§ 26. ДУ МАЪРАКАИ ЗАРБАЗАНӢ БА БОСМАЧИГАРӢ (СОЛҲОИ 1925 – 1926)

Маъракаи зарбазании соли 1925. Масъалаи аз ҳама муҳимми сиёсии солҳои 1925 – 1929 мубориза бар зидди дастаҳои тороҷгари зиддишуравӣ, ки ҷомеаи онрӯзаи шуравӣ онҳоро босмачӣ эълон карда буд, ба ҳисоб мерафт. Бадбахтии босмачиҳо дар он буд, ки сохти навро қабул карда натавониста, ҳам худро қурбон карданду ҳам қурбониҳои зиёд оварданд. Соли 1925 дар ҳудуди Тоҷикистон 48 дастаи босмачиён амал мекарданд, ки лашкари аз якчанд нафар то 650 нафарро ташкил медоданд. Дастаҳои калонтарини онҳо дастаҳои Иброҳимбек (тақрибан 650 нафар), Барот Туқсабо (150), Эгамбердӣ (100), Мулло Зиёвуддин (80), Раҳмон додхоҳ (100), Дониёр (80) буданд. Иброҳимбек кӯшиш кард, ки онҳоро муттаҳид намояд. Аз ин рӯ, ӯ 31-уми декабри соли 1924 дар Ҳисор ҷамъомади қурбошиёни Лақайро гузаронида, масъалаҳои мубориза бар зидди Шуроҳо ва таъсиси дастаҳои нави зиддишуравиро пеш гузошт.

Иброҳимбек

Аз 1 то 9-уми январи соли 1925 зери фармондеҳии Иброҳимбек 650 нафар босмачӣ дар водии Сурхону Қашқадарё барои пурра кардани сафҳои худ амалиётҳои ҷангӣ гузарониданд. Ӯ мехост, ки босмачигариро дар ин минтақа вусъат бахшад, аммо ба мақсадаш нарасид. Агарчи ӯ ба ҷанг намедаромад, вале аскарони корпуси 13ум ӯро дунболагирӣ карда, дар 9 рӯз 14 маротиба ба ҷанг даромаданд. Камии қувваҳои худро ҳис карда, ӯ боз ба Ҳисор баргашт ва 28-уми январи соли 1925 дар деҳаи Тӯдаи Ҳисор ҷамъомади қурбошиёнро гузаронид ва розигӣ дод, ки то тобистон баъзе дастаҳои ҳарбиаш пароканда шаванд ва худ ба Кӯлоб рафта, ба ғорату қатли тарафдорони Ҳокимияти Шуравӣ сар кард. Амалҳои Иброҳимбекро дида, Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ ҳолати ҷангӣ эълон намуд ва ба таъсиси маъракаи зарбазанӣ бар зидди Иброҳимбек шуруъ кард. Дар ин маърака тамоми артишҳои корпуси 13-уми тирандозӣ, милитсия, қисмҳои таъиноти махсус (ҚТМ), дастаҳои ихтиёрии «Калтакдорони сурх», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, саломатӣ ва маорифу фарҳанг иштирок доштанд.

Дастаи ихтиёрии деҳаи Эсанбой (ноҳияи Рӯдакӣ)

Дастаҳои ихтиёрии Юлдош-командир (Соҳибназаров), Муқим Султонов, Қувандиқ Тошев, Қара-командир Алимов, Қарахон Сардоров, Қаршӣ оқсаққол Одинаев, Кенҷа Зиёев ва даҳҳо дигар дар ин маърака иштирок карданд. Моҳҳои март – июли соли 1925 артишҳои шуравӣ 267 муҳориба гузаронида, дастаҳои зиддишуравиро парешон кард. Аз 48 дастаи аввалӣ тобистон 31 даста боқӣ монда буд, ки шумораи умумии онҳо аз 500 нафар зиёд набуд. Моҳи июни соли 1925 вазъияти ҳарбӣ бекор карда шуд, вале торумори дастаҳои босмачиён давом ёфта, то охири сол боз 18 дастаи дигар пароканда карда шуд. 25 қурбошӣ ва 237 босмачӣ ихтиёран таслим шуданд.

Иброҳимбек дар яке аз муроҷиатномаи худ ба аҳолии Бухорои Шарқӣ навишта буд: «Мо дар Бухорою Фарғона ва Самарқанд ғалаба мекунем. Мусалмонон ошуб доранд ва ором нестанд… Ҳоло бошад, болшевикҳо танҳо мондаанд ва вазъияти онҳо бениҳоят душвор гардидааст… Ба болшевикҳо барои қушун, барои милитсия одам надиҳед ва ҳеҷ гуна дастгирӣ накунед. Ба дастаҳои артишҳои мусалмонӣ дохил гардед». Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар Бухорои Шарқӣ бар зидди Иброҳимбек садҳо дастаҳои ихтиёрӣ пайдо шуда буд.

Маълумоти ҷадвали зерин аз 4 кент (ноҳия)-и Бухорои Шарқӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд:

Номи кентҳо (ноҳияҳо)

кумитаҳо

дастаҳо

Шумора

аъзо

Шумора

аъзо

1.

2.

3.

4.

Ёвон

Султонобод

Лоҳур

Арал

2

3

2

4

24

40

30

60

3

3

2

2

1000

90

50

70

Ҷамъ

11

154

10

1210

Маъракаи зарбазании соли 1926. Зимистони соли 1925 – 1926 Иброҳимбек бо тамоми маҳораташ, Олимхон бо хазинааш ва ҷосусони байналмилалӣ бо найрангҳояшон дастаҳои нави босмачиёнро ташкил дода, дар Қаратоғу Файзобод, Вахшу Кӯлоб ва Қаротегин ба амалиётҳои ҷудогона сар карданд. Таҷрибаи соли 1925 боз ба кор омад. Ҳукумати Тоҷикистон маъракаи дуюми зарбазанӣ бар зидди Иброҳимбекро ташкил кард. Дар ин давра агарчи шумораи гарнизонҳои Артиши сурх аз 107 ба 100 адад кам шуда бошад ҳам, шумораи дастаҳои ихтиёрӣ, отрядҳои худмуҳофизаткунӣ, калтакдорони сурх хеле афзуда буд. Ин буд, ки дастаи Раҳмон-додхоҳ, ки дар атрофи Душанбе амал мекард, пурра пароканда карда шуда буд. Ин мувафаққият боз аз он буд, ки дастаҳои миллии низомӣ таъсис ёфта буданд. Акнун дар ҳайати Корпуси 13-тирандози Полки миллии тоҷикӣ амал мекард. Ин буд, ки то моҳи апрел аксари ҳудуди водии Ҳисор (ба ғайр аз Лақай), Вахшу Кӯлоб аз дастаҳои зиддишуравӣ озод карда шуда буд. Иброҳимбек дар кӯҳҳои Боботоғу Тераклитоғ бо анборҳои худ боқӣ монда, асосан, ба ғорати деҳаҳои аз гарнизонҳо дур машғул буд. Ин имкон ҳам барои Иброҳимбек маҳдуд карда шуд. Аз ҳисоби ҳарбиён дар атрофи паноҳгоҳҳои Иброҳимбек 100 дастаи хурди тезамал ташкил дода шуда буд, ки то ба ҳама баромадҳои ғоратгаронаи ӯ дар вақташ ҷазо дода шавад. Ҷиҳати дигари маъракаи зарбазанӣ ба босмачигарии соли 1926 он буд, ки ҳадафи Ҳокимияти Шуравӣ баробари маҳв сохтани босмачиёни ашаддӣ, сиёсати маҳв сохтани одамони ба онҳо ёрии молӣ, ҷонӣ ва хабарӣ мерасонда ҳам буд. Мақомотҳои дахлдори давра зиёда аз 390 гумонбаршудагонро мавриди тафтиш қарор дода, ба 208 нафарашон ҷазои қатл ҳукм карда, боқимонда бадарға гардиданд. Дар натиҷа дастаҳои босмачиён бе хӯрока ва лавозимоти ҷангӣ монданд. Иброҳимбек намояндаи худро барои фаҳмондани вазъ ба Афғонистон фиристод, вале ба ҷавоби он мунтазир нашуда ва беоқибатии кори худро пай бурда, 21-уми июни соли 1926 ба воситаи гузаргоҳи Бешкапа ҳамроҳи тақрибан 20 нафар наздикони худ ба Афғонистон фирор кард.

Барои чӣ ба Иброҳимбек муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ дастаи сершуморе ҷамъ оварад? Аввалан, барои ин, ки ӯ бисёр доно ва маккор буд. Воситаҳои ахборӣ бисёр дошт ва гуноҳу қадри ҳар як шахсеро, ки ба худ ҷалб карданӣ буд, медонист. Аз марг наметарсид, аз ҳама пеш ба ҷанг медаромад ва аз ҳама охир аз майдони ҷанг мебаромад. Аз тамоми яроқҳои замона бехато тир мепаронд. Ҳар хел аспро ром карда метавонист. Дурӯғро барои манфиати худ хуб истифода мекард. Дар ҳар як деҳаи водиҳои Ҳисору Вахш ва Кӯлоб одамони худро дошт. Нисбат ба душманонаш раҳму шафқат надошт. Аз ӯ метарсиданд. То ба охир ба ақидаи худ содиқ монд.

ЛУҒАТ

  1. Маъракаи зарбазанӣ ба босмачигарӣ солҳои 1925 ва 1926, асосан, зидди Иброҳимбек гузаронида шуда буд ва таҷрибаи маъракаҳои зарбазании солҳои 1922 – 1923 зидди Анвару Салим буданд.
  2. Қурбошиёни Лақай – қурбошиёни Лақай гуфта иштирокчиёни дастаҳои босмачиёни ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Рӯдакӣ дар назар дошта мешавад.
  3. Вазъияти ҳарбӣ – ҳолате, ки дар он қонуну қоидаҳои давраи ҷангӣ амал мекунад.

Реклама