§ 35. МУСОБИҚАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ДАВРАИ БУНЁДИ АСОСҲОИ ҶОМЕАИ СОТСИАЛИСТӢ

Аз шанбегиҳои коммунистӣ ба мусобиқаи меҳнатӣ. Синфи коргари тоҷик ҳоло дар ибтидои Ҳокимияти Шуравӣ ба мусобиқаи меҳнатӣ шинос буд. Ин мусобиқа, ки дар намуди шанбегиҳои коммунистӣ бо ташаббуси коргарони пешқадам дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ (соли 1919) ва минбаъд гузаронида мешуд, дар тарбияи коргарон дар истеҳсолоти ҷамъиятии сотсиалистӣ саҳми босазое гузошта буд. Маҳз дар солҳои 1919 – 1928 мусобиқаи фаъоли синфи коргар муносибати меҳнатии синфи коргар ва истеҳсолотро тағйир додан гирифт. Мусобиқа дар солҳои 30-юм ба меҳнати софдилона, самаранок ва муносибати нави ҷамъиятӣ табдил ёфт. Сабаби асосии ин табдилёбӣ аввалан, табдилёбии худи истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ буд. Коргарони шуравӣ ба натиҷаи меҳнати худ ҳавасманд буданд, чунки ин натиҷа на фақат ба маоши онҳо, балки тамоми зиндагиашон таъсири мусбат мерасонд. Дар ташкили чунин мусобиқа машваратҳои истеҳсолии коргарон нақши назаррас бозиданд. Барои хуб кор кардан, ҳарчи бисёр истеҳсол кардан, сарфа намудани вақт ва истифодаи самараноки вақту таҷҳизот як ҳаракати оммавие сар шуд, ки бо номи мусобиқаи сотсиалистӣ машҳур гардид. Коргарон дар ин мусобиқаи сотсиалистӣ иштирок намуда, бо идора кардани истеҳсолот шинос мешуданд. Баробари шиносоӣ дар онҳо ҳисси масъулият барои кори муассиса ва муносибати ғамхорона ба он ташаккул меёфт. Дар машваратҳои истеҳсолии коргарон ҳам ташаббуси нави пешқадамони истеҳсолот муҳокима гардида, дастраси оммаи васеи коргарон гардонида мешуд. Мусобиқа ҳосилнокии меҳнатро баланд ва нишондиҳандаҳои сифатии корро беҳтар мегардонд.

Мусобиқаи сотсиалистӣ маҳсули давраи саноатикунонӣ набуд. Ин мусобиқа ҳоло дар давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқ барои сарфаи маҳсулот, қувваи барқ, олоту анҷом сар шуда буд ва натиҷаҳои хуб ҳам дода буд. Акнун дар солҳои саноатикунонӣ шаклу усулҳои нави мусобиқаи сотсиалистӣ ба миён омада истода буданд, ки тамоми коргаронро фаро мегирифтанд, чунки натиҷаи ин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама ба манфиати худи онҳо нигаронида шуда буд.

Шаклҳои мусобиқа. Мусобиқа байни коргарон оммавитарин шакли мусобиқа буда, байни коргарон дар звено, участка, сех, корхонаҳои гуногун комбинат ва дар алоҳидагӣ гузаронда мешуд. Ҳар як мусобиқакунанда уҳдадор мешуд, ки чӣ кори иловагие ғайр аз кори асосиаш иҷро намояд, то ки сабабгори зиёдшавии маҳсули меҳнаташ гардад. Ин дар шумора ё дар сифат ё дар арзиши асосии маҳсулот зоҳир мегардид.

Мусобиқа байни сехҳо. Ин шакли мусобиқа байни коргарони сехҳои алоҳидаи корхона гузаронда мешуд. Агар сехҳо як раванди корро ташкил медоданд, шартҳои шартнома ҳам якхела (ҳам дар шумора ва ҳам дар сифат) мешуданд. Агар сехҳо тахассуси ҳархела дошта бошанд, шартҳои шартнома одатан дар фоиз муқаррар мегардид.

Мусобиқа байни коргоҳу корхонаҳо. Дар ин шакли мусобиқа коргарони корхонаҳо мусобиқа карда, шартҳои мусобиқа дар фоиз муқаррар карда мешуд.

Ин се навъи мусобиқаи меҳнатӣ (сотсиалистӣ), мусобиқаи вилоятӣ, кишварӣ ва ҷумҳуриявӣ буданд. Боз мусобиқа байни коргарони корхонаҳои ҳамтипи иттифоқӣ ҳам буд, яъне, коргарони як соҳаи саноати ҷумҳурӣ коргарони ҳамкасби худро дар ҷумҳуриҳои дигар ба мусобиқа даъват мекарданд. Дар ҳама ҳолат тарафҳои мусобиқакунанда шартнома имзо мекарданд. Қарордодҳои шартнома аз тарафи комиссияи махсус назорату тафтиш карда мешуд ва ҷамъбаст мегардид. Натиҷаи ҷамъбасти онҳоро дар маҷлиси якҷоя ё ба намояндагони тарафҳо эълон менамуданд.

Мусобиқаи меҳнатӣ ҳоло дар ибтидои ташкилаш камбудиҳо дошт. Заминаи асосии ин камбудӣ аз надоштани таҷрибаи ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо иборат буд. Аз ин рӯ дар ибтидо баъди бастани қарордод рафти иҷрои онро ба ҳоли худ гузошта, ҳеҷ кас ба он масъулияти шахсӣ ҳис накард. Баъдтар ба хулосае омаданд, ки барои роҳбарӣ ба мусобиқа ситод лозим аст. Аз соли 1929 сар карда дар ҷумҳурӣ амали ситоди роҳбарии мусобиқаи меҳнатӣ (сотсиалистӣ) оғоз ёфт. Масъалаҳои ташкилӣ, усул, роҳбарӣ ва беҳтар гардонидани ташаббускории коргарон дар ҳамаи зинаҳои роҳбарӣ (маъмурияти сех, корхона, вазорат ва ҷумҳурӣ) борҳо муҳокима шуда буданд. Мусобиқа шаклҳои нав гирифт. Ҳаракати стахановчигӣ, изотовчигӣ ва даҳҳо номҳои дигаре ҳастанд, ки дар солҳои панҷсолаи дуюм ба мусобиқаи меҳнатӣ шуҳрати нав бахшида буданд. Ҳарчанд дар ин раванд баъзе сохтакориҳои ҷузъӣ вуҷуд дошт, вале барои кулли коргарони мамлакат ин ташаббус навоварӣ, меҳнати содиқона барои худу ватани сотсиалистиашон буд.

Мусобиқаи меҳнатӣ дар саноат. Мусобиқаи меҳнатӣ хосси ҳамаи давраҳои инкишофи ҷамъият буд ва ҳаст. Одамон дар ҳама соҳаи ҳаёту ҷамъияташон ботинан бо ҳамдигар мусобиқа доштанд ва ин мусобиқаро дар солҳои 30-юм асри ХХ Ҳокимияти Шуравӣ ба арсаи сиёсӣ баровард. Мақсади асосии ташкили ин мусобиқа тарбияи меҳнатӣ, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи меҳнатии коргарон, эстетикаи меҳнат, ёд додани таҷрибаи пешқадам, омӯзонидани техника, омӯзонидани бисёрихтисосӣ, баланд бардош- тани ҳосилнокии меҳнат, маоши синфи коргар буданд, яъне, ташкили мусобиқа ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳатто сиёсӣ дошт.

Мусобиқаи меҳнатӣ (сотсиалистӣ) аз соли 1935 сар карда, характери умумихалқиро гирифта, бо номи «Ҳаракати стахановӣ» машҳур гардид. Алексей Стаханов – ангишткани Донбасс вазифаи ҳаррӯзаи худро дар як баст то 14 баробар иҷро мекардагӣ шуд ва дар ИҶШС тарафдорону пайравони зиёде пайдо кард.

Дар ҳаракати стахановчигии солҳои 30-юм 100% синфи коргари тоҷик иштирок дошт. 60%-и иштирокчиён унвони стахановчиро гирифта буданд. Барои ба ин ном сазовор шудан коргар мебоист супориши солонаи худро барзиёд иҷро мекард. Дар комбинати шоҳибофии Хуҷанд соли 1936 514 стахановчӣ кор мекарданд. Стахановчиён ҷамъомаду маҷлисҳо ва машваратҳои зиёде гузаронида, таҷрибаи худро дастраси умум мегардониданд. Ҳатто ба участкаҳои қафомонда гузашта онҳоро ба пешқадамон баробар мекарданд.

Стахановчиёни Тоҷикистон, ки вазифаи ҳаррӯзаи худро баробари А. Стаханов иҷро мекарданд, хело зиёд буданд: ангиштканҳо – Умурзоқов, Назаршоев, Талбаков; харротҳо – Богомолов; устои чоҳҳои нафт – Лягаев ва Кузнетсов; роҳиоҳанчиён – Максимов; шоҳибофҳо – Б. Мараҷабов ва Н. Шокирова; пахташапҳо – К. Яъқубов ва ғ.

Мусобиқаи меҳнатии солҳои 30-юм на шиор, балки ҳаёти воқеии синфи коргар буд. Муносибатҳои истеҳсолии сотсиализм саноати солҳои 30-юмро мустаҳкам ва устувор намуд.

Масъалаҳои иҷтимоии синфи коргар. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоии синфи коргар ба ғайр аз тайёр кардани ҷойи кор боз ба чандин масъалаҳои дигар – баланд бардоштани дараҷаи фарҳангию техникии коргарон, баланд шудани шуурнокии сиёсӣ ва фаъолгардии онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳурӣ, беҳ гардидани вазъияти моддии коргарон ва ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтани амалигардонии ин масъалаҳо вобаста буд.

Масъалаи ба вуҷуд овардани ҷойи кору бо коргарони касбӣ таъмин намудани истеҳсолот, сиёсати давлатие буд, ки дар тамоми давраи саноатикунонӣ давом кард. Дар тамоми солҳои 1928 – 1938 барои саноати Тоҷикистон 15 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Акнун вазифа меистод, ки дараҷаи моддию техникии онҳо баланд бардошта шавад. Барои ин пеш аз ҳама бесаводиро дар байни коргарон барҳам додан лозим буд. Аз соли 1930 вазоратҳои дахлдори соҳаҳои саноат бо Вазорати маориф шартномаҳо имзо намуда, ба кушодани мактабу курсҳои маҳви бесаводии коргарон сар карданд. Дар солҳои 1929 – 1932 зиёда аз 20000 коргар мактабу курсҳои маҳви бесаводиро хатм карда буданд. Саводнокӣ ва маърифатнокии синфи коргарро ба баланд бардоштани малакаи касбиаш водор кард. Вай ба маҳфилҳои гуногуни техникӣ рафт. Ҳаракат барои аз худ кардани минимуми техникӣ ду дараҷа дошт. Дараҷаи якум барои коргарони нав ба кор омада ва дараҷаи дуюм барои коргарони дар истеҳсолот кор карда истода муқаррар шуда буд. Минимуми дараҷаи дуюм донишу малакаи зиёдеро талаб мекард. Коргароне, ки ба дараҷаи дуюм имтиҳон месупориданд, баъди вақти корӣ ба таври ҳатмӣ дар ҷамъияти махсуси «Барои аз худ кардани техника» мехонданд. Дар Душанбе ин ҷамъият 19 курси таълимӣ ва 57 маҳфил, дар Хуҷанд қариб 90 курсу маҳфил дошт. Зиёда аз 4,5 ҳазор нафар коргарон узви ин ҷамъият буданд. Ин буд, ки шумораи баъзе ихтисосҳо мисли харрот, челонгар, пармагар, ронанда, тракторист дар ҷумҳурӣ 6 – 7 баробар зиёд гардид.

Барои беҳтар кардани шароити кору меҳнати коргарон ва меҳнаткашон, умуман, солҳои 1926 – 1938 дар ҷумҳурӣ дар назди Президиуми КИМ бо РАСС ва РСС Тоҷикистон Комиссия (1924 – 1938) ва Комитети беҳдошти меҳнат ва маишати меҳнаткашон ва солҳои 1926 – 1938 комиссия ва комитети беҳдошти меҳнат ва маишати коргарзану деҳқонзанҳо амал мекарданд. Ин комиссия ва комитет дар раванди ба меҳнати фоидаовари ҷамъиятӣ ҷалб кардани занҳо хидмати босазое кардаанд.

ЛУҒАТ:

  1. Мусобиқаи истеҳсолӣ – як роҳи ривоҷ додани кор бо ташкил намудани мусобиқа, ки хосси сохти сотсиалистӣ буд. Дар солҳои саноатикунонӣ ва коллективонӣ аввал ҳамчун ташаббус ба амал омад ва баъд ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта, бо номи мусобиқаи сотсиалистӣ машҳур гардид.
  2. Мусобиқаи сотсиалистӣ – як навъ мусобиқаи меҳнатӣ-истеҳсолие буд, ки дар солҳои 30-юми асри ХХ дар ИҶШС ташаккул ёфта, ба яке аз воситаҳои пешрафти истеҳсолот табдил ёфт. Авҷи баланди ин мусобиқа номи «стахановчигӣ»-ро гирифта буд, ки солҳои тулонӣ амал кард.
  3. Стаханов – Стаханов Алексей Григоревич (солҳои 1905 – 1977) навовари саноати истихроҷи ангишт. Дар як баст нақшаро то 14 баробар иҷро мекард.
  4. Ҳаракати стахановӣ – ҳаракат ва ташаббуси меҳнатии солҳои 30 – 40-уми асри ХХ буд, ки мақсад аз он ҳосилнокии меҳнат ва навовариро дар истеҳсолот зиёд кардан буд.
  5. Шанбегии коммунистӣ – як навъ кори ихтиёрӣ ва бемузди меҳнаткашони шуравӣ дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ буда, бо даъвати В.И. Ленин дар бораи беҳтар кардани кори роҳҳои оҳан 12.04.1919 дар депои Москва – Сартировочнаяи роҳи оҳани Москва – Қазон пайдо шуда, ба шанбегиҳои умумироссиягӣ табдил ёфта буд.

Реклама