Санъат. Самти дигари инқилоби маданӣ ин сиёсати ба вуҷуд овардани санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ буд. Сиёсати мақсадноки Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани фарҳанги халқ ва дар ин асно аз рӯйи нақша ва бемайлон баланд шудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ: театрҳо, театрҳои кинонамоишдиҳӣ, клубҳо, китобхонаҳои оммавӣ, нашриёт ва паҳн намудани китоб, ки аз тарафи давлат маблағгузорӣ мешуд, ба инкишофи соҳаҳои гуногуни санъат мусоидат кард.
Дар Тоҷикистон дар соли 1930 се театри касбӣ, филармонияи давлатӣ, ансамбли рақсии миллӣ, оркестри симфонӣ, хонаи эҷодиёти халқ, театри опера ва балет фаъолият дошт. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди санъат хароҷоти калон мекард. Барои ҳамаи соҳаҳои фарҳанг 627, 5 миллион сӯм ҷудо карда буд, ки нисбат ба соҳаи саноат ва кишоварзӣ зиёдтар буд. Театри пешқадами ҷумҳурӣ ин театри драмавии ҷумҳурӣ дар Душанбе (ҳоло ба номи А. Лоҳутӣ) буд. Дар саҳнаи он асарҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Исён»-и
Д. Фурманов, «Мубориза»-и У. Усмонов, «Душман»-и Ҷ. Икромӣ дар иҷрои ҳунармандон Туҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, С. Саидов, М. Қосимов ва дигарон ба саҳна гузошта шуда буданд. Дар назди ин театр соли 1933 гурӯҳи мусиқӣ таъсис ёфта буд, ки бо консертҳои худ дар ноҳияҳою колхозҳо баромад мекард. Дар солҳои 30-юм дар ноҳияҳои Хоруғ, Ғарм, Кӯлоб, Панҷакент, Қурғонтеппа, Уротеппа, Исфара, Ҳисор ҷамъ 12 театри халқӣ таъсис дода шуда буд. Ин театрҳоро мактабҳои мусиқии Душанбе ва Хуҷанд бо кадрҳо таъмин мекарданд. Ҳунармандони ин театрҳо асосан аз дастаҳои ҳаваскори бадеӣ пур мешуданд, ки шумораи онҳо хеле зиёд буд. Онҳо дар назди театрҳою клубҳо амал мекарданд ва бо омма хеле наздик буданд. Саҳнаҳои хурди бештар якпардагиро намоиш медоданд. Солҳои 30-юм озмунҳои театрӣ, овозхонҳо (соли 1937), мусиқачиён ҳам гузаронида шуда буд. Фалакхонҳою гӯрғулихонҳои зиёде, ба монанди А. Ҷӯраев, Ҳикмат Ризо ва дигарон, ба саҳнаи калон баромаданд.
Санъати кинои тоҷик қадамҳои аввалини худро мегузошт. Солҳои 30-юм филмҳои «Даъват», «Муҳоҷир», «Як рӯзи колхоз», «Хоруғ», «Тоҷикистони офтобӣ», «Худои зинда», «Вақте ки амирон мемиранд» ба навор гирифта шуд. Дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон зиёда аз 140 нуқтаи кинонамоишдиҳӣ фаъолият дошт.
Матбуот. Матбуот ҳам як соҳаи бонуфузи инқилоби маданӣ ҳисоб мешуд, чунки воситаи дорои имкони зиёди таъсиррасонӣ ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию маданӣ буд. Ба матбуоти тоҷик дар солҳои 30-юм нашри китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва плакатҳо дохил буданд. Саноати полиграфии Тоҷикистонро Нашриёти давлатии Тоҷикис- тон ва 34 матбааи хурду калони ноҳиявӣ ташкил медод. Ин соҳа қудрат дошт, ки талаботи ҷумҳуриро бо китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврӣ ба тариқи минималӣ таъмин намояд. Дар солҳои 30-юм полиграфистони тоҷик зиёда аз 10 ҳазор номгӯй китобро бо теъдоди 50 миллион нусха аз чоп бароварданд.
Дар Тоҷикистон дар охири солҳои 30-юм 83 номгӯй (7 ҷумҳуриявӣ, 51 ноҳиявӣ ва 25 бисёртиража) рӯзнома бо теъдоди 17 ҳазор нусха ва 7 номгӯй маҷалла нашр мешуд. Дар байни рӯзномаҳо: «Тоҷикистони сурх», «Маориф ва маданият», «Коммунист Таджикистана», «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Шарқи Сурх», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Болшевики Тоҷикистон» бо теъдоди зиёд нашр мешуд. Дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон 416 китобхонаи оммавии дорои 260 ҳазор нусха китоб амал мекард. Соли 1933 китобхонаи оммавӣ-илмии ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ таъсис ёфт. Дар ҷумҳурӣ 2 осорхона (дар Душанбе ва Хуҷанд) фаъолият мекард.
Адабиёт. Дар солҳои 30-юм назму насри шуравии тоҷик дар заминаи мазмунан сотсиалистию шаклан миллӣ инкишоф меёфт. Ба арсаи адабиёт адибони ҷавони зиёде бо асарҳои мазмунан нав ворид шуданд. Дар қатори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ, М. Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, А. Исматӣ, С. Ҷавҳаризода, номҳои М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, М. Миршакар, Ҳ. Карим, Ҳ. Юсуфӣ, Алихуш ва садҳо дигарон дохил шуданд. Соли 1934 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ёфт ва нашрияи он «Барои адабиёти сотсиалистӣ» гардид.
Асарҳои С. Айнӣ: очерки «Колхози коммунизм» (1934), повестҳои «Мактаби куҳна» (1936), романи «Ғуломон» (1934), достони «Ҷанги одаму об» (1937), А. Лоҳутӣ асарҳои «Тоҷу байрақ» (1935), «Пули Вахш» (1935), «Дар соҳили Днепр» (1936), либреттои «Коваи оҳангар» (1937), М. Турсунзода песаи «Ҳукм» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), Ҷ. Икромӣ повести «Ду ҳафта» (1933), драмаи «Мавҷҳои музаффарият» (1933), манзумаи «Орзу» ва шеъру таронаҳои зиёди А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М. Миршакар, С. Ҷавҳаризода, М. Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, М.М. Аминзода, Ҳ. Юсуфӣ ва садҳо дигарон нашр гардиданд.
Адабиёти тарҷумавӣ низ хеле зиёд гардид. Асосан классикҳои рус (А. Пушкин, М. Лермонтов, И. Тургенев, А. Чехов, М. Салтиков – Шедрин, Н. Некрасов, В. Маяковский) ва ҷаҳонӣ (О. Балзак, Т. Драйзер, Г. Гримм, Ҷ. Лондон) тарҷума ва нашр шудаанд. Ҳамин тариқ, дар солҳои 30 дар ҳаёти мадании ҶШС Тоҷикистон пешравиҳои бемислу монанд ба амал омад: Тоҷикистон соҳиби муассисаҳои илмии миллӣ, дорои санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ, шохаҳои зиёди муассисаҳои фарҳангӣ, театр, клуб, китобхона, осорхона, нуқтаҳои радиошунавонию кинонамоишдиҳӣ ва иншооти варзишӣ гардид. Яъне, инқилоби маданӣ ба вуқуъ пайваст ва амалӣ карда шуд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Инқилоби маданӣ чист ва чиҳоро дар бар гирифта буд?
2. Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои солҳои 30-юмро номбар кунед.
3. Дар Тоҷикистон кай таълими ҳатмии ҳамагонӣ ҷорӣ карда шуд?
4. Мактабҳои солҳои 30-юмро шарҳ диҳед.
5. Театрҳои касбии солҳои 30-юмро номбар кунед.
6. Аз санъаткорони солҳои 30-юм киҳоро медонед?
7. Мактабҳои аввалини олии Тоҷикистон кадомҳоянд?
8. Адибони солҳои 30-юм ва асарҳои онҳоро номбар кунед.
Реклама