Ташкили маъракаи мубориза бар зидди Анварпошшо. Ҳукумати умумииттифоқӣ январи соли 1922 масъалаи таъсиси Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ, моҳи феврали соли 1922 масъалаи ба ҳайати ҲК(б)Р қабул шудани ҲК Бухоро, 20-уми апрели соли 1922 масъалаи «Дар бораи фронти Туркистон»-ро, инчунин, чорабиниҳои табдил додани Бюрои сиёсии туркистонии ҲК(б)Р ба Бюрои осиёимиёнагии ҲК(б)Р ва моҳи майи соли 1922 ташкил ёфтани корпуси 13-уми тирандозро аз ҳайати қисмҳои ҳарбии беҳтарини Русияи Шуравӣ (аз ҷумла, артиши якуми савораи Будённий ва дивизияи 25-уми чапаевӣ) муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда буд. Ин ҳама чорабиниҳое буданд, ки дар миқёси Осиёи Миёна то он рӯз ҳамто надоштанд. Ин тадбирҳо маъракаи аввалини мубориза бар зидди босмачигарӣ номида шуданд, ки дар асл мубориза бар зидди Анварпошшо буданд.
Қувваҳои зиддишуравӣ ҳам бекор нанишастанд. Ба Анварпошшо муяссар гардид, ки қушуни 20-ҳазораи босмачиёнро ба тариқи аврупоӣ созмон диҳад. Артишҳои зиддишуравӣ акнун ситод (штаб), хадамоти интендантӣ (танзими қушун) ва госпиталию лазаретӣ, ақибгоҳиро дошт. Ин шуъбаҳоро Орипов, Алӣ Ризо, Сурайё, махсуми Фузайл, Ҳасан, Дониёр, эшони Султон сардорӣ мекарданд. Ситоди Анварпошшо дар байни шаҳракҳои Бойсуну Юрчӣ ҷойгир буд. Бо ташаббуси ӯ дар деҳаи Қарасу анҷумани муллову эшонҳо ва сардорони дастаҳои зиддишуравӣ даъват шуда буд. Анҷуман «ғазавот»-и ҷанги зиддишуравиро эълон кард.
Маъракаи якуми зарбазанӣ ба босмачигарӣ. Ташаббуси ҷангиро Артиши сурх ба дасти худ гирифт. Аввали моҳи июли соли 1922 ба дастаҳои зиддишуравии атрофи шаҳри Бухоро, ки ба онҳо Абдуқаҳҳору Дониёр сардорӣ мекарданд, зарба зада шуд. Дониёр шикаст хӯрда, ба Анварпошшо ҳамроҳ шуд. Артишҳои корпуси 13-ум ба ду қанот – чап ва рост тақсим шуда буданд. Қаноти рост мебоист бо сардории Никитин ба воситаи Шеробод – Кокайтӣ – Тирмиз – Қубодиён – Қурғонтеппа – Кӯлоб то ба Балҷувон ва қаноти чап аз Бойсун бо сардории Я. М. Мелкумов ба Деҳнав – Ҳисор –Душанбе – Кофарниҳон – Файзобод ва то ба Балҷувон мебаромаданд. Дар ҳайати қаноти чап гурӯҳи ҳарбие аз Самарқанд ба сӯйи Панҷакент ва Мастчоҳ ҳаракат намуда, саргаҳи Зарафшонро аз босмачиён озод мекард. Мақсад он буд, ки нагузоранд, то босмачиён пароканда шаванд ва ё ба хориҷа гурезанд. 15-уми июл қанотҳои росту чапи артишҳои шуравӣ ба ҳаракат даромаданд. Анварпошшо дар атрофи Бойсуну Кафриюн муқобилати сахт нишон дод, вале истодагарӣ карда натавонист. Артишҳои шуравӣ 16-уми июн Миршодӣ ва 17-уми июн Деҳнаву Юрчиро ишғол карданд. Анварпошшо бошад, ба воситаи гузаргоҳи дараи Тангимуш ба водии Сурхон ақиб нишаст ва аз вазири ҳарбии Афғонис- тон ёрии иловагӣ пурсид. Сабаби асосии муроҷиати Анварпошшо ба вазири ҳарбии Афғонистон Нодирхон найрангҳои Иброҳимбек буд.
Дар асоси ин талаб ҳукумати Афғонистон дар муддати моҳҳои июн ва июл ба Анвар 800 нафар афғонро фиристода буд.18-19 ва 20-уми июн дар атрофи деҳаи Сариосиё ва соҳили дарёи Тӯпаланг ҷангҳои сахт ба вуқуъ омаданд ва ба Анварпошшо талафоти зиёде расонида шуд. 30-юми июни соли 1922 ҳукумати ҶХШБ ба ҳукумати Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод. Дар он зикр шуда буд, ки ёриро ба Анварпошшо қатъ намояд. Аз муваффақиятҳои ибтидои амалиёти худ истифода карда, қаноти рости артишҳои корпуси 13-ум 1-уми июл сарҳадро бо Афғонистон дар водии Вахш то Саройкамар баст, то ки артишҳои Анварпошшо ба Афғонистон нараванд ва артишҳои Афғонистон ба Бухорои Шарқӣ наоянд. Қаноти чапи корпус бошад, 1-уми июл Регар, Ҳисор ва Қурғонтеппаро ишғол кард. Ҷанги сахт дар деҳаи Арғамчини Қаратоғ шуд. Анварпошшо кӯшиш кард, ки Душанберо ҳимоя намояд ва ба ин тайёрӣ дид, вале онро ҳимоя карда натавонист. 14-уми июли соли 1922 артишҳои шуравӣ баъди задухӯрди начандон калон Душанберо ишғол карданд. Қушуни Анварпошшо пароканда шуд. Дастаҳои зиддишуравии Мастчоҳ бо сардории Раҳмондодхоҳ ба қаторкӯҳҳои Ҳисор, босмачиёни Қаротегину Дарвоз бо сардории махсуми Фузайл ва эшони Султон ба тарафи Янгибозор ва боқимондаашон бо сардории Анварпошшо ба тарафи Куктош ва водии Лақай парешон шуданд. Иброҳимбек Анварпошшоро дар Куктош гузошта, худаш ба кӯҳҳои Рангон баромада рафт. Анварпошшо ба воситаи ағбаи Фахробод ба водии Вахш ворид гардида, хост Қурғонтеппаро ишғол намояд, вале аз тарафи полки 15-уми савора зарбаи сахт хӯрда, роҳи Сангтӯдаро пеш гирифт. Тактикаи ҷангии ӯро пай бурда, полки савораи 16-ум пеш аз вай ба Сангтӯда расид. Анварпошшо бо 5 ҳазор сарбоз ба Сангтӯда шитофт, вале гурӯҳи сарбозони Давлатмандбий ба оташфишонии артишҳои шуравӣ тоб оварда натавонис- та, қафо гашт. Аз ин истифода бурда, артишҳои шуравӣ ба қаноти чапи артиши Анварпошшо зарба заданд ва вай истодагарӣ карда натавониста роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Аммо ба ӯ муяссар гардид, ки артиши парокандагаштаи худро ҷамъ оварад ва ба муҳорибаи навбатӣ омода гардад. 17–19-уми июли соли 1922 дар Балҷувон ҷанги сахт шуд ва Анварпошшо шикаст хӯрд. 20-уми июл Балҷувон ишғол карда шуд. Барои задухӯрди Балҷувон полки савораи 15-ум номи «Полки балҷувонӣ»-ро гирифта буд. Анварпошшо бо 500 нафар сарбозаш, ки аксаран афғон буданд, ба тарафи деҳаи Обдара ақибнишинӣ карда, дар айни замон нақшаи фирори худро ба Афғонистон таҳия намуда, 4-уми августи соли 1922 кӯшиш кард, ки сафҳои лашкари шуравиро рахна карда, ба воситаи Баҳорак ба хориҷа равад, вале натавонист. Полки 16-ум, ки дар сари роҳи ӯ қарор дошт, ба ҳуҷум гузашт. Анварпошшо баъди панҷумин дафъа захмдоршавиаш ҳалок шуд. Давлатмандбий ҳам кушта шуд. Ба як гурӯҳ босмачиён муяссар гардид, ки аз муҳосира бароянд, вале онҳо ҳам шикаст хӯрданд. Бо ҳамин ба фаъолияти босмачигарӣ бо сардории Анварпошшо хотима дода шуд.19-уми августи соли 1922 иҷлосияи КИМ-и умумибухороӣ ахборро дар бораи маҳви Анварпошшо шунида, миннатдории худро ба Артиши сурх баён кард. Моҷарои Анварпошшо ба охир расида бошад ҳам, ҷанги шаҳрвандӣ ба охир нарасида буд. Акнун ба арсаи сиёсӣ сарварони маҳаллӣ баромаданд. Иброҳимбек қисми зиёди ноҳияҳои имрӯзаи Рӯдакӣ, Ёвон, Абдурраҳмони Ҷомӣ; махсуми Фузайл ва эшони Султон Қаротегину Дарвозро зери назорати худ гирифта буданд.
Баъди шикаст додани Анварпошшо артишҳои шуравӣ ба маҳв сохтани Иброҳимбек сар карданд. Вале вазъияти ҳарбӣ баъди ба Бухорои Шарқӣ омадани Сомӣ – афсари Туркия тағйир ёфт.
Савол ва супоришҳо:
1. Барои чӣ чорабиниҳои Ҳокимияти Шуравиро зидди Анвар ва босмачигарӣ маърака номиданд?
2. Анвар кӣ буд ва барои чӣ номаш дар таърихи халқи тоҷик сабт гардидааст?
3. Оқибати моҷарои Анвар бо чӣ анҷомид? Нақл кунед.
4. Оид ба «Полки Балҷувонӣ» чиро медонед? Нақл кунед.
Реклама