, ба касб, ба никоҳ ва озодии никоҳ, ба моликият, ба таҳсил, ба муҳити мусоиди зист ва ҳатто ҳуқуқ ба ҳаёти ҳайвоноти фоидаовар инъикоси худро ёфтаанд.

5.ИСЛОМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ЭЪТИРОФ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Тавре қаблан қайд намудем, ислом дар қатори дигар арзишҳо инсонро чун неъмати олӣ мавриди ҳимояи хеш қарор дод. Таълимоти илоҳии исломӣ оид ба он ки Худованд баробари офаридани инсон тамоми махлуқот ва мавҷудоти оламро барои таъзим ба одам ҳукм мефармояд, маънии онро дошт, ки Офаридгор аз ҳамаи мавҷудоти олам инсонро болотар гузошта, маънии зиндагиро дар ҳастии он мебинад. Бартарии консепсияи исломӣ оид ба ҳуқуқи инсон нисбат ба тамаддуни зардуштӣ дар он буд, ки ислом ҳамаи одамонро, новобаста аз арабу аҷам, турку муғул буданашон, новобаста аз дороияшон ба ҳам баробар дониста, бартариро танҳо ба онҳое медод, ки покизакор, боимон ва ботақвоанд, ба роҳи рост ва ҳақиқат қадам мениҳанд. Аммо дар Зардуштия таълимоти динӣ дар баъзе масъалаҳо маҳдуд баён мешавад. Дигар ин ки таълимоти исломӣ оид ба ҳуқуқи инсон бисёре аз одатҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриақлиро, ки ҳуқуқи зардуштӣ талқин мекард, аз байн бурд. Чунончи, ислом исботкунии ғайриақлӣ дар гунаҳкорӣ ва бегуноҳии шахс, никоҳи маҳорим ва ҷазо додани ҳайвонотро бекор кард. Мутаассифона, дар қатори ин бартариҳо ислом низ бисёр одатҳои неку арзишманди мардуми форсро, ки дар ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бориз доштанд, аз байн бурд. Бо вуҷуди ин ислом ва ҳуқуқи исломӣ зинаи навбатии шинохт, эътироф ва инкишофи ҳуқуқи инсон маҳсуб мешавад. Маҳз хизмати мутафаккирони исломӣ дар инкишофи илми ҳуқуқи инсон дар асрҳои минбаъда хеле ҷолиб аст. Ислом ба замми он ки дини табиатан бо сиёсат дар пайвастагӣ пайдошуда аст, назарияи он оид ба инсон аз ҳудуди давлат берун меравад. Категорияҳое, ки дар ин дин мавриди ҳифз қарор мегиранд - мусулмон, мӯъмин ва инсон дар шакли мардум ё халқ аст.

Қобили қайд аст, ки дар Шарқ (Шарқи Миёна) аз даврони зардуштия сар карда, то зуҳури ислом ва баъд аз зуҳури ислом низ хуқуқ таҳти парастории дин қарор гирифт. Аммо чунин махсусият дар Ғарб мавҷуд набуд. Аз ин ҷост, ки нуқтаҳои муҳими ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз диди таълимоти динӣ муқаррар мекарданд. Ҳатто илми ҳуқуқ низ баъдан дар доираи муқаррароти динӣ сарҳад ва ҳудуди озодии инсонро муқаррар мекард. Аммо дар Ғарб бошад, фалсафаи Юнон ва бисёрхудоии атиқӣ заминаи инкишофи ҳуқуқи римӣ гардиданд.

6.ТАМАДДУНИ ҒАРБӢ ВА РОҲИ ҒАРБИИ ЭЪТИРОФ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН. Аз он ки инкишофи фалсафаи Юнон ва бисёрхудоии ҷаҳони атиқӣ то муттаҳид шудан ба ҷараёни яккахудоӣ заминаи ҳуқуқи римӣ гардиданд, ҳуқуқи римӣ дар як муддати кӯтоҳ шароити мусоиди инкишофро барои худ дар муносибатҳои озоди молумулкӣ касб кард. Илми юнониён, ки аз чор давраи инкишофи тафаккур: тафаккури қаҳрамонӣ (бояд қайд кард, ки ин давронро низ аҷдодони тоҷик тибқи маълумоти “Шоҳнома” аз сар гузаронидаанд), тафаккури визионерӣ, тафаккури назариявӣ ва ақлӣ иборат буд, ба инкишофи ҳуқуқи римӣ манбаи хуби ақлӣ ва адолатхоҳӣ дод. Умуман, ҳуқуқи римӣ инсонро манбаи асосии инкишофи илми ҳуқуқ ва муносибати онро дар асосҳои ақлӣ ва адолатхоҳӣ чун раванди инкишофи ҳуқуқ эътироф мекард. Мушаххасият ва айнияти ҳуқуқӣ, кодификатсия ва таснифи ҳуқуқ, ба ҳуқуқи ақлӣ ва ғайриақлӣ ҷудо кардани ҳуқуқ аз дастовардҳои бузурги ғарбиён буд. Аммо то паҳншавии насрония дар ин паҳно вай аз дастовардҳои ахлоқӣ маҳрум буд. Танҳо баъди пайдоиши дини насронӣ ворисони ҳуқуқи римӣ ба инкишофи ғояҳои ақлонӣ ва ахлоқии ҳуқуқ дар муқобили таълимоти динӣ бештар диққат доданд. Вале баъди расман эътироф шудани дини насронӣ дар интиҳои асри III милодӣ ҳуқуқи римӣ низ зери васигии дин қарор гирифта, дигар манбаъҳои ақлии худ (с.395) ва динҳои мухталифро инкор менамояд. Дарвозаи илми фалсафа ва илмҳои дигар барои ғарбиён аз аҳди император Зенон баста мешавад. Ҳамин тавр, бартарии дин дар муайян намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон муқаррар мешавад. Баъдан аз асрҳои VI то асрҳои X бартарии сиёсат ва лашкар муайянкунандаи ҳадду ҳудуди ҳуқуқи инсон дар Ғарб мегардад. Зеро дар ин даврон императории Рим се мавҷи ҳуҷуми қавмҳои барбариро бар худ қабул мекунад. Танҳо дар даврони Эҳё (асрҳои XVI- XVII) инсон дар Аврупо аз сари нав мавқеи марказии худро дар илм, тамаддун ва дигар соҳаҳо пайдо мекунад. Ҳамин тавр, ҳуқуқи инсон роҳ ба нахустин ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ёфта, ба тағйир додани мазмун ва моҳияти идораи давлатӣ таи садсолаҳои дигар барои инсоният хизмат карда истодааст.

7.ХУСУСИЯТИ ЭЪТИРОФ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ВА АФРИҚО. Қатъи назар аз он ки қисме аз давлатҳои Осиё ва Африқо таърихи хеле куҳан доранд, ба мулки онҳо танҳо баъд аз муборизаҳои озодихоҳона ва озодии воқеии онҳо аз мустамликаи давлатҳои ғарбӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ворид гардид. Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Ҳабашистон, Миср ва дигар давлатҳои Африқои Шимолӣ кишварҳое буданд, ки дар баробари истиқлолияти сиёсӣ истиқлолияти ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиро дар ибтидои асрҳои XVIII - XIX аз даст дода буданд. Қисме аз ин давлатҳо, ки дар асри XX ҳамчун давлатҳои рӯ ба инкишоф шинохта шуданд, ду роҳи асосиро пеш гирифтанд: яке режими конститутсионӣ- демократӣ (Ҳиндустон, Туркия, Филиппин) ва дигаре авторитарӣ (давлатҳои араб, Марокаш, Урдун ва ғ.). Дар ҳарду режими номбурда ҳуқуқу озодиҳои инсон ба таври ба худ хос ҳифз карда мешуд. Мисол, дар Ҳиндустон бо таъсири ҳаракатҳои озодиҳоҳӣ санадҳои конститутсионӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳанӯз дар байни солҳои 1919-1935 қабул шуда буд. Дар Индонезияи голландиҳо бошад, Шурои халқӣ зери таъсири ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар солҳои 20 таъсис ёфт. Ҳамин тавр, Афғонистон соли 1921, Миср соли 1927 ва Ироқ соли 1930 истиқлолияти худро эълом намуданд. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Алҷазоир, Гвиана, Гваделупа мустақилиятро соҳиб шуданд... Дар солҳои 70-ум мустамликаҳои Португалия дар Африқо ва солҳои 90-ум қисмати ҷанубӣ-ғарбии Африқо - Ҷумҳурии Намибия истиқлолияти худро эълон намуданд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол баробари истиқлолияти сиёсӣ ва ҳуқуқҳои сиёсии мардумро эътироф намудан бо қабул намудани конститутсияҳои нахустини худ ҳуқуқҳои фитрӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии миллатҳои озодихоҳро расман эълон намуданд.

 

Савол барои муҳокимаронӣ

1.Махсусиятҳои пайдоиши ақидаҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар Шарқ.

2.Мисри Қадим ва масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон.

3.Зардуштиён ва ҳимояи ҳуқуқи инсон.

4.Ислом ва масъалаи эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи инсон.

5.Тамаддуни Ғарб ва махсусиятҳои эътирофи ҳуқуқи инсон.

6.Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Осиё ва Африқо.

 

Реклама