Тоҷикистониён дар озод намудани Украинаи Ғарбӣ, Беларуси Ғарбӣ ва Молдоваи Ғарбӣ. 1-уми сентябри соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Сабаби саршавии ҷанг аз сари нав тақсим кардани ҷаҳони тақсимшуда буд. Ташаббускори ин тақсимот Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёни ӯ – Италия, инчунин Ҷопон буданд. Баҳонаи саршавии ҷанг ҳуҷуми Германия (Олмон) ба Полша гардид. ИҶШС ҳам ба ин ҷанг ҳамроҳ шуд. Ҳадафҳои асосии ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани ИҶШС баргардонидани Беларуси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ ба ҳайати Беларус, Украина ва Молдова буд. Ин ҳудудҳо соли 1918, мувофиқи шартномаҳои Версал ва Брест ба ҳайати Олмон ва баъдтар, соли 1920 мувофиқи шартномаи Рига ба ҳайати Полша, Венгрия ва Руминия дохил гардида буданд. Акнун ИҶШС аз вазъияти байналмилалии ба вуҷудомада истифода бурда, ин минтақаҳоро баргардониданӣ шуд. Баъди ба ҷанги зидди Олмон дохил шудани Англия ва Фаронса ИҶШС ҳам бе эълони ҷанг артишҳои худро ба Беларуси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ даровард. Ба ҳаракати артишҳои шуравӣ дар ин минтақа миллатгароён муқобилат нишон доданд, вале артишҳои шуравӣ бе ягон душворӣ минтақаҳои номбурдаро ишғол намуданд. Дар ин ҷангҳои кӯтоҳмуддат, ки асосан бо миллатгароёни украин бо роҳбарии С. Бандера сурат гирифта буд, намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Амиралӣ Саидбеков, Урунбек Яъқубов, Олим Ҳакимов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст, вале тафсилоти корномаҳои ҷангии солҳои 1939 – 1940-и онҳо ҳанӯз ҳам омӯхта нашудаанд. Ҳамаи номбаршудагон дар солҳои 1943 – 1945 ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гардидаанд.
Тоҷикистониён дар Ҷангҳои Финландия ва ёрӣ ба табаддулоти Наздибалтика. Агарчи оид ба ҷангномаи тоҷикистониён дар ҷангҳои соли 1939 дар Украинаи Ғарбӣ, Беларуси Ғарбӣ ва Бессарабия воқеаи аниқеро нақл кардан душвор аст, вале оид ба фаъолияти ҷангномаи ҷангии онҳо дар рафти ҷанги ИҶШС бо Финландия (ноябри соли 1939 – марти соли 1940) маълумотҳои кӯтоҳ мавҷуданд. Ин ҷангро Иттиҳоди Шуравӣ барои бехатар гардонидани шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) ҳангоми ҳамлаи ногаҳонии финҳо сар карда буд. Чунин хатар вуҷуд дошт, чунки Финландия ба минтақа (платсдарми)-и ҷангии Олмон дар сарҳадди ИҶШС табдил ёфта буд. Финҳо бо ёрии Олмон ба ҷанги зидди ИҶШС тайёрии бевосита дида истода буданд. ИҶШС хост масъалаи бехатар гардонидани «пойтахти шимолиаш» – Ленинград (Санкт-Петербург)-ро бо роҳи осоишта ҳал кунад. Ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳод кард, ки Финландия дар шимоли Ленинград (Санкт-Петербург) дар масофаи 60 км сарҳадди худро ба шимол барад ва ҳамин қадар замин аз минтақаҳои дигар ба ӯ ҷудо карда мешавад, вале ин масъала хушӣ ба хушӣ ҳалли худро наёфт ва 28-уми ноябри соли 1939 артишҳои шуравӣ ҷангро сар карданд. Дар ин ҷанг тоҷикистониҳо ҳам иштирок доштанд. Яке аз онҳо алоқачии ҳарбӣ Неъмат Қаробоев буд. Дар дафтари корномаҳои Неъмат Қаробоев чандин лаҳзаи корнамоии ҷангии ӯ сабт аст. Вай дар рафти ҷанги зиёда аз семоҳа чандин бор ба вазъи душвор рӯ ба рӯ шуда, мардонавор аз уҳдаи ҳалли онҳо баромадааст. Дафъаи дигар дар ҳолати ҷанги сахт алоқаи байни қисмҳоро барқарор намуд. Дар муҳорибае дар вақти барқарор намудани хатти алоқа ба 5 тан аскари финӣ рӯ ба рӯ шуда, бо граната онҳоро маҳв сохт. Дар ҷанг барои шаҳрчаи Виборг, ки (аввали моҳи марти соли 1940) Неъмат Қаробоев ҷасорати ҳарбӣ ва мардонагӣ нишон дод, бо фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 21-уми марти соли 1940 ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сарфароз гардонда шуд. Ӯ аввалин тоҷикис- тониест, ки ба чунин унвон сарфароз гардидааст. Дар қатори ҷанговарони дигари шуҷоъ фарзанди дигари Тоҷикистон, ронандаи танк Усмон Акрамов низ буд.
Моҳи июни соли 1940 дар рафти интихобот ба парламент ба сари ҳукуматҳои Латвия, Литва ва Эстония қувваҳои пешқадам ва хайрхоҳи заҳматкашон омаданд. Ин парламентҳои нав аз номи халқҳои худ ба Ҳукумати ИҶШС бо хоҳиши ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қабул кардани онҳо муроҷиат карданд. Иттиҳоди Шуравӣ моҳи августи соли 1940 талаби парламентҳои ин ҷумҳуриҳоро қонеъ кунонида, бо мақсади таъмини бехатарии сарҳадҳои ғарбии худ ва даъвати ҳукуматҳои Латвия, Литва ва Эстония артишҳои худро вориди ин ҷумҳуриҳо кард, ки дар ҳайати онҳо ҳам намояндагони Тоҷикистон буданд.
Воқеаҳои солҳои 1939 – 1940 агарчи барои ИҶШС ҳамчун воқеаҳои босамари сиёсӣ буданд, вале мамлакатро аз ҷанги тан ба тан бо фашизми ҷаҳонӣ озод накарданд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз кадом воқеа оғоз ёфта буд?
2. Мақсади асосии ИҶШС дар ибтидои ҷанг аз чӣ(ҳо) иборат буд?
3. Аз тоҷикистониён киҳо дар озод намудани сарҳадҳои ғарбии ИҶШС иштирок кардаанд?
4. Барои чӣ Иттиҳоди Шуравӣ ба Финландия ҳуҷум кард?
5. Дар ҷанги Финландия кадом фиристодаҳои Тоҷикистон қаҳрамонӣ нишон додаанд?
Реклама