Тавсифи умумӣ. Азбаски ҳанӯз дар лоиҳаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи Тоҷикистон сохтмони корхонаҳои зиёде ба нақша гирифта шуда буд ва баъзеи онҳо бояд бо техникаю технологияи нав кор мекарданд ва саноати ҷумҳурӣ низ серсоҳа гардида буд, эҳтиёҷ, умуман, ба коргарони ихтисосманд ва хусусан ихтисосҳои нав зиёд мегардид. Аз ин сабаб лозим омад, ки тайёр кардани онҳо низ ба сиё- сат табдил дода шавад. Ин масъала мавзуи баҳсҳои зиёди анҷуманҳои I, II, III, IV Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Шуроҳои IV ва V Иттифоқҳои касаба ва слётҳои пешқадамони саноат гардида буд. Дар рафти ин баҳсҳо роҳҳои асосии тайёр кардани синфи коргари миллӣ кашф ва интихоб гардид. Роҳҳои асосии он ба таври шогирдӣ, бригадавӣ, истеҳсолӣ – таълимӣ ва мактабӣ буданд.
Сиёсати давлатии тайёр кардани синфи коргари касбӣ. Дар тамоми солҳои 30-юм дар Тоҷикистон синфи коргарро бо роҳи омӯзондани коргарони нав аз ҳисоби аҳолии шаҳру деҳот тайёр мекарданд. Усули омода сохтани онҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба таври бригадавӣ (як устои хиштчин, дуредгар, рангмол, дару тирезасоз ва шумораи муайяни шогирдонро касби худро ёд медод) ва инфиродӣ ҳар як усто як шогирдро касб ёд медод ва дар мактабҳои махсус – омӯзишгоҳҳои фабрикӣ-заводӣ (ОФЗ) ва таълимгоҳҳои фабрикӣ-заводӣ (ТФЗ) буд. Сиёсати бо кор таъмин намудани наврасон қотеона гузаронида мешуд, яъне, корхонаҳо вазифадор буданд, ки аз 8 то 20% ҷойи кори худро барои наврасон ҷудо кунанд. Онҳо дар мактабҳои номбаршуда ҳунар меомӯхтанд. Самти асосии сиёсати давлатии тайёр кардани синфи коргар дар ҳайати синфи коргари ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани бартарии аҳолии маҳаллӣ ба ҳисоб мерафт, чунки ҳайати он то соли 1929 аксаран аз аврупоиҳо иборат буд. Аврупоиҳо дар бригадаҳои махсуси мутахассисон ҷамъ омада буданд. Коргарони маҳаллӣ фақат корҳои ёрирасонро иҷро мекарданд. Лозим дониста шуд, ки ин сохтор вайрон карда шавад. Ба бригадаҳои мутахассисон коргарони бетахассусро ҳамроҳ намуда, дар рафти кори амалӣ маҳаллиён ҳам ихтисосеро ёд мегирифтанд. Ин усулро усули истеҳсолии тайёр кардани коргар меномиданд. Бо ин усул пеш рафтан мумкин нашуд. Соли 1930 аввал курсҳои махсуси тайёр кардани коргарони ихтисосҳои бинокорӣ кушода шуданд. Ин кор ба зиммаи Комиссариати халқии меҳнат гузошта шуда буд. Ба касбомӯзӣ пеш аз ҳама бекорони дар қайди биржаи меҳнат буда ва нав- расону ноболиғон ҷалб карда мешуданд. Ҳаққи таълим аз ҳисоби вазоратҳо ва биржаи меҳнат буд. Ҳукумати умумииттифоқ низ барои тайёр кардани кадрҳои ихтисоси сохтмончӣ (хиштчин, андовагар, дуредгар, бомпӯш) соли 1930 қариб 5,5 ҳазор сӯм ҷудо карда буд. Таълимгоҳи «Установка» ба тайёр кардани ихтисосҳои ронанда, тракторчӣ, коргарони алоқа, саноат, роҳи оҳан, харрот, мошинистҳои роҳи оҳан сар кард, вале аз рӯйи дархостҳои вазорату муассисаҳо маълум гардид, ки ин таълимгоҳ он миқдор ихтисосмандонро тайёр карда наметавонад. Соли 1930 дар назди конҳои САНТО, Шуроб, роҳи оҳан, саноати шоҳибофӣ, «Тоҷикдавлатсохтмон» мактабҳои шогирдии фабрикию заводӣ кушода шуданд. Таълимгоҳи «Установка» ба Ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфт ва соли 1931 дар Душанбе, Хуҷанд, Уротеппа, Кӯлоб шуъбаҳои худро кушод. Соли 1931 мактабҳои шогирдии ихтисосҳои оммавӣ кушода шуданд. 75-80%-и шогирдони ҳамаи ин мактаб- ҳо мебоист аз мардуми маҳаллӣ мебуд. Солҳои 1931 – 1932 курсҳои кӯтоҳмуддати комбинати шоҳибофии Хуҷанд, кони ангишти Шӯроб, корхонаи хишти Душанбе, Сарраёсати нақлиёти боркашонӣ ба курсҳои доимоамалкунанда табдил ёфтанд.
Як самти махсуси сиёсати тайёр кардани ихтисосҳои коргарӣ истифодаи коргарони мавсимӣ буд. Барои ҳарчи пурсамартар истифода бурдани ин қувва ҳатто моҳи июни соли 1931 декрети махсуси КИМ ва ШКХ ИҶШС баромада буд. Коргарони мавсимӣ, асосан, аз деҳа буданд ва ҳар тобистону зимистон шумораи онҳо зиёд мешуд. Вазоратҳо ва муассисаҳои сохтмонӣ онҳоро ҳам ба ҳисоб гирифта, аз ҷумлаи онҳо кадрҳои коргарӣ тайёр мекарданд. Онҳоро бештар дар сохтмонҳои роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои коммуналӣ истифода мебурданд. Дар ҳолати набудани имкони ба корхона ҷалб кардани ҳунармандон давлат сиёсати кооператсиякунонии онҳоро пеш гирифта, то 1-уми январи соли 1932 10000 ҳунармандро ба ин ё он кооператив муттаҳид намуд. Аз ҳисоби онҳо устохонаҳои умумӣ таъсис дода шуда буданд, ки ҳунармандро ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ – сотсиалистӣ наздик мекард. Ҳукумат роҳи дигари дар марказ (Русия, Узбекистон) тайёр кардани кадрҳои коргариро ҳам истифода мебурд. Он ихтисосҳои коргарие, ки дар Тоҷикистон тайёр карданашон душвор буд, дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳо тайёр карда мешуданд, яъне дар солҳои 1930 – 1932 дар ҷумҳурӣ беш аз 9000 коргари ихтисоснок тайёр карда буданд, ки 2000 нафарашонро наврасон ташкил медоданд.
Солҳои 1933 – 1937 ба тайёр кардани коргарони баланд- ихтисос факултаҳои коргарӣ, техникумҳои саноатӣ ва сохт- монии Душанбе ва полиграфии Хуҷанд сар карданд, вале саноати ҷумҳурӣ ҳоло на фақат бо коргарони ихтисосдор, балки одӣ ҳам пурра таъмин набуд. Дар ҷумҳурӣ дар сохтмонҳою истеҳсолот қариб 4000 коргар намерасид. Масалан, дар соли 1933 барои бунёди НБО-и Варзобу корхонаи масолеҳи сохтмонии Харангон қариб 1800 коргар, барои Консой ва Шуроб зиёда аз 200 коргар, соли 1934 барои Нефтобод қариб 170 коргар, барои комбинати шоҳибофии Хуҷанду фабрикаи шоҳибофии Душанбе 900 коргар намерасид. Аз ин рӯ, солҳои 1934 – 1936 дар ҷумҳурӣ мактабҳои ШФЗ (шогирдии фабрику заводӣ) дар назди корхонаи нафти Нафтобод, шоҳибофии Хуҷанд, матбааҳои Душанбе ва Хуҷанд, фабрикаи дӯзандагии Душанбе, чоҳҳои нафткашии КИМ кушода шуданд. Дар НБО-и Варзоб, комбинати полиграфӣ, фабрикаи дӯзандагӣ, заводи механикӣ бо роҳҳои инфиродӣ ва бригадавӣ зиёда аз 1000 коргар тайёр карда шуда буд. Теъдоди синфи коргари ҷумҳурӣ ба 22145 нафар расид, ки нисбат ба соли 1932 10,5 ҳазор зиёд буд.
Як хусусияти дигари ташаккули синфи коргари тоҷик аз ҳисоби занҳо зиёд шудани он буд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Зарурати тайёр кардани синфи коргари миллиро фаҳмонед.
2. Душвориҳои тайёр кардани синфи коргари тоҷикро шарҳ диҳед.
3. Муассисаҳои тайёркунандаи синфи коргари солҳои 30-юмро номбар кунед.
4. Корхонаҳои барои худ коргар тайёр мекардагиро номбар кунед.
5. Хусусиятҳои тайёр кардани синфи коргари солҳои 30-юми асри ХХ-ро гӯед.
Реклама