§ 8. САБАБҲОИ АСОСИИ ҲАРАКАТИ ЗИДДИШУРАВӢ ВА ҶАНГИ ШАҲРВАНДИИ СОЛҲОИ 1918 – 1923 ДАР ТОҶИКИСТОН

Назарияи ҷангҳо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ. Ҷангҳо аз рӯйи моҳияташон ба ҷангҳои забткорона, миллӣ-озодихоҳӣ ва шаҳрвандӣ (гражданӣ) ҷудо мешаванд. Ҷангҳои забткорона (ғоратгарона, таҷовузкорона) моҳиятан бо давлати дигар ва тороҷу истисмори халқи он аст. Ҷангҳои миллӣ-озодихоҳӣ ҳимояи марзу буми давлат аз таҷовуз ва истисмори аҷнабиён, ҳимояи истиқлоли миллӣ аст. Ҷанги шаҳрвандӣ (мулкӣ, гражданӣ, бародаркуш, дохилӣ) ҷангест, ки дар дохили як давлат ва одатан дар байни як халқ рух дода, аҳолӣ ба ду гурӯҳи дар ақида бо ҳам зид ҷудо шуда, барои ҳокимияти сиёсӣ меҷанганд. Намунаи онҳо ҳоло аз ибтидои ҷамъияти синфӣ маълум аст. Ҷанг байни қабила барои мавзеи шикор, ҷанг байни ғуломону ғуломдорон, ҷанг байни деҳқонон ва феодалон, ҷанг байни сохти феодалӣ ва капиталистӣ, байни коргарон ва буржуазия. Ҳамаи инҳо шаклҳо ва намунаҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд. Ҷанги шаҳрвандӣ (гражданӣ) шаклҳои гуногунро гирифта метавонад. Ба ёд оред ҷангҳои граждании Рими қадим, асрҳои миёна дар Олмон, давраи нав дар Амрико, асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар Чин, Ҳиндустон ва Русия рӯйдодаро. Дар ҳама ҳолат ин ҷангест байни сохтори куҳна ва нав.

Дар назарияи ҷангҳои шаҳрвандӣ қабул аст, ки дар раванди иваз шудани сохторҳо (ҳукумат)-ҳо ҷанги шаҳрвандӣ ҳатмӣ нест, аксар тарафҳо ба иваз шудани сохтор розӣ бошанд (дар гузашта инқилобҳои буржуазии Аврупоиву Осиёгӣ), ки на ҳамаи онҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд. Вале дар Русия ба ҷанги шаҳрвандӣ овард.

Омилҳои дохилии ҷанги шаҳрвандӣ. Агар ин ҷанг байни сохтори куҳна ва нав бошад, дар Тоҷикистон ҳам ин ҷанг шудааст. Ин ҷанг солҳои 1918 – 1923 шуда гузаштааст. Ин ҷанг байни сохтори куҳна – маъмурияти собиқ Русияи подшоҳӣ ва тарафдорони он – феодалони маҳаллӣ аз як тараф, аз тарафи дигар, сохти нави Шуравӣ ва тарафдоронаш буд. Дар ҳар ду ҳолат ҳадафҳои гурӯҳҳо ҳокимияти сиёсист. Як гурӯҳ тарафдорони сохтори буржуазӣ ва дигаре тарафдорони сохтори шуравӣ-сотсиалистӣ, шудаанд. Онҳоро зоҳиран ақида ҷудо кардааст. Дар амал бошад, табақаи ҳукмрони пештара, ки инқилоб имтиёзҳояшро аз байн бурдааст, он имтиёзҳоро баргардонданӣ буд ва табақаи поёнӣ, ки инқилоб ва Ҳокимияти Шуравӣ барои ӯ имтиёзҳои зиёде эълон карда буд, сохти навро маъқул ёфта, барои ҳимояи он бархостааст. Ин манфиатҳои сиёсии табақаҳо ҳамдигарро ба ҷанги тан ба тан оварданд. Ҳар як гурӯҳ ба ғайр аз манфиатҳои синфию табақавию сиёсии худ боз шиорҳои худро дошт, ки ба воситаи онҳо такягоҳи худро ба даст даровард. Дар таҷрибаи Тоҷикистон тарафдорони ҳокимияти нав ба қарорҳою дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки баҳри некуаҳволии халқ равона шуда буданд, такя карданд, аммо муқобилони ҳокимияти нав ба маънавиёти мардум – ба диндории онҳо, такя карданд. Ҳокимияти Шуравӣ бо роҳи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, ҷорӣ кардани назорати коргарӣ, миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани рӯзи кори 8-соата, мусодираи замин ва тақсим кардани он дар байни деҳқонон, манъ кардани истифодаи қувваи корӣ дар хоҷагиҳои бойӣ-феодалӣ мехост, ки оммаи меҳнаткашро аз қафои худ барад.

Гурӯҳи мухолиф маънавиёти миллӣ-диндории мардумро истифода бурд. Дар шароити Туркистон гурӯҳҳои зиддишуравӣ бештар тарафдор пайдо карданд. Дар аввал мухолифони ҳокимияти нав декрету қонунҳои Ҳокимияти Шуравиро бо фаҳмишу шарҳи худ ба мардум фаҳмонда тавонистанд. Масалан, озодии дин ва баробариро чунин шарҳ доданд: озодии болшевикӣ ин озодии куфрист, нашинохтани Худост. Баробарии зану марди Шуравӣ ин умумӣ гардондани занҳо, ҳатто фарзандон аст. Болшевикҳо баробарӣ, бародарӣ гуфта ҳамаро ба куфр мебаранд.

Омилҳои хориҷии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923 дар Тоҷикистон. Омили асосии хориҷии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923 дар Тоҷикистон империализми байналмилалӣ дар симои ИМА, Англия, Фаронса ва иттифоқчиёни онҳо буд, ки намехостанд на фақат дар Русия, балки дар мус- тамликаҳои собиқи он сотсиализм бо ҳукуматҳои миллии он амалӣ гардад. Империализми байналмилалӣ дар ҳама ҳолат зидди инқилобҳои иҷтимоӣ ва таъсиси ҳукуматҳои инқилобии заҳматкашон буд. Аз ин рӯ онҳо чи қадаре тавонистанд, ба мустаҳкамгардии диктатураи пролетарӣ ба воситаи ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии худ муқобилат карданд. Ҳукуматҳои буржуазии Англия, Фаронса, ИМА, Ҷопон ва думравони онҳо ба ҳаракатҳои аксулинқилобии Русия ва мустамликаҳои собиқи он бо пул, аслиҳа ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ёрӣ доданд. Дар Осиёи Миёна даҳҳо ҷосусону консулгариҳои давлатҳои мазкур ба ташкили ҳаракати аксулинқилобӣ машғул буданд. Дар Кошғару Машҳад марказҳои ёрии худро барои босмачигарии минтақа таъсис дода, ҳатто барои роҳбарии ин ҳаракат, ба мисли Анварпошшо, Салим, Дониёл, Сурайё ва дигарҳо, гумоштагони худро фиристода буданд.

ЛУҒАТ:

  1. Ҷанги шаҳрвандӣ (гражданӣ) – яке аз намудҳои ҷанги дохилӣ буда, мақсади асосиаш ё ба сари ҳокимият омадан аст ва ё баргардонидани ҳокимият (имтиёзҳо)-и аз дастрафта.
  2. Туркистони русӣ – мафҳумест, ки маънои генерал – губернатории Туркистон, ҳукмронии Русияро дар Туркистон, мустамликаи Русия будани қисматеро аз Осиёи Миёна ифода мекунад.
  3. Фраксия – гурӯҳ, гурӯҳи ҳизбӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳайати ҳукумат ва ё зидди ҳукумат, сиёсат ва амале.

Реклама