1.ҲОКИМИЯТИ СУДӢ: МАФҲУМ ВА АЛОМАТҲО. Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз кунад.
Функсияи асосии суд амалӣ гардонидани адолати судӣ аст. Адолатнокӣ категорияи ахлоқист, чун санги маҳаки баҳсҳост ва ҳар кас дар лаҳзаи душвор метавонад аз он истифода кунад. Вақте ин адолатро судҳо аз рӯи қонун муайян мекунанд, он адолати судӣ номида мешавад. Доираи салоҳияти судҳое, ки адолати судиро амалӣ мегардонанд, дар моддаи 84-и Конститутсия таҳким бахшида шудааст. Фаъолияти дигар судҳо, масалан, чун суди рафиқона, суди ҳакамӣ, ки дар номашон ифода ёфтаасту ин ё он масъалаҳоро ҳал мекунад, амалисозии адолати судӣ ҳисоб намешавад. Барои ҳалли ягон масъалаи мушаххас суди дигар таъсис намедиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили суди фавқулодда манъ аст (моддаи 84-и Конститутсия). Бо назардошти он ки тартиби фаъолияти судҳои фавқулодда ба талаботи принсипҳои демократӣ ҷавобгӯ нест, таърих ин таҷрибаи манфии адолати судиро маҳкум кард.
Ҳокимияти судӣ бо як қатор аломатҳояш аз дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунад.
Ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ аст. Манбаи таъсиси ҳокимияти судӣ, чун дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, халқ мебошад ва он бо вай дар асоси баробарҳуқуқӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар мавриди ворид шудани шикоят аз амалҳои дигар рукнҳои ҳокимият суд амали онхоро санҷида, фаъолияти зиддиҳуқуқиашонро нишон медиҳад ва санадҳои ғайриқонунии ин мақомотро бекор месозад.
Адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби суди мустақил амалӣ мегардад. Амалисозии адолати судӣ салоҳияти хосаи ҳокимияти судӣ аст.
Ҳокимияти судӣ ба ягон ҳокимияти дигар тобеъ нест, судяҳо ҳангоми амалӣ гардонидани адолати судӣ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунанд. Касе ҳақ надорад,
ки ба фаъолияти судяҳо мудохила кунад. Дахолат ба фаъолияти судя ҷиноят аст ва шахсони гунаҳкор барои монеъ шудан ба амалишавии адолати судӣ тибқи моддаи 345-и КҶ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Мустакилияти судяҳо бо кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ таъмин мегардад. Дар натиҷа ҳангоми амалисозии адолати судӣ қарорҳои қатъие қабул карда мешаванд, ки ризоият ё тасдиқ намудани касеро талаб намекунанд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ аст (Моддаи 8-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо»).
Ҳокимияти судӣ мувофики тартиботи муқарраркардаи қонун, ки дар моддаи 2-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифода гардидааст, тавассути истеҳсолоти судии конститутсионӣ, гражданӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ амалӣ гардонида мешавад.
Зери мафҳуми мурофиаи Судӣ фаъолияти бо қонун муайянкардашудаи суд оид ба баррасию ҳал кардани корҳои марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои дар онҳо иштироккунанда фаҳмида мешавад. Тартиботи мурофиавӣ ба суд имконият медиҳад, ки оид ба ҳар баҳс ҳакиқатро муқаррар созад ва дар асоси қонун қарори адолатнок қабул намояд.
Хусусиятҳои дар боло қайдгардида мундариҷаи ҳокимияти судиро муайян карда, онро аз дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фарқ мекунонанд.
2. НИЗОМИ СУДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. СУДҲОИ ДОИРАИ САЛОҲИЯТАШОН УМУМӢ ВА МАХСУС. Зери мафҳуми низоми судӣ ҳамаи судҳо ва звеноҳои онҳо фаҳмида мешавад. Моддаи 84-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми судиро ба тариқи зайл муайян кардааст: Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе.
Ин низоми судӣ ягона буда, хамаи звеноҳо адолати судиро ба амал мебароранд. Тарзи ташкил, сохтор ва фаъолияти онҳо бо Қонуни алоҳидаи конститутсионӣ ба танзим дароварда шудааст.
Низоми судиро вобаста ба салоҳият ва самти фаъолият ба ду гурӯҳи шартӣ ҷудо кардан мумкин аст:
1.Судҳои салоҳияташон умумӣ.
2.Судҳои салоҳияташон махсус.
Ба судҳои салоҳияташон умумӣ инҳо дохил мешаванд: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрию ноҳиявӣ. Гурӯҳи мазкур аз се звено иборат буда, ҳар як звено воҳиди алоҳидаи маъмурӣ - территориявӣ ва дар маҷмӯъ тамоми мамлакатро фаро мегирад. Ин судҳо аксари кулли корҳоро баррасӣ менамоянд ва баъзан онҳоро судҳои умумигражданӣ низ меноманд.
Суди конститутсионӣ ба судҳои салоҳияташон махсус мансуб буда, ба низоми ягонаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Ҳамзамон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсус дорад. Тартиби ташкилшавӣ ва фаъолияти он бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 89) ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) муайян карда шудааст. Мутобиқи моддаи 1-и ҳамин Қонуни конститутсионӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини волоият ва амали мустақими меъёрҳои Конститутсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтааст.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судӣ ҷои аввалро ишғол карда, аз 7 судя бо шомилсозии Раис, ҷонишини ӯ ва судяҳо иборат аст, ки онҳоро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ интихоб менамояд. Яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад.
Дар Суди конститутсионӣ парвандаҳо ошкоро баррасӣ мешаванд. Ҳар кас ҳуқуқ дорад дар ҷамъомади судии Суди конститутсионӣ иштирок карда, бо рафти кори он шинос шавад. Мурофиа мубоҳисавӣ буда, тарафҳо ҳангоми пешниҳоди далелҳо ва дархостҳо ҳуқуқҳои баробар доранд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доираи субъектҳоеро, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат кардан доранд, муайян менамояд (моддаи 37). Баробари субъектҳои дигар шаҳрвандон низ ҳақ доранд ба Суди конститутсионӣ бар асоси истифодаи қонун ва танҳо баъди баррасӣ шудани шикояташон дар мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳои вайрон карда шудани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ё манфиатҳои қонуниашон муроҷиат кунанд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд ҳуқуқҳои асосии худро ҳифз кунанд.
Сарфи назар аз он ки моддаи 37-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин ҳуқуқро ба «шаҳрвандон» мутааллиқ донистааст, аммо истилоҳи мазкур шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабааро низ фаро мегирад. Мутобиқи моддаи 37-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аризаҳои шаҳрвандон танҳо дар суратҳои зерин қабул карда мешаванд:
1.Агар қонуни тагбиқшуда ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро вайрон намуда бошад.
2.Агар қонун дар парвандаи мушаххас аллакай татбиқ карда шуда бошад ва аз ҷониби мақомоти дахлдор аллакай баррасӣ шуда бошад.
Бояд дар назар дошт, ки ба Суди конститутсионӣ бо шикоят аз болои санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар моддаи 89-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишондодашуда: қонунҳо, санадҳои ҳуқуқи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, созишномаҳои ҳукми амал пайдонакардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардан мумкин аст.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии муроҷиати шахс бобати вайрон карда шудани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ё озодиҳо суд яке аз чунин қарорҳоро қабул мекунад:
1.Дар бораи ба Конститутсия мутобиқатнадошта ҳисоб кардани қонун ё қисмати он ва аз эътибор соқит донистани он.
2. Дар бораи ба Конститутсия мутобиқатнадошта ҳисоб кардани қонун ё қисмати он.
Дар фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳуқуқҳои инсон нақши махсус доранд. Ҳамасола ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғайриконститутсионӣ будани ин ё он санад даҳҳо шикояту аризаҳо ворид мегарданд. Дар бисёр ҳолатҳо дархостҳо дар бораи мутобиқат накардани онҳо ба Конститутсия аз ҷониби суд қонеъ кунонида мешавад.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва маъмурй ба фаъолияти судҳои ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, судҳои ҳарбӣ назорат мебарад.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳоро ба сифати суди зинаҳои якум, дуюм, мувофиқи тартиби назорат ва аз рӯи ҳолатҳои нав муайяншуда баррасӣ менамояд: барои санҷиши конститутсионии қонуни татбиқшуда оид ба парвандаи мушаххас ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд; амалияи судиро ҷамъбаст мекунад, ба судҳо оид ба масъалаҳои истифодаи қонунгузории амалкунанда, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ ба миён меоянд, шарҳу тавзеҳоти роҳбарикунанда медиҳад, дигар ваколатҳои ба вай додаи қонунро ба ҷо меорад.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, ҷонишини аввали ӯ, ҷонишинон, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки онҳоро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд, таркиб меёбад.
Дар Суди Олӣ Пленуми Суди Олӣ, раёсати Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ ва коллегияи ҳарбӣ ташкил карда мешавад.
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шахри Душанбе аз раис, ҷонишини якум, ҷонишинони раис, судяҳои суд ва машваратчиёни халқӣ иборатанд.
Азбаски судҳои зикргардида судҳои звенои васатианд, парвандаҳоро ҳам чун судҳои моҳиятан зинаи аввал ва ҳам ба сифати зинаи кассатсионию назораткунанда баррасӣ мекунанд.
Ин судҳо ба сифати зинаҳои кассатсионию назораткунанда парвандаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба сифати зинаҳои моҳиятан якум баррасӣ кардаанд. Яъне агар даъвогар ё ҷавобгари маҳкумшуда ё ҷабрдида аз рӯи парванда бо қарор ё ҳукми суди ноҳия ё шаҳр розӣ набошад ва аз замони эълон гардидани ҳукмнома 7 рӯз ва карор 10 рӯз нагузапгга бошад, ҳақ дорад, ки бо шикоят ба Суди ВМКБ, судҳои вилоятй, суди шаҳри Душанбе муроҷиат кунад. Суди ВМКБ, судҳои вилоятй, суди шаҳри Душанбе дар навбати худ вазифадоранд, ки шикоятро қабул карда, дар муҳлати на бепггар аз як моҳ онро баррасӣ намоянд.
Судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ звенои асосии низоми судии мамлакатро ташкил медиҳанд. Дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои шаҳрию ноҳиявӣ таъсис дода шудаанд.
Судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ ва маъмуриро моҳиятан баррасӣ мекунанд. Ба онҳо баррасии ҳамаи парвандаҳо, ба истиснои парвандаҳое, ки барои баррасиашон судҳои болой ваколатдоранд, мумкин аст. Судя аз рӯи натиҷаҳои баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ҳукм ва парвандаҳои ғражданӣ қарор мебарорад. Кори тамоми низоми судӣ аз сифати кори судяҳои ин звено вобаста аст.
Ба судҳои шаҳриву ноҳиявӣ оид ба ҳамаи масъалаҳо муроҷиат кардан мумкин аст. Масалан, одам техникаи маишии рӯзгор харид ва он зуд аз кор баромад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон» харидор ҳақ дорад иваз кардани чизи вайрон ва дар сурати набудани ҳамон хел чиз баргардондани маблағи додаашро талаб кунад. Дар сурати қонеъ гардонда нашудани талаботи харидор вай ҳақ дорад ба суд муроҷиат кунад, суд бошад, дар навбати худ вазифадор аст, ки аризаро моҳиятан пурра, объективй ва беғаразона баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои он қарор қабул намояд. Ё шаҳрванд бо қарори қабулкардаи сардухтури стансияи санитарию эпидемиологй розӣ нест. Дар ин маврид ҳам у ҳақ дорад барои муайян кардани дурустй ё нодурустии қарори сардухтур ба суд муроҷиат кунад. Садҳо чунин мисолҳоро, ки предмети баррасӣ дар суд мебошанд, овардан мумкин аст.
Судҳои иқтисодӣ. Низоми судҳои иқтисодии мамлакат, ки судҳои салоҳияташон махсус мебошанд, аз Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иборат аст.
Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои хоҷагиро баррасӣ мекунанд. Моҳияти парвандаҳои мазкур баҳсҳои байни субъектҳои хочагидор аст. Инҳо беш аз ҳама баҳсҳои байни корхонаҳо ва ташкилотҳо мебошанд. Аммо бо ба назари эътибор гирифтани мақоми моликияти хусусӣ шаҳрвандон низ дар ин кор чун тарафҳо баромад мекунанд. Соҳибкорони инфиродӣ низ метавонанд дар суди иқтисодӣ ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя кунанд.
Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҳифзи кафолатҳо (озодиҳои иқтисодӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият) ва ҳуқуқҳои иқтисодӣ (ҳуқуқи моликият ва таллофии зарар), ки дар моддаҳои 12, 32-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, нақши муҳим мебозанд.
Масалан, комбинати консервбарории «Себи сурх» ба хоҷагии деҳқонии «Азим» маблағро сари вақт напардохт. Ба ин васила ба хоҷагии деҳқонӣ, ки моликияти хусусӣ аст, зарар расонида шуд. Хоҷагии деҳқонии «Азим» ҳуқуқ дорад, ба суди иқтисодии вилоят бо талаби ситондани маблағ ва таллофӣ кардани зарари расонидашуда муроҷиат кунад ва ба ҳамин васила тавассути суди иқтисодӣ ҳуқуқи конститутсионии худро ҳифз намояд.
Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, чун судҳои салоҳияташон махсус адолати судиро дар ҳамаи қисмҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва дигар қисмҳои ҳарбӣ ба амал мебарорад.
Судҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қуввахои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи территориявй оид ба маҳали ҷойгиршавии гарнизонҳо ташкил гардида, аз судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиб меёб^нд.
Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳимояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони дар ҷамъомадҳои ҳафбӣ иштирокдошта ва дигар шаҳрвандон ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳарбӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи категорияҳои парвандаҳои ҷиноятии марбут ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ӯхдадориҳои ҳарбӣ дошта ва ё бо иштироки онҳо ба амаломадаро баррасӣ мекунанд.
Ба судҳои ҳарбӣ корҳои марбут ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин парвандаҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар он ба сифати тараф (ҳо) баромад мекунанд, тобеанд. Судҳои ҳарбӣ ҳамчунин парвандаҳоро аз рӯи шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ аз болои қарорҳо ва фармонҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии онҳоро вайрон мекунанд, баррасӣ менамоянд.
Ба ин тариқ, низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз судҳои салоҳиятҳояшон умумӣ ва махсус иборат буда, ҳар кадоме аз онҳо дар кори ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши муҳим доранд.
3.АДОЛАТИ СУДӢ. ВАЗИФАИ АСОСИИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР АМАЛИСОЗИИ АДОЛАТИ СУДӢ. Моддаи 2-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ танҳо ба судҳо мутааллиқ аст ва ягон мақомот ё шахси дигар ҳақ надорад, ки ба зиммаи худ вазифаи амалисозии адолати судиро бигирад. Яке аз фарқиятҳои асосӣ,ки субъекти адолати судӣ танҳо суд аст ва дигар ягон мақомоте онро иваз карда наметавонад, аз ҳамин ҷост. Вобаста ба он ки ҳокимияти судӣ рукни гуногуннавъии ҳокимияти давлатист, пас адолати судӣ ҳамчун як навъи фаъолияти давлатӣ баромад мекунад.
Дигар аломати адолати судӣ тартиби махсуси мурофиавии амалишавии он мебошад. Яъне парвандаҳои гуногун (ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ ва конститутсионӣ) мувофиқи тартиботи муқар- раркардаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995), Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ (1961), Кодекси мурофиаи гражданӣ (1961), Кодекси мурофиаи хоҷагӣ (1998), Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (1985) баррасӣ мешаванд. Ин тартиби мурофиавӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳо ва манфиатҳои ашхоси ба мурофиаи судӣ ҷалбшуда таъмин карда шаванд.
Адолати судӣ танҳо мувофиқи тартиботи муқарраргардидаи мурофиавӣ амалӣ мегардад ва вайрон кардани он маънии адолати судиро зери шубҳа мегузорад. Суд ҳангоми баррасии парвандаи мушаххас меъёрҳои гуногуни ҳуқуқро истифода мекунад ва ба фикри ягона омада, қарори дахлдор қабул менамояд. Бинобар ин адолати судӣ қарори боадолатонаи ба қонун асосёфтаи суд мебошад.
Бо дар назардошти андешаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки адолати судӣ яке аз вазифаҳои махсуси давлат буда, дар ин самт дар мурофиаи судӣ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ ва конститутсионӣ баррасӣ шуда, дар асоси Конститутсия ва қонунҳо қарорҳо қабул мегарданд. Натиҷаи он қабули кароре мегардад, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида нигаронида шуда, иҷрои он ҳатмист.
4. ПРИНСИПҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ. Адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қоидаҳои умумиҳуқуқие ба амал бароварда мешавад, ки моҳияти демократии ташкил ва фаъолияти судиро ифода менамояд.
Ин қоидаҳои умумиинсонӣ принсипҳои адолати судӣ мебошанд. Принсипҳои адолати судӣ тӯли замонҳои дароз роҳи барқароршавии худро паймуда, дар ин байн фаъолияти суд ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар шуури ҷамъиятӣ бартарӣ ҳосил кардани арзишҳои умумибашариро такмил бахшидаанд. Ин принсипҳо дар санадҳои дар боло зикргардида таҳким ёфтаанд ва дар тантанаи адолат аҳамияти калонро моликанд.
Принсипҳои адолати судӣ, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд, инҳоянд: қонуният (моддаи 10); мустақилияти ҳокимияти судӣ (моддаҳои 9,84); амалишавии адолати судӣ ҳангоми баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун ва суд (моддаи 17); таъмини ҳуқуқҳои инсон ба кафолати ҳифзи судӣ (моддаи 19); кафолатҳои ёрии ҳуқуқӣ ҳанғоми амалишавии адолати судӣ (моддаҳои 19,92); фарзияи бегуноҳӣ (моддаи 20); мустақилияти судяҳо ва тобеияти онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо (моддаи 87); баррасии танҳо ва дастаҷамъонаи парвандаҳо (моддаи 88); амалисозии адолати судӣ бар асоси мубоҳиса ва баробарии тарафҳо (моддаи 88); ошкоро будани мурофиаи судӣ (моддаи 88); забони мурофиаи судӣ (моддаи 88).
Адолати судӣ аз рӯи ҳамаи категорияҳои парвандаҳо (гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва конститутсионӣ) бояд дар асоси принсипҳои зикршуда амалӣ гардад. Дар сурати риоя нашудани яке аз принсипҳо ҳукм ё қарори суд ғайриқонунӣ ҳисобида, он аз ҷониби суди болоии зинаи дуюми бекор карда мешавад.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳокимияти судӣ, низоми судӣ, мурофиаи судӣ, судҳои салоҳиятаъион умумӣ ва махсус, Суди конститутсионӣ, суди иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, адолати судӣ, принсипҳои адолйти судӣ.
Савол ва супоришҳо
1.Ҳокимияти судӣ чист ва аломатҳои он чигунаанд?
2.Зери истилоҳи «мурофиаи судӣ» чӣ фаҳмида меъиавад?
3.Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом судҳоро фаро мегирад?
4.Ҳайат ва салоҳиятҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
5.Ҳайат ва салоҳиятҳои судҳои вилоятиро номбар кунед.
6.Ҳайат ва салоҳияти судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявиро номбар кунед.
7.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои дигар (конститутсионӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ) барои чӣ таъсис дода шудаанд?
8.Шахс ба Суди конститутсионӣ бо кадом масъала муроҷиат карда метавонад?
9.Кадом шартҳои қабули аризаи шаҳрвандон аз ҷониби Суди конститутсионӣ мавҷуд
10.Аломатҳои адолати судӣ ва принсипҳои онро номбар кунед.
11.Шаҳрванд Қодиров В.С. бо мақсади харидани трактор аз шаҳрванд Шарифов Р.И. 2 ҳазор сомонӣ қарз пурсид ва ваъда дод, ки баъди вақти муайяне қарзро бармегардонад. Қодиров В.С. пулро гирифта, ба Шарифов Р.И. дар ин хусус забонхат дод. Вақти ваъдагӣ анҷом ёфт, вале Қодиров В.С. пулро ба Шарифов Р.И. барнагардонд. Қодиров В.С. аз Шарифов Р.И. қарзашро пурсид. Вале Шарифов Р.И. гуфт, ки феълан пул надорад, ҳамин ки ҳосилро гундошта, пул пайдо мекунад, қарзро бармегардонад. Ин далел Шарифов Р.И.-ро қонеъ насохт. Аз рӯи ин баҳс Шарифов Р.И. ба кадом суд муроҷиат карда метавонад?
12.Парвандаи ҷиноятиро нисбати хизматчии ҳарбӣ кадом суд баррасӣ мекунад?
Реклама