§ 38. СИЁСАТИ ШУРАВИИ СОХТМОНИ КОЛХОЗӢ ДАР СОЛҲОИ ПАНҶСОЛАИ ДУЮМИ ТАРАҚҚИЁТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ҶУМҲУРӢ (1933 – 1937)

Раванди сохтмони колхозӣ дар рафти коллективонӣ. Чӣ тавре дар дарсҳои қаблӣ гуфта шуда буд, дар ибтидои сиёсати сохтмони колхозӣ 85%-и хоҷагиҳои деҳқонӣ дар колхозҳо (РКДЗ – 41,04% артел – 42,05%, коммунаҳо 0,09%, совхозҳо 1,82 %) муттаҳид карда шуда буданд. Танҳо 15%-и деҳқонон ҳанӯз ҳам чун хоҷагиҳои яккадаст фаъолият доштанд, ки 15% шумораи умумии деҳқононро ташкил медоданд, яъне, шакли асосии колхозҳо РКДЗ-ҳо ва артелҳои хоҷагии қишлоқ буданд, ки 83,9%-и миқдори умумии хоҷагиҳои деҳқониро ташкил медоданд. Ҳукумат аз соли 1930 сар карда, РКДЗ-ҳоро чун шакли беҳтарини колхоз эътироф ва тавсия карда буд. Дар охири давраи сиёсати сохтмони колхозӣ давлат сиёсати ташкил додани артелҳои хоҷагии қишлоқ ва табдил додани РКДЗ-ҳою коммунаҳоро ба артелҳои хоҷагии қишлоқ пеш гирифта буд. Барои ин мақсад дар солҳои 1933 – 1934 дар Тоҷикистон аз ҳисоби коммунистони ботаҷриба 34 шуъбаи сиёсӣ дар назди ПМТ-ҳо ва совхозҳо кушода шуданд. Вазифаи шуъбаҳои сиёсӣ тарғибу ташвиқи деҳқонони яккадаст ба колхоз, мустаҳкам кардани дастгоҳи колхозӣ, тоза кардани раёсати колхозҳо ва худи колхозҳо аз «кулак»-ҳо, ташкили кори ҳисобу китоб дар колхозҳо буд. Шояд маълумоти ҳамин шуъбаҳои сиёсӣ буд, ки фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон мавзуи муҳокимаи КМ ҲК(б)У шуда буд. Тоза кардани сафҳои ҳизб, раёсатҳо то ба колхозҳо ва ҳатто аъзои колхозҳо (колхозчиён) аз унсурҳои бою кулакӣ ба хатоҳои ҷиддӣ оварда буданд. Ноҳақ деҳқонони зиёди асилро ба бою кулак мансуб дониста, аз вазифаҳои роҳбарию узвияти колхоз озод карда, ҷазо медоданд. Ин амал нисбати аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам раво дониста шуда буд. Аз ҷумла, Котиби якуми ҲК (б) Тоҷикистон Мирзодовуд Ҳусейнов, раиси КИМ Нусратулло Махсум, раиси ШКХ А. Ҳоҷибоев, ки гӯё аз беназоратии онҳо ба сафҳои ҳизбу ҳукумат ва хоҷагиҳо унсурҳои душмани сохти сотсиализм – кулаку бойҳо роҳ ёфта, бо нигоҳ доштани баъзе имтиёзҳо, бори асосии андози шартиро ба гардани камбағалон партофта бошанд.

Солҳои 1933 – 1937 бо зиёд гардидани техникаи ПМТ-ҳо ҳосилнокии хоҷагиҳои коллективӣ баланд гардид ва сиёсати сохтмони колхозӣ тағйир ёфт. Ин тағйирот бештар дар ташкили хоҷагидории колхозӣ буд. Таҷрибаи ташкили меҳнату музди меҳнат, усули кор (инфиродӣ, звеногӣ, бригадавӣ) шаффофию ҳавасмандии деҳқонони колхозиро баланд кард. РКДЗ-ҳо хидмати худро карданд. Оинномаи намунавии РКДЗ-ҳо меҳнати дастҷамъонаро ба вуҷуд овард. Аз соли 1934 сар карда, РКДЗ-ҳою коммунаҳо ба артелҳои хоҷагии қишлоқ табдил ёфтан гирифтанд. Сохтори асосии колхозҳоро артелҳои хоҷагии қишлоқ ташкил медоданд. Аз соли 1935, гузариши РКДЗ-ҳо ба артелҳои хоҷагии қишлоқ оғоз шуда, соли 1937 ба саросар гузаштан ва соли 1938 анҷом ёфт. Дар Тоҷикистон он дар солҳои панҷсолаи дуюм сохтмони колхозӣ пурра ғалаба карда 90%-и хоҷагиҳо ва 98%-и замини кишти ҷумҳуриро дар бар гирифта буданд.

Дар ин давра ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ба 16,1 сентнер (баландтарин ҳосил дар ИҶШС, ғалла ба 9,2 сентнер расида буд. 22%-и колхозҳо соҳиби фермаҳои говҳои ҷӯшоӣ гардида, саршумори чорвои калон – 40%, асп – 25% ва чорвои хурд 2 баробар афзуда ва даромади умумии колхозҳо ба 38,9 миллион расида буд. Давраи гузариш аз феодализм ба сотсиализм ба охир расида, сотсиализм дар деҳоти Тоҷикистон ҳам ғалаба кард.

ЛУҒАТ:

  1. Колхозчӣ – узви хоҷагии дастҷамъӣ.
  2. Шуъба(ҳо)-и сиёсӣ – созмони махсус барои ташкил додани колхозҳо дар назди МТС-ҳо, ки дар солҳои 1933 – 1935 амал мекарданд. Солҳои 1936 – 1941 онҳо ба шуъбаи махсус – шуъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳиявӣ табдил дода шуданд.

Реклама