§ 2. ҲУҶҶАТҲОИ АВВАЛИНИ ҶОМЕАСОЗИИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВӢ

Тавсифи умумии масъала. Дар рафти Инқилоби Октябр вазифаи асосии инқилоб – ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ва ҷорӣ гардидани диктатураи пролетарӣ иҷро гардида буд, вале ин диктатура фақат дар шакли эъломия вуҷуд дошт. Агарчи ҳокимияти марказӣ ва қонунбарор ба дасти инқилобчиён даромада буд, ҳанӯз ҳам ҳокимияти маҳаллӣ ва иҷроия дар дасти дастгоҳи идории куҳна буд.

Ба инқилоби ғалабакарда таъсиси органҳои нави давлатдорие лозим буд, ки қонуну қоидаҳо ва шартҳои синфии ин ҳокимиятро дастгирӣ ва дар амал ҷорӣ карда тавонад. Ин корро ба воситаи барҳам додани идораҳои пештараи давлатдорӣ амалӣ кардан мумкин буд. Дар шароити Тоҷикистон ин органҳои куҳнаи давлатдорӣ: Кумитаҳои иҷроияи уездӣ, Комиссариати маҷбуриятҳои ҳарбӣ, думаҳои шаҳрии Хуҷанд ва Уротеппа, политсияҳои уездӣ, суди уездӣ, кумитаҳои ҷамъиятии бехатарӣ, маъмурияти волостӣ, приставӣ, оқсақол (старшина)-ҳои судҳои халқӣ, қозигӣ, сохтору идораҳои маъмурию хоҷагӣ буданд, ки адои вазифа доштанд. Дар Хуҷанд дар раванди барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ фақат вазифаи комиссари уезд аз байн рафта буд.

Раванди ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар қисматҳои тоҷикистонии Туркистон воқеаи фаврӣ ё дар як рӯз ба амал меомадагӣ набуд. Ин раванд аз моҳи ноябри соли 1917 оғоз ёфта, то охири соли 1918 тул кашида буд. Аз ин рӯ раванди барҳам додани идораҳои пештараи давлат ва таъсиси наваш ҳам кори фаврӣ дар тамоми давлат шуда наметавонист. Барои татбиқи он ду чиз – қонун ва мутахассис лозим буд. Он чи ки ба қонун вобаста буд, онро Анҷумани дуюми шуроҳои умумирусиягӣ моҳи октябри соли 1917 таъмин карда буд. Акнун ин қонунҳоро амалӣ кардан даркор буд. Барои татбиқи амалии ин қонунҳо маъмурият (аппарат)-и махсус – ҳокимиятро дар ҳама зинаҳо, аз поён то ба боло доштан лозим буд. Ин кори осон набуд. Чунки маъмуриятҳои вуҷуд- дошта гарчи аз доираи қонуни Шуравӣ берун эълон карда шуда бошанд ҳам, баъзеи онҳо дар натиҷаи интихобот ба ҳукумат омада буданд. Аз ин рӯ онҳо худро намояндаи халқ медонистанд ва амал мекарданд. Ба Ҳукумати Шуравӣ зарур буд, ки ин сохторро ё қабул ва ё пароканда намояд. Имкони воқеии ин ҳар ду ҳам нигоҳ доштани маъмурияти куҳна (ба шарте, ки қонунҳои Ҳокимияти Шуравиро қабул мекарданд) ва ҳам фавран пароканда кардани онҳо буд. Органҳо ин корро накарданд. Дуюм он ки муассисаҳои идорӣ қарорҳои Ҳукумати Шуравиро қабул накарданд. Давлат ба зӯран барҳам додани онҳо ва таъсиси органҳои нав шуруъ намуд. Ин раванд дар таъсиси баъзе органҳои идории Туркистони шуравӣ то охири соли 1919 ва дар Бухорои Шарқӣ то охири соли 1921 давом ёфт. Кашолёбии ин ивазшавии сохтор ба муқобилияти сахти синфӣ ва имкони ҳукумати нав дар иваз карда тавонис- тани онҳо вобаста буд.

Дар ҳама ҳолат барҳам додани идораҳои куҳнаи давлатӣ дар асоси декретҳо ва қарорҳои Ҳокимияти Шуравӣ амалӣ карда мешуд, ки дар давраи худ бо номҳои декретҳою дек- ларатсияҳо ва қарорҳо машҳур буданд. Аз ҷумлаи чунин декретҳо ва қарорҳо, ки дар асоси онҳо чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гузарониданро дар назар дошт, «Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум», муроҷиатнома «Ба ҳама меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ», «Ба ҳамаи Шуроҳо» ва декрет «Дар бораи замин» буданд.

Эъломияҳо. Муҳимтарин эъломияи қабулкардаи Ҳукумати аввалини инқилобӣ «Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум» буд. Ин эъломияро ШКХ ва шахсан В. И. Ленин тартиб дода буданд. Эъломияро Кумитаи Иҷроияи Марказии умумирусиягӣ 3-юми январи соли 1918 қабул карда, барои ҳукми қонунӣ гирифтанаш онро 5 (18)-уми январ ба маҷлиси муассисон, ки кораш ҳоло идома дошт, пешниҳод кард. Аз сабаби он ки аксари намояндагони маҷлиси муассисон эсерӣ-меншевикӣ буданд, ин ҳуҷҷатро ба муҳокима қабул кардан нахостанд. 18-уми январи соли 1918 эъломияро Анҷумани муттаҳидаи шуроҳо тасдиқ кард. 10-уми июли соли 1918 эъломия ҳамчун қисми таркибии Конститутсияи Шуравӣ қабул гардид.

Эъломияи ҳуқуқҳои халқҳои Русия. Лоиҳаи эъломияро В. И. Ленин тайёр карда, онро ШКХ 2-юми ноябри соли 1917 тасдиқ намудааст. Дар эъломия чунин шартҳои асосии сиёсати миллии Шуравӣ эълон шудаанд: баробарӣ ва истиқлоли халқҳо; ҳуқуқи халқҳои Русия барои худмуайянкунии озод то ҷудошавӣ ва ташкили давлати мустақил; бекор кардани ҳама гуна имтиёзу маҳдудияти миллӣ ва миллию динӣ; инкишофи озоди ақаллиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои қавмӣ (этникӣ).

Муроҷиатномаҳо. Муҳимтарин ҳуҷҷат оид ба масъалаи сиёсӣ, миллӣ ва дохилӣ қабулкардаи ҳукумати инқилобӣ муроҷиатномаи Анҷумани дувуми умумирусиягии шуроҳо «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» буд, ки онро 20-уми ноябри соли 1917 Шурои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шуравии Русия қабул карда буд. Муроҷиатнома эълон дошт, ки ҳамаи мазҳабҳо, урфу одатҳо, муассисаҳои миллӣ ва мадании мусулмонон озод ва дахлнопазир эълон карда мешаванд, ҳамаи ҳуқуқҳои халқҳои мусулмон чун ҳуқуқҳои тамоми халқҳои Русия бо тамоми иқтидори инқилоб ва маъмуриятҳои он – шуроҳои намояндаҳои коргарон, аскарон ва деҳқонон муҳофизат карда мешавад.

Муроҷиатномаи дигари Ҳокимияти Шуравӣ муроҷиатнома «Ба ҳамаи шуроҳо» буд. Ин муроҷиатномаро Комиссариати корҳои дохилӣ 22-юми декабри соли 1917 қабул карда буд. Дар ин ҳуҷҷат дар бораи таъсиси идораҳои шуравӣ дар маҳалҳо сухан мерафт. Ин аввалин ҳуҷҷате буд, ки дар асоси он дар ҳудудҳои дурдасти собиқ Русияи шуравӣ, аз ҷумла дар Туркистону қисматҳои он ҳокимияти шуроҳо ба ҳукумати қонунӣ табдил ёфтанро сар карда буданд.

Декретҳо. Муҳимтарин декретҳои Ҳукумати Шуравӣ барои халқҳои мазлуми Русия аввалан, декрет «Дар бораи сулҳ» ва барои тоҷикони шуравӣ декрет «Дар бораи замин» буданд.

Дар декрети шуравии «Дар бораи сулҳ» мароми аҳолии кураи замин, дар бораи дар сулҳу оромӣ нигоҳ доштани ҷаҳон ва аз ҷанги давомёфтаистодаи ҷаҳонӣ ба таври яктарафа баромадани Русия ва ба ин иқдом рафтани давлату халқҳои дигарро даъват кардани Ҳукумати Шуравӣ сухан рафта бошад, дар декрет «Дар бораи замин» сухан дар бораи ҳалли масъалае мерафт, ки он асрҳо боз асоси муборизаи сиёсию иқтисодӣ, умуман, ҷомеаи буржуазӣ ва хусусан Русияро ташкил медод.

Декрет ин масъаларо бечунучаро ба манфиати деҳқонони безамину камзамин ҳал намуд. Замин моликияти умумихалқӣ (давлатӣ) эълон гардид ва дар асоси қарор ба деҳқонон ройгон ва ба истифодаи якумра тақсим шуданашро дар назар дошт.

ЛУҒАТ:

  1. Декрет – калимаи лотинӣ буда, маънои қарорро дорад ва ҳамчун номи акти ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
  2. Указ – указ, фармони сарварони давлат дар назар дошта мешавад.
  3. Деклоратсия – вожаи лотинӣ буда, маънои изҳорот ва огоҳномаро дорад.

Реклама