Раванди ташаккулёбии мухторият. Сохтори давлатдорӣ ва маъмурии Тоҷикистони Шуравӣ дар ҳайати Ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро ба вуҷуд омада буд. Округҳо (уездҳо)-и Хуҷанд, Уротеппа, қитъаи Панҷакент ва волостҳои Исфараю Ашти Туркистон ва Бухорои Шарқии Ҷумҳурии Шуравии халқии Бухоро кайҳо ҳудудҳои маъмурию миллӣ гардида буданд. Асосан, минтақаҳои Бухорои Шарқӣ, ки аз вилоятҳои Душанбе, Сариосиё, Кӯлоб, Ғарм ва Қурғонтеппа иборат буд, аз моҳи феврали соли 1921 ҳамчун ҳудуди маъмурии мухтор вуҷуд дошт. Онро Намояндаи Фавқулодаи ҶХШБ идора мекард. Аз 8-уми январи соли 1922 бошад, КИМ Умумибухороӣ барои идора кардани он Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ оид бо корҳои Бухорои Шарқиро таъсис дод, ки ба ҳайати он шурои иқтисодӣ, шуъбаи назорати давлатӣ, шуъбаи адлия бо шурои қозиҳо, шуъбаи замину об, шуъбаи сохтмон, саридораи нақлиёт, шуъбаи маорифи халқ, муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти бехатарӣ, комиссияҳои молия ва озуқаворӣ ва трибунали ҳарбӣ дохил буданд. Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ дар Бухорои Шарқӣ аз номи Ҳукумати олии ҷумҳурӣ – КИМ Умумибухороӣ амал мекард.
Сабаби асосии ташкили ин гуна сохтор вазъияти фавқулодаи ин минтақа вобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аз ин рӯ ба Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ ваколатҳои бемаҳдуди зерин дода шуд:
а) баровардани декретҳо ва фармонҳои бекор ва иваз кардани қонунҳои дар амалбуда, ки мувофиқи тартиботи умумии қонунқабулкунӣ қабул шудаанд;
б) қабули қарорҳои фавқулода доир ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатӣ;
в) гирифтани тамоми навъи парвандаи ҷиноятӣ аз тафтишоти судии умумӣ ва барои муҳокимаи судӣ додан ба Трибунали Ҳарбии Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ ва агар зарур бошад, то ҳукми паррондан муқаррар намудан;
г) сабукдӯш кардан аз мансаб, ҳатто аз вазифаи интихобӣ ва бо салоҳдиди худ дар ҷойи он таъин намудан, инчунин барҳам додани муассисаҳое, ки дар Бухорои Шарқӣ фаъолият доштанд;
ғ) ҳабс кардан ва аз ҳудуди Бухорои Шарқӣ рондани
шахсони гунаҳкор, сарфи назар аз вазифааш;
Дар вилоятҳо Кумитаҳои инқилобии вилоятӣ ва дар назди онҳо шуъбаҳои молиявию хоҷагӣ, коммуналию сохтмон ва нигоҳдории тартибот, дар туманҳо – кумитаҳои инқилоби туманӣ ва дар назди онҳо шуъбаҳои нигоҳдории тартибот ва қозихона, дар кентҳо – кумитаҳои инқилобии кентӣ ва дар назди онҳо намояндаи шуъбаи нигоҳдории тартибот ва қозихонаи кентӣ, дар ҷамоатҳо – мингбошӣ ва дар деҳаҳо оқсақолон амал мекарданд. Вазифаи амлокдор ҳоло ҳам вуҷуд дошт ва асосан, ба масъалаи муайян кардану рӯёнидани андоз аз аҳолӣ ва супоридани он ба давлат машғул буд.
Моҳи майи соли 1924 КИМ Бухоро қарор «Дар бораи шурокунонии Бухорои Шарқӣ»-ро ба имзо расонд. Дар асоси ҳамин қарор 7-уми июли соли 1924 Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ барҳам дода шуд, ба ҷойи он КИМ Бухорои Шарқӣ дар ҳайати 19 нафар узв ва 7 нафар президиуми он таъсис ёфт. КИМ Бухорои Шарқӣ аз шуъбаҳои ташкилӣ, маъмурӣ, коммуналӣ, маориф, зироат, машваратӣ, иқтисодӣ ва шурои қозиён иборат буд. Яъне, то тақсимоти соли 1924 ҳудуди Бухорои Шарқӣ ҳамчун ҳудуди маъмурии мухтор бо мақомоти идорию маъмурӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташаккул ёфта буд.
Равиши гузаронидани тақсимот. Баъди ташкилёбии ҷумҳуриҳои халқии шуравии Хоразм ва Бухоро марҳалаи дуюми тақсимоти миллию маъмурӣ дар тамоми Осиёи Миёна шуруъ гардид. Аммо то охири соли 1923 дар ин масъала пешравӣ дида намешуд. Чунки Бухороро ҳалқаҳои ҷанги шаҳрвандӣ печонида, масъалаи босмачигарӣ ҳал нагардида буд. Соли 1924 боз масъалаи тақсимот пеш гузошта шуд, вале комиссияи тоҷикӣ ҳанӯз ҳам таъсис наёфта буд. Фақат ба ҳайати комиссияи узбекӣ як намояндаи тоҷикон – Чинор Имомовро ҳамроҳ карданд. То ин муддат дар ҳар се ҷумҳурии шуравии Осиёи Миёна масъалаҳои забони миллии бо ном халқҳои хурд – туркманҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо ҳал шуда, ба онҳо ҳуқуқи бо забонҳои модарии худ ташкил кардани мактаб ва коргузории давлатӣ муҳайё карда шуда буд. Аммо дар бораи забони тоҷикӣ ва мавқеи он ҳарфе гуфта нашуд. Баръакс, дар Бухоро забони давлатӣ, таълим ва коргузорӣ узбекӣ ва туркманӣ эълон шуда буд. Нашри рӯзномаҳои тоҷикӣ қатъ гардид. Ҳатто ҳуҷҷатгузории Комиссияи Фавқулодаи диктаторӣ оид ба Бухорои Шарқӣ, ки дар Душанбе амал мекард, узбекӣ (чағатоӣ) буд.
Аз моҳи феврал то моҳи апрели соли 1924 КМ ҲК Туркистон, Бухоро ва Хоразм масъалаҳои тақсимоти Осиёи Миёнаро муҳокима карда, оид ба розигии худ ва гузаронидани тақсимот қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба Бюрои Сиёсии ҲК(б)Р пешниҳод карданд. 5-уми апрели соли 1924 КМ ҲК(б)Р масъалаи тақсимотро муҳокима намуда, қарорҳои КМ ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро маъқул донист. 28-уми апрели соли 1924 Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р гузоришҳои ҳукуматҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро шунида, гузаронидани тақсимотро дар Осиёи Миёна ба мақсад мувофиқ донист. Бюрои ташкилии КМ ҲК(б)Р 4-уми июни соли 1924 маҷлиси худро гузаронид ва қарори Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р дар бораи гузаронидани тақсимотро муҳокима ва лоиҳаи қарорҳои КМ ҲК(б)Р-ро «Дар бораи тақсимоти миллию маъмурии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» тасдиқ намуд. 12-уми июн КМ ҲК(б)Р қарор «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна»-ро қабул карда, инчунин, дар бораи сохтори Тоҷикистонро ҳамчун Вилояти Мухтор дар ҳайати ҶШС Узбекистон муайян кард.Дар ин кор таъсири дасти душманони халқи тоҷик ҳувайдо буд. Пантуркизм бо ҳар роҳ, ки тавонист, комиссияҳо ва ҳукуматҳои Бухоро, Туркистон ва ИҶШС-ро бовар кунонид, ки аввалан, тоҷикон, асосан, дар Бухорои Шарқӣ зиндагӣ мекунанд ва баъдан, мардуми бумии кӯҳистонианд ва теъдоди онҳо зиёд нест. Яъне, тақсимот барои тоҷикон фақат Вилояти Мухтор медод.
15-уми июни соли 1924 Бюрои Осиёимиёнагӣ тезисҳо «Дар бораи тақсимоти Осиёи Миёна»-ро қабул кард, ки он ҳам сохтори сиёсии Тоҷикистонро ҳамчун Вилояти Мухтор муқаррар карда буд.
Ин қарор дар тамоми ҳудудҳои тоҷикнишин муҳокима ва дастгирӣ карда мешуд, вале сохтори Тоҷикистон ҳамчун Вилояти Мухтор шаҳрвандони бедори тоҷикро қонеъ накард.
Мактубҳои зиёде аз номи шахсони алоҳида ва коллективҳои меҳнатӣ ба унвони Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК (б) Р, ҳатто ба Ҳукуматҳои Русияи Шуравӣ ва ИҶШС фиристода шуда буд. Дар онҳо таъкид карда мешуд, ки нисбат ба тоҷикон ва сохтори минбаъдаи миллии онҳо ба хатоҳову каҷравиҳо роҳ надиҳанд, чунки аз рафти ин тақсимот ва пайдо шудани мафҳуми маъмурии Вилояти Мухтор барои тоҷикон маълум буд, ки ҳуқуқҳои тоҷикон маҳдуд карда мешаванд.
Ба ҳар ҳол мактубу барқияҳои намояндагони халқи тоҷик ба ҳукумати ИҶШС ва КМ ҲК(б)Р ва Комиссияи Марказии тақсимоти миллию марзӣ таъсир расонд. Дар ҳимояи ҳуқуқи халқи тоҷик, русҳо (Зелинский, Андреев, Семенов), қазоқҳо (Т. Рисқулов, А. Ханҷанов), лаҳистонӣ (Миклашевский), тотор (Г. Сафаров) ва дигарон саҳмгузоранд. Вале онҳо натавонистанд, ки ақидаи зеркомиссияҳои миллӣ ва Комиссияи Марказии тақсимотро тағйир диҳанд. Онҳо тавонистанд, ки тоҷикҳоро ҳамчун халқи бумӣ ва қадим шиносонанд ва давлатдории сотсиалистии ӯро таъмин намоянд. Ин буд, ки моҳи сентябри соли 1924 тақсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна раванди амалӣ ва ба ҳукми қонун даромаданро гирифт.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Ҳудудҳои Тоҷикистони кунунӣ дар солҳои 1917 – 1924 чӣ ном доштанд ва ба ҳайати кадом давлатҳо дохил шуданд, номбар кунед ва шарҳ диҳед.
2. Раванди ташкилёбии мухторияти Тоҷикистонро (вилоят ва ҷумҳурӣ)-ро шарҳ диҳед.
3. РАСС (ҶМШС) Тоҷикистон аз ҳисоби кадом ҷумҳурҳою минтақаҳо таъсис ёфта буд? Номбар кунед ва шарҳ диҳед.
4. Каҷравию камбудиҳои тақсимоти миллӣ-марзии соли 1924ро шарҳ диҳед.
5. Манқурт чист ва манқуртҳо кистанд, шарҳ диҳед.
6. Тақсимот характери миллиро гирифта буд ё сиёсиро, шарҳ диҳед.
Реклама