§ 20. ТАЪСИСЁБИИ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ ШУРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Раванди ташаккулёбии Ҷумҳурӣ. Чи тавре, ки мушоҳида кардем, аз соли 1919 то баҳори 1924 масъалаҳои сохтори сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳудуди Тоҷикистон ҳаллу фасли худро ёфта, ба давраи таъсисёбии амалӣ расида буд. Фақат ин андешаҳоро дар доираи қонун ба расмият даровардан лозим буд. Ташаббускори ин масъала Ҳукумати Бухорои Шарқӣ гардид. Масъалаи таъсисдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми аҳолии Бухорои Шарқӣ дастгирӣ мекарданд. Ин буд, ки аз 1 то 5-уми сентябри соли 1924 дар Душанбе Анҷумани якуми намояндагони халқи Бухорои Шарқӣ барпо шуд, ки мақоми олии ҳокимияти давлатии Бухорои Шарқӣ буд. Анҷуман КИМ Бухорои Шарқӣ ва Президиуми онро интихоб кард. Раиси Президиуми КИМ Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) интихоб гардид.

16-уми сентябр сессия (иҷлосия)-и фавқулодаи КИМ Туркистон, 20 ва 29-уми сентябр Анҷуманҳои V Умумибухороӣ ва Умумихоразмии шуроҳо дар бораи тақсимоти миллию маъмурӣ розигии худро доданд. Барои гузаронидани ин тақсимот аз намояндагони ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои нав таъсис меёфта Комиссияи Ҳудудҷудокунии Марказӣ таъсис ёфт. Ба ин Комиссия Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р роҳбарӣ мекард. Ин Комиссия ба ҷудокунии сарҳадҳои миллии навташкилмеёфта, инчунин, ба тақсимоти амвол, захираҳои иқтисодӣ ҳам машғул буд. 11-уми октябр Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б) Р баромади раиси Комиссияи Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б)Р В.В.

Куйбишевро дар бораи тақсимоти миллии Осиёи Миёна шунида, муҳокима намуд ва лоиҳаи тақсимоти ҳудудӣ ва молу амволро байни ҷумҳуриҳову вилоятҳо тасдиқ кард. Бюрои сиёсӣ дар асоси маърузаи В. В. Куйбишев ва номаҳои халқи тоҷик зарурати таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Узбекистон маъқул донист. Ин нишондод асоси қарори 14-уми октябри соли 1924 гардид.

14-уми октябри соли 1924 сессияи дуюми Кумитаи Марказии Умумирусиягӣ (КИМУ) масъалаи тақсимоти Осиёи Миёнаро муҳокима намуда, қарори КИМ ҶМШС Туркис- тонро дар бораи аз ҳайати ҶШФСР (РСФСР) баромаданаш тасдиқ кард. Инчунин доир ба тақдири халқи тоҷик қарори зерин: «Дар асоси иҷро намудани изҳороти хоҳиши оммаи коргарон ва деҳқонони халқи тоҷик ба халқи тоҷик ҳуқуқи аз ҳайати ҶМШС Туркистон баромадан ва таъсис додани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон дода шавад», қабул кард. Чи тавре дидед, то рӯзи ин қарор сухан танҳо дар бораи Вилояти Мухтори Тоҷикистон мерафт. Маҳз сессияи дуюми КИМУ воҳиди «Вилояти Мухтор»-ро ба «Ҷумҳурии Мухтор» иваз кард.

Харитаи маъмурии ҶМШС Тоҷикистон

27-уми октябр КИМ ИҶШС бо қарори худ хоҳиши ҳукуматҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро дар бораи тақсимот ва қарори сессияи дуюми КИМУ аз 14-уми октябри соли 1924 дар бораи таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистонро тасдиқ кард ва ин қарорҳо 27-уми октябр ҳукми қонунро гирифтанд. Моҳи майи соли 1925 Тоҷикистон ба воситаи Узбекистон ба ҳайати ИҶШС дохил гардид. Яъне, санаи таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон 14-уми октябр буда, қонунӣ гардидани он 27-уми октябр аст.

Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳисоби ноҳияҳои имрӯзаи Истаравшан, Ғончӣ, Шаҳристон, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Панҷакенти ҶМШС Туркистон ва вилоятҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Ғарми Бухорои Шарқии ҶШСБ таъсис ёфт. Ҳудуди Тоҷикистон 135620 километри мураббаъ ва аҳолиаш 739503 нафарро ташкил медод. Аз ҳисоби Туркистон 135665 нафар ва аз Бухоро 603858 нафар аҳолӣ ба ҳайати Тоҷикистон дохил шуданд. Ҳудуди туркистонии он ду вилоят – Уротеппаю Панҷакент ва ҳудуди бухороияш 4 вилоят (Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Ғарм)-ро ташкил медод. Баъдтар моҳи декабри соли 1924 ба ҳайати Тоҷикистон ҳавзаи Помир ҳамроҳ карда шуд, ки он 2-юми январи соли 1925 ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд.

Аҳаммияти таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон. Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ибтидои эҳёи давлатдории миллии ҳазор сол пеш азбайнрафтаи тоҷикон гардид. Ба туфайли ҳамин ҷумҳурӣ номи халқи тоҷик ҳам аз сари нав ба арсаи ҳастӣ даромад. Ин бузургтарин комёбӣ, ибтидои ҳама имкони минбаъдаи халқи тоҷик ва давлатдории миллии он буд, ки халқи тоҷик аз давраи шуравӣ ба даст дароварда буд. Онро пос дошта ва инкишоф додан зарур буд. Ҳоло ҳам имкони муҳайё кардаи давлати шуравиро баҳри истиқлолу рушди минбаъдаи халқу ҷумҳурӣ истифода бурдан мумкин буд. Ин вазифаро мебоист сарони мо – ҳукумати навбунёди он Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, иҷро мекарданд.

Оё ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик имкони додаи сиёсати миллии собиқ ИҶШС ва конститутсионии муҳайёкардаи шуравиро истифода бурда тавонистанд ё не? Имрӯз ҷавобҳо ба ин саволҳо гуногунанд. Ва ҳар ҳизб, ҳар гурӯҳу ҳар фард аз доираи мафкураи фарҳангӣ ва бархӯрдориаш аз ин масъала ҳарф мезанад. Вале таърих худ гувоҳ аст, ки вазъияти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва умуман ҳастии халқи тоҷик дар асрҳои ХI – ибтидои асри ХХ чӣ сурате дошт. Ному давлати тоҷик аз байн рафта, ҳазорсола ҳукмронии бегонагон миёни ӯро шикаста буд. Тоҷик ҳамчун халқ кайҳо мақоми сиёсии худро гум карда, дар ҳайати ҳукуматҳои гуногуни давр хидмати онҳоро ва аз номи онҳо баромад мекард. Ӯро бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, ҳисорӣ, кӯлобӣ, бадахшӣ муаррифӣ мекарданд, ба хотири он ки насаби тоҷик буданашро аз байн баранд. Асрҳои ХIХ ва ХХ халқҳоро бештар аз рӯйи ҷуғрофияи сиёсиашон ва миллаташон мешинохтанд. Тоҷикро, ки аксари аҳолии Бухорову Афғонистонро ва нуфуси зиёди Туркистонро дар бар мегирифт, ҳамчун турк ва афғон – дар ҳудуд ва форс дар забон мешинохтанд. Вале солҳои 1917 – 1924 Давлати Шуравӣ сиёсати баробарии ҳамаи миллату халқҳо ва қавмҳоро пеш гирифту барои эҳёи миллии халқҳои мазлум дар ташкили давлатдории миллии онҳо роҳ кушод, тоҷикро ё турки эронишуда эълон карданд, ё умуман, аз мавҷудияти он кам ҳарф мезадагӣ шуданд. Таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ин танҳо қарору тақсимоти сиёсии одии шуравӣ набуд. Ин ҷасорати давлати собиқ шуравӣ, сиёсати мардҳои фидоӣ, муборизаи ҳаёту мамот, умуман ҳастии халқ буд. Дар таърихи сиёсии халқи тоҷик баъди давлати Сомониён ва то имрӯз аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон дида воқеаи бузурги фараҳбахш ва тақдирсоз набуд. Ин тақдири сарнавиштсози халқи тоҷику давлати Тоҷикистонро ташаббускору таъсисгараш кӣ буд. Кадом сиёсатмадору сиёсате буд, ки ин қадар лутф кард, вагарна, агар тақсимоти соли 1924 гузаронида намешуд, яқинан мо – тоҷикон, бе давлат ва бе ном мемондем. Мавқеи мо ба мисли эрониёни Бухорову Самарқанд ва дар ҳолати беҳтаринаш, ба мисли тоҷикони Узбекистон махлут шуда мерафтем. Истиқлоли миллии Тоҷикистон бунёдаш аз соли 1924 аст ва натиҷаи сиёсати миллии Ҳукумати Шуравию ҷонфидоиҳои намояндагони миллии ҳамон замон мебошад.

Барои тоҷикон аҳаммияти аз ҳама калони тақсимоти миллию маъмурии соли 1924, пеш аз ҳама, агарчи мухтор буд, вале ташкил ёфтани давлати миллии тоҷикон буд. Тоҷиконро соҳибдавлат гардонд.

ЛУҒАТ:

Комиссияи тоҷикии тақсимот – комиссияест, ки соли 1924 барои гузаронидани тақсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна таъсис ёфта буд.

Реклама