§ 43. ТАЪҚИБОТИ СИЁСИИ СОЛҲОИ 30 АСРИ ХХ. ТАЪҚИБКУНАНДАГОН ВА ТАЪҚИБШАВАНДАГОН

Таъқиботи сиёсӣ. Зери шарҳи нодурусте, ки гӯё бо пурзӯршавии сохтмони сотсиализм муборизаи синфӣ ҳам зиёд мешавад, дар солҳои 30-юм таъқибкунии равшанфик- рон авҷ гирифт. Тозакунии сафҳои Ҳизби Коммунистӣ, Иттифоқҳои касаба, ҷавонон, иттиҳодияҳои касабавӣ ва ташкилотҳои оммавиро пеш гирифтанд, ки ин таъқибкунии сиёсии солҳои 30-юм буд. Таъқибкунандагон, асосан, Ҳизби Коммунистӣ ва таъқибшавандагон ҳама фарди ҷамъият буданд. Дар Тоҷикистон душмани синфӣ ва мафкуравии шуравӣ вуҷуд дошт, вале ин душман дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ набуд. Онро «кофта меёфтанд». Барои ёфтани он «тройка» таъсис ёфта буд ва ин «тройка» касеро, ки мехост, душман эълон мекард. Онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсис ёфта буданд. Фаъолияти «тройка»-ҳо ба он овард, ки аз ҳайати ҳукумат, ташкилоту муассисаҳо, колхозу совхозҳо, заводу фабрикаҳо, аз байни олимону духтурон, муаллимону мураббиён, ҷавонон, оҳангсозону адибон, аз ҳама категорияҳои ҷамъиятӣ ва касбу ҳунар «душманони синфӣ»-ро меёфтанд ва ба ҷазоҳои гуногун – қатл, бадарға, зиндон маҳкум мекарданд. Ягон соҳае, касбу ҳунар ё фаъолияте набуд, ки аз онҳо «душман»-ро наёфта бошанд, вале на ҳамаи онҳо душман буданд. Бегуноҳони ҷабрдида ақаллият бошанд ҳам, кам набуданд.

Мо ба шахсиятҳо рӯ меоварем. Дар байни онҳо раиси Шурои Комиссарони Халқ А. Ҳоҷибоев, котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон М. Ҳусейнов, раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум, роҳбарони ташкилоти ҳизбии ҷумҳурӣ И. Бройдо, К. Шадунтс, Ч. Имомов, раиси КИМ Ш. Шоҳтемур, сардори ҳукумати Тоҷикистон А. Раҳимбоев, комиссарҳои халқӣ Б.Додобоев, К. Тошев, В. Павлов, И. Исмоилов, А. Носиров, арбобони фарҳанг. Б. Ясенский, С. Ализода, Б. Азизӣ, Ғ. Абдулло, Р. Ҳошим, рӯзноманигорон М. Ҳасанов, Қ. Терегулов, М. Нурмуҳаммадов ва дигарон буданд. Ҳар кадом аз ин номбаршудагон шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон буданд.

Таъқибшудагон. Нусратулло Махсум (Лутфуллоев). Ӯ 1-уми июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии ноҳияи Ғарм, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Нусратуллои ҷавонро азоби зиндагии кӯҳистон маҷбур сохт, ки хеле барвақт ба мардикорӣ равад. Солҳои мардикории вай дар шаҳри Қӯқанд ба давраи пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ рост омад ва ӯ иштирокчии бевоситаи ҳодисаҳои солҳои 1905 – 1907 ва минбаъда гашта, обутоби сиёсӣ ёфт.

Нусратулло Махсум

Аз соли 1920 Н. Махсум дар сафи аввали муборизони роҳи озодӣ ва барпокунандагони Ҳокимияти Шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ ҷой гирифт. Солҳои 1921 – 1924 дар вазифаҳои масъул – мутасаддии таъмини озуқаи аскарони сурх дар водии Ғарм, раиси Кумитаи Инқилобии вилояти Ғарм, раиси Кумитаи фавқулодаи диктатории ҶХШБ дар Бухорои Шарқӣ, раиси Кумитаи Марказии Иҷроияи Бухорои Шарқӣ ва (пас аз таъсиси

Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон) раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон фаъолият карда, дар поягузории сохтори нави давлатдории шуравии тоҷик саҳми бузург гузошт.

Моҳи декабри соли 1926 пас аз таъсиси Кумитаи Марказии Иҷроияи Тоҷикистон Нусратулло Махсум раиси он интихоб гардид ва то охири соли 1933 ҶШС Тоҷикистонро сарварӣ намуд.

Нусратулло Махсум тамоми донишу маҳорати ташкилотчигии худро ба таъсиси мақомоти маҳаллии ҳокимият, бозгардонидани фирориён, барқарорсозии хоҷагиҳои харобгашта равона сохт. Самти дигар ва хеле пураҳаммияти фаъолияти ин сиёсатмадори оқил мубориза баҳри ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС буд. Бо дарназардошти аҳаммияти ин иқдом барои ояндаи миллат, Н. Махсум бо ҳамроҳии ҳампешагони худ Ш. Шоҳтемур, А. Ҳоҷибоев, Ч. Имомов ва А. Муҳиддинов тайи ин солҳо ба мақомоти марказӣ мактубу дархостҳои зиёд ирсол намуда, дар як вақт корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ба роҳ монданд ва соли 1929 ба мақсади хеш расиданд. Тоҷикистон ба ҷумҳурии мустақил табдил ёфт. Қисме аз сарзаминҳои тоҷикнишин ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Солҳои 1929 – 1933 ҳамчун сарвари Тоҷикистон Нусратулло Махсум диққати асосиро ба масъалаҳои мустаҳкам намудани мақомоти маҳаллии иҷроия ва судӣ, ба меҳнати ҷамъиятӣ фаро гирифтани занон, бунёди саноати миллӣ ва ғ. равона кард. Хидмати Нусратулло Махсум бахусус дар ҷобаҷогузории қувваи кории ҷумҳурӣ ва ба кор андохтани заминҳои асрҳо бекорхобида, сохтмони роҳҳои мошингар ду иншоотҳои обӣ ва нахустин корхонаҳои барқӣ дар Тоҷикистон бузург аст.

Хидматҳои шоёни Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) бо се ордени Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро, бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и ҶШС Узбекистон ва ҶШС Тоҷикистон ва бо ордени «Байрақи Сурх»-и Иттиҳоди Шуравӣ қадр шудааст.

Дар ибтидои солҳои 30-юм Иттиҳоди Шуравиро мавҷи таъқиботи роҳбарони ҳизбиву давлатӣ ва ходимони намоёни илму фарҳанг фаро гирифт, ки ин гирдоб Нусратулло Махсумро низ ба коми худ фурӯ кашид. Бо туҳмати ноҳақ, моҳи декабри соли 1933, Нусратулло Махсумро аз вазифаи раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон сабукдӯш намуда, ба факултаи илмҳои ҷамъиятии Академияи тарҳрезии ИҶШС фиристонданд ва соли 1937 ҳамчун «душмани халқ» ба ҳабс гирифта, баъд парронданд. Танҳо 9-уми январи соли 1958 Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС парвандаи Нусратулло Махсумро аз нав баррасӣ намуда, аз сабаби содир накардани ҷиноят ӯро сафед кард ва номи вай аз нав дар саҳифаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ҷойгоҳи сазовори хешро соҳиб шуд.

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ба сифати яке аз поягузорони давлати муосири тоҷик дар радифи бузургмардони миллат абадӣ ҷой гирифт. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 2006 Нусратулло Махсум бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор гашт ва соли 2009 дар зодгоҳаш пайкараашро гузоштанд.

Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршневи ВМКБ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз 13-солагӣ оғоз ёфтааст. Солҳои 1914 – 1919 дар корхонаҳои шаҳри Тошканд кор карда, бо болшевикон шинос гардид. Соли 1919 ба Хуҷанд омада, дар маъракаи ҷамъоварии хӯрокворӣ (продовольственная развёрстка) иштирок кард. Соли 1921 дар ҳайати Комиссияи ҳарбию сиёсӣ ба Помир фиристода шуд. Солҳои 1921–1922 раиси Кумитаи Инқилобӣ, 1922–1923 раиси Комиссияи ҳарбӣ -сиёсии қитъаи сарҳаддии Помир, солҳои 1923 – 1924 дар дастгоҳи КМҲК(б) Туркистон ҳамчун роҳбари сексияи коммунистӣ оид ба Тоҷикистон буд. Дар ҳукумати ташкилдодаи Анҷумани якуми умумитоҷикистонӣ солҳои 1926–1927 вазифаи комиссари халқии молияи ҷумҳуриро адо кард. Соли 1929 Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқи Москваро хатм кард. Солҳои 1929 – 1932 дар вазифаҳои котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии Тоҷикистон, котиби 2-юми КМ ҲК(б) Тоҷикистон ва солҳои 1933 – 1937 раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1925 то 1937 узви КИМ-и ИҶШС буд. Солҳои 1937–1939 дар ихтиёри КМ ҲК(б)У ва бо квотаи КМ ҲК(б)У дар мактаби олии ҳизбӣ таҳсил кард. Дар вақти таҳсил ҳабс ва ба душмании халқ маҳкум ва парронда шудааст. Шириншоҳ Шоҳтемур баъдтар сафед карда шуд ва бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис- тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 2006 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор гашт.

ЛУҒАТ:

  1. Тройка (сегона) – мафҳуми сиёсии солҳои 30-юми асри ХХ, ки ҳамчун чорабинӣ барои тозагии ҳизбу шуроҳо ва ҳукумат дар ҳама зина таъсис дода шуда буд ва ба ин «тройка»-ҳо одатан сарвари муассиса, корхона, идора, раиси итифоқи касабаи муассиса, корхона, идора ва котиби ҳизбии муассиса, корхона, идора дохил буданд.
  2. Таъқиби сиёсӣ – мафҳуми сиёсии солҳои 30 – 40-уми асри ХХ, ки нисбати шахсҳо «тройка»-ҳо раво дониста ва ба ҷазоҳои гуногун, то қатл татбиқ гардида буданд.
  3. Таъқибкунандагон – Ҳизби коммунистӣ ва ҳукумати коммунистии он давра.
  4. Таъқибшавандагон – тамоми ҷомеаи он давра.

Реклама