ТЕСТҲО

1. Шарҳи беҳтари мафҳуми саноатикунониро муайян кунед.

А) Корхонаҳои саноатӣ сохтанро дар назар дошт;

Б) Инкишофи саноатро талаб мекард;

В) Мамлакатро аз таъсири техника ва технологияи хориҷӣ ба воситаи сиёсати рушди босуръат хусусан саноати вазнин ва сабук дар маҷмуъ баровардан буд;

Г) Сарвати давлат ва халқро зиёд мекард.

2. Саноатро ба соҳаҳои асосӣ ҷудо намоед.

А) Саноати истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;

Б) Саноати кӯҳӣ ва барқӣ;

В) Саноати ҳарбӣ ва гражданӣ;

Г) Саноати вазнин ва сабук.

3. Ба саноати истеҳсолкунандаи воситаҳои истеҳсолот кадом навъи корхонаҳо дохил мешавад?

А) Корхонаҳое, ки таҷҳизот истеҳсол мекунанд;

Б) Корхонаҳое, ки дастгоҳу олот истеҳсол мекунанд;

В) Корхонаҳое, ки қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунанд;

Г) Корхонаҳое, ки маҳсулот истеҳсол мекунанд.

4. Барои чӣ дар сиёсати саноатикунонии мамлакат барои Тоҷикистон саноати сабукро пешбинӣ карда буданд?

А) Ҳамин гуна тақсимот шуда буд;

Б) Захираҳои табиӣ, қувваҳои корӣ, неруи техникӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳамон мусоидат мекард;

В) Саноати вазнин вуҷуд доштани коргарони техникиро талаб мекард, Тоҷикистон онро надошт;

Г) Саноати вазнин захираҳои дастраси ашёи хом ва энергетикиро талаб мекард, ки Тоҷикистон онро надошт.

5. Соҳаи асосии саноати Тоҷикистони давраи саноатикунониро муайян кунед.

А) Саноати вазнин;

Б) Саноати истихроҷи маъдани кӯҳкорӣ;

В) Саноати сабук;

Г) Саноати хӯрокворӣ.

6. Душвориҳои саноатикунонии Тоҷикистонро номбар кунед.

А) Ба саноатикунонӣ зарурат набуд;

Б) Иқтисодиёти Тоҷикистон хусусияти аграрӣ дошт;

В) Синфи коргари касбӣ, қадрҳои муҳандисӣ ва буҷетӣ вуҷуд надоштанд;

Г) Синфи коргар камшумор буд.

7. Соҳаҳои афзалиятдоштаи саноати Тоҷикистонро муайян кунед.

А) Саноати шираворӣ;

Б) Саноати роҳсозӣ;

В) Саноати сохтмонӣ;

Г) Саноати хӯрокворӣ ва коркарди пахта (бофандагӣ).

8. Шаклҳои мусобиқаҳои меҳнатии солҳои 30-юми асри ХХ-ро муайян кунед.

А) Шанбегиҳои коммунистӣ, ҳаракати стахановчигӣ, мусобиқа байни коллективҳои меҳнатӣ;

Б) Шарт бастан байни роҳбарият ва коргарон барои бисёр ва хуб кор кардан;

В) Ҳунари худро ба воситаи мусобиқа собит кардан;

Г) Даҳонӣ ва хаттӣ.

9. Шарҳи шанбегиҳои коммунистиро баён кунед.

А) Болшевикҳо шанбегиҳоро барои зиёд кардани музди меҳнати коргарон ташкил карда буданд;

Б) Ба рафти барқароркунии баъдиҷангӣ ва инкишофи минбаъдаи истеҳсолот мусоидат кардан.

В) Ҳукумати Шуравӣ онро барои зиёд кардани маҳсулоти корхона ба роҳ монда буд;

Г) Маъмурияти корхонаҳо онро ба манфиати корхона ташкил карда буд.

10. Стахановчигӣ ва ҳаракати стахановӣ чист?

А) Амалиёти давлат дӯстона бо роҳбарии Стаханов;

Б) Коршиканӣ ва саботаж бо роҳбарии Стаханов;

В) Ҳаракат барои чандин баробар зиёд иҷро кардани нормаҳои истеҳсолӣ ва шакли мусобиқаи меҳнатӣ дар солҳои 30 асри ХХ;

Г) Як навъ ёрӣ дар давраи инқилоби фарҳангӣ.

11. Мафҳуми коллективонӣ чист?

А) Муттаҳид кардани чизе, соҳае;

Б) Коллективи одамон;

В) Ташкил кардани коллектив, ташкилот;

Г) Муттаҳид кардани воситаҳои истеҳсолот ва меҳнат бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар деҳот, ки шаклҳои гуногунро дошт.

12. Шартҳои коллективониро номбар кунед.

А) Ихтиёрӣ ба ягон намуди коллектив дохил шудан;

Б) Маҷбурӣ дохил шудан;

В) Шартнома бастан;

Г) Аъзоҳақӣ супоридан.

13. Шаклҳои колхозҳои ибтидои давраи коллективониро номбар кунед.

А) Ширкат, кооператив;

Б) РКҶЗ, артел, коммуна, совхоз;

В) Пахтакор, шоликор, ғаллакор;

Г) Пахташиркат, шолиширкат.

14. Кулакҳо киҳо буданд ва чӣ тавр хоҷагиҳои онҳоро барҳам доданд?

А) Бойҳои деҳа, хоҷагии онҳоро мусодира карданд;

Б) Буржуазияи деҳот, ҷазоҳои гуногун гирифтанд;

В) Деҳқонони асилу сарватманд бой, ки меҳнати кирояро дар хоҷагии худ истифода мебурданд. Хоҷагии онҳоро мусодира

ва худашонро бадарға карданд;

Г) Онҳо заминдорони калон буданд.

15. Сиёсати коллективонии саросарӣ чиро мефаҳмонад?

А) Ҷо-ҷо таъсис додани колхозҳо.

Б) Таъсиси шаклҳои нави хоҷагидориро.

В) Қабул кардани қонунҳои навро оид ба замин.

Г) Барҳам додани хоҷагидории шахсӣ ва роҳ кушодан ба хоҷагидории коллективиро.

16. Ноҳияҳои пешқадами коллективонии Тоҷикистонро номбар кунед.

А) Конибодом, Қубодиён, Арал (ҳоло Абдурраҳмони Ҷомӣ);

Б) Водии Ҳисор;

В) Водии Вахш;

Г) Помир.

17. Сабабҳои асосии ба сохтмони колхозӣ рӯ овардани сиёсати коллективониро муайян кунед.

А) Хоҳиши Ҳукумати давр;

Б) Таҷрибаи РКҶЗ-у артелҳо дар самаранок истифода бурда тавонистани замин;

В) Осон шудани идоракунии колхоз;

Г) Кулакро ҳамчун синф барҳам додан.

18. Колхозҳои давраи коллективонӣ дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо таъсис дода мешуданд ва фаъолият мекарданд?

А) Кодекс дар бораи замин ва оинномаҳо;

Б) Қонун дар бораи замин ва низомномаҳо;

В) Қонун дар бораи истифодаи замин ва оиннома (устав)-и намунавии колхозҳо;

Г) Оинномаҳо.

19. Умумият ва фарқи байни оинномаҳои РКҶЗ-ҳо, артелҳо ва коммунаҳоро ёбед.

А) Умумияту фарқашон маълум нест;

Б) Умумияташон дар ном, фарқашон – номҳояшон;

В) Умумияташон шахсӣ буданашон, фарқашон – давлатӣ карда шуданашон;

Г) Умумияташон дар хоҷагии дастаҷамъӣ буданашон ва фарқашон дар шакли моликияташон.

20. Ғалабаи сотсиализмро дар деҳот муайян намоед.

А) Ғалабаи сохти колхозӣ;

Б) Пайдо шудани колхозҳои миллионер;

В) Серсоҳа гардидани колхозҳо;

Г) Қабули конститутсияи сотсиализми ғолиб.

21. Рӯзи меҳнат чист? Шарҳашро ёбед.

А) Як рӯз кор кардан;

Б) Андозаи муайяни кор, ки барои як рӯзи корӣ муайян карда шуда буд. Ҳар касе чанд чунин андозаро иҷро мекард, ҳамон миқдор рӯзи меҳнат мегирифт: як андоза 1 рӯзи меҳнат, се андоза 3 рӯзи меҳнат;

В) Рӯзҳое, ки меҳнат кардан ҳатмӣ буд;

Г) Ҳафтаи кориро дар назар дошт.

22. Аввалин колхозҳои миллионери Тоҷикистон колхозҳои кадом соҳа буданд?

А) Соҳаи ғаллакорӣ;

Б) Соҳаи кирмакпарварӣ;

В) Соҳаи боғдорӣ;

Г) Соҳаи пахтакорӣ.

23. Кадом воқеа сабаби мақоми ҷамъиятии худро аз даст додани шуроҳо гардида буд, муайян кунед.

А) Дар назди ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо таъсис дода-

ни ячейкаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

Б) Баъди таъсисёбии ҲК Тоҷикистон;

В) Баъди қабули Конститутсияи сотсиализми ғолиб;

Г) Баъди кори Анҷумани V шуроҳо.

24. Анҷумани 1 ҲК Тоҷикистон кадом сол баргузор гардида буд?

А) Декабри соли 1929;

B) Июни соли 1930;

C) Январи соли 1934. Августи соли 1937.

25. Аввалин котиби ҲК Тоҷикистон кӣ буд ва дар кадом солҳо котибӣ карда буд?

А) А.Т.Ширвонӣ, солҳои 1924 – 1926;

Б) Чинор Имомов, солҳои 1926 – 1929;

В) Ҳусейнов Мирзодовуд Боғирӯғлӣ, солҳои 1930 – 1934;

Г) С. М. Соколов, солҳои 1929 – 1930.

26. Номи дуруст ва пурраи ташкилоти ҷавонони солҳои 30-юми ҷумҳуриро гӯед.

А) Комсомоли Тоҷикистон,

Б) Ҷавонони Тоҷикистон;

В) Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

Г) Иттифоқи коммунистии ҷавонони Тоҷикистон.

27. Мафҳум ва мақсадҳои асосии таъсисии «Тройка»-ро муайян кунед.

А) Сегона, барои тоза кардани сафҳои ҳизб, шуроҳо ва роҳбарияти ҳама мақомотҳо буд;

Б) Сегона, барои идораи корхона, хоҷагӣ, муассиса буд;

В) Дар мурофиаи судӣ корбаст мешуд;

Г) Сегона дар идораи қушун ба кор мерафт.

28. Таъқибшавандаҳо киҳо буданд, муайян кунед.

А) Роҳбарияти ҳизбии ҷумҳурӣ;

Б) Кулли ҷомеа;

В) Роҳбарияти шуравӣ;

Г) Роҳбарияти ҳизбу ҳукумат.

29. Таъқибкунандагон киҳо буданд, ёбед.

А) Роҳбарияти ҳизбии ҷумҳурӣ;

Б) Кулли ҷомеа;

В) Роҳбарияти шуравӣ;

Г) Роҳбарияти ҳизбу ҳукумат ба воситаи сегонаҳо.

30. Сабабҳои моҷарои Иброҳимбек соли 1931 чиҳо буданд?

А) Маъракаи навбатии империализми ҷаҳонӣ зидди СССР (ИҶШС);

Б) Аблаҳии Иброҳимбек;

В Хоҳиши хӯҷаинҳои ӯ;

Г) Хоҳиши қурбошиҳояш.

31. Сабабҳои моҷароҳои солҳои 1931 – 1934-и Тоҷикис- тонро гӯед.

А) Маъракаи навбатии империализми ҷаҳонӣ зидди СССР (ИҶШС);

Б) Мувафаққиятҳои Ҳукумату халқҳои Тоҷикистон дар сохтмони сотсиализм ва хусусан дар коллективонӣ;

В) Кӯшиши ба даст даровардани ҳокимият;

Г) Фиребхӯрии навбатии сардорони дастаҳои босмачӣ.

32. Инқилоби маданӣ чист ва кадом солҳоро дар бар мегирифт?

А) Муваффақиятҳо дар соҳаи маориф дар солҳои 1918 – 1937;

Б) Муваффақиятҳо дар соҳаи фарҳанг дар солҳои 1918 – 1937;

В) Таъмини дигаргуниҳои қатъӣ дар фарҳангу маърифати ҷомеа дар солҳои 1917 – 1937;

Г) Муваффақиятҳо дар соҳаи фарҳанг дар солҳои 1918 – 1937.

33. Дар Тоҷикистон кай таълими ҳатмӣ ҷорӣ шуда буд?

А) Соли 1930;

Б) Соли 1931;

В) Соли 1932;

Г) Солҳои 1933 –1934.

34. Театрҳои касбии солҳои 30-юми асри XX Тоҷикистонро номбар кунед.

А) Театри давлатии академии драмавии тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В. Маяковский, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии Хуҷанд;

Б) Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии шаҳри Чкаловск, Театри драмавӣ-мусиқии Конибодом, Театри драмавӣ-мусиқии Кӯлоб, Театри драмавӣ-мусиқии Хоруғ.

Театри драмавӣ-мусиқии Конибодом;

В) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри драмавӣ-мусиқии Конибодом.

35. Санъаткорони солҳои 30-юмро номбар кунед.

А) Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов;

Б) Ғ. Ғуломалиев, Ҳ. Қосимов, А. Ҷӯраев, Туҳфа Фозилова, М. Қосимов, Ҳикмат Ризо;

В) А. Ҳамроҳқулов, А. Бобоқулов, А. Назриев, О. Орифов,

А. Муллоқандов;

Г) Д. Саидмуродов, Н. Рауфова, Р. Шалоэр.

36. Мактабҳои аввалини олии Тоҷикистонро номбар кунед.

А) Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи санъат, Донишгоҳи техникӣ;

Б) Донишгоҳи аграрӣ, Донишкадаи иқтисодӣ, Донишкадаи

тарбияи ҷисмонӣ, Донишгоҳи славянӣ;

В) Донишгоҳҳои педагогии Душанбе ва Хуҷанд;

Г) Донишгоҳи тиббии Душанбе, Донишгоҳи давлатии Рашт, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

37. Адибони машҳури солҳои 30-юми асри ХХ-ро номбар кунед?

А) С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил;

Б) Туғрал, Асирӣ, Ранҷа, Турсунзода;

В) Суҳайлӣ, Азизӣ, Ҳ. Карим, Ғ. Абдулло;

Г) Ф. Ниёзӣ, Г. Сафиева, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ф.

Муҳаммадиев.

38. Аз роҳбарони Тоҷикистон киҳо дучори таъқиботи сиёсӣ гардида, чун «душманони халқ» кушта шуданд?

А) Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ

Шоҳтемур, Абдулқодир Муҳиддинов;

Б) Н. Абдинов, С. Носиров, Ҳ. Боқиев;

В) Ш. Раҷабов, С. Айтаков, А. Охунбоев, Ч. Имомов;

Г) Файзулло Хоҷаев, Акмал Икромов.

39. Асарҳои «Ғуломон», «Тоҷу байрақ», «Ду ҳафта», «Шодӣ» ба қалами кӣ тааллуқ доранд?

А) С. Айнӣ, С. Ҷавҳаризода, С. Табаров, А. Мирзоев, Ҷ.

Икромӣ;

Б) С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил;

В) С. Айнӣ, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, Алихуш, Р. Ҷалил;

Г) С. Айнӣ, Ранҷа, М. Балҷувонӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил.

40. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон кай ва дар кадом мақомот қабул шуда буд?

А) Феврали соли 1931 дар Анҷумани IV шуроҳои ҶШС

Тоҷикистон;

Б) Июни соли 1930 дар Анҷумани 1 ҲК Тоҷикистон;

В) Январи соли 1934 дар Анҷумани 11 ҲК Тоҷикистон;

Г) Июли соли 1930 бо қарори КИМ ШКХ ҶШС Тоҷикистон.

41. Ғалабаи пурраи сотсиализм чӣ маънӣ дошт?

А) Иҷрои барномаи сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ;

Б) Асосан таъмин гардидани заминаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ,

фарҳангӣ ва маънавии сотсиализм;

В) Иҷрои нақшаи шиори «Кӣ киро?»;

Г) Иҷрои нақшаи НЭП.

42. Конститутсияи сотсиализми ғолиби Тоҷикистон кай қабул шуда буд?

А) Марти соли 1937 дар Анҷумани VI шуроҳои ҶШС Тоҷикистон;

Б) Моҳи январи соли 1934 дар Анҷумани II ҲК Тоҷикистон;

В) Моҳи августи соли 1937 дар Анҷумани III ҲК Тоҷикистон;

Г) Дар Анҷумани II колхозчиёни пешқадам.

43. Тоҷикони кадом давлат тоҷик будани худро фаромӯш карда буданд ва фаромӯш кардаанд?

А) Ҳеҷ давлат;

Б) Эрон;

В) Афғонистон;

Г) Узбекистон.

44. Тоҷикони кадом давлатҳо зӯран махлут гардонда шуда буданд?

А) Эрон, Афғонистон;

Б) Узбекистон ва Туркманистон;

В) Қазоқистон ва Қирғизистон;

Г) Чин ва Ҳиндустон.

45. Вазифаҳои панҷсолаи сеюмро муайян кунед.

А) Тараққӣ додани иқтисодиёти ҷумҳурӣ;

Б) Ба вуҷуд овардани базаи сотсиализми баркамол;

В) Ба вуҷуд овардан, наздик кардани ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализм;

Г) Некуаҳволии ҷомеаро баланд бардоштан.

46. Сабабҳои асосии Ҷанги дуюми ҷаҳонро муайян кунед.

А) Паҳн гардидани фашизм ва милитаризм;

Б) Интиқомхоҳии Олмон аз рақибони худ;

В) Сари роҳи инқилобҳои сотсиалистии дар Аврупо тайёршудаистодаро гирифтан;

Г) Тақсими ҷаҳони тақсимшуда ва рақобати байни капитализму сотсиализм.

47. Ҳадафҳои Олмон дар солҳои 30-юм чӣ буд?

А) Тақсими ҷаҳони тақсимшуда ба хотири ҳукмронии ҷаҳонро ба даст гирифтан;

Б) Аз Фаронса, Чехия, Полша кашида гирифтани заминҳо;

В) Фашизму милитаризмро дар ҷаҳон паҳн кардан;

Г) ИҶШС-ро аз байн бурдан.

48. Италия, Фаронса, Ҷопон дар солҳои 30-юми асри XX чӣ ҳадаф доштанд?

А) Сари роҳи зинаи навбатии инқилобҳои иҷтимоии ҷаҳониро гирифтан;

Б) Қусури бохти худро дар Ҷанги якуми ҷаҳон бо роҳи аз сари нав тақсим кардани ҷаҳон баровардан;

В) Баргардондани ҳудудҳои соли 1918 аз даст рафтаашон;

Г) Дар арсаи байналмилалӣ мақомҳои худро барқарор кардан.

49. Барои чӣ Англия ва Фаронса дар ташкили иттифоқ зидди Олмон кашолкорӣ карданд?

А) Мехостанд ки Олмонро зидди ИҶШС равона созанд;

Б) Боварӣ доштанд, ки Олмон ба онҳо ҳуҷум намекунад;

В) Аввал масъалаҳои дохилии худро ҳал карданӣ буданд;

Г) Маслиҳати ИМА-ро интизор буданд.

50. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз кадом воқеа оғоз ёфта буд?

А) Аз ба сари ҳокимият омадани ҳукуматҳои фашистӣ;

Б) Ба сари ҳокимият омадани Адолф Гитлер;

В) Аз воқеаҳои Судету Австрия;

Г) Ба сари қудрат омадани фашизм, вале ҳуҷҷатан, аз ҳуҷуми Олмон ба Полша.

51. Мақсади асосии ИҶШС дар ибтидои ҷанг аз чӣ иборат буд?

А) Аз боздоштани душман аз ҳаракати барқосо;

Б) Дар сарҳад шикаст додани душман;

В) Роҳи сулҳро ҷустан;

Г) Гуфтушунидро оғоз кардан.

52. Дар ҷанги Финландия кадом фиристодаҳои Тоҷикис- тон қаҳрамонӣ нишон дода буданд?

А) Амиралӣ Саидбеков, Урунбек Яъқубов;

Б) Садҳо нафар иштирок кардаанд, вале то ҳол сазоворҳои

мукофот пурра аниқ нашудаанд;

В) Неъмат Қаробоев, Усмон Акрамов;

Г) Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов.

53. Олмони фашистӣ 22-юми июни соли 1941 чӣ амалро анҷом дода буд?

А) Бо ИҶШС шартномаи ба муддати 10 сол ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро баста буд;

Б) Ба Полша ҳуҷум карда буд;

В) Рейхстагро оташ зад;

Г) Ба ИҶШС аҳдшиканона ҳуҷум кард.

54. Тоҷикистониҳо дар кадом муҳорибаҳои давраи аввали ҶБВ иштирок доштанд?

А) Дар Брест, Минск, Смоленск, Вилнюс;

Б) Киев, Москва, Ленинград, Севастопол;

В) Украина, Беларус, Молдова;

Г) Латвия, Литва, Эстония.

55. Барои чӣ артишҳои шуравӣ ақибнишинӣ мекарданд?

А) Ногаҳонӣ будани ҳуҷум;

Б) Қувваҳо баробар набуданд;

В) Таъсири хиёнати баъзе артишҳои сарҳаддӣ;

Г) Танқисии яроқу аслиҳа.

56. Барои чӣ ҷанги солҳои 1941 – 1945-ро «Ҷанги бузурги ватанӣ» номидаанд?

А) Барои он ки дар ватани худ меҷангиданд;

Б) Ин ҷанг барои ҳимояи Ватани худ буд;

В) Ҷанге, ки барои ҳаёту мамот, мавҷудияти Ватан бурда мешуд;

Г) Барои он ки ба гарданаш бор карда буданд.

57. Сохтмонҳои калони ба тариқи ҳашар сохташудаи арафаи Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистонро ҷудо намоед.

А) НБО-и дар «Варзоб», Системаи обёрии Вахш;

Б) Канали Варзоб, роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе;

В) Вокзали Душанбе, Комбинати бофандагии Душанбе;

Г) Каналҳои калони «Фарғона-1 ва Фарғона-2», «Ҳисор», роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ.

58. Дар муҳорибаи Москва аз тоҷикистониён киҳо қаҳрамонӣ нишон дода буданд?

А) М. Иброҳимов, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода;

Б) Б. Искандаров, Э. Рӯзиев, Н. Илёсов;

В) Ҳ. Кенҷаев, А. Турдиев, Н. Қаробоев;

Г) Д. Азизов,Э. Шарипов, Т. Эрйигитов.

59. Сана ва давраҳои муҳорибаи Москваро муайян кунед.

А) Санааш солҳои 1941 – 1942 ва даврааш тирамоҳи соли1941 ва зимистони соли 1942;

Б) Санааш 30-юми сентябри соли 1941 – 20-уми апрели соли 1942 ва давраҳояш: 30.09-05.12; 05.12.1941– 20.04.1942;

В) Тирамоҳи соли 1941 – баҳори соли 1942;

Г) Нимаи дуюми соли 1941 – аввали баҳори соли 1942.

60. Аҳмад Турдиев дар куҷо ва чӣ корнамоие кардааст?

А) Дар Волхов худро ба ДОТ-и душман партофтааст;

Б) Дар муҳорибаи Москва чанд танки душманро аз қатор баровардааст;

В) Дар Сталинград яке аз муҳофизони «Хонаи Павлов» буд;

Г) Иштирокчии отрядҳои партизанӣ буд.

61. Муҳорибаи Сталинград кай шуда буд? Давраҳои онро зикр кунед.

А) Июли соли 1942 – феврали соли 1943. Давраҳои маъракааш соли 1942 ва соли 1943;

Б) (17-уми июли соли 1942 – дуюми феврали соли 1943. Давраҳои мудофиавӣ 17 – уми июл – 18-уми ноябри соли 1942 ва ҳуҷум 19-уми ноябри соли 1942 – 2-юми феврали соли 1943;

В) Тирамоҳи соли 1942 – зимистони соли 1943;

Г) Нимаи дуюми соли соли 1942 – аввали соли 1943.

62. Дар муҳорибаи Курск аз тоҷикистониҳо киҳо қаҳрамонӣ нишон додаанд?

А) Саидқул Турдиев, Домулло Азизов;

Б) Чутак Урозов, Сафар Амиршоев;

В) Олим Ҳакимов, Қудрат Қайюмов;

Г) Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев.

63. Дар муҳорибаи Ленинград кадом тоҷикистониён корнамоиҳо нишон додаанд?

А) Тӯйчӣ Эрйигитов, бародарон Осимовҳо, Тешабой Оди-

лов;

Б) Эргаш Шарипов, Олим Ҳакимов;

В) Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов;

Г) Домулло Азизов, Неъмат Қаробоев.

64. Дар «муҳорибаи Днепр» кадом тоҷикистониҳо қаҳрамонӣ нишон дода буданд?

А) Аҳмад Турдиев, Тешабой Одилов;

Б) Саидқул Турдиев, Домулло Азизов;

В) М. Иброҳимов, Ҳабиб Юсуфӣ;

Г) Ф. Аҳмадов, Р. Раҳматов.

65. Қаҳрамонҳои тоҷикистонии дар озод кардани Украина иштироккардаро муайян намоед.

А) Т. Одилов, А. Қаландаров, А. Турдиев;

Б) Исмат Шарипов, А. Гордеев. Б. Давлатов;

В) Г. Ғуломшоев, О. Хусравов, С. Юсупов;

Г) Ф. Аминов, М. Қулиев, М. Бобоҷонов.

66. Қаҳрамонҳои тоҷикистонии барои озод кардани Беларус ҳиссагузоштаро номбар кунед.

А) Т.Одилов, А. Қаландаров, А. Турдиев;

Б) М.Иброҳимов, Ҳабиб Юсуфӣ;

В) Чутак Урозов, С. Сейтвалиев;

Г) Г. Ғуломшоев, О. Хусравов, С. Юсупов.

67. Қаҳрамонҳои тоҷикистонии дар муҳорибаҳои Наздибалтика иштирокдоштаро муайян кунед.

А) Саидқул Турдиев, Домулло Азизов;

Б) Аҳмад Турдиев, Тешабой Одилов;

В) Г. Ғуломшоев, О. Хусравов, С. Юсупов;

Г) Сафар Амиршоев, А. Дмитриев, В. А. Андреев.

68. Қаҳрамонҳои тоҷикистонии дар муҳорибаҳои барои озод кардани Аврупо иштирокдоштаро муайян кунед.

А) Раҳимбой Раҳматов, Тӯйчӣ Назаров, Эргаш Шарипов;

Б) Саидқул Турдиев, Домулло Азизов;

В) Аҳмад Турдиев, Тешабой Одилов;

Г) Сафар Амиршоев, А. Дмитриев, В. А. Андреев.

69. Оё тоҷикон партизанӣ кардаанд ва дар куҷоҳо?

А) Кардаанд, вале далелҳо пурра ҷамъоварӣ нашудаанд;

Б) Партизанӣ кардани тоҷикон дар рӯйхатти 53 ҳаракатҳои партизании Украина, Беларус ва Русияи Ғарбӣ ба қайд гирифта шудааст;

В) Партизанӣ накардаанд;

Г) Партизанӣ кардаанд, вале бо номҳои дигар, масалан Иван – тоҷик.

70. Ҷанги дуюми ҷаҳон кай ба охир расидааст?

А) 22-юми июни соли 1941;

Б) 9-уми майи 1945;

В) 2-юми сентябри соли 1945;

Г) 24-уми июни соли 1945.

71. Барои чӣ 2-юми сентябрро рӯзи ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон медонанд?

А) Барои он ки амалиётҳои ҳарбӣ қатъ карда шуданд;

Б) Барои он ки амрикоиҳо Ҷопонро дар океани Ором шикаст дода буданд;

В) Барои он ки Ҷопон 2-юми сентябр ҳуҷҷати таслимшавиро имзо карда буд;

Г) Барои он ки артишҳои иттифоқчиён артишҳои Ҷопонро пурра шикаст дода буданд.

72. Дар Ҷанги бузурги ватанӣ чӣ қадар фиристодагон аз Тоҷикистон иштирок кардаанд?

А) 150 ҳазор нафар;

Б) 175 ҳазор нафар;

В) 190 ҳазор нафар;

Г) Аз 190 то 250 ҳазор нафар.

73. Халқи тоҷик дар давраи Ҷанги бузурги ватанӣ чанд нафар фарзанди худро талаф додааст?

А) Тақрибан 60 ҳазор нафар;

Б) 65 ҳазор нафар;

В) 70 ҳазор нафар;

Г) 75 ҳазор нафар.

74. Сабабҳои асосии партизанӣ кардани тоҷикистониёнро муайян кунед.

А) Ҳисси кунҷковӣ;

Б) Аз муҳосира баромада натавонистан ва ё аз маҳбас гурехтан;

В) Дар вақти қафонишинӣ роҳгум задан;

Г) Аз қисмҳои ҳарбии худ ҷудо шудан ва ё қафо мондан.

75. Маҳбасҳои марги фашистиро, ки дар онҳо тоҷикистониён ҳам буданд, номбар кунед.

А) Дахау, Заксенхаузен, Освентсим-1 ва Бухенвалд, Флос-

сенбург, Нёйенгамме, Маутхаузен;

Б) Майданек, Треблинка, Собибур, Оренбург;

В) Дансиг, Мюнхен, Берлин, Освентсим-2;

Г) Мюнхен, Собибур, Нейенгаме, Олшан.

76. Тоҷикистониҳои аз маҳбасҳои марги фашистӣ гурехта тавонистаро номбар кунед?

А) Сомеъ Xалилов, С. Котов;

Б) Холмад Додобоев, Xалил Шодиев;

В) Неъматулло Қобилов;

Г) Мардон Мансуров.

77. Ёрии ақибгоҳ ба фронт дар чиҳо зуҳур меёфт?

А) Дар навиштани мактубҳо ба фронт;

Б) Фиристодани туҳфаҳо ба фронт;

В) Ташкили митингҳои эътирозӣ барои аҳдшикании олмониҳо;

Г) Таъсиси фонди ҷанг, харидани заёмҳои ҷангӣ, ҷамъоварӣ ва ба фронт фиристодани хӯрокворӣ ва лавозимоти ҷангӣ.

78. Халқҳои Тоҷикистон ба кадом миқдор заёми ҷангӣ харидорӣ карда буданд?

А) 45207 ҳазор сӯм;

Б) 147 миллион сӯм;

В) 54,1 миллион сӯм;

Г) 60 миллион.

79. Тоҷикистониён ба «Фонди ҷанг» чӣ қадар маблағ гузаронида буданд?

А) 45207 ҳазор сӯм;

Б) 147 миллион сӯм;

В) 54,1 миллион сӯм;

Г) 60 миллион.

80. Чанд асари адибони тоҷики ҷангноманависи давраи ҷангро номбар кунед.

А) «Мавҷҳои Днепр», «Вафо», «Писари ватан»;

Б) Ғалабаи «Таня», «Хонаи Нодир», «Дар оташ»;

В) «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ»;

Г) «Сурӯши Сталинград», «Фарзандони Хатин».

81. Чанд нафар тоҷикистониён Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардида буданд?

А) 54;

Б) 62;

В) 64;

Г) 54.

82. Занҳои тоҷикистонии ҷанговарро номбар кунед.

А) Ойгул Муҳаммадҷонова, Н. Лобковская;

Б) Шаҳрӣ Ҳайдарова, С. Ниёзова;

В) С. Сангинова, И. Қурбонова;

Г) Р. Фозилова, Р. Яқубова.

83. Тоҷикистон қаҳрамонҳои ҶБВ-и худро ба некӣ ёд мекунад?

А) Ҳар сол 9-уми май;

Б) Ба номи онҳо кӯчаҳо, мактабҳо ва деҳаҳо гузошта шудаанд;

В) Номҳояшон дар саҳифаҳои таърих ҳаст;

Г) Дар зодгоҳи аксарашон пайкараю нимпайкараҳояшон гузошта шудааст.

Реклама