§ 11. МУБОРИЗА ЗИДДИ БОСМАЧИГАРӢ ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 1921 – 1923

Мубориза зидди дастаҳои боқимондаи босмачигарии Хуҷанду Истаравшан. Солҳои 1921 – 1923 қариб дар ҳама деҳаҳои дуру наздики марказҳои маъмурӣ чун Хуҷанд, Уротеппа, Исфара ва Панҷакент дастаҳои муташаккили босмачигарӣ вуҷуд доштанд, ки калонтарини онҳо дастаҳои Холбӯта, Машраб, Абдулаҳад Махсум, Турдӣ, Норқузӣ, ки дар деҳаҳои Чопқулуқ, Боқса Испонӣ, Сулукта, Уралск, Қистакӯз ва Ғулакандоз амал мекарданд. Дастаҳои камшумори ба ғорат машғулбуда ҳам вуҷуд доштанд, ки бо онҳо кормандони милитсия, прокуратура, суд ва Комиссияи фавқулода сару кор мегирифтанд.

Сершумортарин дастаҳои зиддишуравии Уротеппа дастаҳои Холбӯта, Қозӣ Тӯра, Абдулқодирхон ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо бо қувваҳои зиддишуравии Фарғона, Мастчоҳ ва Ҷиззах робита доштанд. Аз ҷумла, Қозӣ Тӯра барои қурбошӣ шуданаш аз Ислом – қурбошии калони Фарғона фотеҳа гирифта буд. Онҳо инро истифода бурда, дар Истаравшан ва Нов даст ба тороҷгарӣ зада, баъзан дар атрофи Хуҷанд пайдо мегаштанд. Хавфи инро дида, Ҳокимияти Шуравӣ аввали соли 1922 бо сардории И.В. Кутс ва дастаҳои ихтиёрии Мулло Ҳайдар Аҳмадбоев, Р. Давлатов ва дигарон амалиёти ҷангии якҷояро зидди қурбошиёни номбурда сар карданд. Ин минтақаҳое буданд, ки ҳар сари чанд вақт босмачиёни Мастчоҳ ба ин ҷо ҳамла оварда, ба ғорат машғул мешуданд. Вазифаи қушунҳои шуравӣ сари роҳи ба Мастчоҳ баргаштани босмачиён таъйин шуда буд. Муҳорибаҳои асосӣ дар Басманда, Шаҳристон, Гук (Ғук) ва Овчӣ шуда буданд. Холбӯта бисёр айёр ва доно буд, мавқеи ҷангиро хуб интихоб ва истифода бурда метавонист. Аз таҷрибаи ҷангии ҳуҷуму ақибнишинӣ, муҳосираю мавқеъгирӣ, хидмати ҷосусию пайгирӣ ва дигар илмҳои ҷангӣ истифода мебурд. Дар маъракаи ҷангии соли 1922 ба муқовимату ҳуҷуми қушунҳои шуравӣ тоб наоварда, дар муҳорибаи Ғуку Овчӣ шикаст хӯрд. Вале қисме аз онҳо бо сардории Холбӯта ва Абдулқодирхон ба Мастчоҳ гурехтанд.

Бекигарии Мастчоҳ ва барҳам дода шудани он. То моҳи ноябри соли 1918 Ҳокимияти Шуравӣ бо Султонбек, ки дар натиҷаи интихобот Раиси кумитаи инқилобии волости Мастчоҳ интихоб гардида буд, аҳдномаи иҷро кардани ҳама қонуну қарорҳои Ҳокимияти Шуравиро баста буд ва то андозае риоя мешуд. Вале баъди ба Мастчоҳ омадани намояндаи дружинаи халқӣ-русии Уротеппа ва худсарии он, саркардаҳо (бойҳо)-и Мастчоҳи Кӯҳиро маъқул наомад ва баъди ба ин минтақа омадани босмачиҳои шикастхӯрдаи Фарғонаю исёнгарони Осипов дар Оббурдон маҷлиси аксулинқилобчиён, умуман, уездҳои Хуҷанду Истаравшан ва Мастчоҳ баргузор гардида, Мастчоҳро бекигарӣ эълон намуданд. Ба идораи бекигарӣ руҳониёни номии Мастчоҳ Мулло Имом, Авлиёхон, писари ӯ Асрорхон, Ишонбобо ва Бузургхон интихоб шуданд, ки амир Олимхон Мулло Имомро ҳамчун бек ба расмият шинохта буд. Мастчоҳ ба маркази босмачигарии як қисми Ҷумҳурии Туркистон табдил ёфт. Боз ба Мастчоҳ омадани Саид Аҳмадхӯҷа Асрорхӯҷаев (собиқ раиси кумитаи инқилобии Боқса Исфонаи Хуҷанд), ки аз вазифааш суиистеъмолиҳои зиёд карда буду аз ҷавобгарӣ гурехта ба Мастчоҳ омада буд, аз бефаъолиятии Мулло Имом истифода бурда, табаддулот гузаронида, худро бек эълон кард, ки вазъияти Мастчоҳро боз бадтар намуд. Саид Аҳмадхӯҷа на фақат ба ғорат кардани деҳаҳои сарҳаддии Панҷакент, Истаравшан, Қаротегину Варзоб сар кард, балки вазъияти баъдиҳарбии Туркистонро бо ҷойгир кардани дастаҳои шикастхӯрдаи босмачиён, душвортар гардонд. Мастчоҳ тамоми соли 1919 ва аввали соли 1920 барои Ҳокимияти Шуравӣ хавфи калонро эҷод мекард. Аз ин рӯ бо супориши Ҳукумати ҶМШС Туркистон, ҳамаи фармондеҳони Артиши сурх ва мақомоти ҳизбию шуравии уезди Хуҷанд барои нест кардани бекигарии Мастчоҳ тадбирҳо андешиданд. Масалан, моҳи марти соли 1920 қувваҳоро дар деҳаҳои Ёрӣ, Дардар ва Урметан ҷамъ намуданд, ки аз дастаҳои ихтиёриён ва эскадрони 2-юми полки махсуси савораи сарҳаддии Самарқанд иборат буд. Ба онҳо И. Ф. Кутс фармондеҳӣ мекард. Аскарони сурх ва ихтиёриён бо талафоти калон деҳаҳои Фалғару Рарзро озод намуда, муваққатан муборизаро зидди бекигарии Мастчоҳ қатъ намуданд. Чунки қушунҳои ҳарбии дар минтақаи Мастчоҳ буда ба фронти Фарғона ба муборизаи зидди Мадаминбек ва Монстров ҷалб шуда буданд. Дар рафти ин зарбазанӣ дар Фарғона Мадаминбеку Монстров шикаст хӯрда, ҳамаи онҳо дар Мастчоҳ паноҳ бурданд. Баъди ба Мастчоҳ омадани Холбӯта, собиқ афсари қушунҳои подшоҳӣ Венедиктов, духтур Прохоров ва боқимондаҳои дастаҳои Эргашу Мадаминбек ва зиёд шудани дастаи бек Саид Аҳмадхӯҷа Мастчоҳ ба яке аз марказҳои асосии ҷунбиши босмачигарӣ табдил ёфт. Холбӯта ба сифати қурбошии мири Мастчоҳ аз дастаҳои хурд як дастаи калони босмачиёнро ташкил дода ба ғорати Мастчоҳ ва деҳаҳои сарҳаддии Панҷакент, Истаравшан, Қаротегину Варзоб сар кард. Венедиктов бошад, нозири ҳарбии мири Мастчоҳ шуд. Ҳамин тавр, бо омадани унсурҳои зиддишуравӣ босмачигарӣ дар Мастчоҳ авҷ гирифт.

Ҳукумати ҶМШС Туркистон ба умеди пешгирӣ кардани ҳамлаҳои босмачиёни Мастчоҳ ва барқарор намудани сулҳ, моҳи августи соли 1922, бо иштироки бевоситаи Артиши сурх, милитсия ва қушунҳои таъиноти махсус (ҚТМ) ба барҳам додани дастаҳои босмачиёни Мастчоҳ шуруъ карданд. Ба онҳо Аҳмадбоев, А. Раҳимбоев, А. Ҳусейнов, Ҳ. Усмонов ва сарфармондеҳи ҳарбии вилояти Самарқанд Лисовский сардорӣ мекарданд. Гарчи ҳодисаҳои ба мақомоти шуравӣ таслим шудани босмачиён зиёд шуда бошад ҳам, дастаи Холбӯта соли 1922 ҳанӯз ҳам аз 500 нафар зиёд буд. Аз сабаби кӯҳсор ва роҳҳои душворгузару барои амалиёти ҳарбӣ нобоб бекигарии Мастчоҳ зери назорати босмачиён мондан гирифт. Моҳи март – июни соли 1923 Ҳукумати Шуравӣ барои озод намудани Мастчоҳ аз ҳисоби ҳарбиёни дар Самарқанд буда ва дастаҳои ихтиёрӣ эҳсобияи махсусеро бо сардории Е.Шветсов ташкил намуд. Эҳсобия аз ҷиҳати таъмин будан бо захираи яроқу аслиҳа, хидматҳои боркашонӣ, тиббӣ ва хӯрока бисёр хуб тайёр карда шуда буд. Тамоми нақшаи амалиётро штаби Корпуси 13-и тирандоз таҳия ва ба роҳбарияти он командирони таҷрибаи ҷангии ҷангҳои кӯҳӣ доштаро ҷалб карда буданд. Фармондеҳии эҳсобия истифодаи аҳолии таҳҷоӣ ва дастаҳои ихтиёриро дар назар дошт. Анбори асосӣ Панҷакент интихоб гардида, ҳама лавозимоти ҷангии эҳтиётӣ пешакӣ захира карда шуда буданд.

Ин гуна тайёрӣ босмачиёнро ба таҳлуқа ҳам афтонда буд. Онҳо ҳам ба тариқи худ тайёрӣ медиданд: зимистони солҳои 1922 –1923 сармои сахт буд, босмачиҳо на фақат кӯрпаю кӯрпача, палосу қолини мардум, ҷомаю либосҳои гарм, сӯзишворӣ (ҳезум)-и аҳолӣ ва болопӯшҳои гаҳвораҳои тифлонро ҳам кашида гирифта буданд. Ҳатто барои роҳи гурези худро бе хавф гардондан тамоми мардуми Мастчоҳро зӯран кӯчонданд, то ки ба воситаи онҳо пайраҳаи барфии сумкардашуда ба вуҷуд ояд, ки худ гузашта тавонанд. Ин амалро барои деҳаҳои Пад- рох, Палдорак, Роғ, Деҳминор, Пакшиф зӯран истифода карданд. Даҳҳо нафар зери тармаю ба ҷариҳо афтида ҳалок шуданд. Мардум аз озори босмачиҳо ба дод омада бошанд ҳам, ба ғайр аз тоқат кардан дигар чорае надоштанд. Фақат чашми чор ба ёрӣ доштанд. Яъне, босмачиён аз аҳволи худ огоҳ буданд, вале бо сабаби барфи баланди гузаргоҳҳои Пакшиф ва Дубурса, ки ба Ҳисору Қаротегин рафтан мумкин буд, маҳкам буданд.

Амалиёт барои озод кардани Мастчоҳ 18-уми марти соли 1923 аз Панҷакент оғоз ёфта, дар 2 рӯз 80 км роҳро тай намуда, деҳаҳои Рарз ва Похурд бе ягон душворӣ ишғол гардида, ба сарҳадди Шаватки Поён расид. 27-уми март як эскадрони эъзомия аз Рарз ба тарафи Фалмаут барои омӯхтани роҳу вазъ ҳаракат карда, бо дастгирии мардуми Фалмаут пули оташзадаро бо масолеҳи аҳолӣ барқарор карданд. 28-уми март дар сарҳадди Шаватки Боло 4 тӯп мавқеи ҷангӣ гирифтанд. Ҳамон рӯз гурӯҳи Кузнетсов аз Варзи минор бо аскарони пиёдагард ба тарафи деҳаҳои Петӣ ва Такфон ҳаракат карда, ба воситаи ағбаи Дарғ ба деҳаҳои Каздон ва Рамаут ба наздикии Оббурдон баромаданд. Деҳаи Похут, ки тақрибан 30-35 ҳавлӣ дошт, холӣ буд. 1-уми апрел ҷанг барои Шаватки Поён ва Шаватки Боло сар шуд ва ба муқовимати босмачиён нигоҳ накарда, Шаватки Поён ва Шаватки Боло ва Вешаб ишғол гардида, 150 босмачӣ асир гирифта шуд. 2-юми апрел ҷанг барои деҳаҳои Устанак, Шамтич ва Оббурдон сар шуд. Босмачиҳо ба оташфишонии шаддиди тӯпӣ тоб наоварда, баъди талафоти зиёд онро тарк карданд. 3-юми апрел душманро таъқибкунон деҳаҳои Пастиғов, Хоҷаҳо, Каллахона ва Рогиф (Роғиф) ва моҳи апрел Риомут ишғол гардид. Деҳаҳо тамоман беодам, вале бо парандаю чорво буданд. 6-уми апрел Маддрушкат, 8-уми апрел Сабоҳ ишғол гардид. Дар Сабоҳ 250 босмачӣ, 300 яроқи оташфишон (винтовка), 300 асп ва 6000 бузу гӯсфанди босмачиён мусодира гардид. Босмачиҳо ба водии Вадиф ба девлох (чарогоҳ)-и тобистонаи Ланглиф ақибнишинӣ карданд. Дар ин водӣ босмачиён ба муҳосира гирифта шуданд. Асрорхон – сарфармондеҳи қушунҳои беки Мастчоҳ, наздикони мир Ишонхон ва Бузургхон дар иҳотаи муҳофизонашон хостанд, ки аз муҳосира бароянд, вале аз оташи тиру тӯпи Аскарони сурх ба ғайр аз таслим шудан дигар тадбире ёфтанд. Ба Холбӯта муяссар гардид, ки аз асир гардидан халос гардад. 9-уми апрел эъзомия амалиёти худро қатъ кард. Холбӯтта ба Қаротегин гурехт. Беки Мастчоҳ Саид Аҳмадхӯҷа таслим шуд. Мавҷудияти бекигарии Мастчоҳ ба охир расид ва бо ин ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дар саргаҳи Зарафшон ва ҳам дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон анҷом ёфта, аҳолӣ ба меҳнати осоишта шуруъ карданд.

Реклама