§ 36. СИЁСАТИ ШУРАВИИ КОЛЛЕКТИВОНИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ҶУМҲУРӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН

Тавсифи умумии масъала. Мафҳум, мақсад ва сиёсати муттаҳидгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар солҳои 20 – 30-юми асри ХХ бо номи коллективонӣ машҳур буд, ҳамдигарро пурра мекунанд, яъне, муттаҳид кардани хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ ба хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (коллективӣ)-и истеҳсолӣ коллективонидани соҳаи кишоварзӣ номида мешавад. Ин сиёсатро Ҳокимияти Шуравӣ аввал ҳамчун назария, баъд ҳамчун амалия гузаронида буд, яъне коллективонидан се давраро аз сар гузаронидааст: солҳои 1918 – 1927, 1928 – 1932, 1933 – 1937. Давраи аввал – солҳои 1918 – 1927 давраи ибтидои коллективонӣ буда, бештар бо номи кооператсиякунонӣ маълум аст, ки ҳам ислоҳоти замин ва ҳам таҷрибаи таъсиси хоҷагидории шуравиро дар шаклҳои хоҷагиҳои шахсӣ, давлатӣ ва коллективию иҷоравӣ дар бар гирифта, барои коллективонии саросарӣ замина тайёр кард. Баъди қабул шудани декрет дар бораи замин, солҳои 1918 – 1921, 1921 – 1923 ислоҳоти обу замин гузаронида шуд ва хоҷагидории шахсию коллективӣ – РКДЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо, совхозҳо барои интихоби оянда таҷриба карда шуданд, яъне, солҳои 1918 – 1923 ин раванд бо қонуну низомномаҳо таъмин ва дар солҳои 1923 – 1927 таъсиси кооператсияҳои истеъмолӣ (асосан, кооператсияҳои обёрӣ) оғоз шуд, ки қариб 100% хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирифт ва таъсиси РКДЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо ва савхозҳо давом ёфт.

Коллективонидани соҳаи кишоварзӣ яке аз рукнҳои сохт- мони сотсиализм дониста мешуд ва то сар шудани сиёсати давлатии коллективонӣ (соли 1929) дар Тоҷикистон 22 артели кишоварзӣ, 55 РКДЗ ва якчанд совхозу (хоҷагии шуравӣ аз «советское хозяйство») сотсхозҳо (хоҷагии иҷтимоӣ аз «социалистическое хозяйство») вуҷуд доштанд. Барои ҳарчи тезтар ҳал кардани масъалаи беҳбудии иқтисодӣ ва маишии деҳқонон, самаранок истифода бурдани замин, техника, агротехникаи кишоварзӣ ва ҳалли сиёсати аграрии шуравӣ коллективонидани хоҷагиҳои яккадаст ба хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (коллективӣ) зарур дониста шуд. Аз соли 1928 Ҳукумати Тоҷикистон ба амалӣ кардани ин сиёсат сар кард.

Солҳои 1928 – 1932 сиёсати коллективонӣ сараввал зери шиори кооператсиякунонӣ давом ёфта, аз кооператсияҳои истеъмолӣ ба кооператсияҳои истеҳсолӣ бо номҳои «Пахтасоюз», «Кирмакпарварӣ», «Боғдорӣ», «Сабзавоткорӣ», «Чорводорӣ», «Ғаллакооператсия» сар шуд, ки он то соли 1929 давом ёфт. Аз соли 1929 то соли 1932 сиёсати гузариш ба Рафоқатгарди коркарди дастаҷамъонаи замин – РКДЗ-ҳо: («товаришество по общественной обработки земли) артел, совхоз, сотсхоз ва коммунаҳо пеш гирифта шуд. Ин давра бештар бо номи коллективонии соҳаи кишоварзӣ маълум аст. Солҳои 1933 – 1937 коллективонӣ зери сиёсати сохтмони колхозӣ гузаронида шуд, ки шакли асосии он барои Тоҷикистон аввал РКДЗ-ҳо ва соли 1936 артелҳои кишоварзӣ дониста шуда буд. Соли 1937 бошад, оинномаи намунавии артелҳои хоҷагии қишлоқ қабул гардид, ки тибқи он ҳама шаклҳои хоҷагии коллективӣ (РКДЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо) – колхоз (коллективное хозяйство) номида шуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 1937 зиёда аз 60% хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ба колхозҳо ҷалб шуда буданд. Аз ин рӯ соли 1936 коллективонӣ, умуман ва сохтмони колхозӣ, махсусан, ғалабакарда эълон шуда буд.

Шартҳои асосии коллективонии соҳаи кишоварзӣ. Барои амалӣ кардани ин сиёсат шартҳои асосии коллективонӣ: ихтиёран ба колхоз дохил шудан ва усули ихтиёрии интихоби шакли он (РКДЗ, артел, коммуна) эълон шуда буд. Барои Тоҷикистон шакли асосии коллективҳои истеҳсолии кишоварзӣ РКДЗ-ҳо тавсия дода шуда буд. Барои гузаронидани коллективонӣ шумораи калони тарғибгарону масъулони коллективонӣ сафарбар шуда буданд. Аз ҷумла, 87 нафар аз ҷониби Ҳукумати умумииттифоқӣ ва ҳазорҳо нафар аз худи Тоҷикистон ба ин кор сафарбар шуда буданд. Коллективонидан ба маъракаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Ин сиёсат хусусиятҳои умумӣ ва хосси коллективонии Тоҷикистонро муайян кард, ки инҳоанд:

  1. Гуногуншаклӣ ва дар муҳлати дарозтар гузаронидани ин маърака (дар водиҳои пахтакор таъсиси артелҳои кишоварзӣ ва дар қисмати кӯҳистон ба РКДЗ-ҳо гузаштанро дар назар дошт).
  2. Суст будани таъсири «кулак» дар ҳайати иҷтимоии деҳоти тоҷик (аксари деҳқонони тоҷикро батракон, камбағалон ташкил медоданд). Аммо дар Русия аксари деҳқононро миёнаҳолон ташкил медоданд. Ин ҳолат, агар аз як тараф ба суръатёбии коллективонӣ сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар бетараф гузоштани миёнаҳолон, дар хоҷагиҳои ғалла ва чорвопарварии кӯҳӣ суръати коллективониро суст мекард. Ин хусусиятҳо ба рафти коллективонӣ таъсири манфии худро расонд. Барои мақомоти маҳаллӣ ва болоии шуравӣ ин боиси сарфи вақт ва харҷи маблағи зиёдатӣ гардид.

Хусусиятҳои коллективонии деҳоти тоҷик. Хусусияти асосии сиёсати коллективонии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба охир нарасидани ислоҳоти замин, аксари деҳқононро ташкил додани камбағалону иҷоракорон, паст будани маънавиёти хоҷагидорию иқтисодии деҳқонон, тайёр набудани деҳоти тоҷик ба муттаҳидгардонии меҳнат ва тақсимот, суст будани таъсири «кулак»-ҳо дар деҳоти Тоҷикистон, ҳоло ҳам пурзӯр будани шарҳи динии моликият ва заминдорӣ умуман, дер сар задани сиёсати коллективонӣ ва дер давом кардани он буд. Ҳамаи ин шарҳи дурустро талаб мекунад.

  1. Аз сабаби он ки ҷанги шаҳрвандӣ ва босмачигарӣ дер давом кард, Ҳокимияти Шуравӣ ҳам ислоҳоти заминро ба таъхир андохт.
  2. Вақте ки замин моликияти давлатӣ эълон шуду онро ба соҳибони асосиашон ҳамчун иҷораи якумра доданд, аксарияти деҳқонони тоҷик безамин монданд, чунки то ин вақт онҳо соҳиби замин набуданд, иҷоракор буданд.
  3. Аз сабаби он ки маънавиёти хоҷагидории аҳолӣ паст буд, онҳо ҳуқуқи якумраи иҷоракориро ба ҷойи соҳиби замин будан қабул доштанд ва худро соҳиби замин мешумориданд. Онҳо бар ин ақида буданд, ки ҳуқуқи худро ба фарзандонашон мерос мегузоранд, вале дар асл онҳо соҳиби замин набуданд.
  4. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон хоҷагидории кулакӣ (хоҷагии ба техникаи кишоварзӣ асосёфта, дар амал – буржуазияи деҳот) кам буд, деҳқони тоҷик таъсири онро ҳис намекард ва ба муттаҳидшавӣ тайёр набуд.
  5. Ҳоло ҳам деҳқони тоҷик зери шарҳи динии моликият ба замин буд: ақидаи «моликият ба замин доди Худост ва ба он дастдарозӣ кардан гуноҳ аст» ҳукмрон буд.
  6. Дар ИҶШС коллективонии саросарӣ баҳори соли 1929 сар шуда, асосан, соли 1932 ба охир расида бошад ҳам, вале дар Тоҷикистон он то соли 1937 давом ёфта буд.

ЛУҒАТ:

4. Кооператсиякунонӣ – сиёсати махсуси Давлати Шуравӣ, ки солҳои 1917 – 1937 гузаронида шуда буд. Кооператсиякунонӣ чи саноат ва чи хоҷагии қишлоқро дар бар гирифта, ду давраро аз сар гузаронидааст: солҳои 1917 – 1926 давраи истеъмолӣ, яъне, замоне, ки кооперативҳо аз давлат техника, тухмӣ, нурӣ ва дигар маводди лозимаро мегирифтанд, вале дар назди давлат уҳдадорие надоштанд; солҳои 1927 – 1937 то соли 1945 давраи истеҳсолӣ, яъне, онҳо ҳатман бояд ягон чиз истеҳсол мекарданд.

  1. Коллективонии соҳаи кишоварзӣ – сиёсат, мафҳуми сиёсӣ ва чорабиниҳои махсуси Давлати Шуравӣ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1917 то ибтидои солҳои 40-уми гузаронида шуда буд. Коллективонии соҳаи кишоварзӣ қисми таркибии ғалабаи сотсиализм дар деҳот буда, зина ба зина гузаронида шуда буд. Коллективонӣ то соли 1927 ҳамчун раванди табии ислоҳоти аграрии Давлати Шуравӣ, солҳои 1929 – 1932 ҳамчун сиёсати ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб кардани деҳқонони яккадаст ва солҳои 1933 – 1937 ҳамчун сохтмони колхозӣ гузаронида шуда буд. Ҳамчун мафҳуми сиёсӣ солҳои 1928 – 1937-ро дар бар мегирифт.
  2. Коммуна – як намуди колхозҳоро мегуфтанд, ки солҳои 1918 – 1933 таъсис дода шуда буданд ва шакли олии хоҷагиҳои коллективии соҳаи кишоварзиро ташкил медоданд. Дар коммуна ҳама чиз: замин, асбобу анҷоми корӣ, хонаҳои истиқоматӣ, чорво, парандаҳои маҳсулдиҳанда, пасандозҳо муттаҳид карда шуда буданд.
  3. Совхоз – дар солҳои 1918 – 1945 як намуди хоҷагиҳои давлатии деҳот, ки дар онҳо ҳама чиз – замин, олоти меҳнат, тухмӣ аз они давлат буда, дар он меҳнат муттаҳид карда шуда, деҳқонон ба ивази меҳнаташон маошро бо мол ва пул мегирифтанд.
  4. РКДЗ – Рафоқатгарии коркарди дастаҷамъонаи замин – ширкати коркарди ҷамъиятии замин, иттиҳодия ё рафоқати байниҳамдигарии коркарди замин, ки солҳои 1918 – 1937 вуҷуд дошт. РКДЗ, инчунин як намуди хоҷагидории коллективӣ (колхозӣ) буда, шакли оммавитарини онҳо колхозҳои солҳои 1921 – 1932 буд. Хусусияти хосси РКДЗ-ҳо одигии онҳо буданд. Дар РКДЗ-ҳо ба ғайр аз муттаҳидшавии меҳнат ҳама чиз шахсӣ буд. Деҳқонони дар РКДЗ-ҳо муттаҳидшуда ба тариқи ҳашар дар киштукори саҳроӣ иштирок мекарданд. Шартҳои кор ва тақсимоти маҳсулот дар низомномаҳои РКДЗ-ҳо, ки аз соли 1923 вуҷуд дошт, зикр ёфта буд.

Реклама