§ 28. ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУХТОРИЯТ

Маориф ва мактаб. Дар давраи шуравӣ низоми ташаккулёфтаи маорифи халқӣ ба вуҷуд омад, ки ба он Комиссариати маорифи халқ роҳбарӣ мекард. Комиссариат ваколатҳои таъсис додану таъмин кардани мактабҳоро бо бино, маводди таълимӣ, муаллим ва назоратро ба уҳда дошт. Комиссариат дар вилоятҳо, округҳо ва ноҳияҳо шуъбаҳои худро дошт. Аввалин вазирони маорифи ҶМШС Тоҷикис- тон Аббос Алиев ва Юсуфризо Нисормуҳаммадов (Нисор Муҳаммади афғон) буданд.

Дар солҳои 1924 – 1929 дар ҶМШС Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта пешравии кори мактаб ҳис карда мешуд.

Раҷаббибӣ Бобокалонова

Ин пешравӣ қабл аз ҳама дар сохтмони биноҳои мактаб ба назар мерасид. Аз сабаби он ки ҷумҳурӣ сиёсати ба таълими ҳатмӣ гузаштанро пеш гирифта буд, амалӣ шудани он пеш аз ҳама, ба мавҷудияти биноҳои таълимӣ вобаста буд. Аз ин рӯ солҳои 1926 – 1929 дар ҷумҳурӣ ҳашари умумихалқӣ барои сохтани биноҳои мактабӣ гузаронида шуд. Дар ин солҳо шурои деҳоте набуд, ки дар он мактаби нав бунёд нагардида бошад. Ин мактабҳо аз 4 то 7 синфхона доштанд,

вале ин маънои онро надошт, ки ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ бо таҳсил фаро гирифта шуда бошанд. Масалан, соли 1926 ҳамагӣ 3%-и кӯдакони синни мактабӣ таҳсил мекарданд. Соли 1927 – 5,6%, соли 1928 – 11, 8%-и онҳо ба мактаб ҷалб карда шуда буданд.

Анвар Ҳасанова

Таҳсили дузинагӣ боқӣ монда, фақат шумораи мактабҳо зиёд шуда буд. Дар тамоми деҳоти Тоҷикистон мактабҳои зинаи аввали дусола ва сесола ҳам вуҷуд доштанд. Тамоюли табдил додани мактабҳои зинаи аввал ба мактабҳои 3 – 4 ва 5-сола сар шуда буд. Мактабҳои зинаи дуюм бошанд, ба шаш – даҳсола табдил ёфтанд.

Таъиноти онҳо ва низоми маорифи халқ на танҳо додани маълумоти умумӣ, балки ба шогирдон тарбияи иҷтимоӣ, касбӣ ва сиёсию маърифатӣ додан низ буд.

Комиссариати маорифи халқи ҶМШС Тоҷикистон аз соли 1925 сар карда, ҷорӣ намудани таълими ҳатмиро сар кард. Барои ин ба ҳисоб гирифтани талаботи оянда зарур буд ва ин кор талабот ба синфхонаҳою муаллимонро ҳам муайян мекард. 12-уми декабри соли 1926 Ҳукумати Тоҷикис- тон «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии меҳнаткашон дар ҶМШС Тоҷикистон» декларатсия қабул кард. Ин декларатсия ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро барои гирифтани таҳсилоти ройгон таъмин мекард. Мутобиқи он сохтмони мактабҳои шуравӣ низ сол то сол зиёд мешуд. Ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ кунед: соли 1925 дар Тоҷикистон 31 мактаб, соли 1926 – 67, соли 1927 – 155 ва соли 1928 – 317 мактабу 8 интернат амал мекард. Аз ҷумла, шумораи мактабҳои занона соли 1928 ба 10 адад расида буд. Аз шумораи умумии мактабҳо 228-тоашон мактабҳои тоҷикӣ, 38-то узбекӣ, 3-то туркманӣ, 3-то қирғизӣ, 2-то қазоқӣ ва 43-то мактаби русию яҳудӣ ва арманӣ буданд. Агар дар 31 мактаби соли 1925 тақрибан 900 талаба таҳсил мекарда бошад, дар 317 мактаби соли 1928 – 12325 нафар хонанда бо таҳсил фаро гирифта шуда буд. 90 дарсади талабагон фарзандони камбағалону миёнаҳолон буданд. Таълими шуравӣ шаклан ва мазмунан аз таълими мактабҳои усули куҳна фарқ дошт. Он дар асоси барнома ва китобҳои дарсии нав ҷорӣ карда шуда буд. Дар солҳои 1925 – 1929 барои мактабҳои тоҷикӣ доир ба фанҳои ботаника, ҷуғрофия ва алгебра китобҳои дарсӣ нашр гардиданд, ки асосан китобҳои тарҷумавӣ буданд. «Алгебра»-и Киселёв, ки то нимаи солҳои 50-ум хидмат кард, «Қоидаҳои морфологии забони тоҷикӣ»-и С.Манофзода, «Физиология» ва «Ҷаҳони нав»-и Р. Ҳошим, ки дар ҳаёти мактаб нақши муҳим бозиданд, аз ҷумлаи онҳо буданд.

Дар солҳои 1924 – 1929 интернатҳо ҳам чун як шакли фарогирии наврасон бо таълим боқӣ монданд. Шумораи онҳо зиёд гардида, дар соли 1929 ба 20 адад расида буд.

Маориф ва мактаби Тоҷикистон фидоиёни зиёд дошт. Аббос Алиев, Яҳё Олимӣ, Ю.Нисормуҳаммадов, К. Ҳусейнзода, Н. Розиқов, Ҳамроқул Қӯзиев, Абдулвоҳид Рақиев, Абдуғаффор Сатторов, Муллоҷон Саидмуродов, Б. Азизӣ, К. Дайламӣ, Ҳ. Неъматуллоев, Д. Суҳайлӣ, Д. Тӯраев, К. Убайдуллоев, Н. Шакарбеков, Ҳ. Мусрифшоев, Ш. Мамадшоев, Чилабибӣ Ҳошимова, Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева, Оламбибӣ Абдуллоева, Р. Бобокалонова, А. Ҳасанова, Алиакбар Ҳасанов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар рушду нумуи соҳаи маориф саҳми арзанда гузоштаанд. Мактаби шуравӣ роҳи душвору пуршараферо дар маърифатноккунонии халқи тоҷик тай кард. Мактабу муаллимони шуравии солҳои 20-ум ба таъқиби сахти муллоҳо ва душманони маорифи халқ дучор шуда буданд. Муллоҳо барои он ки мардум фарзандонашонро ба мактаб надиҳанд, мактабҳои шуравиро муассисаи бидъат ва муаллимонашонро кофир эълон мекарданд. Ҳатто омӯзгоронро қатл ҳам карданд. Дар байни онҳо К. Ҳусейнзода, Я. Олимӣ, А. Ҳасанов, С. Алиев, А. Муҳаммадов, Н. Умаров, Ҳикмат Ғанӣ, А. Исломов, У. Гайнуддинов, М. Саидмуродов, С. Қосимова, М. Гадоева, О. Абдуллоева ва даҳҳо дигарон ҳастанд, ки номашон дар таърихи маорифи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Ҳамин тариқ, то соли 1929 низоми мунтазами маориф ва мактаби шуравӣ пайдо шуд, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам мактаби олӣ надошт. Барои Тоҷикистон кадрҳои маълумоти олидошта дар Самарқанд, Тошканд, Москва, Санкт-Петербург ва Боку тайёр карда мешуданд. Дар донишгоҳҳои шаҳрҳои номбурда бо мақсади омода кардани кадрҳои зиёди педагогӣ ва инженерию техникӣ ҷойҳои махсус (квота) ҷудо карда шуда буд. Дар ин самт Дорулфунуни муаллимтайёркунию Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаи Тошканд ва Донишгоҳи коммунистии халқҳои Шарқи Москва хидмати зиёде кардаанд.

Берун аз квота бисёр мактабҳои олии Москваю Санкт-Петербург ва Қазон ҳам аз ҳисоби ҷавонони Тоҷикистон мутахассис тайёр карда ба ин ҷо мефиристоданд.

Муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ. Солҳои 1924 – 1929 давраи ташаккули пурраи муассисаҳои фарҳангию маърифатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шумораи китобхонаҳои оммавӣ ба 16 адад расид. Шумораи клубҳо дар охири соли 1929 ба 32 адад расида, 8-тоашон клубҳои касбӣ буданд. Охири соли 1929 дар тамоми марказҳои вилоятҳо клубҳо кушода шуданд. Ҷумҳурӣ соҳиби 8 клубу 24 муассисаи клубӣ буд. Дар шимоли Тоҷикистон 6 клуби касбӣ амал мекард. Муассисаҳои дигари фарҳангию маърифатии ба фаъолияту вазифаи клубҳо наздик «Хонаи деҳқон» ва «Қасри деҳқон» буданд. Вазифаи асосии ин ҳар ду муассиса тарбияи фарҳангию маърифатӣ ва касбии коргарону деҳқонон буд. Ин клубу муассисаҳо ба тарғиби таҷрибаи пешқадам ҳам сарукор доштанд. Клубу хонаҳои деҳқонон ба ташкили маҳфилҳои ҳаваскорони санъат, инчунин ба намоиши кинофилмҳо машғул буданд. Дар ин кор «Хонаи деҳқон»-и Душанбе кори хеле муҳимро ба анҷом мерасонид. Масалан, намоишҳои олоти нави кишоварзӣ ва умуман, техникаи кишоварзиро ташкил мекард. Дар «Хонаи деҳқон»-и Душанбе саҳнаи доимии намоиш вуҷуд дошт. Дар ин солҳо фаъолия- ти осорхонаҳо низ барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар Хуҷанду Душанбе оғоз гардида буд ва биноҳои махсус барои осорхонаҳо ҷудо шуда буданд.

Театр. Ташаккулёбии театри касбии тоҷик ҳам ба солҳои 1924 – 1929 рост меояд. Солҳои 1925 – 1929 дар Хуҷанд, Уротеппа (Истаравшан), Исфара, Конибодом, Панҷакент, Душанбе, Қаратоғ, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Ғарм, Ҳоит, Хоруғ театрҳои халқӣ таъсис ёфта буданд. Аввалин дастаи театри миллӣ дар назди маъмурияти «Хонаи деҳқон» соли 1927 бо ташаббус ва роҳбарии Ҳаким Карим таъсис ёфта, маҳфили мусиқӣ-драмавӣ ном дошт. Дар заминаи он 7-уми ноябри соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик таъсис ёфт, ки ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ном дорад. Дар Тоҷикистон то соли 1929 32 клубу 4 кинотеатр (дар Душанбе, Хуҷанд, Уротеппа ва Конибодом), 16 китобхонаи умумӣ ва 9 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ фаъолият мекарданд, ки асосан, дар марказҳои маъмурӣ амал мекарданд ва ба марказҳои маишию маърифатӣ табдил ёфта буданд.

Санъати кино. Санъати кинои Тоҷикистон ҳам дар охири солҳои 20-ум ба вуҷуд омад. Навори аввалини кинои тоҷик «Омадани поезди аввалин» ба ҳисоб меравад, ки онро рӯзноманигори кино В. Кузин ба навор гирифта буд. Соли 1929 якчанд навори «Тоҷикистони Шуравӣ» сабт шуда буд.

Ислоҳоти алифбо.

Машварати аъзои раёсати лотинигардонии алифбои тоҷикӣ. Дар байн раис Обид Исматӣ

Дар тамоми давраи солҳои 1917 – 1928 дар ҳудуди Тоҷикистон аз се алифбо: арабӣ, кириллӣ ва лотинӣ истифода мебурданд. Ҳатто дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва шабонаи маҳви бесаводӣ ҳам аз ин се алифбо истифода бурда мешуд. Ҳокимияти Шуравӣ сиёсати саросарии маҳви бесаводиро пеш гирифта, аз ҳама навъҳои таълим (мактаби куҳна, шуравӣ ва маҳви бесаводӣ) истифода мекард. Талабот ба омӯзгор, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳои таълимӣ зиёд гардид. Саноати полиграфӣ ва нашриёти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ қуд- рати бо алифбои арабӣ қонеъ кардани ин талаботро надошт. Дигар ин ки усули таълими алифбои арабӣ душвор буд. Боз чанд омилҳои дигаре буд, ки ҳукумат роҳи ислоҳотро пеш гирифт. Баъди баҳсҳои тулонӣ ба хулосае омаданд, ки ислоҳоти алифбо гузаронида шавад ва алифбои лотиниасоси нави тоҷикӣ омода карда шуд. Соли 1929 гузариш ба ин алифбо дар низоми маориф, мактаб ва нашриёт ба охир расид, яъне, сабаби асосии ба алифбои лотинӣ гузаштан душвории саноати нашр ва полиграфия дониста шуда буд.

ЛУҒАТ:

  1. Таҳсили зинагӣ – шакли дузинагии таҳсилоти солҳои 20-уми шуравӣ буд. Зинаи аввал маълумоти ибтидоӣ ва зинаи дуюм маълумоти миёна медод. Муҳлати таҳсил дар зинаи аввал 2 – 4 сол ва дар зинаи дувум ҳам 2 – 4 сол буд.
  2. «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии бурунмарзии он» – ташкилот, муассисаи илмӣ буд, ки сарраёсати он дар Тошканд ва шуъбаҳояш дар Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Душанбе амал мекарданд. Аъзои ин ҷамъият ҳамаи соҳаҳои Тоҷикис- тон ва халқиятҳои эронинажодро тадқиқ мекарданд.
  3. Ислоҳоти алифбо – тағйири алифбо, ки соли 1929 гузаронида шуд.
  4. Алифбои лотиниасоси тоҷикӣ – алифбое, ки солҳои 1929 – 1939 ба ҷойи алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҷорӣ гардида буд.
  5. Алифбои кириллиасоси тоҷикӣ – алифбое, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҷорист. Ин алифбо дар Осиёи Миёна аз солҳои 60-уми асри ХIХ корбаст мешуд ва аз соли 1939 ҳамчун алифбои давлатӣ мавриди истифода аст.

Реклама